Шарњи мухтасари талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии тоҶикистон ОИД БА АЗНАВТАШКИЛДИҲИИ ИХТИЁРИИ ТАШКИЛОТҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД (ТАШКИЛОТҲОИ АМОНАТИИ ҚАРЗИИ ХУРД ВА ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗИИ ХУРД) Барои пахши ройгон IFC, ки ба Гуруҳи бонки ҷаҳонӣ дохил мешавад, барои раҳоӣ ёфтан аз камбизоатӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум имконият фароҳам меоварад. Мо ба рушди босуботи иқтисодӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушд тавассути дастгирии рушди бахши хусусӣ, сафарбаркунии сармояи хусусӣ ва пешниҳоди хидматрасониҳои машваратӣ ва хидматрасониҳои марбут ба идоракунии хавфҳои нисбат ба ширкатҳо ва ҳукумат эҷодшаванда мусоидат мекунем. Брошюраи мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Гуруҳи бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Маблағгузории бомасъулият дар Озарбойҷон ва Осиёи Марказӣ” ба чоп расидааст, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мешавад. Хулоса ва назароти дар брошюра дарҷгардидаро наметавон ба назароти Шӯрои директорони IFC ё директорони иҷроӣ ва ё кишварҳои онҳо нисбат дод ва ҳатман мавқеи онҳоро муаррифӣ намекунанд.  IFC ва Бонки ҷаҳонӣ дақиқии маълумоти пешниҳодшударо кафолат намедиҳанд ва барои оқибатҳои ҳар гуна баҳрабардорӣ аз он ҳеҷ гуна масъулият надоранд. Дар бораи лоиҳаи “Маблағгузории бомасъулият дар Озарбойҷон ва Осиёи Марказӣ” Лоиҳаи Гуруҳи бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Маблағгузории бомасъулият дар Озарбойҷон ва Осиёи Мар- казӣ” аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мешавад ва ба пешбурди принсипҳои маблағгузории бомасъулияти SMART миёни муассисаҳои маблағгузории хурд ва бонкҳои Тоҷикистон, таҳкими нерўи Бонки миллии Тоҷикистон дар бахши ҳифзи ҳуқуқи муштариён, расонидани кӯмакҳои техникӣ ба бахши маблағгузории хурди Тоҷикистон дар рушди бахши молиявии Тоҷикистон ва пешниҳоди кӯмакҳои машва- ратӣ ба аҳолӣ оид ба масъалаҳои идоракунии қарзҳо равона карда шудааст. Таҳиягарон: коллин маскеник – менеҷери барнома, Фотеҳ қурбонов – коршинос оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Фарҳод содиқов – коршинос оид ба бахши молиявӣ Нусхабардории ҷузъҳои ҳуҷҷати мазкур танҳо бо ишора намудани манбаи он иҷозат дода мешавад. 2 МУНДАРИҶА: МУҚАДДИМА .......................................................................................................................................................4 РӮЙХАТИ ИХТИСОРАҲО ВА АЛОМАТҲОИ ШАРТӢ ........................................................................................5 САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ-ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶКИСТОН, КИ МАСЪАЛАҲОИ АЗНАВТАШКИЛДИҲИИ ТАШКИЛОТҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРДРО ТАНЗИМ МЕКУНАНД ..........................................................................................6 МАФҲУМИ АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА ШАКЛҲОИ ПЕШБИНИШУДАИ ОН ДАР ҚОНУН ..................................................................................................................7 ТАРТИБИ АЗНАВТАШКИЛДИҲИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗИИ ХУРД ВА ТАШКИЛОТҲОИ АМОНАТИИМУТТАҲИДШаВӣ ..............................................8 ТАРТИБИ АЗНАВТАШКИЛДИҲИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗИИ ХУРД ВА ТАШКИЛОТҲОИ АМОНАТИИ ҚАРЗИИ ХУРД ДАР ШАКЛИ ҲАМРОҲШАВӢ ................................................15 ВА МАҲДУДИЯТҲО ДАР ҚОНУНГУЗОРИИ КИЛДИҲИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАХШИ ТАНЗИМИ РАВАНДИ ТАШКИЛОТҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД .............................................................22 ХУЛОСА .............................................................................................................................................................25 ЗАМИМАҲО .......................................................................................................................................................26 ИСТИНОДҲОИ МУФИД ....................................................................................................................................31 БАРОИ ҚАЙДҲО ...............................................................................................................................................32 3 1. МУҚАДДИМА Дар моҳи июли соли 2015 Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд дар матн БМТ ном гирифта мешавад) ба Дастурамали №196 БМТ ва Дастурамали №197 БМТ тағйирот ворид намуд, ки фаъолияти ташкилотҳои амонатии қарзии хурд (ТАҚХ) ва ташкилотҳои қарзии хурдро (ТҚХ) танзим мекунанд. Мутобиқи тағйиро- ти мазкур дар давраи то 1 апрели соли 2016 ТАҚХ бояд ҳаҷми сармояи ҳадди ақалро то ба 6 миллион сомонӣ ва ТҚХ то ба 4 миллион сомонӣ афзоиш диҳанд. Иҷрои талаботи БМТ ба сармояи ҳадди ақали навъҳои ишорашудаи ташкилотҳо бо ворид намудани саҳмҳои иловагӣ ба сармояи оинномавӣ аз ҷониби саҳомони (иштирокчиёни) ташкилотҳои қарзӣ, ҷалби саҳомони (иштирокчиёни) нав ва ё тавассути мут- таҳидсозии (консолидатсияи) ташкилотҳои қарзии хурд имконпазир аст. Лоиҳаи “Маблағгузории бомасъулият дар Озарбойҷон ва Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби Ҳукумати Швей- тсария маблағгузорӣ мешавад, ба талаботи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон ҷавобгӯ буда, оид ба масъалаҳои муттаҳидсозии (консолидатсияи) ташкилотњои маблағгузории хурд як қатор вохӯриҳо баргузор намуд ва ҳамин Бознигарии мухтасари талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Тоҷикистонро оид ба равандҳои муттаҳидсозии (консолидатсияи) ташкилотҳои маблағгузории хурд таҳия кард. Ҳуҷҷати мазкур хусусияти тавсиявӣ дорад ва фаҳмиши руҳия ва ҳарфҳои санадҳои қонунгу- зориро аз ҷониби коршиносони мо инъикос менамояд. Дар раванди азнавташкилдиҳии воқеии ТМХ меъёрҳои санадҳои қонунгузории марбута метавонанд аз ҷониби мақомоти давлатӣ аз рӯи фаҳмиши дигари руҳия ва ҳарфҳои қонун маънидод карда шаванд. Дар маводи мазкур нукта, шароит ва талаботи асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди азнавташкилдиҳии ТАҚХ ва ТҚХ тавассути якҷояшавӣ ва ҳамроҳшавӣ баррасӣ шудаанд, ки шакли ташки- ливу ҳуқуқии ҶСП ва ҶДММ-ро доранд. Дар он инчунин марҳилаҳои эҳтимолӣ дар раванди азнавташкил- диҳии ТМХ пешниҳод шудаанд. 4 4 2. РӮЙХАТИ ИХТИСОРАҲО ВА АЛОМАТҲОИ ШАРТӢ ҶТ – Ҷумҳурии Тоҷикистон БМТ – Бонки миллии Тоҷикистон ХЗИ – Хадамоти зиддинҳисорӣ ТМХ – Ташкилоти маблағгузории хурд ТАҚХ – Ташкилоти амонатии қарзии хурд ТҚХ – Ташкилоти қарзии хурд ҶСП – Ҷамъияти саҳомии пӯшида ҶДММ – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ШМ – Шартномаи муттањидшавї ШЊ – Шартномаи њамроњшавї ДИ – Директори иљроия 5 САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ-ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ 3.  ТОҶИКИСТОН, КИ МАСЪАЛАҲОИ АЗНАВТАШКИЛДИҲИИ ТМХ-РО ТАНЗИМ МЕКУНАНД Ба мисли ҳама гуна зуҳуроти ҳуқуқӣ, азнавташкилдиҳии ташкилотҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла ТМХ, аз ҷониби санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд. Дар ин самти низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳо, кодексҳо ва санадҳои зерқонунии мақомоти давлатӣ људо карда мешаванд. Дар поён таснифи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии асосие, ки меъёрҳои дахлдори онҳо бояд дар раванди азнавташкилдиҳии ТМХ риоя карда шаванд, оварда мешаванд: а) Қонунҳо қонуни Ҷт “дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ”; қонуни Ҷт “дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд”; қонуни Ҷт “дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд”; қонуни Ҷт “дар бораи бонки миллии тоҷикистон”; қонуни Ҷт “дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ”; қонуни Ҷт “дар бораи рақобат ва маҳудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол”. б) Кодексҳо Кодекси граждании ҶТ, қисми I; Кодекси меҳнати ҶТ; Кодекси андози ҶТ. в) Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии зерқонунӣ Дастурамали №196 БМТ “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои амонатии қарзии хурд”; Дастурамали №197 БМТ “Дар бораи танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд”; Низомнома “Дар бораи тартиби пешниҳоди ариза ва огоҳномаҳо мутобиқи талаботи моддаҳои 15 ва 16 Қонуни ҶТ “Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол” ба мақомоти ваколатдори амалисозандаи сиёсати зиддинҳисорӣ; Санадҳои дигари зерқонунии мақомоти давлатӣ (амрномаҳо, фармоишҳо, мактубҳо ва ғ.). 6 МАФҲУМИ АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА ШАКЛҲОИ 4.  ПЕШБИНИШУДАИ ОН ДАР ҚОНУН АЗНАВТАШКИЛДИҲИИ (азнавсозӣ, таҷдид, тағйири чизе) шахси ҳуқуқӣ ин раванди пешбининамудаи қонун барои якҷояшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ ва табдилдиҳии шахси ҳуқуқии мушаххас ё гуруҳи шахсони ҳуқуқӣ мебошад. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои зерини азнавташкилдиҳии шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла ТМХ-ро пешбинӣ менамояд: 1. МУТТАЊИДШАВӢ – як шудани ду ва зиёда шахси ҳуқуқӣ ба як шахси ҳуқуқии нав. Дар ин сурат ташкилотҳои мустақили муттаҳидшуда мавҷудияти худро қатъ мекунанд. Шахси ҳуқуқии нав вориси ҳуқуқии шахсони ҳуқуқии муттаҳидшуда ба шумор меравад. 2. ҲАМРОҲШАВӢ – ба ҳам омадани як ва зиёда ташкилоти ҳамроҳшаванда дар шакли ташкилоте, ки ба он ташкилотҳои дигар ҳамроҳ мешаванд. Дар ин ҳолат шахси ҳуқуқии ҳамроҳшуда фаъолияти ху- дро қатъ мекунад, тамоми ҳуқуқ ва уҳдадориҳои он ба шахси ҳуқуқие мегузарад, ки шахсони ҳуқуқии дигарро ба худ ҳамроҳ мекунад. 3. ТАҚСИМШАВӢ – таъсисёбии ду ва зиёда шахси ҳуқуқии мустақил дар заминаи шахси ҳуқуқии қатънамудани мавҷудияти худ. Ҳангоми тақсимшавӣ шахси ҳуқуқии қаблан амалкунанда фаъолияти худро қатъ мекунад ва ҳуқуқ ва уҳдадориҳои он ба шахсони ҳуқуқии аз нав таъсисшаванда мегузарад. 4. ҶУДОШАВӢ – таъсисёбии шахсони ҳуқуқии мустақили нав, ки дар он шахси ҳуқуқии аз нав ташки- лёбанда фаъолияти худро идома медиҳад ва қисми ҳуқуқ ва уҳдадориҳои он ба шахсони ҳуқуқии аз нав таъсисёфта мегузаранд. 5. ТАБДИЛДИҲӢ – яке аз шаклҳои азнавташкилдиҳӣ, ки дар он фаъолияти яке аз шахсони ҳуқуқӣ дар як шакли ташкилию ҳуқуқӣ қатъ мегардад ва дар ин замина шахси ҳуқуқии нав (дигар) дар шакли ташкилию ҳуқуқии нав ба вуҷуд меояд. 7 ТАРТИБИ АЗНАВТАШКИЛДИҲИИ ТАШКИЛОТҲОИ 5.  ҚАРЗИИ ХУРД ВА ТАШКИЛОТҲОИ АМОНАТИИ ҚАРЗИИ ХУРД ДАР ШАКЛИ МУТТАЊИДШАВӢ a) Дар раванди азнавташкилдиҳии ТҚХ ё ТАҚХ дар шакли муттањидшавӣ, ки дорои шакли ташкилию ҳуқуқии ҶДММ мебошанд, чорабиниҳои зерин гузаронида мешаванд. 1. Омодагӣ ба қабули қарор дар бораи азнавташкилдињӣ ва ҷамъомади умумии иштирокчиёни ҷамъият, аз ҷумла: – омӯзиши масъалаи зарурат ва мувофиќи мақсад будани азнавташкилдиҳии ҷамъият, – таҳлили нишондиҳандаҳои молиявии ҷорӣ ва пешгӯишавандаи ҷамъият, – интихоби шакли азнавташкилдиҳӣ,  узаронидани ҷаласа ва машваратҳои пешакӣ оид ба масъалаҳои азнавташкилдиҳӣ дар сатҳҳои – г гуногуни идоракунии ҷамъият, – омода намудани ҳуҷҷатҳо барои гузаронидани маҷлиси умумии ҷамъият. 2. Марҳилаи тайёрӣ бо гузаронидани маҷлиси умумии иштирокчиён оид ба масъалаи азнавташкилдиҳии ҷамъият ва қабули қарор дар бораи азнавташкилдиҳӣ ба охир мерасад. Бояд зикр намуд, ки маҷлиси умумии иштирокчиёни ҳар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, ки дар азнавташкилдиҳии шакли якҷояшавӣ иштирок мекунад, қарорҳои зеринро қабул мекунад: – қарор дар бораи шакли азнавташкилдиҳӣ (муттањидшавї), – дар бораи тасдиқи Шартномаи муттањидшавї, – оинномаи ҷамъияте, ки дар натиҷаи муттањидшавї таъсис дода мешавад, – дар бораи тасдиқи санади таҳвил. Шартномаи муттањидшавӣ, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷамъияти дар натиҷаи муттањидшавї таъсисиё- банда имзо кардаанд, дар қатори Оинномаи он, ҳуҷҷати таъсисӣ ба ҳисоб меравад ва бояд ҷавобгӯи та- лаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҳуҷҷатҳои таъсисӣ бошад. 3. Пас аз баргузории маҷлиси умумӣ аз ҷониби ҳар ҷамъияти дар раванди муттаҳидшавӣ иштироккунанда маҷлиси умумии якҷоя гузаронида мешавад, ки дар он қарорҳои зерин қабул карда мешаванд: 8 дар бораи таъсиси ҷамъияти нав дар натиҷаи муттањидшавї, дар бораи тасдиқи Шартномаи муттањидшавӣ, дар бораи тасдиқи оинномаи ҷамъияти нав, дар бораи тасдиқи санади таҳвил, дар бораи интихоби мақомоти иҷроии ҷамъият, дар бораи нишонии ҳуқуқии ҷамъияти нав, дар бораи тартибот ва муҳлатҳои бақайдгирии ҷамъияти нав масъалаҳои дигар. Муҳлат ва тартиби гузаронидани чунин маҷлиси умумӣ дар Шартномаи муттањидшавї муқаррар карда мешавад. Интихоби мақомоти иҷроии ҷамъияте, ки дар натиҷаи муттањидшавӣ таъсис меёбад, дар маҷлиси мушта- раки умумии иштирокчиёни ҷамъиятҳои дар муттањидшавӣ ширкаткунанда сурат мегирад. Мақомоти иҷроияи ягона (дастљамъии) ҷамъияте, ки дар натиҷаи муттањидшавӣ таъсис меёбад, амалҳои марбут ба бақайдгирии давлатии ҷамъияти мазкурро анҷом медиҳад. Қобили зикр аст, ки ҳангоми муттањидшавӣ тамоми ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҳар яки онҳо тибқи санадҳои таҳвил ба ҷамъияти дар натиҷаи муттањид- шавӣ таъсисёфта мегузарад. b) Дар раванди азнавташкилдиҳии ТҚХ ё ТАҚХ дар шакли муттањидшавӣ, ки дорои шакли ташкилию ҳуқуқии ҶСШП мебошанд, чорабиниҳои зерин гузаронида мешаванд. 1. То баргузории маҷлисҳои умумӣ корҳои омодагии монанд ба раванди дар сархати 1 банди 5.1. зикргар- дида гузаронида мешаванд. 2. Шӯрои директорони (Шӯрои назоратии) ҳар як ҷамъияти саҳомӣ, ки дар раванди муттањидшавӣ ишти- рок мекунад, барои қарори Маҷлиси умумии саҳомон оид ба азнавташкилдиҳӣ дар шакли муттањидшавӣ, тасдиқи санади таҳвил ва шартномаи муттањидшавӣ масъалагузорӣ мекунад. Шартномаи муттањидша- вии ҷамъиятҳои саҳомӣ бояд маълумот дар бораи номҳо, макони ҷойгиршавии ҳар як ҷамъияти дар мут- тањидшавӣ иштироккунанда, маълумот дар бораи тавозуни онҳоро дар бар гирад ва тартиб ва шартҳои муттањидшавӣ, аз ҷумла тартиби табдили саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии муттањидшавандаро ба саҳ- мияҳои ҷамъияти саҳомии таъсисёбанда пешбинӣ намояд. Тамоми маълумоти ишорашуда бояд ба саҳо- мони ҷамъиятҳо тавассути нашр намудан дар нашрияҳои чопӣ пешниҳод карда шавад. Маҷлиси умумии саҳомони ҳар як ҷамъияти саҳомии дар муттањидшавӣ ширкаткунанда дар бораи азнав- ташкилдиҳӣ дар шакли муттањидшавӣ, тасдиқи санади таҳвил ва шартномаи муттањидшавӣ тибқи тарти- боти муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунад. 9 3. Тасдиқи оиннома ва интихоби мақомоти идоракунии ҷамъияти саҳомии нав аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳомони ҷамъияти саҳомии аз нав бавуҷудомада анҷом дода мешавад, ки дар муҳлатҳои муайяннаму- даи Шартномаи муттањидшавӣ гузаронида мешавад. Хусусияти марбут ба даъват ва баргузории Маҷлиси умумии саҳомони ҷамъияти саҳомии аз нав бавуҷудомадаро Шартномаи муттањидшавӣ муайян мекунад. c) Барои азнавташкилдиҳии ТҚХ ва ТАҚХ бо роҳи муттањидшавӣ мутобиқи талаботи қонунгузорӣ рози- гии мақомоти назоратӣ, яъне БМТ, лозим аст. Азнавташкилдиҳии ТҚХ дар шакли муттањидшавӣ пас аз гирифтани розигии БМТ мутобиқи санади зерқонунии танзимкунанда, яъне Дастурамали №197 БМТ, сурат мегирад. Чунин ҷамъият бо мақсади азнавташкилдиҳӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон бо ариза му- роҷиат менамояд ва ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунад: – қарори маҷлиси умумии иштирокчиён (саҳомон) дар бораи азнавташкилдиҳӣ бо роҳи муттањидшавӣ; Агар чунин қарор қабул шуда бошад!!, дар зарфи 5 рӯз ҳуҷҷатҳо бояд ба нозироти андоз бо дархости бақайдгирии ҷамъияти нав ирсол карда шаванд. Розигии БМТ пас аз 30 рӯз гирифта мешавад. Яъне чунин мешавад, ки розигии БМТ-ро нагирифта, мо уҳдададо- рем, ки ҷамъияти навро дар нозироти андоз ба қайд гирем!  аълумот дар бораи кормандони роҳбарикунанда бо ишораи насаб, ном, номи падар, шаҳрвандӣ, ҷойи – м истиқомати доимӣ, ихтисос, маълумот ва собиқаи корӣ; – нусхаи шаҳодатнома дар бораи қайди давлатии иштирокчиёни (саҳомони) нав Иштирокчиён, саҳомони нав ба қайд гирифта намешаванд, ҷамъияти нав ба қайд ги- рифта мешавад!!!. Яъне то гирифтани розигии БМТ дар ҳар сурат аз қайд гузашта, ин ҳуҷҷатҳо пешниҳод бояд кард. Баъд БМТ метавонад азнавташкилдиҳиро рад низ намо- яд!!! Пас чаро ҷамъияти нав таъсис додан лозим буд? Ва чаро пас розигӣ пешакӣ ном дорад? – Маълумот дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда – барои шахсони воқеӣ – иштирокчиёни (саҳомони) нав;  – нусхаи ҳисоботи молиявии иштирокчиёни (саҳомони) нав – шахсони ҳуқуқӣ барои соли охир бо хулосаи аудитӣ!!!; – м  аълумотномаи мақомоти ваколатдор дар бораи иҷрои уҳдадориҳои иштирокчиёни (саҳомони) нав дар назди буҷети давлат барои соли охири фаъолият; 10  аълумотнома дар бораи қонунӣ будани сарчашмаи баромади воситаҳои пулии иштирокчиёни (саҳо- – м мони) нав, ки ба сармояи оинномавӣ дохил карда мешаванд – барои шахсони воқеӣ тибқи тартиботи муайяннамудаи қонун; – рӯйхати  иштирокчиён (саҳомон) ва соҳибони ниҳоии баҳрагирони саҳм бо ишораи нишонӣ ва миқдори саҳм Яъне тамоми ин ҳуҷҷатҳо барои гирифтани розигии пешакии БМТ пешниҳод мегарданд, дар ҳоле ки ҷамъияти нав аллакай таъсис дода шудааст!!!  ақшаи кор бо ишораи мақсад ва намудҳои фаъолият, шарҳи сохтори ташкилӣ в системаи назорати – н дохилӣ, пешгӯии ҳисоботи тавозунӣ, даромад ва хароҷот ва гардиши пул барои се соли навбатии фаъ- олият. Бонки миллии Тоҷикистон дархости ҷамъиятро дар бораи азнавташкилдиҳӣ дар шакли муттањидшавӣ дар давоми 1 моҳ (банди 18 Дастурамали №197 БМТ) баррасӣ мекунад ва қарори мувофиқро қабул меку- над. Чунин қарорро Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қабул мекунад. Дар ҳолатҳои зерин ба азнавташ- килдиҳӣ розигӣ дода намешавад: ҷамъият аломатҳои муфлисшавиро дорад; нисбат ба ҷамъият оид ба барҳамдиҳӣ қарор қабул карда шудааст; азнавташкилдиҳии ҷамъият ба пайдошавии хавфҳо оварда мерасонад. Ҳамин гуна тартиботи гирифтани розигии БМТ барои азнавташкилдиҳӣ дар шакли муттањидшавӣ дар санадҳои зерқонунии БМТ муайян карда нашудааст!!! Бо мақсади ба даст овардани чунин розигии БМТ барои азнавташкилдиҳӣ дар шакли муттањидшавӣ ва муайян намудани тартиботи пешниҳоди ариза барои гирифтани чунин розигӣ барои ТАҚХ ирсол намуда- ни мактуби пешакӣ ба БМТ бо ишораи мақсади ташкилот оид ба азнавташкилдиҳӣ бо роҳи муттањидшавӣ ва дархости муайян намудани тартиботи гирифтани розигии БМТ ва рӯйхати ҳуҷҷатҳои ба он замимаша- ванда тавсия мегардад. Матни намунавии чунин мактубро Шумо дар Замимаи №1 ҳуҷҷати мазкур дарёфт карда метавонед. 11 d) Ҷамъияти бо роҳи муттањидшавӣ аз нав ташкилшаванда дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қа- рор дар бораи азнавташкилдиҳӣ бо роҳи муттањидшавӣ мақомоти андозро аз рӯи маҳалли ҷойгиршавӣ дар ин бора ба таври хаттӣ огоҳ менамояд. Ҳамчунин ҷамъият дар давоми 3 рӯзи корӣ аз рӯзи тасдиқи санади таҳвил ҳамзамон ба мақомоти андоз аризаро дар бораи гузаронидани санҷиши андоз ва ҳисобо- ти андозии барҳамдиҳӣ аз рӯи маҳалли ҷойгиршавии худ пешниҳод менамояд. Санади таҳвил байни ҷамъиятҳои нав ва пешина тартиб дода мешавад. Бинобар ин ҷамъияти нав бояд таъсис дода шавад ва сипас ҷамъияти пешина ба он дороиҳоро аз рӯи санади таҳвил супорад. Дар қонунгузорӣ шумораи рӯзҳо, яъне дар байни қабули қа- рор дар бораи азнавташкилдиҳӣ ва тасдиқи санади таҳвил чанд рӯз метавонад гузарад, муайян карда нашудааст. Ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ аз рӯи намудҳои андоз тартиб дода мешавад, ки аз рӯи он шахси ҳуқуқии аз нав ташкилшаванда андозсупоранда ва (ё) агенти андоз маҳсуб меёбад. Санҷиши фаъолияти андоз- супориро мақомоти андоз бояд на дертар аз 20 рӯзи корӣ пас аз гирифтани аризаи шахси ҳуқуқии аз нав ташкилшаванда оғоз намояд. Ба назари мо, муҳлатҳои ба охир расидан ё давомнокии ҳадди аксари ҳамин гуна санҷишҳо бо мақсади банақшагирии қадамҳои минбаъда оид ба муттаҳидшавӣ (консо- лидатсия) бояд иловатан муайян карда шаванд. e) Муассисон (саҳомон) ё мақомоти ваколатдори ҷамъиятҳое, ки дар бораи азнавташкилдиҳӣ қарор қа- бул кардаанд, бояд дар давоми панҷ рӯзи корӣ аз рӯзи қабули чунин қарор мақомоти масъули бақайд- гирии давлатиро (яъне мақомоти андозро аз рӯи маҳалли ҷойгиршавӣ) ба таври хаттӣ огоҳ намоянд ва аз қайди давлатӣ гузаранд. Рӯйхати ҳуҷҷатҳо барои ба қайди давлатӣ гирифтани ҷамъият дар замимаи №2 оварда шуда- аст. Қайди давлатии таъсиси ҷамъият аз ҷониби мақомоти андоз, ки бақайдгирии давлатиро анҷом медиҳад, аз рӯи маҳалли ҷойгиршавии (нишонии) ҳамин ҷамъият дар давоми то панҷ рӯзи корӣ аз лаҳзаи пеш- ниҳоди ҳуҷҷатҳо бо додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ барои ҳамон муҳлат сурат мегирад. 12 f) Ҳамчунин на дертар аз сӣ рӯз аз санаи қабули қарор дар бораи азнавташкилдиҳӣ аз ҷониби ҷамъияти охирини ҷамъиятҳои дар муттањидшавї иштироккунанда ҳар як ҷамъияте, ки дар раванди азнавташкил- диҳӣ ширкат мекунад бояд: дар ин бора ҳамаи кредиторони ба он маълумро ба таври хаттӣ огоҳ намояд ва  ар мақомоти чопие, ки дар он маълумот дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ба чоп д мерасад, оид ба қарори қабулшуда хабарнома нашр кунад. Дар ин ҳолат кредиторони ҷамъият дар давоми сӣ рӯз аз санаи фиристодани огоҳнома аз ҷониби онҳо ё дар давоми сӣ рӯз аз санаи чопи хабарнома дар бораи қарори қабулшуда ҳуқуқ доранд пеш аз муҳлат қатъ ё иҷро шудани уҳдадориҳои марбутаи ҷамъият ва ҷуброни зарари аз ҷониби љамъият ба онҳо расо- нидашударо ба таври хаттӣ талаб намоянд. g) Ғайр аз ин, ҳангоми азнавташкилдиҳии ҷамъиятҳо дар шакли муттањидшавї розигии пешакии мақо- моти ваколатдори иҷрокунандаи сиёсати зиддинҳисорӣ лозим мешавад, агар ҳангоми муттањидша- вии ҷамъият арзишии умумии дороиҳои тавозунии онҳо аз рӯи тавозунҳои охирин зиёда аз сад ҳазор маоши ҳадди ақал, яъне 4 000 000 сомонӣ бошад. Дархост дар бораи азнавташкилдиҳии ҷамъият дар шакли муттањидшавї ба мақомоти ваколатдор аз ҷо- ниби субъекти хоҷагидории дар натиҷаи муттањидшавї бавуҷудомада ирсол карда мешавад. Ҳарчанд қонунгузорӣ ирсоли дархостро аз ҷониби субъекти дар натиҷаи муттањидшавї бавуҷудомада талаб мекунад, ТАВСИЯ МЕГАРДАД, ки огоҳнома ба ХЗИ аз ҷониби ҶАМЪИЯТҲОЕ ИРСОЛ КАРДА ШАВАД, КИ ДАР БОРАИ МУТТАЊИДШАВӢ ҚАРОРИ ПЕШАКӢ ҚАБУЛ МЕКУНАНД. Муҳлати гирифтани қарори ХЗИ дар ҷавоб ба ин огоҳнома 30 рӯзро ташкил мекунад. Қарори ХЗИ яке аз ҳуҷҷатҳо ба ҳисоб меравад, ки ҳангоми гирифтани розигии БМТ ва бақайдгирии ҷамъияти нав дар мақомоти андоз лозим мешавад (ниг. ба Замимаи №2). Тартиби гирифтани қарори мақомоти ваколатдор оид ба сиёсати зиддинҳисорӣ дар Замимаи №3 оварда шудааст. h) Раванди азнавташкилдиҳӣ аз лаҳзаи (аз ҷониби нозироти андоз) ба қайди давлатӣ гирифта шудани шахси ҳуқуқии дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ бо роҳи муттањидшавї таъсисёфта ба охир расида ҳисобида мешавад. i) Дар ҷадвалҳои зерин марҳилаҳои асосии раванди муттањидшавї, муҳлатҳои иҷрои онҳо, ма- съулон ва натиҷаи ҳар як марҳила нишон дода шудаанд. 13 Амалҳое, ки иҷрои онҳо то қабули қарор дар бораи таъсиси ҷамъият дар натиҷаи муттањидшавї тавсия мегарданд: Амал Муҳлат Масъулон Натиҷа Ба имзо расонидани Ёддошти УМуассисони тафоњум миёни муассисони 90 рӯз пеш аз ҷамъиятҳои 1 Ёддошти тафоњум ҷамъиятҳое, ки нияти қабули қарор мутањидшавандаи муттањидшавиро доранд ҶДММ Омода намудани ҳуҷҷатҳо Директорони иҷро- 30 рӯз пеш аз 2 барои супоридан ба БМТ ва ияи ҷамъиятҳои қабули қарор ХЗИ –ҳисоботи аудитӣ ва ғ. муттањидшаванда Наќшаи тиљоратї Омода намудани наќшаи Директори иҷрои- барои 3 сол бо зикри тиљоратии ҷамъияти нав, 80 рӯз пеш аз яи яке аз ҷамъи- нишондиҳандаҳои молиявӣ 3 лоиҳаи Оиннома ва лоиҳаи қабули қарор ятҳои муттањид- ва мавқеъ дар бозор; Шартномаи муттањидшавӣ шаванда лоиҳаи Оиннома ва лоиҳаи Шартномаи муттањидшавӣ Додани ариза ба БМТ дар 60 рӯз пеш аз Директорони иҷро- Ариза ва тамоми ҳуҷҷатҳои 4 бораи мақсади муттањидшавӣ муттањид- ияи ҷамъиятҳои лозима ба БМТ супорида бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳо шавӣ муттањидшаванда шуданд Додани дархост ба ХЗИ дар 60 рӯз пеш аз Директорони иҷро- Ариза ва ҳуҷҷатҳои лозима 5 бораи мақсади муттањид- муттањид- ияи ҷамъиятҳои ба ХЗИ супорида шуданд шавӣ бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳо шавї муттањидшаванда Ба кормандон тақсим намуда- Кормандон огоҳнома ни огоҳнома дар бораи қатъ Директорони иҷро- 60 рӯз пеш аз доранд, Директори иҷроӣ 6 шудани шартномаҳо бинобар ияи ҷамъиятҳои қабули қарор имзоҳои кормандонро оид ба ихтисор шудани ҷойҳои корӣ муттањидшаванда гирифтани огоҳнома дорад аз ҳисоби муттањидшавӣ Кредиторон дар бораи Хабардор намудани Директорони раванд хабардор карда кредиторон дар бораи қарори 60 рӯз пеш аз иҷроияи 7 шуданд ва назари худро дар қабулшуда ва муттањидшавии қабули қарор ҷамъиятҳои бораи тақдири қарзҳо ба эҳтимолӣ муттањидшаванда таври хаттӣ иброз карданд Гирифтани розигии 30 рӯз пеш аз БМТ, ХЗИ, Розигии хаттии БМТ ва ХЗИ 8 пешакии БМТ ва ХЗИ барои муттањид- Директорони барои муттањидшавӣ муттањидшавї шавӣ иҷроия Додани ариза аз ҷониби Ариза ва ҳисоботи андозии ҷамъиятҳо дар бораи қатъи 30 рӯз пеш аз Директорони барҳамдиҳӣ ба нозироти 9 фаъолият бинобар муттањид- муттањид- иҷроия, Нозироти андоз аз рӯи маҳалли шавӣ ва гузаронидани санҷи- шавӣ андоз ҷойгиршавӣ супорида ши фаъолияти андозсупорӣ шуданд 14 Амалҳое, ки иҷрои онҳо дар давом ва пас аз қабули қарор дар бораи таъсиси ҷамъият дар на- тиҷаи муттањидшавӣ тавсия дода мешаванд: Амал Муҳлат Масъулон Натиҷа Оиннома ва Шартномаи Пас аз гузаронидани таъсисӣ, шартномаи санҷиши фаъолияти Муассисони ва иҷора, фармонҳо барои Баргузор кардани андозсупорӣ ва омода Директорони таъин намудани директор 1 маҷлиси муассисони намудани тавозуни иҷроияи ва сармуҳосиб, шакли №2 ҷамъияти нав барҳамдиҳӣ (санади ҷамъияти нав ариза ба Нозироти андоз таҳвил) барои бақайдгирӣ қабул карда шуданд Супоридани ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии Дар давоми 5 рӯз пас аз Директори ҷамъияти нав ба Дар давоми 5 рӯз пас супоридани ҳуҷҷатҳо 2 иҷроияи Нозироти андоз аз аз Маҷлиси муассисон Шаҳодатнома ва Иқтибос ҷамъияти нав рӯи маҳалли гирифта мешавад ҷойгиршавӣ Дар давоми 5 рӯз пас Супоридани ҳуҷҷатҳо Иҷозатномаи БМТ барои аз гирифтани Директори иҷрои- 3 ба БМТ барои иҷо- бурдани фаъолияти Шаҳодатнома дар яи ҷамъияти нав затнома молиявии хурд гирифта шуд бораи бақайдгирӣ Ирсол намудани Дар давоми 5 рӯз пас Дироектори Қарори ХЗИ дар бораи хабарнома ба ХЗИ аз Маҷлиси муассисон 4 иҷроияи масъалаи муттањидшавӣ дар бораи ва қабули қарор дар ҷамъияти нав гирифта шуд муттањидшавӣ бораи муттањидшавӣ 15 ТАРТИБИ АЗНАВТАШКИЛДИҲИИ ТҚХ ВА ТАҚХ ДАР 6.  ШАКЛИ ҲАМРОҲШАВӢ 6.1. Дар раванди азнавташкилдиҳӣ дар шакли ҳамроҳшавии ТҚХ ё ТАҚХ, ки шакли ташкилию ҳуқуқии ҶДММ-ро доранд, анҷом додани чорабиниҳои зерин лозим аст. 1. Омодагӣ ба қабули қарор дар бораи азнавташкилдиҳӣ ва маҷлиси иштирокчиёни ҷамъият, аз ҷумла: омӯзиши масъалаи зарурат ва қобили мақсад будани азнавташкилдиҳии ҷамъият, таҳлили нишондиҳанадаҳои молиявии ҷорӣ ва пешгӯишавандаи ҷамъият, интихоби шакли азнавташкилдиҳӣ,  узаронидани ҷаласа ва машваратҳои пешакӣ оид ба масъалаҳои азнавташкилдиҳӣ дар сатҳҳои г гуногуни идоракунии ҷамъият, омода намудани ҳуҷҷатҳо ба гузаронидани маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият. 2. Баргузор намудани маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият оид ба масъалаи азнавташкилдиҳии ҷамъ- ият бо қабули қарор дар бораи азнавташкилдиҳӣ. Қайд кардан лозм аст, ки маҷлиси умумии иштирокчиёни ҳар як ҷамъияти дар раванди азнавташкилдиҳӣ бо роҳи ҳамроҳшавӣ ширкаткунанда қарорҳои зеринро қабул мекунад: дар бораи азнавташкилдиҳӣ дар шакли ҳамроҳшавӣ, дар бораи тасдиқи Шартномаи ҳамроҳшавӣ,  ар бораи тасдиқи оинномаи ҷамъияте, ки ҷамъиятҳои дигар ба он дар натиҷаи ҳамроҳшавӣ д ҳамроҳ мешаванд, дар бораи тасдиқи санади таҳвил. Шартномаи ҳамроҳшавӣ, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷамъияти дар натиҷаи ҳамроҳшавӣ таъсисиёбанда имзо кардаанд, дар қатори Оинномаи он, ҳуҷҷати таъсисӣ ба ҳисоб меравад ва бояд ҷавобгӯи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҳуҷҷатҳои таъсисӣ бошад. 3. Пас аз баргузории маҷлиси умумӣ аз ҷониби ҳар ҷамъияти дар раванди ҳамроҳшавӣ иштироккунанда маҷлиси умумии якҷоя гузаронида мешавад, ки дар он қарорҳои зерин қабул карда мешаванд: дар бораи ҳамроҳшавии ҷамъиятҳо (ҷамъият) дар бораи тасдиқи Шартномаи ҳамроҳшавӣ 16 дар бораи тағйирот ба Оинномаи ҷамъияте, ки ба он ҷамъиятҳои дигар ҳамроҳ мешаванд дар бораи тасдиқи санадҳои таҳвил дар бораи тағйирот дар роҳбарият ва мақомоти иҷроии ҷамъият масъалаҳои дигар Муҳлат ва тартиби гузаронидани чунин маҷлиси умумӣ бо Шартномаи ҳамроҳшавӣ муқаррар карда ме- шавад. Мақомоти иҷроии ягонаи ҷамъияте, ки ба он ҷамъиятҳои дигар дар натиҷаи ҳамроҳшавӣ ҳамроҳ мешаванд, амалҳои марбут ба бақайдгирии давлатии тағйирот дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, нишонӣ ва роҳба- рияти ин ҷамъиятро анҷом медиҳад. Қобили зикр аст, ки ҳангоми ҳамроҳшавии ҷамъиятҳо тамоми ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҳар яки онҳо тибқи санадҳои таҳвил ба ҷамъияте мегузарад, ки ба он ҷамъиятҳои дигар ҳамроҳ мешаванд. 6.2. Дар раванди азнавташкилдиҳии ТҚХ ё ТАҚХ дар шакли ҳамроҳшавӣ, ки дорои шакли ташкилию ҳуқуқии ҶСП мебошанд, чорабиниҳои зерин гузаронида мешаванд. 1. Мутобиқи сархати 1 ва банди 6.1. корҳои тайёрӣ гузаронида мешаванд. 2. Шӯрои директорони (Шӯрои назоратии) ҳар як ҷамъияти саҳомӣ, ки дар раванди ҳамроҳшавӣ ишти- рок мекунад, барои қарори Маҷлиси умумии саҳомон оид ба азнавташкилдиҳӣ дар шакли ҳамроҳшавӣ, тасдиқи санади таҳвил ва шартномаи ҳамроҳшавӣ масъалагузорӣ мекунад. Шартномаи ҳамроҳшавии ҷамъиятҳои саҳомӣ бояд маълумот дар бораи номҳо, маҳалли ҷойгиршавии ҳар як ҷамъияти саҳомии дар раванди ҳамроҳшавӣ иштироккунанда, маълумот дар бораи тавозуни онҳоро дар бар гирад ва тартиб ва шартҳои ҳамроҳшавӣ, аз ҷумла тартиби табдили саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии ҳамроҳшавандаро ба саҳмияҳои ҷамъияти саҳомие, ки ба он ҷамъиятҳои дигар ҳамроҳ мешаванд, пешбинӣ намояд. Та- моми маълумоти ишорашуда бояд ба саҳомони ҷамъиятҳо тавассути чоп кардан дар нашрияҳои чопӣ пешниҳод карда шавад. 3. Шӯрои директорони (Шӯрои назоратии) ҷамъияти саҳомӣ, ки ба он ҷамъиятҳои дигар ҳамроҳ меша- ванд, дар бораи азнавташкилдиҳии ҷамъияти саҳомӣ дар шакли ҳамроҳшавии ҷамъияти саҳомии дигар ба он, тасдиқи санади таҳвил ва шартномаи ҳамроҳшавӣ барои қабули қарор дар назди маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳомон масъалагузорӣ мекунад. Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳомони ҷамъияти саҳомие, ки ба он ҷамъиятҳои дигар ҳамроҳ меша- ванд, дар бораи азнавташкилдиҳӣ дар шакли ҳамроҳшавии ҷамъияти саҳомии дигар ба он қарор қабул мекунад ва санади таҳвил ва шартномаи ҳамроҳшавиро тасдиқ менамояд. Дар сурати лозима, қарор дар бораи ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба оинномаи ҷамъияти саҳомӣ, ки ба он ҷамъияти саҳомии дигар ҳамроҳ мешавад, аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳомони ҷамъияти саҳомие, ки ба он ҷамъияти саҳомии дигар ҳамроҳ мешавад, ва аз ҷониби саҳомони ҷамъияти саҳомии ҳамроҳшаванда сурат мегирад. 17 4. Ҳамчунин ҳамроҳшавии як ҷамъияти саҳомӣ ба ҷамъияти саҳомии дигар бо қарори Шӯрои директорони (Шӯрои назоратии) ҷамъияти саҳомии охирин (яъне бе гузаронидани Маҷлиси умумии саҳомон) иҷозат дода мешавад, агар ҷамъи дороӣ ва уҳдадориҳои ҷамъияти саҳомии ҳамроҳшаванда аз 5 фоизи сармояи шахсии ҷамъияти саҳомие, ки ба он ҷамъияти саҳомии дигар ҳамроҳ мешавад, зиёд набошад. Масалан, ҷамъияти А бо сармояи 10 миллион сомонӣ мехоҳад ҷамъияти Б-ро бо сармояи 700 ҳазор сомонӣ ҳамроҳ кунад. Азбаски 700 000/10 000 000*100% 7% сармояи ҷамъияти А-ро ташкил медиҳад, қарор дар бораи ҳамроҳшавӣ аз ҷониби Мачлиси умумии ҷамъияти А қабул карда мешавад. Агар сармояи ҷамъияти Б 400 000 сомониро (ё 4% сармояи ҷамъияти А-ро) ташкил медод, қарор дар бораи ҳамроҳшавӣ метаво- нист аз ҷониби Шӯрои назоратии ҷамъияти А сурат гирад. 5. Қайд кардан лозим аст, ки ҳангоми ҳамроҳшавии ҷамъият, ҳам дар шакли ҶДММ ва ҳам дар шакли ҶСП, тамоми ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҳар як ҷамъияти ҳамроҳшаванда мутобиқи санади таҳвил дар ҳаҷми пурра ба ҷамъияте мегузарад, ки ба он дар натиҷаи ҳамроҳшавӣ ҷамъиятҳои дигар ҳамроҳ мешаванд. 6.3. Барои азнавташкилдиҳии ТҚХ ва ТАҚХ бо роҳи ҳамроҳшавӣ мутобиқи талаботи қонунгузорӣ розигии мақомоти назоратӣ, яъне БМТ, лозим аст. 1. Азнавташкилдиҳии ТҚХ дар шакли ҳамроҳшавӣ пас аз гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи санади зерқонунии танзимкунанда, яъне Дастурамали №197 БМТ сурат мегирад. 2. Чунин ҷамъият бо мақсади азнавташкилдиҳӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат менамо- яд ва ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунад (ниг. инчунин ба қайдҳо дар саҳ. 9-12): – қарори маҷлиси умумии иштирокчиён (саҳомон) дар бораи азнавташкилдиҳӣ бо роҳи ҳамроҳшавӣ; маълумот дар бораи кормандони роҳбарикунанда бо ишораи насаб, ном, номи падар, шаҳрвандӣ, – ҷойи истиқомати доимӣ, ихтисос, маълумот ва собиқаи корӣ; – нусхаи шаҳодатнома дар бораи қайди давлатии иштирокчиёни (саҳомони) нав; – Маълумот дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда – барои шахсони воқеӣ – иштирокчиёни (саҳомони) нав; нусхаи ҳисоботи молиявии иштирокчиёни (саҳомони) нав – шахсони ҳуқуқӣ барои соли охир бо – хулосаи аудитӣ; маълумотномаи мақомоти ваколатдор дар бораи иҷрои уҳдадориҳои иштирокчиёни (саҳомони) нав – дар назди буҷети давлат барои соли охири фаъолият; – маълумотнома дар бораи қонунияти сарчашмаи баромади воситаҳои пулии иштирокчиёни (саҳомо- ни) нав, ки ба сармояи оинномавӣ дохил карда мешаванд – барои шахсони воқеӣ тибқи тартиботи муайяннамудаи қонун; 18 рӯйхати иштирокчиён (саҳомон) ва соҳибони ниҳоии баҳрагирони саҳм бо ишораи нишонӣ ва миқ- – дори ҳисса (саҳмия); нақшаи кор бо ишораи мақсад ва намудҳои фаъолият, шарҳи сохтори ташкилӣ в системаи назорати – дохилӣ, пешгӯии ҳисоботи тавозунӣ, даромад ва хароҷот ва гардиши пул барои се соли навбатии фаъолият. Бонки миллии Тоҷикистон дархости ҷамъиятро дар бораи азнавташкилдиҳӣ дар шакли ҳамроҳшавӣ дар давоми 1 моҳ баррасӣ мекунад ва қарори мувофиқро қабул мекунад. Чунин қарорро Раёсати Бонки мил- лии Тоҷикистон қабул мекунад. Дар ҳолатҳои зерин ба азнавташкилдиҳӣ розигӣ дода намешавад: ҷамъият аломатҳои муфлисшавиро дорад; нисбат ба ҷамъият оид ба барҳамдиҳӣ қарор қабул карда шудааст; азнавташкилдиҳии ҷамъият ба пайдошавии хавфҳо оварда мерасонад. Бо мақсади ба даст овардани чунин розигии БМТ барои азнавташкилдиҳӣ ва муайян намудани тартиботи пешниҳоди ариза барои гирифтани чунин розигӣ барои ТАҚХ ирсол намудани мак- туби пешакӣ ба БМТ бо ишораи мақсади ташкилот оид ба азнавташкилдиҳӣ бо роҳи ҳамроҳ- шавӣ ва дархости муайян намудани тартиботи гирифтани розигии БМТ ва рӯйхати ҳуҷҷатҳои ба он замимашаванда тавсия мегардад. Матни намунавии чунин мактубро Шумо дар Замимаи №1 ба ҳуҷҷати мазкур метавонед дастрас намоед. 6.4. Ҷамъияти аз нав ташкилшаванда дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарор дар бораи азнавташ- килдиҳӣ бо роҳи ҳамроҳшавӣ мақомоти андозро аз рӯи маҳалли ҷойгиршавӣ дар ин бора ба таври хаттӣ огоҳ менамояд. Ҳамчунин ҷамъияти ҳамроҳшаванда дар давоми 3 рӯзи корӣ аз рӯзи тасдиқи санади таҳвил ҳамзамон ба мақомоти андоз аризаро дар бораи гузаронидани санҷиши андоз ва ҳисоботи андо- зии барҳамдиҳӣ аз рӯи маҳалли ҷойгиршавии худ пешниҳод менамояд. Ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ аз рӯи намудҳои андоз тартиб дода мешавад, ки аз рӯи он шахси ҳуқуқии аз нав ташкилшаванда андоз- супоранда ва (ё) агенти андоз маҳсуб меёбад. Мақомоти андоз санҷиши фаъолияти андозсупориро бояд на дертар аз 20 рӯзи корӣ пас аз гирифтани аризаи шахси ҳуқуқии аз нав ташкилшаванда оғоз намояд. Муассисон (саҳомон) ё мақомоти ваколатдори ҷамъиятҳое, ки дар бораи азнавташкилдиҳӣ бо роҳи ҳамроҳшавӣ қарор қабул кардаанд, бояд дар давоми панҷ рӯзи корӣ аз рӯзи қабули чунин қарор мақо- моти масъули бақайдгирии давлатиро (яъне мақомоти андозро аз рӯи маҳалли ҷойгиршавӣ) ба таври хаттӣ огоҳ намоянд ва аз қайди давлатӣ гузаранд. Қайд кардан лозим аст, ки ҳангоми азнавташкилдиҳии ҷамъият бо ҳамроҳ намудани ҷамъияти дигар ба он ҷамъиятҳое, ки аз рӯи тартиботи муқарраргардида дар ҳамроҳшавӣ ширкат мекунанд, ҳамзамон дар бораи ворид намудани маълумоти дар боло зикргардида ба Фењристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба мақомоти андоз ариза пешниҳод мекунад. Барои гузаштан аз қайди давлатӣ ҷамъият як қатор ҳуҷҷатҳои лозимаро пешниҳод мекунад. 19 Рӯйхати ҳуҷҷатҳо барои ба қайди давлатӣ гирифтани ҷамъият дар Замимаи №2 оварда шудааст. 6.5. Ҳамчунин на дертар аз сӣ рӯз аз санаи қабули қарор дар бораи азнавташкилдиҳӣ аз ҷониби ҷамъияти охирини ҷамъиятҳои дар ҳамроҳшавӣ иштироккунанда ҳар як ҷамъияте, ки дар раванди азнавташкилдиҳӣ ширкат мекунад бояд: дар ин бора ҳамаи кредиторони ба он маълумро ба таври хаттӣ огоҳ намояд ва;  ар мақомоти чопие, ки дар он маълумот дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ба чоп д мерасад, оид ба қарори қабулшуда хабарнома нашр кунад. Дар ин ҳолат кредиторони ҷамъият дар давоми сӣ рӯз аз санаи фиристодани огоҳнома аз ҷониби онҳо ё дар давоми сӣ рӯз аз санаи чопи хабарнома дар бораи қарори қабулшуда ҳуқуқ доранд пеш аз муҳлат қатъ ё иҷро шудани уҳдадориҳои марбутаи ҷамъият ва ҷуброни зарареро, ки аз ҷониби љамъият ба онҳо расонида шудааст, ба таври хаттӣ талаб намоянд. 6.6. Ғайр аз ин, ҳангоми азнавташкилдиҳии ҷамъиятҳо дар шакли ҳамроҳшавӣ розигии пешакии мақо- моти ваколатдори иҷрокунандаи сиёсати зиддинҳисорӣ лозим мешавад, агар ҳангоми ҳамроҳшавии ҷамъиятҳо арзишии умумии дороиҳои тавозунии онҳо аз рӯи тавозунҳои охирин зиёда аз сад ҳазор мао- ши ҳадди ақал, яъне 4 000 000 сомонӣ (дар соли 2015) бошад. Тартиби гирифтани розигии мақомоти зиддинҳисорӣ ҳангоми ҳамроҳшавӣ бо тартибот ҳангоми муттаҳид- шавӣ якхела аст (ниг. ба Замимаи №3). Раванди азнавташкилдиҳӣ бо роҳи ҳамроҳшавӣ аз лаҳзаи ворид намудани маълумот дар бо- раи қатъ гардидани фаъолияти ҷамъияти ҳамроҳшуда ва маълумот дар бораи тағйироти ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъияте, ки ба он ҷамъияти дигар дар натиҷаи ҳамроҳшавӣ ҳамроҳ ме- шавад, ба Фењристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба охир расида ҳисобида мешавад. 6.7. Дар ҷадвалҳои зерин марҳилаҳои асосии раванди ҳамроҳшавӣ, муҳлатҳои иҷрои онҳо, масъулон ва натиҷаи ҳар як марҳила нишон дода шудаанд. 20 Амалҳое, ки иҷрои онҳо то қабули қарор дар бораи ҳамроҳшавии ҷамъиятҳо тавсия мегарданд: Амал Муҳлат Масъулон Натиҷа Ба имзо расонидани Ёддошти 90 рӯз пеш Муассисони 1 тафоњум миёни муассисони ҷамъи- аз қабули ҷамъиятҳои Ёддошти тафоњум ятҳое, ки нияти ҳамроҳшавӣ доранд қарор ҳамроҳшаванда Наќшаи тиљоратии барои 3 сол бо зикри нишондиҳан- Омода намудани Наќшаи тиљора- 80 рӯз пеш Директори даҳои молиявӣ ва мавқеъ 2 тии Ҷамъияти асосӣ, лоиҳаи Оинно- аз ҳамроҳ- иҷроияи Ҷамъи- дар бозор; лоиҳаи Оинно- ма ва Шартномаи ҳамроҳшавӣ шавӣ яти асосӣ ма ва лоиҳаи Шартномаи ҳамроҳшавӣ Директорони Омода намудани ҳуҷҷатҳо барои 60 рӯз пеш Ҳуҷҷатҳо мутобиқи рӯйхати иҷроияи ҷамъ- 3 супоридан ба БМТ ХЗИ –ҳисоботи аз ҳамроҳ- замимаи №3 омода карда иятҳои ҳамроҳ- аудитӣ ва ғ. шавӣ шуданд шаванда Директорони Додани ариза ба БМТ дар бораи 60 рӯз пеш Ариза ва тамоми ҳуҷҷатҳои иҷроияи ҷамъ- 4 мақсади ҳамроҳшавӣ бо пешниҳоди аз ҳамроҳ- лозима ба БМТ супорида иятҳои ҳамроҳ- ҳуҷҷатҳо шавӣ шуданд шаванда Директорони Додани дархост ба ХЗИ дар бораи 60 рӯз пеш иҷроияи ҷамъ- Ариза ва ҳуҷҷатҳои лозима 5 мақсади ҳамроҳшавӣ бо пешниҳоди аз ҳамроҳ- иятҳои ҳамроҳ- ба ХЗИ супорида шуданд ҳуҷҷатҳо шавӣ шаванда Ба кормандони тақсим намудани Директорони Кормандон огоҳнома доранд, огоҳнома дар бораи қатъ шудани 60 рӯз пеш иҷроияи ҷамъ- Директори иҷроӣ имзоҳои 6 шартномаҳо бинобар ихтисор шуда- аз қабули иятҳои ҳамроҳ- кормандонро оид ба гириф- ни ҷойҳои корӣ аз ҳисоби ҳамроҳ- қарор шаванда тани огоҳнома дорад шавӣ Кредиторон дар бораи ра- Директорони Хабардор намудани кредиторон дар 60 рӯз пеш ванд хабардор карда шуданд иҷроияи ҷамъ- 7 бораи қарори қабулшуда ва ҳамроҳ- аз қабули ва назари худро дар бораи иятҳои ҳамроҳ- шавии эҳтимолӣ қарор тақдири қарзҳо ба таври хат- шаванда тӣ иброз карданд 30 рӯз пеш БМТ, ХЗИ, Гирифтани розигии пешакии БМТ ва Розигии хаттии БМТ ва ХЗИ 8 аз ҳамроҳ- Директорони ХЗИ барои ҳамроҳшавӣ барои ҳамроҳшавӣ шавӣ иҷроия Додани ариза аз ҷониби ҷамъиятҳо Ариза ва ҳисоботдиҳии андо- 30 рӯз пеш Директорони дар бораи қатъи фаъолият бино- зии барҳамдиҳӣ ба Нозироти 9 аз ҳамроҳ- иҷроия, Нозиро- бар ҳамроҳшавӣ ва гузаронидани андоз аз рӯи маҳалли ҷой- шавӣ ти андоз санҷиши фаъолияти андозсупорӣ гиршавӣ супорида шуданд 21 Амалҳое, ки иҷрои онҳо дар давом ва пас аз қабули қарор дар бораи ҳамроҳшавии ҷамъиятҳо тавсия дода мешаванд: Амал Муҳлат Масъулон Натиҷа Оиннома ва Шартномаи Пас аз гузаронидани таъсисӣ, шартномаи иҷора, санҷиши фаъолияти Муассисонва фармонҳо барои таъин Баргузор кардани андозсупорӣ ва омода Директорони намудани директор ва 1 маҷлиси муассисони намудани тавозуни иҷроияи сармуҳосиб, шакли №2 Ҷамъияти асосӣ барҳамдиҳӣ (санади Ҷамъияти асосӣ ариза ба Нозироти андоз таҳвил) барои бақайдгирӣ қабул карда шуданд Супоридани ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии Дар давоми 5 рӯз пас Директори Ҷамъияти асосӣ Дар давоми 5 рӯз пас аз супоридани ҳуҷҷатҳо 2 иҷроияи ба Нозироти андоз аз Маҷлиси муассисон Шаҳодатнома ва Иқтибос Ҷамъияти асосӣ аз рӯи маҳалли гирифта мешавад ҷойгиршавӣ Дар давоми 5 рӯз Супоридани ҳуҷҷатҳо Директори Иҷозатномаи БМТ барои пас аз гирифтани 3 ба БМТ барои иҷроияи бурдани фаъолияти Шаҳодатнома дар иҷозатнома Ҷамъияти асосӣ молиявии хурд гирифта шуд бораи бақайдгирӣ Ирсол намудани Дар давоми 5 рӯз пас Директори Қарори ХЗИ дар бораи хабарнома ба аз Маҷлиси муассисон 4 иҷроияи масъалаи ҳамроҳшавӣ ХЗИ дар бораи ва қабули қарор дар ҷамъияти нав гирифта шуд ҳамроҳшавӣ бораи ҳамроҳшавӣ 22 НОРАСОИЊО, НУҚСОН ВА МАҲДУДИЯТҲО ДАР 7.  ҚОНУНГУЗОРИИ ҶОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАХШИ ТАНЗИМИ РАВАНДИ АЗНАВТАШКИЛДИҲИИ ТАШКИЛОТҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД Дар рафти шарњи мухтасари санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо норасої, маҳдудият, их- тилоф ва нуқсонҳои зеринро муайян намудем, ки раванди азнавташкилдиҳиро бидуни вайрон кардани ин ё он меъёри қонунгузорӣ имконнопазир мегардонанд. Ба назари мо, ин метавонад ба нақшаҳои ғайриса- мараноки азнавташкилдиҳӣ, барҳам хӯрдани ташкилотҳои самараноки маблағгузории хурд ва ё таъсис ёфтани ташкилотҳои ғайрисамараноки маблағгузории хурд оварда расонад. 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавташкилдиҳии ҷамъиятҳоро бо шаклҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ бо роҳҳои якҷояшавӣ ва ҳамроҳшавӣ манъ мекунад. Мутобиқи моддаи 62 Қонуни ҶТ “Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд” ҶДММ ҳуқуқи табдил ёфтанро ба ҷамъияти саҳомӣ, ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ ё кооперативи истеҳсолї доранд. Ҳамчунин моддаи 98 Қонуни ҶТ “Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ” муқаррар менамояд, ки ҷамъиятҳои саҳомӣ ҳуқуқи табдил ёфтанро ба ҷамъияти саҳомии дорои масъулияти маҳдуд ё кооперативи истеҳсолӣ бо риояи талаботи муқаррарнамудаи қонун доранд. Аз ин бармеояд, ки ТМХ, ки шакли ташкилию ҳуқуқии ҶСП ё ҶДММ-ро доранд ва бо роҳи азнавташкил- диҳӣ мехоҳанд бо ҳамдигар муттаҳид шаванд, аввал бояд марҳилаи табдилёбиро (шакли дигари азнав- ташкилдиҳӣ) гузаранд ва сипас тартиботи якҷояшавӣ ё ҳамроҳшавиро бо дигар ТМХ, ки шакли ташкилию ҳуқуқии якхелаи шахси ҳуқуқиро доранд, оғоз намоянд. Моддаи 5 Қонуни ҶТ “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” муқаррар менамояд, ки ташкилоти амонатии қарзии хурд ва ташкилоти қарзии хурд ба сифати ташкилотҳои тиҷоратӣ дар шакли ҷамъияти саҳомии шакли пӯшида ё ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд таъсис дода мешаванд, яъне ин ТҚХ на- метавонанд ҳамчун ҷамъияти саҳомии шакли кушода, ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ, кооперативи истеҳсолӣ ва ғ. фаъолият намоянд. Ҳамчунин, моддаи 98 Қонуни ҶТ “Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ” шакли ташкилию ҳуқуқии ҶДММ-ро но- дуруст муайян мекунад ва онро ҳамчун саҳомӣ ишора мекунад, зеро дар қонунгузории ҶТ чунин шакли ташкилию ҳуқуқӣ вуҷуд надорад, яъне шакли “ҷамъияти саҳомии дорои масъулияти маҳдуд” мавҷуд нест. Ворид намудани тағйирот ба моддаи 98 Қонуни ҶТ “Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ” ва истисно намудани калимаи “саҳомӣ” пешниҳод карда мешавад. Ҳамчунин илова кардани калимаҳои “дар шакли ҷамъияти саҳомии кушода,...” - давомаш аз рӯи матн, ба моддаи 5 Қонуни ҶТ “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузо- рии хурд” пешниҳод мегардад. 23 2. Санади зерқонунии БМТ, ки раванди азнавташкилдиҳии ТАҚХ-ро танзим намояд, вуҷуд надорад. Чунон ки маълум аст, дар қатори санадҳои қонунгузории ҶТ, фаъолияти ТАҚХ ва ТҚХ бо санадҳои зерқо- нунии танзимкунанда, Дастурамали №196 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои амо- натии қарзии хурд” ва Дастурамали №197 “Дар бораи танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд” ба танзим дароварда мешавад. Қайд кардан лозим аст, ки Дастурамали №197 (фасли 5) тартиби азнавташкилдиҳии ТҚХ-ро бо роҳи мут- тањидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ ва табдилдиҳӣ пешбинӣ менамояд. Дар ин санади меъ- ёрӣ шартҳои додани ариза, рӯйхати ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда, муҳлати баррасии ин ҳуҷҷат аз ҷониби танзимгар ва ғайра аз ҷониби ТҚХ ба БМТ бо мақсади азнавташкилдиҳӣ пешбинӣ шудааст. Бар хилофи ин санади зерқонунӣ Дастурамали №196 меъёрҳои танзимкунандаи раванди азнавташкил- диҳии ТАҚХ-ро надорад. Ҳамзамон, моддаи Қонуни ҶТ “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” муқаррар менамояд, ки фаъолияти ТМХ пас аз гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Барои ТАҚХ, ки мехоҳанд ба БМТ бо мақсади гирифтани розигӣ барои азнавташкилдиҳӣ арзизаи лозима- ро супоранд, тартиби супоридани чунин ҳуҷҷат номаълум боқӣ мемонад ва ҳамчунин рӯйхати ҳуҷҷатҳои ба чунин ҳуҷҷат замимашаванда ва муҳлати баррасии он муқаррар нагардидааст ва шахсони ваколатдо- ри баррасикунандаи ин гуна ҳуҷҷатҳо ва ғ. ишора нагардидаанд. Ин њолат метавонад ба сӯиистифодаҳо аз ҷониби танзимгар оварда расонад ва раванди баррасии ҳамин гуна ҳуҷҷатҳо метавонад беасос то ба муњлати ваќти номуайян тӯл кашад. Ҳамчунин танзимгар метаво- над рӯйхати номуайяни ҳуҷҷатҳоро талаб намояд ва ғ.. Таҳия намудани иловаҳо ба Дастурамали №196 БМТ оид ба масъалаҳои тартиби азнавташкилдиҳии ТАҚХ пешниҳод карда мешавад. 3. Тартиби бозхонди кардани иҷозатномаи ТМХ-и марбута ҳангоми азнавташкилдиҳии ТҚХ ва ТАҚХ муқаррар нагардидааст. Дар раванди азнавташкилдиҳии ТҚХ ва ТАҚХ, ки шакли якхелаи ташкилию ҳуқуқии бо роҳи муттањид- шавӣ ё ҳамроҳшавиро доранд, масъалаи бекор кардан ё додани иҷозатномаи нав барои ТМХ муттањид- шаванда ва ё ҳамроҳшаванда ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Ин раванд низ дар қонунгузорӣ пешбинӣ нашудааст. Моддаи 16 Қонуни ҶТ “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ҳолатҳои зерини бозхонди иҷозатно- маи ТМХ-ро пешбинӣ мекунад: – дар ҳолати татбиқи чораҳои ислоҳии фаврӣ ва чораҳои таъсиррасонӣ аз ҷониби бмт нисбат ба тмх; 24 агар пас аз додани иҷозатнома маълум гардад, ки барои ба даст овардани иҷозатнома ҳуҷҷатҳо бо – маълумоти нодуруст пешниҳод шудаанд; агар дар давоми 12 моҳ аз рӯзи гирифтани иҷозатнома ташкилоти маблағгузории хурд фаъолияти – худро оғоз накунад ё пас аз оғоз кардани фаъолият онро худсарона ба муддати зиёда аз 6 моҳ қатъ гардонад; – дар ҳолати барҳамхӯрии ихтиёрӣ ё маҷбурии ТМХ. Чунон ки мебинем, дар меъёрҳои Қонун муқарроти марбут ба бозхонди иҷозатнома ҳангоми азнавташ- килдиҳии ТМХ вуҷуд надорад. Таҳия намудани иловаҳо ба Дастурамалҳои №96 ва №97 оид ба бозхонди иҷозатномаи ТМХ, ки дар ра- ванди азнавташкилдиҳӣ ширкат мекунад, пешниҳод мегардад. 4. Пайдарњамии қадам ва марҳилаҳои амалњои мутақобила бо мақомоти давлатӣ (БМТ, мақо- моти андоз ва хадамоти зиддиинҳисорӣ) муайян нашудааст. Дар раванди азнавташкилдиҳӣ ТМХ бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории ҶТ бояд розигии БМТ ва мақомоти зиддинҳисориро гиранд ва дар мақомоти андоз аз қайди давлатӣ гузаранд. Дар ин самт қонун- гузории ҶТ тартиботи аниқи марҳилавиро барои гирифтани чунин розигӣ ва гузаштани тартиботи бақайд- гириро пешбинӣ намекунад. Ҳамин тариқ, пас аз қабули қарори лозима дар бораи азнавташкилдиҳӣ ТМХ бояд ба БМТ бо мақсади гирифтани розигӣ бо ариза муроҷиат намоянд. Ҳамзамон ТМХ, ки дар бораи азнавташкилдиҳӣ қарор қа- бул кардаанд, бояд дар давоми панҷ рӯзи корӣ пас аз рӯзи қабули чунин қарор мақомоти андоз - масъули бақайдгирии давлатиро ба таври хаттӣ огоҳ намоянд ва аз қайди давлатӣ гузаранд. Ғайр аз ин, ҳангоми азнавташкилдиҳии ТМХ дар шакли якҷояшавӣ ва ҳамроҳшавӣ розигии пешакии мақо- моти ваколатдори масъули сиёсати зиддиинҳисорӣ лозим аст, агар ҳангоми якҷояшавии ҷамъиятҳо арзи- ши умумии дороиҳои тавозунии онҳо аз рӯи тавозунҳои охирин беш аз сад ҳазор маоши ҳадди ақал, яъне 4 000 000 сомонӣ бошад. Чунон ки мебинем, дар раванди азнавташкилдиҳии ТМХ дар ин самт душвориҳо пеш меоянд ва хавфҳои муайян ҷой доранд, зеро барои ТМХ, ки ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирӣ ба мақомоти андоз ирсол намуда- аст, маълум нест, ки оё барои азнавташкилдиҳӣ ба розигии БМТ муяссар мегардад, ё не. Ҳатто дар ҳолатҳое, ки ТМХ розигии БМТ-ро ба даст меорад, эҳтимол дорад, ки барои азнавташкилдиҳии ТМХ мақомоти зиддиинҳисорӣ ҷавоби манфӣ диҳад. Пешниҳод мегардад, ки дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ тартиби пайдарњамии қадамҳои мегузоштаи ТМХ дар раванди азнавташкилдиҳӣ оид ба гирифтани розигии БМТ, ХЗИ ва Кумитаи андоз ба таври аниќ му- айян карда шавад. 25 8. ХУЛОСА Дар раванди азнавташкилдиҳии ТМХ дар назди ташкилотҳои маблағгузории хурд уҳдадориҳо ва вази- фаҳои муайяне меистанд, ки аз меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд ва иҷрои онҳо аз ҷониби ТМХ ҳатмист. Гуфтан лозим аст, ки дар маводи мазкур шарњи мухтасари муќаррароти асосии қонунгузории амалку- нандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи азнавташкилдиҳӣ бо роҳи муттањидшавї ва ҳамроҳшавӣ барои ТМХ (ТҚХ ва ТАҚХ), ки шакли ташкилию ҳуқуқии ҶДММ ва ҶСП-ро доранд, пешниҳод гаштааст. Ғайр аз ин тавсияҳо ТМХ-њои манфиатдор дар рафти азнавташкилдиҳӣ талаботи дигари қонунгузориро низ, алалхусус дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ, бояд ба назар гиранд. Қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори санадҳои қонунгузории дигар меъёрҳоеро дорост, ки ба масъалаҳои азнавташкил- диҳии шахсони ҳуқуқӣ алоқаманданд. Ҳамчунин дар раванди азнавташкилдиҳӣ ТМХ масъалаҳои ворисии ҳуқуқӣ, уҳдадориҳои марбут ба андоз, уҳдадориҳо дар назди кредиторон, иддаои шахсони сеюм ва ғайра- ро бояд пешакӣ ҳал намоянд. ТМХ-њое, ки дар ҳамроҳшавӣ ё муттањидшавӣ манфиатдоранд, бояд равиши махсусеро нисбат ба ра- ванди азнавташкилдиҳӣ таҳия намоянд ва дар мадди аввал бо роҳи музокирот, вохӯриҳо ва чорабиниҳои дигари муштарак ихтилофотро бартараф намуда, масъалаҳои муносибатҳои мутақобиларо ҳаллу фасл намоянд. Ҳамчунин онҳо нисбат ба ҳар гуна масъалаҳои дигар, ки дар раванди азнавташкилдиҳӣ пеш меоянд, бояд равиши ҳамоҳангшудаеро пеш гиранд ва онҳоро бо кӯшишҳои якҷоя бартараф созанд. Бо вуҷуди ин, шарњи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ нишон дод, ки на ҳамаи масъалаҳои мурофиавии ин раванд дар қонунгузории амалкунанда ҳалли худро ёфтаанд ва ТМХ дар раванди муттаҳидшавӣ (консолидатсия) метавонанд бо лаҳзаҳои ногувор рӯ ба рӯ шаванд. Лоиҳаи Гуруҳи бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Маблағгузо- рии бомасъулият дар Озарбойҷон ва Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мешавад, ба мақомоти давлатии Тоҷикистон ва бахши маблағгузории хурд дар бартарафсозии номукам- малиҳои санадҳои қонунгузорӣ дар соҳаи азнавташкилдиҳии ташкилотҳои маблағгузории хурд ҳама гуна кӯмаки имконпазирро хоҳад расонд. 26 9. ЗАМИМАҲО Замимаи №1 Ба Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷаноби Нурмахмадзода Ҷ. Ташкилоти амонатии қарзии хурди ҶДММ “Офтоб” ба Бонки миллии Тоҷикистон барои мусоидат ва даст- гирии бахши маблағгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос менамояд. Бо ин васила иттилоъ медиҳем, ки бо мақсади иҷрои талаботи нав нисбат ба сармоя мутобиқи муқарра- роти Дастурамали №196, Ташкилоти амонатии қарзии хурди ҶДММ “Офтоб” мехоҳад аз тариқи раванди азнавташкилдиҳӣ бо роҳи муттањидшавӣ (ҳамроҳшавӣ) бо Ташкилоти амонатии қарзии хурди ҶДММ “Моҳтоб” муттаҳид шавад. Мутаассифона, дар дастурамали БМТ рӯйхати ҳуҷҷатҳои лозима барои пешниҳод кардан ба БМТ ва ги- рифтани розигии Шумо ишора нагирдидааст. Дар робита бо гуфаҳои боло аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои гузаронидани азнавташ- килдиҳӣ бо роҳи муттањидшавї (ҳамроҳшавӣ) иҷозат диҳед. Њамчунин хоњишмандем, ки ба мо рӯйхати ҳуҷҷатҳои дахлдорро барои гирифтани розигии Шумо маълум намоед. Барои мусоидат ва дастгириатон қаблан сипосгузорем. Бо эҳтиром, Директори генералии ТАҚХ ҶДММ «Офтоб» ________________ ному насаб 27 Замимаи №2 Рӯйхати ҳуҷҷатҳо барои гузаронидани ҷамъият аз қайди давлатӣ. Ҷамъият барои гузаштан аз қайди давлатӣ ба нозироти андоз аз рӯи маҳалли ҷойгиршавӣ ҳуҷҷатҳои зе- ринро пешниҳод мекунад:  риза барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ мутобиқи шакли тасдиқнамудаи мақомоти ма- – а съули бақайдгирии давлатӣ. Дар ариза маълумоти зерин ҷой дода мешавад: а) шакли ташкилию ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ; б)  номи пурраи (дар сурати мавҷуда номи ихтисоршудаи) фирмавии шахси ҳуқуқӣ бо забони давла- тии Ҷумҳурии Тоҷикистон; в) макони ҷойгиршавии (нишонии) шахси ҳуқуқӣ; г) тарзи ташкилёбии шахси ҳуқуқӣ (таъсисдиҳӣ ё азнавташкилдиҳӣ); д)  маълумот дар бораи муассис (муассисон) ва роҳбари шахси ҳуқуқӣ (номи фирмавии шахси ҳуқуқӣ, насаб, ном ва номи падари шахси воқеӣ, макони ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, маълумот барои тамос); е)  намуди асосии (намудҳои асосии) фаъолият, ки шахси ҳуқуқӣ мехоҳад пеш барад, барои мақсадҳои додани рамзҳои (кодҳои) оморӣ; ж) санаи додани ариза ва имзои аризадиҳанда. қарори муассис (протоколи маҷлиси муассисон) дар бораи таъсис ё азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ. – Қарор дар бораи таъсис ё азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби муассиси (муассисони) шахси ҳуқуқӣ имзо карда мешавад; нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари мақомоти иҷроӣ, дар сурате ки ҳуҷҷатҳоро роҳбари – мақомоти иҷроии шахси ҳуқуқии таъсисёбанда месупорад, ва ё нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва ваколатнома ба номи шахси ваколатдор, дар сурате ки ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқиро шахси ваколатдори муассисон месупорад; – нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти ҳар як муассис (шахси воқеӣ) ва маълумотномаи мақомоти андоз дар бораи надоштани қарздории андоз аз ҷониби муассиси шахси ҳуқуқӣ; нусхаи ҳуҷҷат дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ё иқтибос аз фењристи шахсони ҳуқуқии – кишвари хориҷӣ (ё ҳуҷҷати дигари дорои эътибори ҳуқуқии баробари исботкунандаи мақоми ҳуқуқии шахси ҳуқуқии хориҷӣ) дар сурате ки шахси хориҷӣ ҳамчун муассис баромад мекунад; – расиди пардохти боҷи давлатӣ; 28 – нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи макони ҷойгиршавии (нишонии) шахси ҳуқуқии таъсисёбанда; – қарори мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ дар бораи азнавташкилдиҳӣ бо ишораи ҳатмии шакли азнавташкилдиҳии суратгиранда; – санади таҳвили шахси ҳуқуқӣ; хулосаи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми якуми моддаи 15 Қо- – нуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рақобат ва маҳудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол”. Замимаи №3 Тартиби гирифтани розигии мақомоти зиддинҳисорӣ ҳангоми муттањидшавӣ/ҳамроҳшавӣ. Ариза дар бораи дархост ё огоҳкунӣ дар шакли озод тартиб дода мешаванд ва ба мақомоти ваколатдор ба номи Роҳбари мақомоти ваколатдор пешниҳод карда мешавад. Дар матни дархост ё огоҳнома (яъне дақиқан чӣ ирсол карда мешавад, Дархост ё Огоҳнома. Ҳар ду ҳуҷҷати гуногун мебошанд. Дархост барои амалҳои якҷояшавӣ иҷозат мепурсад ва Огоҳнома танҳо дар ҷараёни он қарор медиҳад, ки якҷояшавӣ сурат гирифтааст) номи амал ё ањд ишора карда мешавад ва миқдори ҳиссаҳои харидоришаванда, тар- киби амволи гирифташаванда ё ҳуқуқи ҷудогона мушаххас карда мешаванд, ки имкони муайян намудани шартҳои бурдани фаъолияти соҳибкориро аз ҷониби субъекти хоҷагидорӣ фароҳам меорад. Ҳангоми баррасии дархост ё огоҳнома мақомоти ваколатдор ҳуқуқ дорад аз аризадиҳанда тамоми маълу- моти лозимаро барои қабули қарори мувофиқ талаб намояд. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дигар бояд дуруст ва пурра бошанд. Онҳо бояд дар шакли дӯхта ва бо муҳри шахс ё мақомоти пешниҳодкунандаи дархост ё огоҳнома тасдиқ шуда бошанд. Агар дархост ё огоҳнома аз ҷониби шахси воқеӣ пешниҳод карда шаванд, ҳуҷҷатҳо ва маълумот дар шакли дӯхта ва бо имзои шахси воқеӣ тасдиқшуда пешниҳод мегардад. Имзои шахси воқеӣ бояд мутобиқи тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шавад. Маълумоти марбут ба сирри тиҷоратӣ ва хидматӣ ва сирри бо қонун ҳифзшуда аз ҷониби аризадиҳанда бо ќайди зарурї пешниҳод мегардад ва метавонад дар муқоваи ҷудогона равона карда шавад, вале дар ин ҳолат ба бастаи маълу- мот ва ҳуҷҷатҳо барои баррасии дархост ва огоҳнома ба сифати пурра бояд ҳатман дохил карда шавад. Муҳлатҳои пешниҳоди маълумоти иловагиро мақомоти ваколатдор вобаста ба моҳияти баррасии дархост ё огоҳнома ва муҳтавои маълумоти дархостшаванда муайян мекунад. Саривақт пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳо ё ҳар маълумоти дигар бо дархости мақомоти ваколатдор ва пеш- ниҳоди маълумоти нодуруст аз паси худ ҷавобгарии мувофиқ дорад. Рӯзе, ки дар он мақомоти ваколатдор ариза ва тамоми ҳуҷҷат ва маълумоти лозимаро қабул мекунад ва ё маълумотро дар бораи сабабҳои барои аризадиҳанда имконнопазир будани гирифтани ҳуҷҷат ва маълумоти дар боло зикргардидаро да- страс мекунад, рӯзи қабули дархост ё огоҳнома ҳисобида мешавад. Агар ба мақомоти ваколатдор дархост ё огоҳномае пешниҳод гардад, ки дар он ҳуҷҷат ё маълумоти лози- маи дигар мавҷуд набошад ва сабаби пешниҳод нашудани онҳо низ ишора нашуда бошад, мақомоти ва- колатдор дар давоми 10 рӯз аз санаи гирифтани онҳо ба аризадиҳандагон дар бораи қабул нагардидани дархости (огоҳномаи) онҳо барои баррасӣ ба таври хаттӣ хабар медиҳад. Дархости таъсиси (азнавташкил- 29 диҳии) шахси ҳуқуқӣ (охир дархостро ҷамъияти аллакай таъсисёфта пешниҳод мекунад-ку!!!) метавонад ҳамзамон бо дархост дар бораи таъхири пешниҳоди шаҳодатнома дар бораи бақайдгирӣ пешниҳод гардад, агар дар лаҳзаи пешниҳоди огоҳнома мақомоти масъули бақайдгирии давлатӣ шаҳодатномаи бақайдгириро ба аризадиҳанда надода бошад (яъне ҳуҷҷатҳо ҳамзамон ба нозироти андоз барои бақай- дгирӣ ва ХЗИ барои мувофиқат ва гирифтани иҷозат супорида мешаванд. Дар ин ҳолат Нозироти андоз дар давоми 7 рӯз мутобиқи Қонун “Дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” шаҳодатномаи бақайдгигиро медиҳад, ва ХЗИ пас аз 30 рӯз метавонад бигӯяд, ки қонеъгардонии дархост дар бораи якҷояшавиро рад мекунад). Аз рӯи натиҷаи баррасии дархостҳо (огоҳномаҳо) мақомоти ваколатдор қарорҳои зерин қабул мекунад: – дар бораи қонеъ гардонидани дархост; дар бораи қонеъ гардонидани дархост бо пешниҳоди талабот оид ба тағйири нақшаи муттањид- – шавӣ (чӣ тавр метавонад чунин талабот пешниҳод гардад, вақте ки дархостро ҷамъияти ал- лакай аз нав ташкилёфта (пас аз муттањидшавї) пешниҳод мекунад), ҳамроҳшавии шахсони ҳуқуқӣ ё иттиҳодҳои онҳо, тақсимшавии (ҷудошавии) шахсони ҳуқуқӣ ва ба даст овардани саҳмияҳо (ҳиссаҳо) бо ҳуқуқи овоздиҳӣ, гирифтани воситаҳои асосии истеҳсолӣ ё дороиҳои ғаримоддӣ, ба даст овардани ҳуқуқи ба таъмини рақобат равонашуда. Дар ин ҳолат дар қарори мақомоти ваколат- дор бояд талабот ва асосҳои пешниҳоди онҳо ва муҳлатҳои иҷрои онҳо мушаххасан ишора карда шаванд; дар бораи санҷиши иловагии мутобиқати таъсисёбии (муттањидшавии, ҳамроҳшавии) шахсони – ҳуқуқӣ ва ањдҳои (амалҳои) эъломшаванда ба талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ (чӣ тавр ин талабот метавонад пешниҳод гардад, вақте ки дархостро ҷамъияти аллакай таъсисёфта (пас аз муттањидшавї) пешниҳод мекунад). Дар ин ҳолат раванд метавонад боз 50 рӯзи дигар давом кунад (20 рӯз барои ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо+30 рӯз барои баррасӣ); – дар бораи пешниҳоди талабот оид ба дидани чораҳои барқарорсозии шартҳои зарурии рақобат. Дар ин ҳолат дар қарор талабот оид ба тағйири шакли иҷрошудаи таъсисёбӣ, муттањидшавї ё ҳамроҳшавии шахсони ҳуқуқӣ ва ба даст овардани саҳмияҳо (ҳиссаҳо), гирифтани воситаҳои асо- сии истеҳсолӣ ё дороиҳои ғайримоддӣ, ба даст овардани ҳуқуқҳои марбута, асосҳои пешниҳоди онҳо ва муҳлатҳои иҷрои онҳо бояд мушаххасан ишора карда шаванд; – дар бораи рад кардани дархост бо хулосаи асоснок (яъне радкунии муттањидшавї, ҳамроҳшавӣ ва ғайра. дар ин ҳолат чӣ бояд кард?). Дархости дар боло зикргардида дар давоми 30 рӯз аз лаҳзаи воридшавӣ дида баромада мешавад ва қарори мақомоти ваколатдор ба аризадиҳанда ба таври хаттӣ фиристода мешавад ва гувоҳии супоридани он гирифта мешавад. 30 10. ИСТИНОДҲОИ МУФИД http://mmk.tj/; http://www.andoz.tj/; http://ams.tj/; www.nbt.tj/; http://www.adlia.tj/; http://parlament.tj/; 31 Сентябр 2016 32