Шакли сиёњнавис Писандида шуд аз љониби Бонки Умумиљахонї Лоиҳаи таҳкими пойдории иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҲУҶҶАТИ АСОСҲОИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНЇ Феврали соли 2019 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ Мундариҷа Ихтисорот .................................................................................................................................................... 4 Рўйхати истилоҳот ...................................................................................................................................... 6 МУҚАДДИМА ............................................................................................................................................ 9 I. Шарҳи лоиҳа .......................................................................................................................................... 11 II. Асосноккунии зарурати СЭИ 5 ва ҳадафҳои АСМ ........................................................................... 16 III. Ҳадафҳо ва принсипҳои банақшагирии муҳоҷиркунонӣӣ ............................................................. 18 IV. Асосҳои ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии алоқаманд бо ба даст овардани қитъаи замин ва муҳоҷиркунонӣ ......................................................................................................................................... 20 4.1 Қонунгузории дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи идоракунии замин............................ 20 4.2 Муқаррароти ҳуқуқии сатҳи миллӣ дар бораи кафолатҳои иҷтимоӣ ва иштироки шаҳрвандон 22 4.3 Стандарти экологӣ ва иҷтимоии Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба гирифтани замин, маҳдудиятҳои заминистифодабарӣ ва муҳоҷиркунонии иҷборӣ (СЭИ5) .................................................................... 23 V. Раванди омодасозӣ, тасдиқ ва интишори НАМ ................................................................................ 27 5.1 Барӯйхатгирии аҳолӣ, тадқиқоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, барӯйхатгирии талафот ....................... 28 5.2 Таҳияи Нақшаҳои амал оид ба муҳоҷиркунонӣ ............................................................................... 29 5.3 Интишор ва тасдиқи НАМ ................................................................................................................. 29 VI. Меъёрҳо барои интихобшавӣ ва тартибот барои категорияҳои мухталифи шахсони гирифтори таъсири лоиҳа ............................................................................................................................................ 30 6.1 Принсипҳо ........................................................................................................................................... 30 6.2 Меъёрҳо барои интихобшавӣ ва ҷубронпулиҳо .............................................................................. 31 6.3 Матритсаи пардохти ҷуброн: ШТЛ-и дорои ҳуқуқ ба ҷуброн, дороиҳо ва тавсияҳо оид ба пардохти ҷуброн........................................................................................................................................ 32 6.4 Эҳдои ихтиёрии қитъаи замин ........................................................................................................... 36 6.5 Усулҳои муайянкунии санаҳои қатъи эътибор ................................................................................ 37 VII. Усулҳои арзёбии амволи гирифтори таъсири лоиҳа ...................................................................... 37 7.1 Шаклҳои пардохти ҷуброн ................................................................................................................. 37 7.2 Омода намудани барӯйхатгирии дороиҳо ........................................................................................ 37 7.3 Усули арзёбӣ ....................................................................................................................................... 38 7.3.1. Ҷуброни қитъаи замин ............................................................................................................ 38 7.3.2 Ҳисоби меъёри ҷуброн барои зироатҳо ва дарахтҳои мевадиҳанда .................................. 38 7.3.3. Ҷуброн барои иншоот ............................................................................................................. 39 7.3.4. Ҷуброн барои дороиҳои ҷамъиятӣ ........................................................................................ 39 7.3.5. Ҷуброн барои маконҳои муқаддас......................................................................................... 39 7.3.6. Ҷуброн барои аз даст додани фаъолияти соҳибкорӣ ........................................................... 40 VIII. Механизм ва тартиботи амалигардонии АСМ ва НАМ ............................................................... 41 8.1 Бознигарии раванди фаъолият ........................................................................................................... 41 8.2 Таҳқиқи (скрининг) фаъолият дар доираи лоиҳа ............................................................................. 44 2 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ 8.2.1 Рӯйхати фаъолияти ғайри қобили қабул барои зерлоиҳаҳои ЛТПИИ ................................ 44 8.3 Таҳлили иҷтимоию иқтисодӣ ва барӯйхатгирии талафот ............................................................... 46 8.4 Баррасии зарурии фаъолияти ба ҳам алоқаманд .............................................................................. 46 8.5 Ҳисобҳои аҳолӣ ва дороиҳои гирифтори таъсири лоиҳа дар минтақаи лоиҳа ............................. 47 8.6. Вазифа ва уҳдадориҳо ....................................................................................................................... 47 8.7 Механизмҳои мониторинг ва арзёбӣ................................................................................................. 49 8.7.1 Нақшаҳои мониторинг..................................................................................................................... 50 8.7.2 Уҳдадориҳои вобаста ба мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ ................................................................. 50 8.7.3 Мониторинги ҷамоа ......................................................................................................................... 51 8.8 Ҷадвали амалисозӣ, алоқаманд намудани татбиқи муҳоҷиркунонӣ бо корҳои сохтмонӣ .......... 52 8.9 Буҷет барои амалисозӣ ....................................................................................................................... 52 IX. МАШВАРАТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ВА НАШРИ АСМ ...................................................................... 54 9.1 Нашри АСМ......................................................................................................................................... 54 9.2 Машваратҳои ҷамъиятӣ...................................................................................................................... 54 9.3 Механизми баррасии арзу шикоятҳо ................................................................................................ 55 9.3.1 Вазифаҳои МБШ-и лоиҳа ................................................................................................................ 55 9.3.2 Тафсир ва сохтори МБШ................................................................................................................. 55 9.3.3 Алоқа ва раванди МБШ ................................................................................................................... 57 9.3.4 Дафтарҳои арзу шикоят ................................................................................................................... 58 9.3.5 Мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ оид ба шикоятҳо ............................................................................. 58 9.3.6 Низоми баррасии шикоятҳои Бонки умумиҷаҳонӣ ...................................................................... 59 ЗАМИМАҲО ............................................................................................................................................. 60 Замимаи 1. Схемаи раванди НАМ ........................................................................................................... 60 Замимаи 2: Шакли ҳисобот оид ба таҳқиқи таъсироти чашмдошти иҷтимоӣ .................................... 61 Замимаи 3: Шакли барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди замин .................................................................... 62 Замимаи 4: Барӯйхатгирии фонди замини ШТЛ ................................................................................... 63 Замимаи 5: Ҳуқуқҳои ШТЛ ба ҷуброн.................................................................................................... 63 Замимаи 6: Муҳтавои пешакии Нақшаи амали муҳоҷиркунонӣ ва шакли фишурдаи Нақшаи амали муҳоҷиркунонӣ ......................................................................................................................................... 64 Замимаи 7: Меъёр ва шакли пешниҳоди ихтиёрии қитъаи замин....................................................... 68 Замимаи 8. Суратҷаласаи машваратҳои ҷамъиятӣ бо ҷонибҳои манфиатдор оид ба лоиҳаи АСМ . 70 3 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ Ихтисорот ШФНАМ Шакли фишурдаи Нақшаи амал оид ба муҳоҷиркунонӣ CASA1000-БДҶ Барномаи дастгирии ҷомеаҳои лоиҳаи CASA1000 РИБҶ Рушд бо иштироки бевоситаи ҷамоаҳо ТМ Тадқиқоти муфассал АОМ Аврупо ва Осиёи Марказӣ ESMF Ҳуҷҷати қолабии идоракунии чораҳои экологӣ ва иҷтимоӣ ESMP Нақшаи идоракунии чораҳои экологӣ ва иҷтимоӣ СЭИ Стандартҳои экологӣ ва иҷтимоӣ ШК ТҶ – шарики кӯмакрасон ВМКБ Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон МҲШ Маркази ҳамоҳангсозии арзу шикоят МБШ Механизми баррасии арзу шикоятҳо НБШ Низоми баррасии арзу шикоятҳо (БУ) БТ Барӯйхатгирии талафот КҶЛ Комиссияи ҷамоатӣ оид ба лоиҳа КЗ Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон МХМ Мақомоти худидоракунии маҳаллӣ (ҷамоат) MDTF Фонди мақсадноки бисёрҷониба ВМ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон NEET Бе дастрасӣ ба таҳсилот, шуғл ё омодагии касбӣ ТҶ Ташкилоти ҷамъиятӣ БМИМТ Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ИХТ Истифодабарӣ ва хизматрасонии техникӣ СА Сиёсати амалиётӣ ШТЛ Шахсони гирифтори таъсири лоиҳа МИЛ Маркази идоракунии лоиҳа назди БМИМТ ДЛ Дастурамали лоиҳа ҲСР Ҳисоботи семоҳа оид ба рафти иҷроиш НАМ Нақшаи амал оид ба муҳоҷиркунонӣ ЛРИД Лоиҳаи рушди иқтисодии деҳот бо маблағгузории БУ ЛТБД Лоиҳаи таъминоти барқи деҳот бо маблағгузории БУ НПХ Низоми пешгирии хавфҳо АСМ Асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ 4 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ АИ Арзёбии иҷтимоӣ ЛТПИИ Лоиҳаи таҳкими пойдории иҷтимоӣ ва иқтисодӣ КДЛ Комиссияи деҳотӣ оид ба лоиҳа БУ Бонки умумиҷаҳонӣ 5 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ Истилоҳот Агар мазмун маънои дигарро дар назар надошта бошад дар ин ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ истилоҳоти зерин чунин маъно доранд: “Стандартҳои экологӣ ва иҷтимоӣ” (СЭИ) талаботҳои марбут ба муайянсозӣ ва арзёбии хавфҳо ва таъсироти экологӣ ва иҷтимоии алоқаманд бо лоиҳаҳои Бонкро, ки тавассути маблағгузории лоиҳаҳои инвеститсионӣ дастгирӣ мегарданд, нисбати қарзгирандагон/мизоҷон муқаррар месозанд. Даҳ СЭИ стандартҳоеро муқаррар мекунанд, ки лоиҳа бояд дар давоми давраи татбиқи худ бо онҳо мувофиқ бошад. “Шахсони гирифтори таъсири лоиҳа” (ШТЛ) – шахсоне, ки муҳоҷиркунонии иҷборӣ ба онҳо тавре дар поён муайян шудааст, таъсир мерасонад. “Муҳоҷиркунонии иҷборӣ” – гирифтани маҷбурии қитъаи замин, ки дар натиҷаи он таъсири бевоситаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тавассути амалҳои зерин расонида мешавад: a) гирифтани иҷбории қитъаҳои замин, ки ба натиҷаи зерин оварда мерасонад: i. муҳоҷиркунонӣ ё аз даст додани манзил; ii. аз даст додани амволу дороиҳо ё дастрасӣ ба дороиҳо; ё iii. маҳрум шудан аз сарчашмаҳои даромад ва воситаҳои зиндагӣ, новобаста аз он ки ШТЛ ба ҷои дигар кӯчонида мешаванд ё не. b) Маҳудсозии иҷбории дастрасӣ ба боғҳо ва ҳудудҳои бо қонун муҳофизатшаванда, ки ба таъсири манфӣ ба воситаҳои зиндагии шахсони кӯчонида оварда мерасонад. “Ба даст овардани қитъаи замин” ба тамоми усулҳои гирифтани қитъаи замин бо мақсади Лоиҳа дахл дорад, аз ҷумла хариди бевосита, мусодираи молу мулк ва ба даст овардани ҳуқуқи дастрасӣ, ба монанди сервитут ё ҳаққи гузаштан (хати замини ҷудошуда). Ба даст овардани қитъаи замин инчунин метавонад инҳоро дар бар гирад: (a) ба даст овардани қитъаи замини бекорхобида ё истифоданашаванда новобаста аз он ки заминистифодабаранда чунин қитъаи заминро бо мақсади ба даст овардани даромад ё воситаҳои зиндагӣ истифода мебарад ё не; (b) гирифтани қитъаи замини давлатӣ, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ё хонаводаҳо истифода ё ишғол мешавад; ва (c) таъсироти лоиҳа, ки ба зери обмонӣ, корношоям ё дастнорас шудани он оварда мерасонанд. “Замин” - ҳама чизе дар он мерӯяд ё ба замин доимӣ вобаста мегардад, ба монанди зироатҳои ғалладона, биноҳо ва ғайра, аз он ҷумла ҳавзҳои/обанборҳои дахлдор. “Маҳдудият дар истифодаи замин” – маҳдудиятҳо ё манъи истифодабарии заминҳои кишоварзӣ, истиқоматӣ, тиҷоратӣ ва дигар заминҳо, ки бевосита дар доираи лоиҳа ҷорӣ мегарданд ё эътибор пайдо мекунанд. Онҳо метавонанд маҳдудиятҳо нисбати дастрасӣ ба боғҳо ва ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда, маҳдудиятҳо нисбати дастрасӣ ба дигар захираҳои молу мулки умумӣ ва маҳдудиятҳо нисбати истифодабарии замин дар ҳудуди сервитутҳо ё минтақаҳои бехатариро дар бар гиранд. “Воситаҳои зиндагӣ” - тамоми воситаҳое, ки шахсони алоҳида, оилаҳо ва ҷамоаҳо барои пешбурди зиндагӣ истифода мебаранд, масалан, музди меҳнат, соҳаи кишоварзӣ, моҳидорӣ, дарёфти хӯроки чорво ва дигар сарчашмаҳои воситаҳои зиндагӣ дар асоси захираҳои табиӣ, савдои хурд ва бартер. “Санаи қатъи эътибор” – замонеро дар бар мегирад, ки то он ҳамаи ШТЛ ва дороиҳои онҳо, вобаста аз ҳолат, муайян шудаанд, аз он пас агар касе дар ҷои гирифтори таъсир маскун шавад, даъвои ҷуброн ё мусоидат дар кӯчидан аз ӯ қабул намегардад. Агар нишон додани молу мулки 6 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ шахсон ё шакли истифодабарӣ то санаи қатъ имконпазир бошад, ба чунин шахсон новобаста аз мақоми онҳо дар барӯйхатигӣ кӯмак пешниҳод мегардад. “Ҷуброн” - пардохт дар шакли натуралӣ, пардохти маблағҳои пулӣ ё дигар дороиҳо, ки дар ивази заминҳои гирифташуда, аз даст додани дигар намудҳои дороиҳо (аз он ҷумла воситаҳои асосӣ) ё аз даст додани воситаҳои зиндагӣ дар натиҷаи фаъолияти лоиҳа, пешниҳод мегарданд. “Барӯйхатгирӣ” - ҳисоби пурраи аҳолии гирифтори таъсири лоиҳа, аз он ҷумла муқоисаи маълумоти демографӣ ва молу мулк. Ин имкон медиҳад, ки шумораи шахсони гирифтори таъсири лоиҳа (ШТЛ), аз он ҷумла хусусият ва дараҷаи таъсир муайян карда шавад. “Нақшаи амал оид ба муҳоҷиркунонӣ (НАМ)” - воситаи муҳоҷиркунонӣ (ҳуҷҷат), ки бояд баъди муайян намудани ҷои зерлоиҳаҳо тартиб дода шавад. НАМ дорои талаботи мушаххас ва аз лиҳози ҳуқуқӣ ҳатмӣ буда, талаботи мазкур дар рафти муҳоҷиркунонӣ ва ҷуброни шахсони гирифтори таъсир то амалисозии фаъолият дар доираи лоиҳа, ки таъсири манфӣ мерасонанд, иҷро мегарданд. “Кӯмак барои кӯчидан” – тадбирҳо оид ба расонидани кӯмак ба шахсони гирифтори таъсири лоиҳа, ки муҳоҷиркунонии онҳо имконпазир аст, ба монанди кӯмакпулӣ барои кӯчидан, манзили истиқоматӣ ё иҷорапулӣ вобаста аз имконият ва зарурат бо мақсади мусоидат дар рафти муҳоҷиркунонии аҳолӣ. “Арзиши иваз кардани манзил ва дигар иншоотҳо” – арзиши бозории бартаридоштаи ивази иншоотҳои гирифтори таъсири лоиҳа дар майдон ва сифати монанд ё беҳтари иншооти таҳти таъсир қарорёфта. Ба хароҷоти мазкур дохил мешаванд: (а) арзиши масолеҳ, (б) кашонидани масолеҳи сохтмонӣ ба майдони сохтмон; (c) музди меҳнати коргарон ва пудратчиён; ва (d) ҳамагуна хароҷоти бақайдгирӣ ё алоқаманд бо кӯчидан. “Кӯмак барои барқарорсозии иқтисодӣ” - пешниҳоди кӯмак бо мақсади рушд илова бар ҷубронпулӣ, ба монанди омода намудани қитъаи замин, хизматрасониҳои қарзӣ, омӯзиш ё имкониятҳои таъмини ҷои кор, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии ШТЛ, имкониятҳои даромад ва сатҳи истеҳсолот заруранд; ё ҳадди ақал дастгирии онҳо дар марҳилаҳои пеш аз татбиқи лоиҳа. “Асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ (АСМ)” - воситае мебошад, ки дар давоми раванди татбиқи лоиҳа истифода бурда мешавад. АСМ ҳадаф ва принсипҳои муҳоҷиркунонӣ, механизмҳои ташкилӣ ва воситаҳои маблағгузории ҳама гуна муҳоҷиркунонӣе, ки метавонад зимни татбиқи лоиҳа зарур дониста шаванд, муайян мекунад. АСМ масъалаи омода намудани НАМ-ҳои зерлоиҳаҳои алоҳидаро бо мақсади қонеъ кардани эҳтиёҷоти аҳолие, ки таҳти таъсири лоиҳа метавонад қарор ёбанд, роҳнамоӣ мекунад. Бинобар ин, “Нақшаи амал оид ба муҳоҷиркунонӣ” (НАМ) барои Лоиҳа бояд мутобиқи муқаррароти ин АСМ тартиб дода шавад. “Арзиши барқароркунӣ” – усули арзёбии ҷуброни дороӣ ва пӯшонидани хароҷоти амалиётии алоқаманд. Дар сурати мавҷуд будани бозори фаъол, арзиши барқароркунӣ ин нархи бозориест, ки тавассути арзёбии мустақил ва босалоҳияти амволи ғайриманқул муайян мегардад, аз он ҷумла хароҷоти амалиётӣ. Дар сурати мавҷуд набудани бозори фаъол, арзиши барқароркуниро метавон тавассути воситаҳои алтернативӣ муайян сохт, масалан, ҳисоби арзиши маҳсулоти замин ё дороиҳои истеҳсолӣ арзиши пасткардашудаи масолеҳ ва қувваи корӣ барои сохтмони иншоот ё дигар воситаҳои асосӣ, аз он ҷумла хароҷотҳои амалиётӣ. Дар ҳама ҳолатҳое, ки муҳоҷиркунонӣ ба маҳрумшавӣ аз манзил оварда мерасонад, арзиши барқароркунӣ бояд ҳадди ақал барои харид ё сохтмони манзил кофӣ бошад, ки он бо меъёрҳои ҳадди ақали давлатии сифат ва бехатарӣ мувофиқ аст. Усули арзёбӣ барои муайян намудани арзиши барқароркунӣ бояд ба расмият дароварда шуда, ба ҳуҷҷатҳои дахлдори банақшагирии муҳоҷиркунонӣ дохил карда шавад. Ба 7 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ хароҷоти амалиётӣ хароҷоти маъмурӣ ва ҳама гуна хароҷоти алоқаманд бо бақайдгирӣ ва ҳуқуқи истифодабарӣ, хароҷоти муносиби кӯчидан ва дигар хароҷоти монанди шахсони гирифтори таъсири лоиҳа, дохил мешаванд. Барои таъмини ҷубронпулӣ аз рӯи арзиши барқароркунӣ дар ноҳияҳои лоиҳавӣ, ки дар он ҷо сатҳи таваррум баланд аст ё фосилаи вақт байни ҳисоби меъёрҳои ҷубронпулӣ ва пардохти он калон аст, меъёрҳои банақшагирифташудаи ҷубронпулӣ метавонанд аз нав дида баромаданро тақозо кунанд. “Кафолати соҳибмулкӣ” - шахсон ё ҷамоаҳо ба ҷое кӯчонида мешаванд, ки онро метавонанд аз рӯи қонун ишғол кунанд ва аз хавфи ихрҷшавӣ ҳифз карда шудаанд ва ҳуқуқҳои пешниҳодшавандаи соҳибмулкӣ аз лиҳози иҷтимоӣ ва фарҳанг қобили қабул мебошанд. Бе ҳеҷ ваҷҳ ба шахсони кӯчонида ҳуқуқҳои соҳибмулкии заифтар аз оне, ки нисбат ба қитъаи замин ё молу мулки аз он кӯчонида доштанд, пешниҳод намешавад. “Пешниҳоди ихтиёрии қитъаи замин” – ҷамоаҳо ё шахсони алоҳида метавонанд ба пешниҳоди ихтиёрии қитъаи замин барои зерлоиҳаҳо бо мақсади ба даст овардани кӯмакпулиҳои ҷамъиятӣ розигии худро диҳанд. Принсипи асосии пешниҳоди ихтиёрии қитъаи замин “розигии огоҳона ва қувваи интихоб” маҳсуб меёбад. Розигии огоҳона маънои онро дорад, ки одамони ҷалбшуда пурра аз лоиҳа ва паёмадҳои он огоҳ буда, бо ихтиёри худ барои иштирок дар лоиҳа розӣ мешаванд. Қувваи интихоб ба одамони ҷалбшуда, ки бе ягон паёмадҳои манфии расман ё ғайрирасмӣ таҳмилшуда имконияти розӣ шудан ё нашуданро доранд, дахл дорад. 8 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ МУҚАДДИМА Дар асоси аксари нишондиҳандаҳои байнидавлатии бесуботи ва низоъ Тоҷикистон ба категорияи кишварҳои дорои хавфи баланд дохил мешавад. 1 Аз ин сабаб Тоҷикистон яке аз чаҳор кишварҳои баҳрабаранда тибқи Барномаи АБР 18 оид ба паст кардани хавфҳо (БПХ) маҳсуб меёбад. БПХ тадбирҳоро дар соҳаи рушд ҳамчун воситаи пешгирӣ бо вусъатдиҳии дастгирии молиявӣ ҷиҳати ҳадафгирии пешгиронаи хавфҳои осебпазирӣ, низоъ ва хушунат (ОНХ) ва таҳкими манбаҳои таъмини субот ба ҳайси ташаббуси таҷрибавӣ амалӣ месозад. Хавфҳои ОНХ, ки бо онҳо Тоҷикистон рӯ ба рӯ мешавад, мураккаб ва бо ҳамдигар алоқаманд мебошанд. Аз ин рӯ, махсусан тадбирҳои эътинои бисёрсоҳа бояд андешида шаванд. Бо мақсади дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар тақвиятдиҳии устворӣ, ки ҳамчун зарфияти инсон, ҷамоа ва/ё кишвар дар мутобиқшавӣ, эътино ва барқароршавӣ аз мушкилиҳо, таъсири манфӣ ва/ё таконҳои беруна дар баробари маҳдудсозии бардоштҳои ҷудоӣ (изолятсия) ва пешгирии хавфҳои бесуботӣ муайян мегардад, лоиҳаи пешниҳодшудаи таҳкими устувории иҷтимоию иқтисодӣ (ТУИИ) ба Барномаи таҳкими устуворӣ (БТУ) дохил карда шуд. Лоиҳа ноҳияҳои вилояти Хатон ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро (ВМКБ) дар бар мегирад. Ноҳияҳои мазкур дорои сатҳи аз ҳама баланди камбизоатии мутлақ ва нисбӣ буда, аз сабаби наздикӣ бо минтақаҳои ноороми Афғонистон, шумораи зиёди ҷавонон, нобаробарӣ дар пешниҳоди хизматрасонӣ ва мероси низои мусаллаҳ, бо хавҳои бесуботӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Бонк ҷонибдори дастгирии қарзгирандагон/мизоҷон дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳое, ки аз ҷиҳати экологӣ ва иҷтимоӣ устуворанд, инчунин тақвияти нерӯи сохторҳои экологӣ ва иҷтимоии қарзгирандагон ҷиҳати арзёбӣ ва идоракунии хавфҳои экологӣ ва иҷтимоӣ ва таъсироти лоиҳаҳо, мебошад. Бо ин мақсад, Бонк стандартҳои мушаххаси экологӣ ва иҷтимоиро (СЭИ), ки барои пешгирӣ, то ҳадди ақал коҳишдигӣ, кам ё паст кардани хавфҳои манфии экологӣ ва иҷтимоӣ ва таъсироти лоиҳаҳо хизмат мекунанд, муайян сохт. Бонк дар истифодаи СЭИ нисбати лоиҳаҳои аз ҳисоби лоиҳаҳои инвеститсионӣ маблағгузоришаванда, мутобиқи сиёсати экологӣ ва иҷтимоии маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ (Сиёсат) ба қарзгирандагон кӯмак мерасонад. Дар СЭИ5, дар мавриди ба даст овардани қитъаи замин, маҳдудиятҳои заминистифодабарӣ ва муҳоҷиркунонии иҷборӣ эътироф мегардад, ки ба даст овардани қитъаи замин дар доираи лоиҳа ва маҳдудиятҳои заминистифодабарӣ метавонанд ба ҷамоаҳо ва мардум таъсири манфӣ расонанд. Чорабиниҳои пешниҳодшуда ба оқибатҳои манфии ҷиддӣ ба саломатии инсон ва муҳити иҷтимоӣ оварда намерасонанд. Ба даст овардани қитъаи замин дар доираи лоиҳа ё маҳдудиятҳои заминистифодабарӣ метавонанд боиси муҳоҷиркунонии воқеӣ ва иқтисодӣ гарданд. Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ (АСМ) бо мақсади пешгирӣ, кам ва паст кардани он хавфҳо ва қонеъ гардонидани талаботи СЭИ5 таҳия гардид. Бо дар назардошти хусусият ва шумораи зиёди зерлоиҳаҳо, хавфҳои экологӣ ва иҷтимоии алоқаманд, аз он ҷумҳа имкониятҳои маҳдуди БМИМТ дар фаҳмишу истифодаи ҳуҷҷати нави Асосҳои экологию иҷтимоӣ (АЭИ) ва стандартҳои дахлдори Бонк, лоиҳа аз лиҳози экологию иҷтимоӣ ва мутобиқи АЭИ Бонк дорои хавфҳои назаррас тасниф мегардад2. 1 Тољикистон яке аз 56 кишварест, ки СҲИР дар Ҳисоботи худ оид ба вазъи осебпазирї дар с. 2018 ҳамчун кишвари “осебпазир” ё “хеле осебпазир” тасниф мекунад. Ҳисобот оид ба вазъи осебпазирї дар с. 2018 сохтори бисёрљанбаи (иқтисодї, экологї, сиёсї, бехатарї ва иљтимої) осебпазириро бо 58 вазъиятҳои осебпазир дар бар мегирад ва вазъиятҳое, ки нисбат ба соли 2016 беҳтар ё бадтар гаштанд, муайян мекунад. Тибқи ҳисоботи соли 2018, «вазъият дар Тољикистон аз рўи ҳамаи панљ ченак бад гардид. Бо вуљуди ин, бадшавии вазъият дар ченакҳои бехатарї, муҳити зист ва ҳолати иљтимої бештар намоён аст. Бадшавии вазъи бехатарї бо дар назардошти хавфҳои алоқаманд бо терорризм ва низоъҳои мусаллаҳона аз ҳама беш аён аст. 2 www.worldbank.org/en/projects-operations/environmental-and-social-framework/brief/environmental-and-social-standards ва http://projects-beta.vsemirnyjbank.org/ru/projects-operations/environmental-and-social-framework/brief/environmental-and- social-standards 9 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ Ҳуҷҷати АСМ аз нуҳ боб иборат аст. Дар бобҳои мазкур принсипҳои асосии андешидани тадбирҳои алоқаманд бо коҳишдиҳӣ ва ҷуброни таъсироти манфии чорабиниҳои лоиҳа, ки ҷои аниқи онҳо номаълум аст, оварда шудаанд. Дар боби якум ҳадафҳои лоиҳа ва шарҳи мухтасари қисмҳои лоиҳа оварда шуданд. Ғайр аз ин, боби мазкур чорабиниҳои асосии лоиҳа, равишҳои ба нақша гирифташударо дар асоси се хавфи мухталифе, ки бояд баррасӣ гарданд, дар бар мегирад: ҷудоии иҷтимоию иқтисодии мардон ва занони ҷавон; мушкилиҳои минтақавӣ ва фаромарзӣ, ки боиси афзоиши хавфҳои осебпазирӣ мегарданд; ва мушкилиҳои байнисоҳавии идоракунӣ, ки ҷорисозии таҷрибаҳои дар иштироки васеъ ва ҳисоботдиҳӣ асосёфтаи идоракунии маҳаллиро бозмедоранд. Дар Боби дуюм мувофиқи мақсад будани Стандарти экологию иҷтимоии 5 алоқаманд бо ба даст овардани қитъаи замин, маҳдудиятҳои заминистифодабарӣ ва муҳоҷиркунонии иҷборӣ таъкид мегардад ва инчунин маълумоти умумӣ дар бораи Асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ бо шарҳи қадамҳои минбаъда оид ба омодакунӣ ва татбиқи воситаҳои муҳоҷиркунонӣ оварда мешавад. Дар Боби сеюм ҳадафҳо ва принсипҳои банақшагирии муҳоҷиркунонӣ бо мақсади машварати дахлдор бо аҳолии гирифтори таъсири манфии лоиҳа ва пешниҳоди ҷуброн ё кӯмак барои ҳадди ақал барқарорсозии сатҳи зиндагӣ то сатҳи пеш аз лоиҳа, оварда мешаванд. Дар Боби чорум заминаи ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии алоқаманд бо ба даст овардани қитъаи замин ва муҳоҷиркунонӣ шарҳ дода мешаванд. Дар он маълумот дар бораи қонунгузории амалкунандаи миллӣ ва байналмилалӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии алоқаманд бо ба даст овардан замин, муҳоҷиркунонӣ, ҷалби шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ, пешкаш мегардад. Дар Боби панҷум маълумот дар бораи раванди омодасозӣ, тасдиқкунӣ ва нашри АСМ пешниҳод мегардад. Дар он қадамҳои зарурӣ оид ба таҳияи нақшаи амал оид ба муҳоҷиркунонӣ тавассути гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ, тадқиқотҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва баҳисобгирии талафот, шарҳ дода мешаванд. Дар Боби шашум меъёрҳои интихоб ва расмиёт/тартибот барои категорияҳои мухталифи шахсони зери таъсири лоиҳа монда ва муайян намудани шахсоне, ки ба муҳоҷиркунонӣ ва кӯмакпулиҳо ҳуқуқ доранд ва инчунин пешгирии даъвои шахсони ба онҳо ҳуқуқ надошта шарҳ дода мешавад. Дар Боби ҳафтум принсипҳои роҳбарикунанда барои муайян кардани арзиши амволи гирифтори таъсир баён шудаанд. Боби ҳаштум механизм ва тартиботи амалигардонии АСМ ва НАМ дарбар мегирад. Ин боб чораҳои ташкилӣ ва раванди амалисозии онро мувофиқи қисматҳои лоиҳа ва дар сатҳи зерлоиҳаҳо шарҳ медиҳад. Дар Боби нуҳум раванди гузаронидани машваратҳои ҷамъиятӣ ҳангоми таҳияи АСМ, нашри АСМ ва тартиботи гузаронидани машваратҳои ҷамъиятӣ ҳангоми амалисозии лоиҳа оварда шудаанд. Ин қисмат сохтор ва амалисозии механизми баррасии арзу шикоятҳоро низ дарбар мегирад. Барои пурра намудани маълумоти дар бобҳои боло овардашуда замимаҳои дахлдор дар охири ҳуҷҷати мазкур оварда шудаанд. 10 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ I. Шарҳи лоиҳа Ҳадафи рушд дар доираи лоиҳа беҳтар намудани ҳамгироии иҷтимоию иқтисодии ҷамоаҳои осепбазири зерҳадаф, мардон ва занони ҷавон маҳсуб меёбад. Ба Лоиҳа 7 ноҳияи зерҳадаф, аз ҷумла ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ, Панҷ ва Кӯлоб дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим ва Ванҷ дар ВМКБ дохил мешаванд. Ноҳияҳои мазкур аз ҷониби ҲҶТ дар асоси критерияҳои зерин интихоб гаштанд: а) марзи умумӣ бо Афғонистон; b) шумораи нисбатан зиёди аҳолӣ; с) омехтагии минтақаҳои деҳот ва шаҳр; ва d) маҳдуд будани фаъолияти дигар донорҳо. Лоиҳа ҳамчун далели консепсияи устувории иҷтимою иқтисодӣ, ки дар сурати комёбӣ бояд дар дигар ноҳияҳои осебпазири Тоҷикистон истифода шавад, таҳия гардид. Ҳамин тавр, бо мақсади таъмини самаранокӣ ва таъсири максималӣ захираҳои молиявӣ дар доираи Лоиҳа ба шумораи маҳдуди ноҳияҳо равона мегарданд. Қисмҳои/бахшҳои лоиҳа Қисми 1: Ташаббусҳои рушди маҳаллии фарогир. Дар доираи қисми пешниҳодшуда зергрантҳо барои маблағгузории инфрасохтори иҷтимоию иқтисодии ба тағйирёбии иқлим устувор дар маҳал, аз ҷумла ташаббусҳои ҷавонон, ки ба ҳалли масъалаҳои афзалиятнок равона шудаанд ва дар рафти арзёбии муштараки ниёзҳои деҳот ва дар раванди қабули қарор дар давраи лоиҳавӣ, ки бояд дар Дастурамали лоиҳа (ДЛ) муайян карда шавад, пешкаш мегарданд. Қисми мазкур зарфияти роҳбарияти ҷамоатҳо ва ниҳодҳои ҷамоавӣ, аз ҷумла кумитаҳои маҳалларо барои ҳамкорӣ бо шаҳрвандон ва пешниҳоди самаранок ва одилонаи хизматрасонӣ мутобиқи талаботи шаҳрвандон, тақвият медиҳад. Хуллас, қисми мазкур зарфияти ниҳодҳои ҷамоавӣ ва маҳаллии давлатиро барои муайянсозӣ, банақшагирӣ ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати паст кардани хавфи офатҳои табиии лоиҳаҳои маҳаллии рушд, аз ҷумла таъмини истифодабарӣ ва хизматрасонии (ИвХ) иншооти маҳаллии инфрасохтор ва бо ин восита таъмини устувории сармоягузориҳо, баланд мебардорад. Қисми мазкур фаъолияти зеринро дар бар мегирад: Зерқисми 1a: Зергрантҳо барои татбиқи ташаббусҳои маҳаллӣ дар соҳаи рушд сармоягузориҳоро дар иншооти инфрасохтори заминавӣ ва хизматрасониҳо дар сатҳи деҳоти ноҳияҳои зерҳадаф дар асоси арзёбии муштараки ниёзҳо дар сатҳи деҳот, ки натиҷаҳои он аз рӯи афзалият ба нақшаҳои рушди ноҳияҳо ва ҷамоатҳо дохил карда шуданд, дастгирӣ мекунанд. Аз рӯи имконият, ташаббусҳои маҳаллӣ дар соҳаи рушд имкониятҳоро, ки тавассути сармоягузориҳои иловагӣ дар таъмини дастрасӣ ба нерӯи барқ таҳти лоиҳаи RSP-EE фароҳам оварда шудаанд, мавриди истифода қарор медиҳанд. Тақсимоти зергрантҳо. Формулаи тақсимоти грантҳои сатҳи ҷамоат (барои ҳар як аз ду даври сармоягузориҳои ҷамоавӣ баҳри рушд) бар ду меъёр асос хоҳад ёфт: (i) сатҳи камбизоатӣ дар ноҳия; ва (ii) шумораи аҳолии ҷамоат. Формулаи тақсимот ҷудо намудани захираҳои кофиро, то ки сармоягузориҳо тавонанд таъсир расонанд, таъмин мекунад. Дар ҳудуди ҷамоатҳо дар деҳаҳои алоҳида тартиби пешниҳоди дархост барои зергрантҳо ё муттаҳидсозӣ ва пешниҳоди дархостҳо барои зергрантҳои нисбатан калон дар доираи лоиҳаи муштарак (масалан, роҳҳои байни деҳаҳо), ки якчанд деҳа аз он манфиат мебарад, истифода хоҳад шуд. Ҳаҷми сармоягузориҳо. Зерлоиҳаҳои деҳот аз рӯйхати васеи инфрасохтори хурди иҷтимоию иқтисодӣ ва иншоот интихоб мегарданд. Сармоягузориҳо ба он соҳаҳое, ки роҳбарияти ҷамоатҳо масъул мебошанд, бахусус ба беҳсозӣ ва таъмири ҷории роҳҳои маҳаллӣ, захираҳои об ва шабакаҳои обтаъминкунӣ, баровардани партовҳо ва дигар лоиҳаҳое, ки шароитҳои маҳаллии 11 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ зиндагиро беҳтар мегардонанд, аз ҷумла онҳое, ки бо инфрасохтори иҷтимоӣ алоқаманданд, равона хоҳанд шуд. Намудҳои фаъолият метавонанд сохтмони нав, навсозӣ/таҷдид, барқарорсозӣ, тахриб, модернизатсия ё таъмири ҷории инфрасохтори хурдро дар бар гиранд. Зерлоиҳаҳои муносиб метавонанд барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия 3 дар сатҳи деҳа, барқарорсозии шабакаҳои дохилихоҷагии обёрӣ, барқарорсозии мактаб ва дармонгоҳҳои маҳаллӣ, васеъгардонӣ ё сохтмони боғчаҳои баччагон дар ҳудудҳои мавҷудбуда ва таҷдиди роҳҳои давродаврро дар бар мегиранд. Аз рӯи имконият, тадбирҳои баланд бардоштани дараҷаи сарфаи нерӯ бо мақсади боло бурдани устувории ҷомеа дар шароити норасоии мавсимии нерӯ, маблағгузорӣ мегарданд. Ба ин тадбирҳо дохил мешаванд: (i) изолятсияи дару тирезаҳои биноҳои ҷамъиятӣ ва (ii) насби обкашҳои каммасраф барои биноҳои ҷамъиятӣ (масалан, мактаб, боғчаи баччагон, муассисаҳои тиббӣ, марказҳои ҷамъиятӣ). Лоиҳа ба инфрасохтори истеҳсолӣ маблағ ҷудо намекунад, масалан барои анборҳои хурд ва корхонаҳои коркард барои истеҳсоли маҳсулоти боғдорӣ, азбаски онҳо дар доираи лоиҳаи RSP-REDP (Лоиҳаи рушди энергетикаи маҳаллӣ) маблағгузорӣ хоҳанд шуд. Интизор меравад, ки 50 фоизи зерлоиҳаҳо ба манфиати ҷавонон ва 50 фоизи дигар ба манфиати занон хоҳанд буд. Лоиҳа пудратчиёнро ба ҷалби ҷавонон маҳаллӣ ба зерлоиҳаҳои инфрасохторӣ ҳавасманд мегардонад. Рӯйхати маводҳои истифодаашон манъшуда ба Модели қолабии идоракунии чораҳои экологӣ ва иҷтимоӣ ва Дастурамал оид ба кор бо зергрантҳо (ДКЗ) дохил карда шудааст. Қисми 1b: Сафарбарнамоии ҷомеаҳо (ва ҷавонон) ва мақомоти маҳаллӣ ва баланд бардоштани зарфият ба раванди сафарбаркунии ҷомеаҳо, ҷавонон баланд бардоштани зарфияти маҳаллӣ дар ноҳияҳои зерҳадаф мусоидат мекунад. Ба ин маблағгузории чорабиниҳои муштараки арзёбии талабот, банақшагирӣ ва муайянсозии афзалиятҳо, амалисозӣ ва мониторинги ҷамоаҳо, дастгирии мақсадноки ҷалби ҷавонон, истифодаи механизмҳои инноватсионии масъулияти иҷтимоӣ, аз он ҷумла баланд бардоштани зарфият баҳри таъмини идоракунии маҳаллии намунавӣ, дохил мешаванд. БМИМТ машваратчиён ва Шарики кӯмакрасонро (ШК) бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳои иттилоотӣ ва баланд бардоштани зарфият дар сатҳи ҷамоа, ҷалб хоҳанд кард. Дар доираи зерқисми 1b қарорҳои сармоягузорӣ дар деҳот (ки таҳти Зерқисми 1а маблағгузорӣ мегарданд) бояд бевосита тамоми аъзоёни ҷамоаро (занон, ҷавонон, аҳолии ҷавон ва солхӯрда) фаро гирифта, талаботи онҳоро ба инобат гиранд. Зерқисми мазкур марҳилаҳои иштироки монандро, ки дар доираи Барномаи дастгириии ҷомеаҳои лоиҳаи CASA-1000 дарҷ шудаанд, истифода хоҳад бурд. Ҳаҷми фаъолият. Даври солонаи чорабиниҳое, ки дар доираи зерқисми мазкур маблағгузорӣ мегарданд арзёбии муштараки талабот, банақшагирӣ ва муайян намудани афзалиятҳо/интихоби лоиҳаҳои деҳот бо иштироки аҳолӣ, идоракунӣ, назорат ва мониторинги муштарак, аз он ҷумла истифодабарӣ ва хизматрасонии техникиро дар бар мегиранд. Ҷомеаҳо дар ҳама марҳилаҳои даври зерлоиҳаҳо, ки дар доираи ҳафт марҳилаи дар поён овардашуда таҳия шудаанд, иштирок хоҳанд кард ва диққати махсус ба вусъатдиҳии ҳуқуқ ва имкониятҳои занҳо дар иҷрои нақши фаъол равона мегардад. Ғайр аз ин, барои ҷавонон нақшҳои мушаххас таҳия хоҳанд шуд. Истифодабарӣ, нигоҳдорӣ ва устуворӣ. Қисми 1 тавассути тадбирҳое таҳия ва амалӣ хоҳад шуд, ки ба даст овардани манфиатҳои устуворро барои ҷамоаҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо истифода аз лоиҳаҳои аз ҳисоби зергрантҳо маблағгузоришаванда таъмин мекунанд. Тарҳҳои зерлоиҳаҳо ва механизмҳои татбиқи онҳо дар асоси муассисаҳои мавҷудбудаи маҳаллӣ таҳия хоҳанд шуд (масалан, ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об) ва лоиҳаҳои дахлдори техникиро, ки ба офатҳои табиӣ устувор мебошанд, истифода хоҳанд намуд. Ҳамчун шарти пешакии тасдиқи зерлоиҳа ба ҷамоаҳо ва роҳбарияти ҷамоатҳо кӯмак дар самти баланд бардоштани зарфият ҷиҳати омода намудани нақшаҳои дахлдори истифодабарӣ ва нигоҳдорӣ (ИвН) пешниҳод мегардад. Дар нақшаҳои ИвН маълумоти зерин ба таври равшану возеъ шарҳ 3 Лоиҳаи пешниҳодшуда бо Лоиҳаи обтаъминкунї ва беҳдошти санитарии деҳот (P162637), ки айни замон бо ҳукумат бо мақсади ҳамоҳангсозии равишҳои техникї нисбати тарҳрезї, аз он љумла истифодабарї ва нигоҳдорї мавриди муҳокима қарор дорад, ҳамкории зич ҳоҳад дошт. 12 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ дода мешавад: (i) фаъолият ва тадбирҳои барои ИвН зерлоиҳа пешбинишуда, (ii) нақш ва уҳдадорӣ барои амалисозии ҳар як тадбир, (iii) басомади фаъолият ва (iv) механизми пешниҳодшудаи пӯшонидани хароҷоти ИвН. Қисми 2: Ҳамгироии ҷавонон ва сарчашмаҳои воситаҳои зиндагӣ. Қисми мазкур ду қатор тадбирҳои ба ҳам алоқамандро барои мардон ва занони ҷавони камбизоат ва бекори синни аз 16 то 30 сола бо мақсади баланд бардоштани устувории онҳо ба хавфҳои ҷудомонӣ, бефаъолиятӣ ва норозигӣ, пешниҳод мекунад. Дар доираи қисми мазкур хизматрасониҳои фарогири ҷавонон ва таҷдиди иншооти ҷавонон ва коммуналӣ (зерқисми 2А), аз он ҷумла омӯзишҳо оид ба таъмини воситаҳои зиндагӣ ва асбобу таҷҳизот барои фаъолияти алоқаманд бо таъмини сарчашмашои воситаҳои зиндагӣ (зерқисми 2Б) дар ҳафт ноҳияи зерҳадаф дар ВМКБ ва Хатлон маблағгузорӣ мегарданд. Бахусус, он омӯзишҳо (яъне хизматрасониҳои машваратӣ), хариди асбобҳо ва таҷҳизот (яъне молҳо) ва таҷдиди хурди биноҳои мавҷудбударо (яъне корҳо) маблағгузорӣ мекунад. Чорабиниҳои мазкур ба тағйирдиҳии тафаккур тавассути гузаронидани омӯзишҳо бо дар назардошти хусусиятҳои психологии шаҳрвандони иштирокчӣ мусоидат хоҳанд намуд, зеро теъдоди зиёди далелҳои мусбат дар мавриди бартариятҳои чунин равиш вуҷуд дорад. Чорабиниҳо таҳти қисми ҳамгироии ҷавонон ва сарчашмаҳои воситаҳои зиндагӣ бар маълумоти воқеии арзёбиҳои таъсир (АТ), аз он ҷумла сабақҳои аз фаъолияти қаблӣ андӯхта, ки онҳоро Бонки умумиҷаҳонӣ бо мақсади мусоидат ба ҳамгироии ҷавонон ва соҳибкории хурд дар кишварҳои АОМ, Шарқи наздик ва Африқои Шимолӣ ва дигар кишварҳо бо муваффақият дастгирӣ намуд, асос меёбанд. Зерқисми 2a: Хизматрасониҳои фарогир барои ҷавонон бастаи таълимиро ҷиҳати пешниҳоди дастрасӣ ба ҷавонон ба омӯзиши амалӣ, ба монанди инкишофи малакаҳои муоширатӣ (яъне, кори дастаҷамъӣ, муошират, тафаккури интиқодӣ, қабули қарор, ҳалли низоъ ва малакаҳои ҳалли мушкилот); дастгирии равонию иҷтимоӣ, омӯзиш оид ба пешгирии хушунат дар асоси мансубияти ҷинсӣ; саводнокии рақамӣ ва малакаҳоро маблағгузорӣ мекунад. Дар маҷмӯъ, ин фаъолияти факултативӣ ба афзоиши вақти ҷалби мардон ва занони ҷавон дар чорабиниҳои интерактивӣ, мусоидат дар пайдо намудани малакаҳои нави муоширатӣ ва саводи рақамӣ илова бар он малакаҳое, ки дар доираи барномаҳои таълимии мактаб ба даст оварда шудаанд ва баланд бардоштани дараҷаи устувории онҳо, равона шудааст. Ғайр аз ин, таъминкунандагони хизматрасонӣ омӯзишҳоро ба омӯзгорони мактабҳои миёна, волидон ва кормандони ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ба монанди Марказҳои таҳсилоти иловагӣ ё марказҳои ҷавонон (яъне иншооти дорои ҳуҷраҳои махсус барои фаъолияти факултативӣ ва омӯзишҳо барои ҷавонон) оид ба пешгирии низоъ пешниҳод мекунанд. Омӯзишҳои мазкур барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии омӯзгорон, падару модарон ва пешвоёни ҷамъиятӣ дар бораи равишҳои пешгирикунанда ҷиҳати кам кардани хавфҳои алоқаманд бо ифротгароӣ ва хушунат дар асоси мансубияти ҷинсӣ, гузаронида мешаванд. БМИМТ/ МИЛ барои пешниҳоди хизматрасониҳои фарогири ҷавонон дар давоми татбиқи лоиҳа аз хизматрасониҳои машваратӣ ва шарикони татбиқкунанда (ШТ) истифода мебарад. Қисми мазкур таъмири иншооти ҷавонон ва ҷамоатӣ ва хариди автобусҳои хурд (аз нав таҷҳизонидашуда) аз рӯи зарурат ва хариди таҷҳизотро ба монанди мебел, компютер ва принтерҳо барои ин иншооти мазкур низ маблағгузорӣ мекунад. Зерқисми 2б: Таъмини сарчашмаҳои воситаҳои зиндагӣ ба вусъатдиҳии имкониятҳои ба даст овардани воситаҳои зиндагӣ барои мардон ва занони ҷавони дар шароити номусоид қарордошта, ки ба талаботи кӯмак дар пешниҳоди сармояи назаррас баҳри рушди фаъолияти соҳибкорӣ ҷавобгӯ нестанд, равона мегардад. Қисми мазкур гузаронидани омӯзишҳоро маблағгузорӣ намуда, ба ҷавонон кӯмаки моддӣ дар шакли асбобҳо ва таҷҳизот барои оғоз намудани фаъолияти иқтисодӣ, пешниҳод мекунад. Дар ҳоле ки Шарикони кӯмакрасон (ШК) фаъолияти иттилоотии худро дар мавриди таъмини воситаҳои зиндагӣ ба ҷавонони дар хизматрасониҳои фарогир ҷалбшуда (зерқисми 2А) равона месозанд, пешниҳоди хизматрасониҳои фарогир ба ҷавонон барои иштирок дар чорабиниҳои таъмини воситаҳои зиндагӣ шарти ҳатмӣ ба ҳисоб намеравад. ШК 13 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ омӯзишҳоро оид ба инкишофи бизнес ва соҳибкорӣ дар иншооти ҷавонон ва ҷамъиятии ҷамоатҳо мегузаронанд. ШК ҷавононро ба ташаккули гуруҳҳо ва ирсоли пешниҳодҳо оид ба рушди бизнес ҳавасманд мегардонанд, барои боварӣ ҳосил намудан нисбати мавҷудияти талабот ба молҳо/хизматрасонӣ ва имконпазирии ба даст овардани даромади кофии холис барои баҳрабарандагони ҷалбшуда таҳлилҳои бозорро мегузаронанд; пешниҳодҳоро оид ба инкишофи бизнес дар асоси меъёрҳои дар Дастурамали лоиҳа муқарраршуда мавриди арзёбӣ қарор медиҳанд; асбоб ва таҷҳизотро барои дарёфти воситаҳои зиндагӣ ба гуруҳҳои бомуваффақи ҷавонон таъмин мекунанд; ва ба гуруҳҳо тавассути роҳнамоён кӯмаки доимӣ пешниҳод мекунанд. МИЛ асбоб ва таҷҳизотро барои таъмини воситаҳои зиндагӣ харидорӣ мекунад. Грантҳои ҳиссавӣ барои соҳибкорӣ дар доираи зерқисмати мазкур маблағгузорӣ намешаванд, зеро аксарияти баҳрабарандагони ҷавон дар категорияҳои осебпазири пешакӣ муайяншуда аз сабаби набудани пасандоз ё пули нақд бахусус, дар вилояти Хатлон, имконияти саҳмгузории дахлдорро нахоҳанд дошт. Бо пешниҳоди асбоб ва таҷҳозот, Лоиҳа дастрасии ҷавонони осебпазирро на танҳо ба омӯзиш, балки ба имкониятҳои воқеии ба даст овардани воситаҳои зиндагӣ таъмин мекунад. Бо таъмини фарогирии ҷавонони аз имкониятҳо маҳрум зерқисми мазкур фаъолияти рушди бахши хусусӣ, ки дар доираи лоиҳаи RSP-REDP дастгирӣ мегардад ва ба соҳибкорони дорои сармояи нисбатан зиёд нигаронида шудааст, мукаммал мегардонад. Зерқисми 2б ба вусъатдиҳии имкониятҳои ба даст овардани воситаҳои зиндагӣ ба занон ва мардони ҷавони дар шароити номусоид қарорёфта, ки ба талаботи кӯмак дар пешниҳоди сармояи назаррас баҳри рушди фаъолияти соҳибкорӣ ҷавобгӯ нестанд, равона мегардад. Зерқисми мазкур амалӣ намудани фаъолияти зеринро пешбинӣ мекунад: Омӯзишҳои ба зиёд намудани имкониятҳои ба даст овардани воситаҳои зиндагӣ нигаронидашуда. Дар доираи фаъолияти мазкур омӯзишҳои махсусгардонидашудаи баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва курсҳои таълимии ибтидоӣ (яъне омӯзиши заминавии кӯтоҳмуҳлат) дар байни мардон ва занони ҷавони осебпазир гузаронида мешаванд, инчунин хизматрасониҳои махсусгардонидашуда, ки ба дастгирии таъмини воситаҳои асосии зиндагонӣ равона шудаанд (масалан, омӯзишҳои равонӣ, таҳлили бозори маҳаллӣ, асосҳои баҳисобгирии муҳосибавӣ, дастгирӣ дар омодакунии нақшаи бизнес, роҳнамоии минбаъда ва омӯзиш дар мавриди роҳҳои дохилкунии тадбирҳои кам кардани таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар фаъолияти марбут ба таъмини воситаҳои зиндагӣ) пешниҳод мегарданд. ШК масъули гузаронидани ин омӯзиш хоҳанд буд. Ба ҷавонони умедбахш дастгирии моддӣ дар шакли асбобҳо ва таҷҳизот барои осон намудани дастрасии онҳо ба сармояи хурд дар шакли натуралӣ пешниҳод мегардад. Баъди бомуваффақият гузаронидани омӯзишҳо оид ба масъалаҳои таъмини воситаҳои зиндагӣ, иштирокчиёне, ки пешниҳодҳои иҷрошавандаро пешкаш намуданд бо асбобҳо ва/ё таҷҳизоти дахлдор таъмин мегарданд. ШК рӯйхати муфассали асбобу таҷҳизоти дархостшавандаро пешниҳод мекунад, ки онҳо аз ҷониби МИЛ харидорӣ шуда, ба ШК барои тақсимоти асбобҳо дар байни гуруҳҳо, расонида мешаванд. Дар доираи қисми 3: Идоракунии лоиҳа ва баланд бардоштани зарфият хароҷоти иловагӣ, аз ҷумла ба кор гирифтани кормандон, дастгирии техникӣ ва омӯзиши агентии иҷрокунанда оид ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии умумии лоиҳа, идоракунӣ ва назорати татбиқи он, харид, идориакунии молиявӣ, аз ҷумла гузаронидани санҷишҳои/аудитҳои лоиҳа, мониторинг ва арзёбӣ, ва низоми идоракунии иттилоот (НИИ), инчунин омӯзиш оид ба кам кардани таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ, маблағгузорӣ мегарданд. Дар доираи қисми мазкур маркази махсуси идоракунии лоиҳа (ки мутахассисон дар самти рушди ҷамоаҳо, ҷалби ҷавонон ва дарёфти воситаҳои зиндагӣ, ҷалби шаҳрвандон ва уҳдадориии иҷтимоӣ, сохтмон, идоракунии лоиҳаҳо, алоқаҳо, харид, идоракунии молиявӣ ва мониторинг ва арзёбиро дар бар мегирад), ки нақша ва буҷетҳои солонаро омода мекунад, таҳия ва татбиқи Дастурамали лоиҳаро (ДЛ), аз ҷумла (СТ) 14 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ уҳдадориҳои мансабӣ барои тамоми кормандон ва супориши техникӣ барои машваратчиён, аз он ҷумла дастурҳои таълимиро таъмин мекунад, маблағгузорӣ мегардад. Лоиҳаи пешниҳодшуда зарфияти амалисозии Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) ва дастгоҳҳои роҳбарони вилоятҳоро вобаста ба вазифаҳои онҳо оид ба банақшагирии стратегӣ, ҳамоҳангсозии кор бо донорон ва мониторинги натиҷаҳо низ дастгирӣ мекунад. Қисми мазкур ҳамоҳангсозии мунтазамро бо як қатор ҷонибҳои манфиатдори сатҳи миллӣ, бахусус бо Вазорати молия (ВМ), Вазорати рушди иқтисод ва савдо (ВРИС), бо мақомоти ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлон ва ВМКБ, аз ҷумла бо агентиҳои татбиқкунандаи лоиҳаҳои RMR-RE ва RMR-REDP низ таъмин мекунад. Дар доираи қисми мазкур Механизми бозхурди баҳрабарандагон (МББ), ки канали расмиро барои бозхурд аз ҷониби ҷомеаҳо оид ба ҳамагуна масъалаҳое, ки ба Лоиҳа дахл доранд, бахусус, барои ҷамъоварӣ, коркард ва баррасии шикоятҳои алоқаманд бо тадбирҳои муҳофизатӣ, маблағгузорӣ мегардад.4 Барои таъмини эътинои фаврӣ ва ҳисоботдиҳӣ нисбати бозхурдҳои баҳрабарандагон вохӯриҳои мунтазам гузаронида мешаванд. Таъминоти кадрӣ ва ба кор даровардани МББ дар доираи қисми мазкур таъмин хоҳад шуд. Қисми мазкур фаъолияти мониториг ва арзёбиро (МвА) барои пайгирӣ, бақайдгирӣ ва иттилоотдиҳӣ оид ба рафти иҷроиш ва натиҷаҳои лоиҳа дастгирӣ мекунад. Гуруҳи масъули мониторинг ва арзёбӣ дар назди БМИМТ барои ҷамъоварӣ ва ҷамъбаст намудани маълумот дар бораи пешрафт ва натиҷаҳо масъул хоҳад буд. Қисми мазкур маблағгузории БМИМТ-ро барои омода намудани ҳисоботҳои лоиҳа – ҳисоботҳои шашмоҳа ва семоҳаи аз санҷиш нагузаштаи ҲБМ, ки ба Бонки умумиҷаҳонӣ пешниҳод мешаванд, пешбинӣ мекунад. Қисми мазкур маблағгузории НИИ-ро, ки БМИМТ бунёд намуда барои мониторинги лоиҳаҳо, ба тарзи автоматикӣ баровардани ҳисоботҳо дар бораи лоиҳа, таъмини шаффофияти лоиҳа (маълумот дар сатҳи зерлоиҳаҳо дар харитаҳо нашр мегардад) ва бозхурд бо шаҳрвандон истифода мебарад, низ пешбинӣ мекунад. Дар ҳоле ки мониторинги ҷамоа дар доираи зерқисми 1б дастгирӣ мегардад, гуруҳи масъули мониторинг ва арзёбии БМИМТ сифати сафарбарнамоии ҷомеа, инчунин дигар чорабиниҳои алоқаманд бо ҷалбкунӣ, имконияти ибрози фикру андеша ва ҳамкорӣ бо ҷамоаҳоро бо истифода аз варақаи баҳодиҳӣ, ки дар баробари ҳисоботҳои молиявӣ ва гузоришҳо оид ба татбиқи лоиҳа дар вохӯриҳои вобаста ба масъалаҳои иҷтимоӣ баррасӣ мегарданд, баҳо медиҳад. Бозхӯрд ва шикоятҳое, ки тавассути МББ ба даст омадаанд ба ҳисоботи шашмоҳа низ дохил карда мешаванд . Гуруҳи масъули мониторинг ва арзёбии назди БМИМТ натиҷаҳои баҳодиҳии шашмоҳа ва натиҷаҳои бар дарку фаҳмиш асосёфтаро ҷамъоварӣ ва таҳлил намуда, онҳоро ба НИИ ва ҳисоботи шашмоҳа дохил мекунад. 4 Механизми бозхурди бањрабарандагон бар низоме, ки дар доираи Барномаи дастгирии љамоањои Лоињаи CASA-1000 роњандозї шудааст, асос меёбад. 15 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ II. Асосноккунии зарурати СЭИ5 ва ҳадафҳои АСМ Стандартҳои ба қарибӣ қабулшудаи экологӣ ва иҷтимоӣ (октябри с. 2018) нисбати Қарзгирандагон талаботҳои марбут ба муайянсозӣ ва арзёбии хавфҳо ва таъсироти экологӣ ва иҷтимоии алоқаманд бо лоиҳаҳои Бонкро, ки тавассути маблағгузории лоиҳаҳои инвеститсионӣ дастгирӣ мегарданд, муқаррар мекунанд. Бонк бар он ақида аст, ки истифодаи ин стандартҳо, ки ба муайян намудани хавфҳои экологӣ ва идоракунии онҳо нигаронида шудааст, ба Қарзгирандагон дар ноилшавӣ ба ҳадафи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ба таври устувор баланд бардоштани некӯаҳволӣ ба манфиати муҳити зист ва шаҳрвандони он, мусоидат мекунад. Стандартҳо: (а) Қарзгирандагонро дар истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалии марбут ба устувории экологӣ ва иҷтимоӣ дастгирӣ мекунанд; (б) ба Қарзгирандагон дар иҷрои уҳдадориҳои миллӣ ва байналмилалии экологӣ ва иҷтимоии онҳо кӯмак мерасонанд; (c) пешгирии табъиз, таъмини шаффофият, иштирок, ҳисоботдиҳӣ ва идоракуниро тақвият мебахшанд; ва (d) натиҷаҳои лоиҳаҳоро дар самти руҳди устувор тавассути ҳамкории доимӣ бо ҷонибҳои манфиатдор беҳтар мекунанд. Даҳ стандарти экологӣ ва иҷтимоӣ стандартҳоеро муқаррар мекунанд, ки лоиҳа бояд дар давоми давраи татбиқи худ бо онҳо мувофиқ бошад. Дар СЭИ5, дар мавриди ба даст овардани қитъаи замин, маҳдудиятҳои заминистифодабарӣ ва муҳоҷиркунонии иҷборӣ эътироф мегардад, ки ба даст овардани қитъаи замин дар доираи лоиҳа ва маҳдудиятҳои заминистифодабарӣ метавонанд ба ҷамоаҳо ва мардум таъсири манфӣ расонанд. Чорабиниҳои пешниҳодшуда ба оқибатҳои манфии ҷиддӣ ба саломатии инсон ва муҳити иҷтимоӣ оварда намерасонанд. Бо вуҷуди ин, ба даст овардани қитъаи замин дар доираи лоиҳа ё маҳдудиятҳои заминистифодабарӣ метавонанд боиси муҳоҷиркунонии воқеӣ ва иқтисодӣ гарданд. Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ (АСМ) бо мақсади пешгирӣ, кам ва паст кардани он хавфҳо ва қонеъ гардонидани талаботи СЭИ5 таҳия гардид. Лоиҳаи баланд бардоштани устувории иҷтимоию иқтисодӣ аз рӯи тарҳи худ имконият медиҳад амалҳое, ки метавонанд ба муҳоҷиркунонии воқеӣ/иқтисодӣ ва/ё талафи иншоот оварда расонанд, пешгирӣ карда шаванд. Бо дар назардошти он ки дар доираи он фаъолияти хурдҳаҷми аз ҷониби ҷамоаҳо татбиқшаванда пешбинӣ мегардад ва аз лиҳози тарҳ ва макон тағйирпазирӣ бояд таъмин бошад, муҳоҷиркунонии аҳолӣ дар лоиҳа пешбинӣ намешавад. Бо вуҷуди ин, дар ҳолатҳои алоҳида гирифтани иҷбории замин имконпазир хоҳад буд. Барои ҳалли чунин масъалаҳо мизоҷ Асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонии аҳолиро омода намуд, ки аз ҷониби Бонк тасдиқ гардида, нашр мешавад. АСМ қадамҳои зеринро ҷиҳати омодасозӣ ва татбиқи нақшаҳои амал оид ба муҳоҷиркунонии аҳолиро (НАМ) муайян мекунад. Дар АСМ ба принсипҳои муҳоҷиркунонӣ, механизмҳои ташкилӣ ва меъёрҳои тарҳрезӣ, ки нисбат ба зерлоиҳаҳо ё қисмҳои лоиҳа истифода мешаванд ва бояд дар рафти татбиқи лоиҳа омода карда шаванд, равшанӣ меандозад. Пас аз муайян намудани зерлоиҳа ё қисмҳои алоҳидаи лоиҳа ва дастрас гардидани маълумоти зарурӣ, дар асоси чунин АСМ нақшаи мушаххаси амал оид ба муҳоҷиркунонӣ тартиб дода мешавад. Чорабиниҳои лоиҳа, ки ба муҳоҷиркунонии воқеӣ ва/ё иқтисодӣ оварда мерасонанд, то анҷомдиҳӣ ва тасдиқи чунин нақшаҳои мушаххас аз ҷониби Бонк, оғоз карда намешаванд. Таъсироти имконпазир ба молу мулк, аҳолӣ ва воситаҳои зиндагӣ Бо дар назардошти корҳои дар доираи Қисми 1 ба нақша гирифташуда таъсир ба муҳоҷиркунонии иҷборӣ бо гирифтани замин, маҳдудияти муваққатии заминистифодабарӣ, маҳдудияти дастрасӣ ва таъсири иқтисодӣ маҳдуд мешавад. Муҳоҷиркунонии хонаводаҳо пешбинӣ намегардад. Интизор меравад, ки сохтмон дар доираи инфрасохтори мавҷудбуда ё дар заминҳои дастрас, ки моликияти давлат мебошанд, амалӣ мегардад. Аммо дар нуқтаҳои аҳолинишине, ки айни замон инфрасохтор вуҷуд надорад ва инчунин барои тавсеаи шабакаи обтаъминкунӣ, ҷойгиркунии сехҳои хурди коркади мева, маҳсулоти ширӣ, ҷойгиркунии бунгоҳҳои тиббӣ, мактабҳо, шифохонаҳо ва ғайра, ки аз ҷониби ҷомеаҳои баҳрабарандагон интихоб мегарданд, эҳтимолан замин барои зерлоиҳаҳои 16 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ хурди инфрасохтор зарур хоҳад буд. Инчунин мавҷудияти истифодабарандагони ғайрирасмӣ ё сохторҳо ё паёмадҳои иқтисодии бо он алоқамандро, ки бо СЭИ5 фаро гирифта шудаанд, набояд истисно кард. Ҳарчанд интизор меравад, ки замини давлатӣ дар сурати вусъатдиҳии инфрасохтори нав пешниҳод карда мешавад, лоиҳа пешниҳоди ихтиёрии заминро аз ҷониби ҷамоа ё шахсони алоҳида пешбинӣ мекунад ва раванди мазкур бояд дар давоми амалисозии лоиҳа назорат карда шавад. Пешниҳоди ихтиёрии замин аз ҷониби шахсони алоҳида аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ ба таври муфассал санҷида тасдиқ мегардад. Пешниҳоди ихтиёрии замин ба ҳолати бадтар аз оне, ки пеш аз лоиҳа аҳолӣ дошт оварда намерасонад ва аҳолӣ бояд аз натиҷаҳои лоиҳа баҳра барад. Азбаски лоиҳаҳо аз ҷониби ҷомеаҳо интихоб мегарданд, таъсири он то интихоби лоиҳаҳо дар ҳар як давра маълум нахоҳад буд. Бо дар назардошти чорабиниҳои дар доираи Қисми 2 ба нақша гирифташуда, ягон таъсири ғайричашмдошт пешбинӣ намешавад, зеро дар доираи лоиҳа марказҳои мавҷудбудаи ҷавонон ва занон таҷдид ва муҷаҳҳаз мегарданд, таҷҳизот ва асбобҳо барои дастгирии воситаҳои асосии зиндагӣ дар ноҳияҳои зерҳадаф пешниҳод карда мешаванд. Ҳарчанд таъсироти равшан дар доираи Қисми 1 танҳо пас аз таҳияи лоиҳаҳои муфассал муайян мегарданд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бартараф намудани таъсироти имконпазири алоқаманд бо гирифтани замин ва хавфҳои алоқаманд бо баъзе аз зерлоиҳаҳо, ки онҳоро метавон ҳамчун “иншооти алоқаманд” дар доираи СЭИ5 ҳисобид, таҳияи АСМ дар нақша дошт. АСМ таъсироти эҳтимолии фаъолияти лоиҳавиро муайян намуда, миқёси таъсироти эҳтимолиро (муваққатӣ ва доимӣ) ба заминистифодабарӣ/дастрасӣ ва иншоот шарҳ дода, роҳҳои муайян намудани ҷубронпулиро нишон дода, тартиби пардохти онро муқараррар месозад. Дар ҳолатҳое, ки байни тартиботи миллӣ ва Бонки умумиҷаҳонӣ тафовут мавҷуд аст, тартиботи охирин барои тамоми намудҳои фаъолияти дар доираи лоиҳаи мазкур маблағгузоришаванда бартарӣ хоҳад дошт, зеро лоиҳа таҳти категорияи хавфи “назаррас” тасниф мешавад. АСМ ҳамчун воситаи муайян намудани ҳама гуна таъсирот дар натиҷаи фаъолияти лоиҳа хизмат мекунад. АСМ ҳамчун воситаи амалӣ барои роҳнамоӣ намудани андешидани тадбирҳои муҳофизатӣ ба монанди Нақшаҳои амал оид ба муҳоҷиркунонии аҳолӣ (НАМ) ва санҷиши ҳаматарафаи фаъолият дар давоми амалисозии лоиҳаи фарогир, хизмат мекунад. Агар ягон намуди таъсирот муайян карда шавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як зерлоиҳа дар асоси принсипҳои асосӣ ва тартиботи дар ҳуҷҷати АСМ дарҷшуда тадбирҳои муҳофизатиро меандешад. АСМ мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, бо Бонки умумиҷаҳонӣ (БУ) ҳамоҳанг сохта мешавад. Пас аз тасдиқи ҳуҷҷат он дар торнамои берунаи БУ нашр шуда, дар сатҳи маҳаллӣ тавассути маркази рушд/Infoshop тибқи сиёсати БУ дастрас хоҳад буд. АСМ ба забони русӣ ва/ё тоҷикӣ тарҷума мешавад ва барои таъмини дастрасӣ ба мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ШТЛ минбаъд ирсол мегардад. Татбиқи лоиҳаҳои ба нақша гирифташуда танҳо пас аз ҳамоҳангсозӣ ва табодули маълумот/машварат анҷом дода мешавад. 17 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ III. Ҳадаф ва принсипҳои банақшагирии муҳоҷиркунонии аҳолӣ Ҳадафи Асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонии (АСМ) аҳолӣ шарҳу тасвири сиёсат ва тартибот бо мақсади таъмини маълумоти муносиби аҳолии гирифтори таъсири манфии Лоиҳа дар бораи фаъолияти лоиҳавӣ ва ба даст овардани ҷубронпулӣ ва кӯмак барои барқарорсозии сатҳи зиндагии онҳо ҳадди ақал то сатҳи пеш аз лоиҳа, маҳсуб меёбад. АСМ сиёсат ва тартиботро ҷиҳати муайянсозии талаботи СЭИ Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба гирифтани замин, маҳдудиятҳои заминистифодабарӣ ва муҳоҷиркунонии иҷборӣ (СЭИ5), арзёбии хавҳои ва таъсироти эҳтимолии чашмдошт, муайянсозии қадамҳои муфассал барои андешидани тадбирҳои дахлдор оид ба кам кардани таъсир, аз он ҷумла кам кардани таъсир ва ҷуброни таъсире, ки дар доираи лоиҳа расонида мешавад, пешбинӣ мекунад, аз он ҷумла:  гирифтани иҷбории қитъаи замин (муваққатӣ ё доимӣ);  аз даст додан ё таъсир ба амвол ва дастрасӣ ба он;  аз даст додани зироатҳои доимӣ, манбаҳои даромад аз дарахт ё воситаҳои зиндагӣ, новобаста аз он ки шахсони гирифтори таъсири лоиҳа (ШТЛ) кӯчонида мешаванд ё не;  дастрасии маҳдуд ба захираҳои табиӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва хизматрасониҳо;  заминаи ҳуқуқӣ, меъёрҳои интихоб барои шахсони кӯчонида, методологияи арзёбӣ, пешниҳоди ҷубронпулӣ, ҷадвали ҷубронпулиҳо, раванди амалисозӣ, тартиби машваратдиҳӣ;  тартиби гузаронидани санҷиши фарогир дар сурати алоқамандии чорабиниҳои лоиҳа бо дигар фаъолияти рушд, ки аз ҷониби Ҳукумат ва дигар ташкилотҳои маблағгузор дастгирӣ мегарданд;  механизмҳои баррасии шикоятҳо, тартиби пардохти кӯмакпулиҳо, аз ҷумла тартиби мониторинг ва арзёбӣ барои ба даст овардани қитъаи замин ва муҳоҷиркунонии аҳолӣ дар доираи лоиҳаи мазкур. Вазифаҳои асосии АСМ: (i) роҳнамоӣ намудани БМИМТ, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (вилоятӣ, ноҳиявӣ, ҷамоат) дар дуруст муайян намудан, ҷуброн ва барқарорсозии воситаҳои зиндагонии шахсони гирифтори таъсири лоиҳа (ШТЛ), (ii) хизмат ҳамчун ҳуҷҷати ҳатмӣ барои таъмини пардохти ҷубронпулӣ ва кӯмак ба ШТЛ, ва (iii) таъмини роҳбарӣ ҳангоми омодасозӣ, таҷдид, амалисозӣ ва мониторинги шаклҳои фишурдаи НАМ ва НАМ зерлоиҳа. АСМ тадбирҳоро ҷиҳати анҷомдиҳии қадамҳои зерин дар бар мегирад: (i) маълумотдиҳӣ дар бораи вариантҳо ва ҳуқуқҳои алоқаманд бо муҳоҷиркунонӣ; (ii) гузаронидани машварат, пешниҳоди интихоб ва алтернативаҳои аз лиҳози техникӣ ва иқтисодӣ асосноки муҳоҷиркунонии аҳолӣ; ва (iii) пешниҳоди зуд ва самараноки ҷуброн аз рӯи арзиши пурраи талафи амволи бевосита бо Лоиҳа алоқаманд. АКС бар принсипҳои зерин асос меёбад:  Муҳоҷиркунонии иҷборӣ бояд пешгирӣ карда шавад, ё он ба ҳадди ақал кам карда шавад.  Дастгирии муносиби талошҳои ШТЛ дар боло бурдан ё барқарорсозии даромад ва сатҳи зиндагӣ.  Машварат ва маълумоти пурра ба ШТЛ дар бораи вариантҳои ҷуброн.  Набудани ҳуқуқи расмии қонунии моликият ба замин барои ҷуброн ё шаклҳои алтернативии кӯмаки барқарорсозӣ.  Диққати махсус ба гуруҳҳои аз лиҳози иҷтимоӣ осебпазир, ба монанди аққалиятҳои этникӣ, хонаводаҳои сарваронашон занҳо, хонаводаҳои калонсолон ва кӯмаки дахлдор ва ғайра кӯмаки муносиб барои мусоидат ба мувофиқати алоқаманд бо тағйироти лоиҳа. 18 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ  Ба даст овардани қитъаи замин ва муҳоҷиркунонӣ ҳамчун ҷузъи лоиҳа тарҳрезӣ ва иҷро мегардад, арзиши пурраи ҷуброн ба хароҷот ва манфиатҳои лоиҳа дохил карда шудааст.  Дастгирӣ барои ҷуброн/барқарорсозӣ то муҳоҷиркунонӣ ва пеш аз ҳамворкунии қитъаи замин, вайронкунӣ ва дар ҳар ҳолат пеш аз расонидани таъсир, пардохт мешавад.  Ҷубронпулӣ бояд аз рӯи арзиши пурра ба ШТЛ бе тарҳи маблағ барои истеҳлок ё дигар мақсад. Бояд тазаккур дод, ки мутобиқи СЭИ5 Бонки умумиҷаҳонӣ, истилоҳи «муҳоҷиркунонии иҷборӣ» нисбат ба «кӯчонидани воқеӣ ё муҳоҷиркунонӣ» шахсони гирифтори таъсир маънои васеътар дорад. Он ҳамчун таъсироти бевоситаи иҷтимоӣ ва иқтисодии лоиҳа, ки доимӣ ё муваққатӣ мебошанд, муайян мегардад ва дар натиҷаи гирифтани иҷбории қитъаи замин ба оқибатҳои зерин оварда мерасонад: (i) муҳоҷиркунонӣ ё аз даст додани манзил; (ii) талафи амвол ё дастрасӣ ба амвол; (iii) аз даст додани манбаҳои даромад ё воситаҳои зиндагӣ новобаста аз ки шахсони гирифтори таъсир бояд кӯчад ё не; ё (iv) маҳдудияти иҷбории дастрасӣ ба боғҳо ва ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда, ки ба оқибатҳои манфӣ барои воситаҳои зиндагонии шахсони кӯчонида. СЭИ5 инчунин ҳангоми муайян намудани ҳамагуна фаъолияти зерлоиҳавӣ ҳамчун “алоқаманд” ё “иншооти алоқаманд”, мавриди истифода қарор дода мешавад. Талаботи ҳозира ва муқаррароти СЭИ нисбати ҳамаи қисмҳои лоиҳа истифода мешаванд, ки новобаста аз манбаи маблағгузорӣ ба муҳоҷиркунонии иҷборӣ оварда мерасонанд. Он инчунин нисбати дигар намудҳои фаъолият, ки ба муҳоҷиркунонии аҳолӣ оварда мерасонанд, яъне аз нуқтаи назари Бонк, (а) он бо лоиҳае, ки аз ҷониби Бонк дастгирӣ мешавад алоқамандии бевосита ва зич дорад, (б) барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои он, ки дар ҳуҷҷатҳои лоиҳа баён шудаанд, он зарур аст; ва (c) анҷом дода шуд ё дар баробари лоиҳа анҷом дода мешавад. Бояд қайд кард, ки ягон дигаргунӣ дар ҷадвали ҷубронпулиҳои АКС, меъёрҳои интихоб, ҷубронпулӣ ё дигар ҳуқуқ ба дастгирӣ бе иҷозати пешакии Бонки умумиҷаҳонӣ дохил карда намешавад. Ҳамагуна НАМ, ки дар асоси АСМ омода мегардад, он бояд аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ низ пешакӣ тасдиқ карда шавад. 19 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ IV. Асосҳои ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии алоқаманд бо ба даст овардани қитъаи замин ва муҳоҷиркунонӣ 4.1 Қонунгузории дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи идоракунии замин Тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Тағйиру иловаҳо ба Кодекси замин, ки моҳи августи соли 2012 қабул шудаанд имконияти бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро медиҳанд, ҳуқуқҳои истифодабарии қитъаи замин бошад мавзӯи хариду фурӯш, туҳфа, мубодила, гарав ва амалиёти дигар шуданд. Тағйиру иловаҳо ба Қонун дар бораи гарав ба заминистифодабаранда имкон медиҳанд, ки ҳуқуқҳои истифодабарии қитъаи заминро ба шахси дигар, бонк ё муассиса аз рӯи нархи ҷории бозор диҳад. Механизмҳои татбиқи ин тағйиру иловаҳо дар марҳилаи таҳия қарор доранд, гарчанде ки ин ҳуқуқ заминистифодабарандаро бо озодӣ ва фасоҳати бештар барои фаъолият таъмин мекунад. Арзиши моликияти ғайриманқул, сохтмон ва амвол бояд ба шахсони воқеӣ ҷуброн карда шавад. Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи қоидаҳои муназзам буда, он муносибатҳои ҳуқуқиро, ки дар ҷараёни татбиқи ҳуқуқҳои заминистифодабарӣ ба миён меоянд, танзим мекунад. Масъалаҳои вобаста бо боздоштани ҳуқуқҳои истифодабарии замин дар сурати ба даст овардани онҳо ва ҷуброни талафоти алоқаманд бо гирифтани замин аз гардиш дар ду боб ва нуҳ моддаи Кодекси замин баррасӣ мегарданд. Ин моддаҳо муқаррароти асосиро дар бораи гирифтани замин барои мақсадҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ дар бар мегиранд. Кодекс ба давлат ҳуқуқи гирифтани қитъаи заминро аз заминистифодабарандагон барои эҳтиёҷоти лоиҳаҳое, ки ба манфиати давлат ва дар миқёси давлат амалӣ мегарданд фароҳам меоварад. Инчунин он усулҳо, низом ва тартиби ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсоне, ки қитъаи замини онҳо барои мақсадҳои лоиҳа бояд гирифта шавад, тавсиф мекунад ва маҷмӯи чораҳоро барои ҷуброни зарари заминистифодабарандагон пешбинӣ мекунад. Низомнома дар бораи тартиби ҷуброни талафоти заминистифодабарандагони ва талафоти маҳсулоти кишоварзӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 641 аз 1 декабри соли 2010 тасдиқ шудааст, тартиби махсус ва муфассал барои ҷуброни талафоти заминистифодабарандагон муқаррар мекунад. Дар поён муқаррароти асосии вобаста бо масъалаи муҳоҷиркунонии иҷборӣ, ки дар Кодекси замин қайд шудаанд, оварда мешавад:  Гирифтани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ бояд пас аз пешниҳод намудани қитъаи дигари баробарарзиши замин анҷом дода мешавад;  Манзили нав, иншооти истеҳсолӣ ва дигар сохтмони монанди иншооти гирифташуда бояд дар қитъаи нави замин тибқи тартиби муқарраршуда бояд бунёд карда шавад;  Зараре, ки аз гирифтани замин бармеояд, бояд пурра ҷуброн карда шавад, аз ҷумла фоидаи аз дастрафта ва зарар бояд бо нархҳои бозорӣ ҳисоб карда шавад;  Сохтмони бино ва ҷуброни зарар аз тарафи муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки ба манфиати онҳо замин гирифта мешавад (баҳрабарандагони лоиҳа);  Пешниҳоди қитъаи нави замин, сохтмони бино, ҷуброни тамоми намуди зарар, аз ҷумла даромади аз дастрафта, бояд то расман гирифтани қитъаи замин аз заминистифодабарандагон анҷом дода шавад. Тибқи моддаҳои 41 ва 43 Кодекси замин қитъаи замин метавонад танҳо дар ҳолати ҷуброни баробари амволи ғайриманқул, иншоот ва зироатҳои дар ин ҷой мавҷудбуда, барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ гирифта шавад. Ин ҷуброн набояд аз нархи бозории молу мулки ғайриманқул, ки дар қонун дар бораи тартиби ҷуброн бо нархи бозорӣ зикр шудааст, камтар бошад. 20 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ Тибқи талаботи Кодекси замин муассисаи манфиатдори гирифтани қитъаи замин бояд зарурати чунин гирифтанро асоснок намуда, бояд нишон диҳад, ки қитъаи замин бояд гирифта шавад ва ягон алтернативаи татбиқи лоиҳа вуҷуд надорад. Қитъаи замин дар ҳолати зарурати сохтмони бино ё иҷрои корҳои дорои манфиати давлатӣ, метавонад гирифта шавад. Агар лоиҳа ба манфиати давлат бошад, баҳрабарандаи лоиҳа бояд пешниҳод оид ба гирифтани қитъаи замин, ки барои оғози чунин амал зарур аст, омода кунад. Мутобиқи қонун, раванди гирифтани қитъаи замин бояд анҷом дода шавад ва тамоми одамон ва хонаводаҳое, ки ба минтақаи лоиҳа дохил карда шуда буданд бояд то додани иҷозат барои оғози сохтмон ҷуброн карда шаванд. Қонун дар бораи идоракунии захираҳои замин (с. 2008, тағйиру иловаҳои охирин дар с. 2016) аз мақомот тартибдиҳии харита ва назорати сифати замин, аз ҷумла ифлосшавии хок, эрозия ва буридани ҷангалро талаб мекунад. Қонун дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ (с. 2003, бо тағйиру иловаҳо дар с. 2011) консепсияи санҷиши санитарию эпидемиологиро муаррифӣ намуд, ки он мувофиқ будани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва фаъолияти хоҷагидорӣ бо меъёрҳо ва қоидаҳои давлатии санитарию эпидемиологӣ муқарррар мекунад, аз ҷумла муқарраротро дар бораи тадбирҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ ва иттилоотиро тақвият медиҳад. Қонун дар бораи чарогоҳҳо (с. 2013 г.) принсипшои асосии истифодабарии чарогоҳҳо, аз ҷумла ҷалби сармоягузориҳо барои нисбатан самаранок истифода бурдан ва муҳифотизати чарогоҳҳоро муайян мекунад. Қонун ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро вобаста ба назорати бехатарии экологӣ ва истифодабарии чарогоҳҳоро мутобиқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва стандартҳои давлатӣ, муайян мекунад. Қонун анҷом додани як қатор фаъолиятро дар чарогоҳҳо, ба монанди буридани дарахтҳо ё буттаҳо, сохтмони роҳҳо, нодуруст истифода бурдани заминҳои чарогоҳ, ифлоскунии муҳити атроф бо партовҳо ва аз меъёри муқарраршуда зиёд чаронидани чорворо манъ мекунад. Қонун аз истифодабарандагон таъмини истифодабарии самарабахши чарогоҳҳо, аз ҷумла ҳифзи онҳо аз харобшавӣ ва ифлосшавиро талаб мекунад. Он тадқиқоти геоботаникии чарогоҳҳоро ҷиҳати арзёбии маҳсулнокии заминҳои табиии хӯроки чорво, пешниҳод мекунад. Ҷадвали 1. Қонунҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба идоракунии захираҳои замин дар Тоҷикистон  Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он замин моликияти истисноии давлат маҳсуб меёбад.  Кодекси замин, Кодекси гражданӣ, қоидаҳои ҷудо намудани қитъаҳои замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.  Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи қоидаҳои муназзам буда, он маҷмӯи муносибатҳоро, ки дар ҷараёни заминистифодабарӣ ба миён меоянд, танзим мекунад.  Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни аҳдҳои гражданӣ, асосҳои ба миён омадан ва тартиби татбиқи ҳуқуқро муайян намуда, ӯҳдадориҳои шартномавӣ ва муносибатҳои молу мулкӣ ва муносибатҳои шахсии ғайри молу мулкиро танзим менамояд. .  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баҳои замин” асосҳои ҳуқуқиро барои муайян кардани нархи меъёрии замин муқаррар менамояд (12 маи с.2001)  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” асосҳои ҳуқуқиро барои тақсимкунӣ ва азнавтақсимкунии қитъаҳои замин муқаррар мекунад (14 маи с. 2004)  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи идоракунии замин” муносибатҳои вобаста бо заминаҳои ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи идоракунии заминро танзим мекунад (5 январи с. 2008).  Кадастри давлатии замин низоми маълумот ва ҳуҷҷатҳо дар бораи мақоми табиӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии қитъаҳои замин, категорияҳои онҳо, хусусиятҳои сифатӣ ва арзиши иқтисодӣ мебошад.  Низомнома дар бораи тартиби ҷуброни талафоти заминистифодабарандагон ва зарар ба раванди истеҳсолоти кишоварзӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №641 тартиби ҷуброни талафоти заминистифодабарандагонро муқаррар мекунад (30 декабри с. 2011). 21 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ  Кодекси граждании мурофиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб, қоидаҳо ва муҳлатҳои ҳимояи судиро дар ҳолатҳои мурофиаи судӣ оид ба масъалаҳои алоқаманд бо муҳоҷиркунонии иҷборӣ муқаррар менамояд.  Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин тартиб, қоидаҳо ва шартҳои ҳимояи судиро дар ҳолатҳои мурофиаи судӣ оид ба масъалаҳои марбут ба муҳоҷиркунонии ихтиёрӣ муқаррар менамояд. 4.2 Муқаррароти ҳуқуқии сатҳи миллӣ дар бораи кафолатҳои иҷтимоӣ ва иштироки шаҳрвандон Қонун дар бораи озодии иттиллот бо моддаи 25 Конститутсия ба таври зайл тақвият дода мешавад: “мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба ҳар шахс имконияти пайдо намудан ва шинос шудан ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст”. Мутобиқи Фармон “Дар бораи тасдиқи Тартиби ҷуброни хароҷоти алоқаманд бо пешниҳоди маълумот”, ки 1 январи соли 2010 қабул шудааст, ҳамаи муассисаҳои давлатӣ ҳуқуқ доранд барои пешниҳоди ҳама гуна маълумот барои рӯзноманигорон ва шахсони мансабдори давлатӣ маблағ ситонанд. Дар фармон қайд мешавад, ки як саҳифаи маълумоти пешниҳодшуда бояд то 35 сомонӣ (8 доллари ИМА) арзиш дошта бошад. Фармон ба шахсони мансабдори давлатӣ имкон медиҳад, ки барои нусхабардории ҳуҷҷатҳои расмӣ ва дар шакли хаттӣ гирифтани маълумот аз хизматчиёни давлатӣ маблағ ситонанд. Маблағ метавонад на танҳо барои пешниҳоди маълумоти чопӣ, балки барои маълумоти шифоҳӣ ва тавзеи санадҳо, қарорҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ситонида шавад5. Тибқи Қонун дар бораи иттиҳодҳои ҷамъиятӣ, иттиҳоди ҷамъияти метавонад дар яке аз шаклҳои зерини ташкилию ҳуқуқӣ таъсис дода шавад: ташкилоти ҷамъиятӣ, ҳаракати ҷамъиятӣ ё мақоми ташаббуси ҷамъиятӣ. Моддаи 4 қонуни мазкур ҳуқуқи шаҳрвандонро вобаста ба таъсисдиҳии иттиҳодҳо барои ҳимояи манфиатҳои умумӣ ва дастёбӣ ба ҳадафҳои муштарак, муқаррар мекунад. Дар он хусусияти ихтиёрии иттиҳодҳо шарҳ дода шуда, ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба маҳдудияти шомилшавӣ ва баромадан аз ташкилот муайян карда мешавад. Моҳи августи с. 2015 тағйирот ба қонуни мазкур аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ пешниҳоди маълумот ба Вазорати адлия дар бораи тамоми маблағҳои аз манбаҳои байналмилалӣ ба даст овардашударо қабл аз истифодаи ҷунин маблағҳо, талаб мекунад. Қонун дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо аз соли 2014 (моддаи 10) ташкил намудани чорабинии оммавиро 6 ба шахсоне манъ мекунад, ки барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати онҳо ҷазои маъмурӣ тибқи моддаҳои 106, 460, 479 ва 480 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ таъин шудааст. Моддаи 12 Қонун талаб мекунад, ки ташкилотчиёни чорабинии оммавӣ иҷозатро аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд понздаҳ рӯз то санаи баргузории он пешн чорабинии оммавӣ ба даст оваранд. Қонун дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз с. 1994 ҷамоатҳоро як қатор вазифаҳо ва уҳдадориҳои васеъро ҷиҳати дастгирии талошҳои ҷамоаҳо вобаста ба қонеъ гардонидани талаботи иҷтимоию иқтисодӣ дар маҳал, вомегузорад. Тағйир аз соли 2009 ба 5 ‘Қонунгузории тиҷоратии Тоҷикистон: Таҳлил аз ҷониби БАТР’. Идораи машваратчии генералии ҳуқуқӣ. апрели с. 2012. Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд. 6 Муқаррароти мазкур ба монеъшавї ба ташкил ва баргузории маљлисҳо, гирдиҳамоиҳо ва ғ.дахл доранд (Моддаи 106); майдаавбошї (Моддаи 460); итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии кормандони милитсия (Моддаи 479); ва вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани маљлисҳо, гирдиҳамоиҳо ва ғ. (Моддаи 480). 22 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ таҳкими мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва ҳисоботдиҳӣ тавассути вогузории ваколатҳои буҷетӣ ба шӯроҳои ҷамоат ва ҷорӣ намудани низоми интихоби мустақими аъзои шӯрои ҷамоатҳо равона шудааст. Тағйир аз с. 2017 ба шӯроҳои ҷамоат имкон медиҳад, ки даромадҳои ғайриандозӣ аз ҳисоби пешниҳоди хизматрасониҳои маъмурӣ, ҳамчунин қисми андозҳои маҳаллӣ аз молу мулк нигоҳ дошта шаванд. Тағйир аз соли 2017 муносибати ҷиддиро аз ҷониби ҳукумати марказӣ ба қабули сиёсате, ки ба шӯроҳои ҷамоат ваколатҳо ва захираҳои заруриро ҷиҳати дастгирии рушди маҳаллӣ ва ҳалли мушкилот таъмин месозад, пешбинӣ мекунад. Қонун дар бораи муроҷиатҳо/дархостҳои шаҳрвандон муқаррароти ҳуқуқиро дар бораи каналҳои иттилоотии мавҷудбуда барои ирсоли шикоят ва дархостҳои худ дар бар мегирад. Моддаи 12 Қонун муҳлати баррасии шикоятҳоро, ки аз 30 рӯз аз сана қабул ташкил медиҳад, муайян мекунад. Кодекси меҳнат меҳнати маҷбурии кӯдаконро манъ мекунад (моддаи 8). Кодекси меҳнат синну соли минималии меҳнати кӯдак, аз он ҷумла шароитҳое, ки дар он меҳнати кӯдак иҷозат аст (моддаҳои 113, 67 ва 174) муайян мекунад. Синну соли минималии қабул ба кор 15 солро ташкил медиҳад, аммо дар баъзе ҳолатҳои омодагии касбӣ меҳнати сабук ба кӯдакони синни 14 сола низ иҷозат дода мешавад (моддаи 174 Кодекси меҳнат). Ғайр аз ин, баъзе маҳдудиятҳои меҳнат вобаста ба намуди коре, ки метавонад анҷом дода шавад ва соатҳои кори ба коргарони синни то 18 сола иҷозатдодашуда, мавҷуданд. Мисолҳои маҳдудиятҳои меҳнат: шахсони синни аз 14 то 15 сола наметавонанд зиёдтар аз 24 соат дар як ҳафта кор кунанд, дар ҳоле ки шахсони синни то 18 сола наметавонанд бештар аз 35 соат дар як ҳафта кор кунанд; дар давоми соли хониш шумораи максималии соат нисфи онро ташкил медиҳад, яъне муттаносибан 12 ва 17,5 соат. Ин маҳдудиятҳо бо Конвенсияи СҶМ дар бораи синну соли минималӣ мувофиқ мебошанд. Ғайр аз ин, Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдакон уҳдадории пешгирӣ намудани кори вазнин ва хатарнок аз ҷониби кӯдакон ва таъмини давомоти онҳоро дар мактаб ба зиммаи падару модарон вомегузорад. 4.3 Стандарти экологӣ ва иҷтимоии Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба гирифтани замин, маҳдудиятҳои заминистифодабарӣ ва муҳоҷиркунонии иҷборӣ (СЭИ5) Тибқи СЭИ5 Бонки умумиҷаҳонӣ ба даст овардани қитъаи замини алоқаманд бо лоиҳа ва маҳдудиятҳои заминистифодабарӣ метавонанд ба ҷамоаҳо ва аҳолӣ таъсири манфӣ расонад. Ба даст овардани қитъаи замини алоқаманд бо лоиҳа ва маҳдудиятҳои заминистифодабарӣ метавонанд ба тағйири воқеии макон (муҳоҷиркунонӣ, талафи қитъаи замин ё манзил), тағйири иқтисодӣ (аз даст додани қитъаи замин, дороиҳо ё дастрасӣ ба дороиҳо, ки боиси аз даст додани сарчашмаи даромад ё дигар воситаҳои зиндагӣ мегардад) ё ҳар ду оварда мерасонад. Истилоҳи «муҳоҷиркунонии иҷборӣ» ба ин таъсирот дахл дорад. Муҳоҷиркунонӣ ҳамон вақт иҷборӣ ба ҳисоб меравад, агар шахсони зарардида ё ҷамоаҳо ҳуқуқи рад намудани гирифтани замин, маҳдудият ба истифодаи заминро надоранд, ки он ба муҳоҷиркунонӣ оварда мерасонад. Ҳадафҳои СЭИ5 • Пешгирӣ намудани муҳоҷиркунонии иҷборӣ ё дар ҳолати имконпазир набудани он то ҳадди ақал кам намудани муҳоҷиркунонии иҷборӣ бо омӯхтани алтернативаҳои таҳияи лоиҳа; • Пешгирӣ намудани муҳоҷиркунонии иҷборӣ ба ҷои дигар; • Кам кардани таъсири оқибатҳои ногузири манфии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар натиҷаи ба даст овардани қитъаи замин ва маҳдудиятҳои заминистифодабарӣ тавассути: (a) ҷуброни саривақтии талафи дороиҳо аз рӯи арзиши барқароркунӣ ва (б) расонидани кӯмак ба шахсони кӯчонидашуда дар талошҳои онҳо ҷиҳати беҳсозӣ ё ҳадди ақал барқарорсозии 23 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ воситаҳои зиндагӣ ва сатҳи зиндагӣ то сатҳи пеш аз кӯчрнидан ё то сатҳи пеш аз татбиқи лоиҳа, вобаста аз он ки кадоми он баландтар аст. • Беҳтар намудани шароитҳои зиндагии аҳолии камбизоат ва шахсони осебпазир, ки кӯчонида шудаанд тавассути пешниҳоди манзили муносиб, дастрасӣ ба хизматрасониҳо ва иншоот ва бехатарии истифодабарӣ. • Таҳия ва татбиқи чорабиниҳои алоқаманд бо муҳоҷиркунонӣ ҳамчун барномаҳои рушди устувор, пешниҳоди захираҳои кифояи сармоягузорӣ, ки ба шахсони кӯчонида имконияти баҳрабардории бевосита аз лоиҳа фароҳам меоварад, тавре ки хусусияти лоиҳа онро тақозо мекунад. • Таъмини банақшагирӣ ва татбиқи чорабиниҳои алоқаманд бо муҳоҷиркунонӣ бо нашри дахлдори маълумот, машваратҳои пурмӯҳтаво ва иштироки огоҳи шахсони зарардида. СЭИ мазкур ба муҳоҷиркунонии муваққатӣ ё доимии воқеӣ ва иқтисодӣ тааллуқ дорад, ки дар натиҷаи ба даст овардани қитъаи замин ё маҳдудиятҳои заминистифодабарӣ дар алоқа бо татбиқи лоиҳа анҷом дода шудаанд: (a) Ҳуқуқ ба қитъаи замин ё ҳуқуқ ба заминистифодабарӣ, ки тавассути бегона намудани маҷбурии қитъаи замин ё дигар расмиёти ҳатмӣ тибқи қонунгузории миллӣ ба даст оварда мешавад ё маҳдуд мегардад; (b) Ҳуқуқ ба қитъаи замин ё ҳуқуқ ба заминистифодабарӣ, ки тавассути музокирот бо соҳибмулкон ё шахсони дорои ҳуқуқҳои қонунӣ ба қитъаи замин ба даст оварда мешавад ё маҳдуд мегардад, агар ба мувофиқа нарасидан ба бегона намудани маҷбурӣ ё дигар расмиёти ҳатмӣ оварда расонад; (c) Маҳдудиятҳои заминистифодабарӣ ва дастрасӣ ба захираҳои табиӣ ба он оварда мерасонанд, ки ҷамоа ё гуруҳҳои дохили ҷамоа дар сурати доштани ҳуқуқи анъанавӣ ё муқаррарии истифодабарии қитъаи замин ё ҳуқуқҳои эътирофшавандаи истифодабарии қитъаи замин, аз истифодаи захираҳо маҳрум мешаванд. Ба ин ҳолатҳое, ки дар робита бо лоиҳа ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда, минтақаҳои гуногунии биологӣ ё минтақаҳои буферӣ таъсис меёбанд, дохил мешаванд; (d) Муҳоҷиркунонии шахсоне, ки ҳуқуқҳои расмӣ, анъанавӣ ва эътирофшуда истифодабарии қитъаи замин надоранд ва қитъаи заминро то санаи муайяни анҷоми лоиҳа ишғол ё истифода мебаранд; (e) Муҳоҷиркунонии аҳолӣ дар натиҷаи таъсироти лоиҳа, ки қитъаҳои замини онҳоро корношоям ё дастнорас мегардонанд; (f) Маҳдуд кардани дастрасӣ ба қитъаи замин ё истифодабарии дигар захираҳо, аз ҷумла моликияти коммуналӣ ва захираҳои табиӣ, ба монандӣ захираҳои баҳрӣ ва обӣ, маҳсулоти чӯбӣ ва ғайричӯбии ҷангал, оби ширин, растаниҳои шифобахш, ҷойҳо барои шикор ва ҷамъоварӣ, аз он ҷумла қитъаҳои замин барои чаронидани чорво ва кишту кор; (g) Ҳуқуқ ба қитъаи замин ё даъво нисбати қитъаи замин ё захираҳо, ки аз ҷониби шахсони алоҳида ё ҷамоаҳо бе пардохти пуррраи ҷубронпулӣ рад карда шудаанд; аз ҷумла (h) Маҳдудиятҳо нисбати ба даст овардани қитъаи замин ё заминистифодабарӣ, ки то оғози лоиҳа ба миён омадаанд, аммо қабл аз ё дар ҷараёни омодасозии лоиҳа, истифода шудаанд. СЭИ мазкур ба таъсирот ба даромад ё воситаҳои зиндагӣ тааллуқ надорад, ки натиҷаи бевоситаи маҳдудиятҳои ба даст овардан ё истифодабарии замин дар доираи лоиҳа намебошанд. Чунин таъсирот бо истифода аз СЭИ1 баррасӣ мегарданд. СЭИ мазкур нисбати муомилаҳои ихтиёрии бозорӣ ва аз лиҳози ҳуқуқӣ бақайргирифташуда истифода намешаванд. Дар доираи он муомилаҳо ба фурӯшанда имконияти воқеии нигоҳдории қитъаи замин ва рад кардани фурӯши он фароҳам оварда мешавад ва фурӯшандаи мазкур дорои маълумоти пурра дар бораи вариантҳои дастрас ва оқибатҳои он мебошад. Аммо, агар чунин муомилаҳои ихтиёрӣ бо қитъаҳои замин ба муҳоҷиркунонии шахсоне, ки фурӯшанда намебошанд 24 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ ва қитъаи заминро ишғол, истифода мебаранд ё даъвои ҳуқуқ ба ин қитъаи замин дошта бошанд, СЭИ мазкур мавриди истифода қарор дода мешавад. Агар дар доираи лоиҳа ба расмият даровардани ҳуқуқ ба истифодабарии қитъаи замин ё дигар намуди фаъолияти алоқаманд бо тасдиқ, мураттабсозӣ ё муайян намудани ҳуқуқ ба истифодабарии қитъаи замин пешнибинӣ гардад, мутобиқи СЭИ1 гузаронидани арзёбии иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ лозим меояд. Арзёбии ба муайян намудани хавфҳо ва таъсироти имконпазир, аз он ҷумла андешидани тадбирҳои дахлдор барои кам ва паст кардани таъсири оқибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, бахусус онҳое, ки ба гуруҳҳои камбизоат ва осебпазир таъсир мерасонанд, равона мегардад. СЭИ мазкур дар ҳолати баҳсҳо байни шахсони инфиродӣ оид ба ҳуқуқ ба истифодабарии қитъаи замин ё дар ҳолатҳои дахлдор истифода намешавад. Аммо дар ҳолатҳое, ки аз шахс озод намудани қитъаи замин дар натиҷаи бо дастгирии лоиҳа муайянсозии қитъаи замин ҳамчун моликияти давлатӣ, тақозо мегардад, СЭИ мазкур истифода мешавад (илова бар муқаррароти дахлдори СЭИ1). СЭИ мазкур нисбати ба нақшагирии заминистифодабарӣ ё танзими захираҳои замин ҷиҳати мусоидат ба таъмини устувории онҳо дар сатҳи минтақавӣ, миллӣ ё маҳаллӣ (аз ҷумла идоракунии ҳавзаи обҷамъкунӣ, идоракунии обҳои зеризаминӣ, идоракунии моҳигирӣ ва идоракунии минтақаҳои наздисоҳилӣ) истифода намешавад. Агар лоиҳа чунин фаъолиятро дастгирӣ кунад, Қарзгиранда бояд мутобиқи СЭИ1 арзёбии иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ бо мақсади муайян намудани хавфҳо ва таъсироти имконпазир ва оқибатҳои банақшагирӣ ё танзим, аз ҷумла чораҳои дахлдор барои кам ва паст кардани таъсири оқибатҳои онҳо, бахусус онҳое, ки ба гуруҳҳои камбизоат ва осебпазир таъсир мерасонанд. СЭИ мазкур нисбати идоракунии паноҳандагон ё шахсони дар натиҷаи офатҳои табиӣ, низоъ, ҷиноятҳо ё хушунат дар дохили кишвар муҳоҷиршуда, истифода намешавад. Талаботи СЭИ5 Тарҳи лоиҳа Қарзгиранда нишон медиҳад, ки гирифтани маҷбурии қитъаи замин ё маҳдудиятҳои заминистифодабарӣ бо талаботи бевоситаи лоиҳа барои ҳадафҳои аниқ муайяншуда дар давоми вақти аниқ муайяншуда, маҳдуд мебошанд. Қарзгиранда тамоми лоиҳаҳои имконпазири алтернативиро бо мақсади пешгирӣ ё кам кардани ҳолатҳои гирифтани қитъаҳои замин ё маҳдудиятҳои заминистифодабарӣ бахусус дар ҷойҳое, ки метавонад ба муҳоҷиркунонии воқеӣ ё иқтисодӣ оварда расонад, мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Дар баробари ин, Қарзгиранда мувозинати хароҷот ва манфиатҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва молиявӣ ва равонасозии диққати махсус ба таъсироти гендерӣ ва таъсирот ба гуруҳҳои камбизоат ва осебпазирро таъмин мекунад. Ҷуброн ва имтиёзҳо барои шахсони зарардида Агар гирифтани қитъаи замин ё маҳдудиятҳои заминистифодабарӣ (доимӣ ё муваққатӣ) имконпазир набошад, Қарзгиранда ба шахсони зарардида ҷуброни баробарарзиш ва дигар намуди кӯмаки заруриро бо мақсади беҳсозӣ ё ҳадди ақал барқарорсозии сатҳи зиндагӣ ё воситаҳои зиндагонии онҳо, пешниҳод мекунад. Стандартҳои ҷуброн аз рӯи категорияҳр замин ва дороиҳои асосӣ паиҳам нашро ва мавриди истифода қарор мегарданд. Дар сурати истифодаи стратегияи бурдани музокирот меъёрҳои ҷуброн метавонанд ба самти боло тағйир дода шаванд. Дар ҳама ҳолат, заминаи равшан барои ҳисоби ҷуброн ҳуҷҷат карда мешавад, ҷубронпулӣ мутобиқи тартиботи шаффоф тақсим мегардад. 25 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ Иштироки ҷамоа Қарзгиранда бо ҷамоаҳои маҳаллии дахлдор аз ҷумла ҷамоаҳои қабулкунанда дар доираи раванди ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдор, ки дар СЭИ10 оид ба Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ва интишори маълумот шарҳ дода шудааст, ҳамкорӣ мекунад. Равандҳои қабули қарор, ки бо кӯчонидан ва барқарорсозии воситаҳои зиндагӣ алоқаманданд вариантҳо ва алтернативаҳоро, ки аз онҳо шахсони зарардида интихоб мекунан, дар бар мегиранд. Интишори маълумоти дахлдор ва иштироки ҷамоаҳои дахлдор ва мардум ҳангоми баррасии лоиҳаҳои алтернативӣ ва минбаъд дар давоми ба нақшагирӣ, татбиқ, мониторинг ва арзёбии раванди ҷуброн, чорабиниҳои барқарорсозии воситаҳои зиндагӣ ва раванди муҳоҷиркунонӣ, анҷом дода мешавад. Механизми баррасии шикоятҳо Қарзгиранда дар давоми таҳияи лоиҳа ҳар чӣ барвақт механизми баррасии шикоятҳоро тибқи СЭИ10 таъмин мекунад. Ин ба ҳалли саривақтии масъалаҳои мушаххаси алоқаманд бо тадбирҳои ҷуброн, муҳоҷиркунонӣ ё барқарорсозии воситаҳои зиндагӣ, ки аз ҷониби шахсони кӯчонидашуда (ё дигарон) гузошта шудаанд, мусоидат мекунад. Аз рӯи имконият, дар чунин механизмҳои баррасии шикоятҳо механизмҳои расмӣ ё ғайрирасмии баррасии шикоят, ки барои лоиҳа мувофиқанд ва аз рӯи зарурат бо механизмҳои махсус ҷиҳати ҳалли беғаразонаи баҳсҳо дар доираи лоиҳа илова мегарданд, мавриди истифода қарор дода мешаванд. Банақшагирӣ ва амалисозӣ Агар ба даст овардани қитъаи замин ё маҳдудиятҳои заминистифодабарӣ ногузир бошанд, Қарзгиранда дар доираи арзёбии экологӣ ва иҷтимоӣ бо мақсади муайян намудани шахсоне, ки таҳти таъсири лоиҳа қарор мегиранд, ба рӯйхатгирии қитъаҳои замин ва амволе, ки таҳти таъсир қарор мегиранд, муайян намудани онҳое, ки ба ҷуброн ва кӯмак ҳуқуқ хоҳанд дошт ва пешгирӣ намудани шахсони номувофиқ, ба монанди сокинони фурсатталаб аз дархости пардохти кӯмакпулиҳо, барӯйхатгирӣ мегузаронад. Арзёбии иҷтимоӣ талаботҳои ҷамоаҳо ё гуруҳҳое, ки бо сабабе метавонанд дар минтақаи лоиҳа ҳангоми ба рӯйхатгирӣ ҳузур надошта бошанд (масалан, истифодабарандагони мавсимии захираҳо) низ ба инобат мегирад. Дар робита бо иқдоми барӯйхатгирӣ Қарзгиранда санаи қатъи эътибори ба даст овардани ҳуқуқ ба иштирокро муқаррар мекунад. Маълумот оид ба рӯзи охирин ҳаматарафа бо ҳуҷҷат тасдиқ карда мешавад ва дар тамоми минтақаи лоиҳа бо фосилаҳои мунтазами вақт дар шакли хаттӣ (ва агар зарур бошад) ғайрихаттӣ бо забонҳои дахлдори маҳаллӣ нашр мегардад. Огоҳӣ дар бораи он ки шахсони дар минтақаи лоиҳа пас аз санаи охирин кӯчида омада метавонанд бароварда шаванд бояд нашр гардад. Барои ҳалли масъалаҳои алоқаманд бо таъсири муҳоҷиркунонӣ замоне, ки дараҷаи таъсири бевосита муайян мегардад, СЭИ омода намудани НАМ-ро барои ба даст овардани қитъаи замин тақозо мекунад. Агар таъсир ночиз бошад (камтар аз 200 нафар, ягон кас кӯчонида нашуд ва камтар аз 10 фоизи дороиҳои истеҳсолӣ талаф ёфтанд) НАМ дар шакли фишурда метавонад омода гардад. Барои лоиҳаҳои дорои таъсири назаррас омода намудани НАМ-и мукаммал зарур аст. СЭИ5 равона намудани диққати махсусро ба талаботи гуруҳҳои осебпазири аҳолии зарардида, бахусус онҳое, ки поёнтар аз хатти фақр умр ба сар мебаранд, аҳолии бе ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин, шахсони солхӯрда, занон, кӯдакон ва ақалиятҳои этникӣ, тақозо мекунад. Умуман, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СЭИ5 Бонки умумиҷаҳонӣ тарафдори ҷуброни баробарарзиш мебошанд, аммо қонунгузории Тоҷикистон барқарорсозиро пешбинӣ намекунад ва дар амал ин ба ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шудааст. 26 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ Барои равшаниандозӣ ба ин масъалаҳо ва аз байн бурдани камбудиҳои имконпазир байни қонунгузории Тоҷикистон ва сиёсати Бонки умумиҷаҳонӣ ин АСМ барои Лоиҳа таҳия гардид, ки дар он ҷуброни баробарарзиши тамоми ашё, барқарорсозии шахсони бе ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва шахсони кӯчидаи ғайрирасмӣ, аз он ҷумла пешниҳоди субсидияҳо ё кӯмакпулӣ барои ШТЛ, ки метавонанд кӯчонида шаванд, талафоти тиҷорати дошта бошанд ё таҳти таъсири назаррас қарор ёбанд, пешбинӣ мешавад. Муқаррароти асосие, ки ҳамоҳангии тафовутҳоро байни Кодекси замини Тоҷикистон ва СЭИ5 Бонки умумиҷаҳониро таъмин мекунанд аз инҳо иборатанд:  Ҳама гуна ШТЛ новобаста аз он ки ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин доранд ё не, ҳуқуқ барои ҷуброн (барои сохтмон, зироат ва дарахтҳо) ва тадбирҳои барқарорсозӣ дар доираи лоиҳа хоҳанд дошт. Ба ин шахсони бе қитъаи замин, ки заминро истифода мебаранд ва шахсоне, ки худсарона заминро ишғол намудаан, дохил мешаванд.  Ба ШТЛ ва шахсони гирифтори таъсир маълумот дар бораи вариантҳо ва ҳама гуна оқибатҳои ба даст овардани қитъаи замин ва муҳоҷиркунонӣ пешниҳод мегардад.  Барои муайян намудани сатҳи таъсири имконпазир ва тадбирҳои дахлдори кам кардани таъсир таҳқиқи иҷтимоӣ (скрининг) гузаронида мешавад.  Агар ҷуброни қитъаи замин бо дигар қитъа аз лиҳози техникӣ ё иҷтимоӣ имконпазир набошад, ҷуброн дар шакли пули нақд аз рӯи арзиши пурра ва нархи ҷории бозорӣ анҷом дода мешавад.  Ҷуброни ҳама гуна амволи дигари зери таъсир қарорёфта (сохтмон, зироат ва дарахтҳо, аз он ҷумла талафи бизнес/даромад) дар шакли пулӣ ё натуралӣ аз рӯи арзиши пурра ва нархи ҷории бозорӣ анҷом дода мешавад. Аз рӯи зарурат тадбирҳои иловагӣ нисбати ШТЛ осебпазир ва камбизоат андешида мешаванд ва масъалаҳои гендерӣ низ ҳал мегарданд.  Дар рафти иҷрои корҳои алоқаманд бо таъмири ҷорӣ, аз рӯи имконият, зарурати гирифтани қитъаи замин ё муҳоҷиркунонӣ пешгирӣ ё кам карда мешавад.  Ҷубронпулӣ барои муваққатан аз даст додани қитъаи замин ё амвол, ё барои муваққатан маҳдуд сохтани даромад, пешниҳод мегардад. Махсусан бояд қайд намуд, ки дар доираи СЭИ5 Бонки умумиҷаҳонӣ мақоми онҳое, ки ҳуқуқи расмӣ ё юридикии истифодабарии қитъаи замин надоранд, равшан муайян шудааст. Тибқи қоидаи мазкур онҳое, ки ҳуқуқи расмӣ ё юридикии истифодабарии қитъаи замин надоранд, аммо ҳанӯз аз қитъаи замини давлатӣ истифода мебаранд, бо дар назардошти сармоягузории онҳо ба қитъаи замини давлатӣ, меҳнати худ ва дороиҳои аз даст дода ба гирифтани ҷуброн ва на ба соҳибмулкии қитъаи замин, ҳуқуқ ҳоҳанд дошт. Барои истифодаи онҳо қиъаҳои алтернативии замин ҷудо мешаванд ё дигар шаклҳои кӯмаки алоқаманд бо ҷуброни қитъаи замин ба онҳое ки қитъаи заминро то рӯзи анҷоми лоиҳа ғайрирасмӣ истифода мебаранд ё ишғол мекунанд, пешниҳод мегардад. Дар сурати номутобиқати қонунҳои Тоҷикистон ва талаботи СЭИ5 Бонки умумиҷаҳонӣ дар бораи муҳоҷиркунонии иҷборӣ принсипҳо ва тартиботи СЭИ5 бояд мавриди истифода қарор дода шаванд. Ин бартарияти меъёрҳои БУ нисбати қонунгузории миллӣ барои лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешаванд зарур аст ва бо қонунгузории миллӣ пешбинӣ шудааст. V. Раванди омодасозӣ, тасдиқ ва интишори НАМ Қадами аввалин дар раванди омодасозии НАМ гузонидани арзёбӣ барои муайян намудани қитъаҳои замин ва дороиҳо, ки Лоиҳа метавонад ба онҳо таъсир расонад, маҳсуб меёбад. Ин арзёбии қитъаҳои замини гирифтори таъсири лоиҳа аз ҷониби мутахассисони БМИМТ дар якҷоягӣ намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузаронида мешавад ва барои муайян 27 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ намудани характери таъсироти имконпазири алоқаманд бо фаъолияти дар доираи татбиқи Лоиҳа пешниҳодшуда бо мақсади андешидани тадбирҳои дахлдорӣ кам кардани таъсир, истифода мешавад. Арзёбии мазкур низ нишон медиҳад, ки пешгирӣ ва то ба ҳадди ақал расонидани муҳоҷиркунонӣ критерияи асосӣ ҳангоми омодасозии НАМ то амалисозии ЛТПИИ ба ҳисоб меравад. Арзёбӣ тибқи критерияҳои муайянгардида, ки дар Замимаи 1 муфассал баён шудаанд гузаронида шуда, дар шакли ҳисобот оиди тадқиқоти (ниг. ба Замимаи 1-3) оқибатҳои иҷтимоии чашмдошт баъди қабули қарорҳои асосии техникӣ ё зерлоиҳаҳои муфассал, омода карда мешавад. То он даме, ки тамоми тадбирҳо оид ба кам кардани оқибатҳои муҳоҷиркунонӣ андешида нашаванд, Лоиҳакашӣ анҷом дода намешавад. Агар арзёбӣ ба зарурати муҳоҷиркунонии воқеӣ, ба даст овардани қитъаи замин, таъсир ба дороиҳо ё таъсири манфӣ ба захираҳои иқтисодӣ новобаста аз он ки муҳоҷиркунонии воқеӣ ҷой дорад ё не, ишора кунад, бо мақсади муайян намудани дараҷаи зарурати муҳоҷиркунонӣ қадами минбаъда гузаронидани барӯйхатгирии иҷтимоию иқтисодӣ ва барӯйхатгирии захираҳои замин ва дороиҳо маҳсуб меёбад. Пас аз ин таҳияи НАМ барои Лоиҳа тибқи қадамҳои дар поён шарҳ додашуда, амалӣ мегардад. 5.1 Барӯйхатгирии аҳолӣ, тадқиқоти иҷтимоӣ ва иқтисоӣ, барӯйхатгирии талафот Барӯйхатгирии аҳолӣ ва тадқиқоти иҷтимоию иқтисодӣ бояд бо истифода аз саволнома барои қайди маълумот дар бораи ишғолкунандагони кунунии қитъаҳои замини ба даст оваранда, мавқеи истифодабарии онҳо (заминистифодабарандаи якумдараҷа ё заминистифодабарандаи дуюмдараҷа), майдони қитъаи замини зарур барои беҳсозиҳои пешниҳодшуда, гузаронида шавад. Мақсади он: (i) баҳодиҳии дараҷаи таъсир ба дороиҳои хусусӣ; ва (ii) баҳодиҳии дараҷаи муҳоҷиркунонии воқеӣ ва/ё иқтисодӣ, аз он ҷумла сатҳи зиндагӣ, барӯйхатгирии дороиҳо, манбаи даромад, сатҳи қарздорӣ, хусусиятҳои аҳли хонавода, солимӣ ва санитария, манфиатҳо ва таъсироти чашмдошти зерлоиҳаҳо ва афзалиятҳои онҳое, ки бояд кӯчонида шаванд. Маълумоти мазкур дар омода намудани нақшаи амал оид ба муҳоҷиркунонии аҳолӣ барои кам кардани таъсири манфӣ мусоидат мекунад. Ҳадафи гузаронидани татдиқоти ибтидоии иҷтимоию иқтисодии шахсони гирифтори таъсири лоиҳа инъикоси хусусиятҳои иҷтимоию иқтисодии онҳо ва муайян намудани параметрҳои мониторинг ва арзёбӣ маҳсуб меёбад. Нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ ҳамчун маълумоти ибтидоӣ барои мониторинги вазъи иҷтимоию иқтисодии шахсони гирифтори таъсири лоиҳа истифода мешаванд. Тадқиқот тамоми ШТЛ-ро фаро мегирад ва инчунин тавассути он маълумот аз рӯи ҷинс тақсимшуда бо мақсади баррасии масъалаҳои гендерӣ ҳангоми муҳоҷиркунонӣ ҷамъ оварда мешавад. Дар доираи тадқиқоти иҷтимоию иқтисодӣ теъдоди зиёди машваратҳо бо гуруҳҳои мухталифи гирифтори таъсири лоиҳа аз ҷумла ҷонибҳои манфиатдор бо мақсади аниқ намудани фикру андешаҳо ва афзалиятҳои онҳо, гузаронида мешаванд. Дар асоси натиҷаҳои машваратҳои мазкур тағйирот ба лоиҳа ва тадбирҳои алоқаманд бо кам кардани таъсир аз рӯи зарурат илова карда мешаванд. Машваратҳо занон ва нигарониҳо ва эътинои онҳоро бахусус нисбати таъсирот ба истифодабарии қитъаи замин, воситаҳои зиндагӣ, пешниҳоди ҷубронпулӣ ва банақшагирии муҳоҷиркунонӣ тавассути тадбирҳои дахлдори кам кардани таъсир мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дар давоми барӯйхатгирии аҳолӣ рӯзи охирин муайян мегардад ва он рӯзи барӯйхатгирии аҳолӣ ва ҳисоби дороиҳои гирифтори таъсири лоиҳа хоҳад буд. Пас аз гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ, дар асоси маълумоти ҷамъовардашудаи таъсирот ва шахсони гирифтори таъсири лоиҳа Нақшаи амал оид ба муҳоҷиркунонӣ таҳия мегардад. 28 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ 5.2 Таҳияи Нақшаҳои амал оид ба муҳоҷиркунонӣ Пас аз барӯйхатгирии иҷтимоиву иқтисодӣ ва муайянсозии тарафҳое, ки таҳти таъсири лоиҳа қарор мегиранд, НАМ таҳия мегардад. НАМ дар машварат бо тарафҳое, ки таҳти таъсири лоиҳа қарор мегиранд, таҳия мегардад. Хусусан машваратҳо дар мавзуи гирифтани ҷуброн, монеаҳо барои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дастёбӣ ба воситаҳои зиндагӣ, усулҳои арзёбӣ, пардохти ҷуброн, кӯмаки имконпазир, ҳавасмандгардонии ШТЛ, механизмҳои баррасии шикоятҳо, аз ҷумла ҷадвали иҷроиш, анҷом дода мешаванд. Дар ҳуҷҷати ниҳоии НАМ шарҳу эродҳои ШТЛ ба инобат гирифта мешаванд. Унсурҳои асосии НАМ дар СЭИ5 инъикос ёфта, дар зер оварда мешаванд. Маълумоти бештар муфассал оид ба таҳияи НАМ дар торнамои Бонки умумиҷаҳонӣ ё дар Маҷмӯи маводҳо оид ба муҳоҷиркунонии иҷборӣ дастрас мебошад.7 Муҳтавои НАМ инчунин дар Замимаи 5 оварда шудааст. Интизор меравад, ки дараҷаи таъсири Лоиҳа ба шахсони алоҳида назаррас нахоҳад буд (яъне муҳоҷиркунонии ШТЛ ё аз даст додани дороиҳои истеҳсолӣ аз эҳтимол дур аст). Интизор меравад, ки шумораи шахсони гирифтори таъсири лоиҳа дар доираи зерлоиҳаи алоҳида камтар аз 200 нафар хоҳад буд. Дар чунин ҳолатҳо, шакли фишурдаи НАМ омода карда мешавад. Агар шумораи шахсони гирифтори таъсири лоиҳа аз 200 нафар зиёд шавад, НАМ дар шакли пурра таҳия мегардад. Бо вуҷуди ин, бо дар назардошти зерлоиҳаҳои дар сатҳи деҳот бо роҳбарии ҷамоаҳо дар доираи лоиҳа татбиқшаванда ягон мудохила ба муҳоҷиркунонии воқеӣ ё иқтисодии 200 ё зиёда нафар оварда намерасонад. Шакли фишурдаи НАМ аз якчанд қисми стандартӣ иборат хоҳад буд: шарҳи таъсири лоиҳа ва арзёбии дороиҳои гирифтори таъсири лоиҳа, шарҳи шахсони гирифтори таъсири лоиҳа ва хусусиятҳои умумии иҷтимоию иқтисодӣ ва демографии онҳо, механизми институтсионалӣ ва тартиботи амалисозӣ, пардохти ҷуброн ва кӯмак ба шахсони гирифтори таъсир; натиҷаҳои машваратҳо, тартиби мониторинг ва арзёбӣ, ҷадвал ва буҷет. Маълумот дар бораи хонаводаҳои гирифтори таъсири лоиҳа ҳамчун қисми муҳимми НАМ ба ҳисоб меравад; аммо, дар асоси эҳтиромгузорӣ ба маҳрамият, маълумоти алоқаманд бо шахсон ва ҳонаводаҳои алоҳида интишор намегардад. Маълумоти дар оғози ҷараёни НАМ ҷамъоварда баъдтар метавонад ҳамчун асос барои боварӣ ҳосил намудан, ки шахсон ва хонаводаҳои гирифтори таъсири лоиҳа метавонанд сатҳи зиндагии худро то сатҳи пеш аз лоиҳа нигоҳ доранд ё беҳтар кунанд, мавриди истифода қарор дода шавад. Дар ҳолатҳое, ки шакли пурраи НАМ зарур аст, он бояд ҳадди ақал аз чунин маълумот иборат бошад: (i) маълумоти барӯйхатгирии аҳолӣ, инчунин маълумоти алоқаманд бо тадқиқоти иҷтимоию иқтисодӣ; (ii) меъёрҳо ва стандартҳои мушаххаси ҷубронпулӣ; (iii) ҳуқуқҳои модии алоқаманд бо ҳама гуна таъсироти иловагӣ, ки дар АСМ мазкур муайян нашудаанд, аммо дар натиҷаи барӯйхатгирӣ ё тадқиқот дар рафти амалисозӣ муайян шудаанд; (iv) барномаҳо оид ба беҳтар намудан ё барқарорсозии воситаҳо ва сатҳи зиндагӣ; (v) ҷадвали амалисозии чорабиниҳои муҳоҷиркунонӣ; (vi) ва сметаи муфассали хароҷот. 5.3 Интишор ва тасдиқи НАМ Қадамҳои зерин бояд пас аз таҳияи НАМ дар шакли пурра/фишурда анҷом дода шаванд: - Лоиҳаи НАМ бояд бо ШТЛ муҳокима гардад ва нусхаи НАМ як ҳафта пеш аз муҳокима ба онҳо пешниҳод мегардад. Дар машваратҳои ҷамъияти ШТЛ, намояндагон МХМ, намояндагони БМИМТ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок кунанд. - Баъди муҳокима, мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳо бояд дар НАМ инъикос гарданд. - Дар НАМ қисми раванди машварат бо ҷадвали мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳо барои дохилкунӣ ва амалисозии онҳо дохил карда мешавад. Маљмўи маводҳо тавассути пайванди зерин дастрас мебошад: 7 http://documents.worldbank.org/curated/en/206671468782373680/pdf/301180v110PAPE1ettlement0sourcebook.pdf. 29 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ - Мутахассисони оид ба чораҳои муҳофизатӣ НАМ-ро ба Ҳамоҳангсози лоиҳа барои тасдиқ пешниҳод мекунад. - Баъди дохил намудани мулоҳизаҳои дар натиҷаи интишори НАМ ба даст оварда ва пас аз тасдиқи он аз ҷониби Ҳамоҳангсози лоиҳа НАМ расман ба БУ барои баррасӣ ва тасдиқи мутобиқат бо СЭИ5 ва дигар қоидаҳо/тартиботи амалкунанда ирсол мегардад. - Баъди тасдиқи қобили қабул будани сифати ҳар як НАМ аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ он дар торнамои БУ ифшо гардида, ҳамчун НАМ ниҳои дар торнамои БМИМТ нашр мешавад ва ба тамоми ҷонибҳои манфиатдор аз нав ирсол мегардад. Маълумоти маҳрамонаи ШТЛ барои омма дастрас намегардад. Дар ҷадвали ҳуқуқ ба ҷубронпулӣ, меъёрҳои ҷубронпулӣ ё пешниҳоди кӯмак ягон тағйирот бе розигии пешакии Бонки умумиҷаҳонӣ ворид карда намешаванд. VI. Меъёрҳо барои интихобшавӣ ва тартибот барои категорияҳои мухталифи шахсони гирифтори таъсири лоиҳа Дар қисми мазкур меъёрҳо барои интихобшавӣ, ки барои муайян намудани шахсоне, ки ба муҳоҷиркунонӣ ва кӯмакпулиҳо ҳуқуқ доранд ва инчунин пешгирии даъвои шахсони ба онҳо ҳуқуқ надошта шарҳ дода мешавад. 6.1 Принсипҳо Гирифтани иҷбории қитъаи замин ба муҳоҷиркунонӣ ё аз даст додани манзил; талафоти амвол ё дастрасӣ ба амвол, ё маҳрумшавӣ аз сарчашмаи даромад ё воситаҳои зиндагӣ, новобаста аз он, ки ШТЛ бояд ба макони нав кӯчад ё на, оварда мерасонад. Бинобар ин, машваратҳои пурмуҳтаво бо ШТЛ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти маҳаллӣ ва роҳбарони ҷамоатҳо барои муқаррар намудани меъёрҳо имкон медиҳанд, то ки тибқи онҳо шахсони кӯчонидашаванда барои гирифтани ҷуброн ва дигар кӯмак дар рафти муҳоҷиркунонӣ ҳуқуқ пайдо кунанд. Таснифи меъёрҳои интихобшавӣ тибқи СЭИ5 Шахсони гирифтори таъсири лоиҳаро метавон ҳамчун шахсони зерин тасниф дод: (a) шахсоне, ки ҳуқуқи расмӣ ба қитъаи замин ё амвол доранд; (b) шахсоне, ки ҳуқуқи расмӣ ва юридикӣ ба қитъаи замин ё амволро надоранд, вале даъво барои қитъаи замин ё амволе доранд, ки тибқи қонунгузории миллӣ эътироф шудааст ё эътирофшаванда аст; ё (c) шахсоне, ки ягон ҳуқуқи юридикии эътирофшуда ва даъво ба қитъаи замин ё амволе, ки онро ишғол, истифода мекунанд, надоранд. Шахсоне, ки ба зербанди (а) ва (b) тааллуқ доранд, ҷуброн барои қитъаи замине, ки онҳо аз даст додаанд, инчунин дигар кӯмак мутобиқи АСМ-и мазкур пешниҳод мегардад. Ба шахсоне, ки ба зербанди (c) боло дохил мешаванд, бар ивази ҷуброн барои заминҳои ишғолкардаашон мусоидат дар кӯчидан, инчунин кӯмаки дигар дар ҳолати зарурӣ барои расидан ба ҳадафҳое, ки АСМ-и мазкур муқаррар кардааст, пешниҳод мегардад, агар онҳо қитъаи заминро то рӯзи охирин, ки лоиҳа дар машваратҳои муштарак бо ШТЛ-и эҳтимолӣ, роҳбарони ҷамоатҳои маҳаллӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллии дахлдор ва қобили қабули БУ муқаррар намудааст, ишғол намуда бошанд. Шахсоне, ки баъд аз рӯзи охирин соҳиби қитъаи замин гаштаанд, ҷуброн ё ҳама гуна кӯмаки дигар дар кӯчидан расонида намешавад. Ҳамаи шахсоне, ки дар зербандҳои (а), (b) ё (с) дарҷ шудаанд, 30 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ бояд ҷуброн барои талафи молу мулк/дороӣ, ба ғайр аз ҷуброни қитъаи замин, пардохт гардад. Ҳамин тариқ, равшан аст, ки тамоми шахсони зери таъсири лоиҳа қарор доранд, новобаста аз мақоми онҳо ё аз он, ки ҳуқуқи расмӣ ё юридикӣ доранд ё не, қитъаи заминро худсарона ё ба ягон таври ғайриқонунӣ ишғол намудаанд, агар то санаи қатъи эътибор қитъаи заминҳоро истифода ва ишғол мекарда бошанд, онҳо ҳуқуқ ба гирифтани кӯмаки муайян доранд. Ҳуқуқи ба кӯмак мутобиқи СЭИ5 Бонки умумиҷаҳонӣ ба шахсоне, ки таҳти таъсири лоиҳа қарор мегиранд низ паҳн мегардад, ҳатто агар муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон гирифтани муваққатӣ ё доимии қитъаҳои замини хусусие, ки дар наздикии роҳҳои мавҷудаи истифодаи умумӣ қарор доранд, бидуни пардохти ҷуброн пешбинӣ менамояд. 6.2 Меъёрҳо барои интихобшавӣ ва ҷубронпулиҳо АСМ меъёрҳо барои интихоб ва тартиби ҷуброни ҳама намуди талафот (қитъаи замин, зироатҳои кишварзӣ/дарахт, иншоот, фаъолияти соҳибкорӣ/шуғл ва рӯзҳои корӣ/музди меҳнат)-ро муайян менамояд. Тамоми ШТЛ, аз ҷумла шахсони бидуни ҳуқуқ ба истифодабарии қитъаи замин ва иқоматкунандагони ғайрирасмӣ барои талафи амвол ҷуброн мегарданд (барои зироатҳои кишоварзӣ, иншоот, дарахт ва ё талафи тиҷорат) ва кӯмаки зерин ба онҳо пешниҳод мешавад: (i) ҷуброн (мутобиқи талабот, он бояд ба арзиши барқароркунӣ баробар бошад), ва/ё (ii) қитъаи замине, ки бар иваз пешниҳод мешавад, сохтмон, ниҳолҳо, мусоидати дигар барои муҳоҷиркунонӣ, ба монанди кӯмакпулӣ барои кӯчидан, кӯмак барои барқарор кардани иншоот, ҷуброн барои талафи рӯзҳои корӣ/даромад. Меъёрҳо барои интихобшавӣ ба шумулияти ШТЛ ба яке аз се гурўҳ асос ёфтаанд: (а) шахсоне, ки ҳуқуқи истифодабарӣ ё ҳуқуқҳои расмии юридикӣ ба қитъаи замин доранд; (b) шахсоне, ки ҳангоми оғози барӯйхатгирии талафот (БТ)/таҳқиқоти арзёбии муфассал (ТАМ) ё барӯйхатгирии аҳолӣ ҳуқуқҳои қонунии расмӣ ба қитъаи замин надоранд, вале даъвои ҳуқуқ ба қитъаи замин ё амвол доранд, ба шарте, ки чунин даъвоҳо бо қонунгузории кишвар эътироф гардад ё тариқи раванди дар НАМ 8 дарҷгардида эътироф карда шавад, ва (с) шахсоне, ки ҳуқуқҳои юридикӣ ё даъво барои замин, ки онро ишғол мекунанд, надоранд (истифодабарандаҳои ғайриқонунӣ ё иқоматкунандагони ғайрирасмӣ). Ба ШТЛ, ки дар доираи лоиҳа барои гирифтани ҷуброн ҳуқуқ доранд, инҳо дохил мешаванд:  Шахсоне, ки иншооти онҳо қисман ё пурра, муваққатан ё доимӣ таҳти таъсири Лоиҳа қарор мегирад;  Шахсоне, ки биноҳои истиқоматӣ ва тиҷоратиашон ё қитъаҳои замини кишоварзи(ё дигар қитъаҳои замини ҳосилхез)-ашон қисман ё пурра, муваққатан ё доимӣ таҳти таъсири Лоиҳа қарор мегирад  Шахсоне, ки фаъолияти соҳибкориашон қисман ё пурра, муваққатан ё доимӣ таҳти таъсири Лоиҳаи қарор мегирад;  Шахсоне, ки шартномаи меҳнат, меҳнати кироя ё шартномаи тақсими зироаташон қисман ё пурра, муваққатан ё доимӣ таҳти таъсири Лоиҳаи қарор мегирад;  Шахсоне, ки зироатҳои кишоварзи(яксола ва бисёрсола)-ашон ва ё дарахтонашон қисман ё пурра таҳти таъсири Лоиҳаи қарор мегирад;  Шахсоне, ки дастрасиашон ба захираҳо ва амволи ҷамъиятӣ қисман ё пурра таҳти таъсири Лоиҳаи қарор мегирад. 8 Ин шахсонеро, ки то ҳол ба қайд гирифта нашудаанд ва ҳамчун истифодабарандагони «қонунишаванда» арзёбї мегарданд, дар бар мегирад (он ҳамчун шакли истифодабарии замин дар БТ муайян мегардад). Онҳо ба гирифтани љуброн ҳамчун заминистифодабарандагони қонунї/дорандаи ҳуқуқ ҳуқуқ хоҳанд дошт. Дар НАК-ҳои омодашуда мусоидати бардавоми раванди бақайдгирї ҳамчун љузъи ѓорабиниҳои барақароркунии воситаҳои зиндагї/некї аҳволї дар доираи раванди кўчонидан пешбинї мегардад. 31 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ Дар ҳолати гирифтани қитъаҳои замин, ба ШТЛ-и дорои ҳуқуқи заминистифодабарӣ ё ШТЛ-е, ки дар ҷараёни қонунигардонӣ қарор доранд, ҷуброн барои қитъаи замини гирифташуда дар доираи Лоиҳа бо арзиши барқароркунӣ пешниҳод мешавад. Ин иқдом дар шакли пардохти пули нақд бо арзиши барқароркунӣ ё пешниҳоди қитъаи замин бар ивази қитъаи замин дар якҷоягӣ бо иқтидори ҳосилхезӣ, бартарияти ҷойгиршавӣ ва дигар омилҳое, ки ҳадди ақал бо бартариятҳои қитъаи замине, ки гирифта шудааст бо мақсади қонеъ намудани талаботи ШТЛ (масоҳат ва ё арзиши ҳосилхезии қитъаи ҳамто ва қонеъкунандаи талаботи ШТЛ) анҷом меёбад. ШТЛ-е, ки ҳуқуқи заминистифодабарӣ надоранд, барои ҷуброни қитъаи замин ҳуқуқ надоранд, вале ба онҳо ҷуброн барои молу мулк/дороии дар он қитъаи замин воқеъбуда, инчунин дигар кӯмаки лозима бар ивази ҷуброн барои қитъаи замин пардохт мегардад. Ба хонаводаҳое, ки аз тарафи занҳои танҳо идора мешаванд ва шахсони вобаста доранд, инчунин дигар хонаводагиҳои осебпазир, бо мақсади пурра кам кардани таъсири лоиҳа, ҳуқуқи минбаъд ҳам гирифтани кӯмак дода мешавад. Дар ҷадвали зерин Матритсаи пардохти ҷуброн, ки дар асоси талафоти имконпазирасос ёфтааст, пешниҳод мегардад. Ҳуқуқ барои ҷуброн, ки дар доираи ҳар як зерлоиҳа муқаррар мегардад, бо санаи қатъи эътибор маҳдуд карда мешавад ва ШТЛ-е, ки дар минтақаи таъсири лоиҳа баъд аз санаи қатъи эътибор ҷойгир мешаванд, ба ҷуброн ҳуқуқ нахоҳанд дошт. Аммо онҳо оид ба зарурати тарк намудани биноҳо ва таҷзияи иншооте, ки таҳти таъсири лоиҳа қарор мегиранд, то оғози татбиқи лоиҳа пешакӣ огоҳонида мешаванд. Иншооти таҷзияшудаи онҳо мусодира намешавад ва онҳо ягон ҷарима пардохт намекунанд ва таҳти таҳрим қарор намегиранд. Масъалаи муҳоҷиркунонии иҷборӣ танҳо пас аз харҷи тамоми саъю кӯшишҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. 6.3 Матритсаи пардохти ҷуброн: ШТЛ-и дорои ҳуқуқ ба ҷуброн, дороиҳо ва тавсияҳо оид ба пардохти ҷуброн Дороии Таъсири лоиҳа Намуди ШТЛ зери таъсир Тавсияҳо оид ба ҷуброн қарордошта Доимӣ ба даст Заминистифодабарандаи Қитъаи замин Қитъаи замини бар ивази он овардани қитъаҳои якумдараҷа пешниҳодшаванда бояд дорои арзиши замин барои иҷрои баробар аз лиҳози арзиши бозорӣ дар корҳои алоқаманд масофаи то 3 км ҷойгир бошад. Дар бо сохтмони сурати мавҷуд набудани чунин қитъаи иншооти замин, ҷуброн дар шакли пули нақд дар инфрасохтори хурд асоси арзиши бозорӣ пардохт карда (мактаб, хатти об, мешавад. Агар 10% қитъаи замин зеристгоҳҳои барқӣ гирифта шавад, 5% арзиши барқароркунӣ ва ғ.) ҳамчун кӯмакпулӣ барои расонидани талафоти назаррас иловатан пардохт мешавад (ва дар сурати хариди 20% қитъаи замин он ба 10% афзоиш меёбад). Агар қитъаи замини боқимонда аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар набошад, тамоми қитъаи замин харида/ҷуброн мешавад 32 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ Муваққатан ба даст Заминистифодабарандаи Қитъаи замин Арзиши тахминии иҷора тибқи нархҳои овардани қитъаҳои якумдараҷа бозорӣ ва барқарор намудани қитъаи замин барои иҷрои замин ва ҳамаи молу мулк то ба ҳолати корҳо ё сохтмон. қаблӣ. Дар ҳолати аз даст додани даромад, кӯмакпулӣ барои барқароршавӣ дар асоси музди меҳнати ҳадди ақал барои ҳар як ҳафта (7 рўз)-и талафот дар асоси ҳисоби муттаносиб. Муваққатан ба даст Истифодабаранда/ишғол- Қитъаи замин Барқароркунӣ, иваз ё ҷуброни тамоми овардани қитъаҳои кунандаи бе шаҳодатнома амволи осебдида ё бароварда. Дар ҳолати замин барои иҷрои аз даст додани даромад, кӯмакпулӣ барои корҳо ё сохтмон барқароршавӣ дар асоси музди меҳнати ҳадди ақал барои ҳар як ҳафта (7 рўз)-и талафот дар асоси ҳисоби муттаносиб. Доимӣ ба даст Иҷорагирандаи замин ё Қитъаи замин Илова бар ҷуброни истифодабарандаи овардани қитъаҳои чоряккор қитъаи замин. Пардохти нархи иҷора замин барои иҷрои барои муҳлати боқимондаи шартнома, корҳои алоқаманд бар замми ин фоидаи семоҳаи иҷора ё бо сохтмони фоидаи 3 моҳа аз маҳсулоти чоряккорӣ иншооти бо нархи бозорӣ ҳамчун кӯмакпулӣ барои инфрасохтори хурд. барқароршавӣ пардохта мешавад. Доимӣ ба даст Истифодабаранда/ишғол- Қитъаи замин Ҷуброни баробар бо фоидаи 3 моҳа аз овардани қитъаҳои кунандаи бе шаҳодатнома маҳсулоти чоряккорӣ бо нархи бозорӣ замин барои иҷрои ҳамчун кӯмакпулӣ барои барқароршавӣ. корҳои алоқаманд бо сохтмони иншооти инфрасохтори хурд. Доимӣ ба даст Заминистифодабарандаи Зироат Илова бар ҷуброни қитъаи замин, иҷозат овардани қитъаҳои якумдараҷа барои гирифтани ҷуброни фоидаи ду замин барои иҷрои мавсим ё ҳосили солонаи зироат вобаста корҳои алоқаманд аз зироат. бо сохтмони иншооти инфрасохтори хурд. Доимӣ ба даст Деҳқони иҷорагиранда, Зироат Илова бар ҷуброни қитъаи замин, иҷозат овардани қитъаҳои чоряккор, барои гирифтани ҷуброни фоидаи ду замин барои иҷрои истифодабарандаи мавсим ё ҳосили солонаи зироат вобаста корҳои алоқаманд ғайрирасмӣ/ ишғолкарда аз зироат. бо сохтмони иншооти инфрасохтори хурд. 33 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ Доимӣ ба даст Истифодабарандаи Соҳибкорӣ Бар замми ҷуброн барои қитъаи замин ба овардани қитъаҳои қитъаи замин истифодабаранда даромади дар муддати замин барои иҷрои гузариш аз дастдодааш ба ҳисоби миёнаи корҳои алоқаманд даромади шабонарўзӣ/моҳона пардохт бо сохтмони карда мешавад. Баъд аз он пардохти иншооти иловагии баробар бо даромади семоҳа бо инфрасохтори хурд. мақсади аз нав ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷои нав пешниҳод мешавад. Доимӣ ба даст Иҷорагиранда Соҳибкорӣ Ба иҷорагиранда маблағи муҳлати иҷораи овардани қитъаҳои боқимонда аз рӯи шартнома пардохт замин барои иҷрои карда мешавад. Баъд аз он пардохти корҳои алоқаманд иловагии баробар бо даромади семоҳа бо бо сохтмони мақсади аз нав ба роҳ мондани иншооти фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷои нав инфрасохтори хурд. пешниҳод мешавад. Муваққатан ба даст Истифодабарандаи Соҳибкорӣ Арзиши иҷораи қитъаи замин тибқи овардани қитаи қитъаи замин нархҳои бозорӣ ва то ба ҳолати қаблӣ замин барои корҳо ё барқарор намудани тамоми молу мулк. сохтмон. Илова бар ин, ба истифодабарандаи қитъаи замин даромади дар муддати гузариш аз дастдодааш ба ҳисоби миёнаи даромади шабонарўзӣ/моҳона пардохт карда мешавад. Муваққатан ба даст Иҷорагиранда Соҳибкорӣ Илова бар пардохти иҷора дар муддати овардани қитаи гузариш, ба иҷорагиранда даромади дар замин барои корҳо ё муддати гузариш аз дастдодааш ба сохтмон. ҳисоби миёнаи даромади шабонарӯзӣ/моҳона пардохт карда мешавад. Истифодаи Истифодабаранда Чарогоҳҳо Чаронидани чорво метавонад идома дода моликияти шавад ва таъсир ба чарогоҳҳо пешбинӣ ҷамъиятӣ, ба намешавад. монанди чаронидани чорво Нобудсозии дарахти Соҳиби дарахт Дарахти Ҷамъоварии ҳосил иҷозат дода мешавад. мевадиҳанда мевадиҳанда Арзиши ниҳол ва хароҷоти алоқаманд (баркамол) (нуриҳои минералӣ, об, меҳнат) ва ҷуброн дар шакли пули нақд барои арзиши ҳосили дарахти баркамол бо зарби солҳое, ки барои бар камол расидани ниҳол зарур аст, пардохт карда мешавад. Соҳиби дарахтҳои Соҳиби дарахт Дарахтҳои Арзиши ниҳол ва ҷуброн мутобиқи нархи тиҷоратӣ тиҷоратӣ бозории дарахти тиҷоратӣ. Ҳама гуна хароҷоти вобаста ба шинондани дарахтҳо дар ҷои нав пардохт карда мешаванд. 34 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ Доимӣ ба даст Соҳибмулки иншоот Ҳама гуна Ивази иншоот ё ҷуброн бо пули нақд овардани иншооти бино, аз тибқи арзиши барқароркунии иншооти қонунӣ. ҷумла хона, нав, бар замми ин, ҷуброни пурраи панҷарадевор хароҷот барои ба расмият даровардани ва ё иншооти иншооти нав пардохт карда мешавад. санитарӣ ва ғ. Ҷуброни пурра барои бино/иншооти гирифтори таъсири лоиҳа. Доимӣ ба даст Соҳибмулки иншоот Ҳама гуна Ивази иншоот ё ҷуброн бо пули нақд овардани иншооти бино, аз тибқи арзиши барқароркунӣ. Ҷуброни ғайриқонунӣ ҷумла хона, пурра барои бино/иншооти гирифтори панҷарадевор таъсири лоиҳа. ва ё иншооти санитарӣ ва ғ. Муваққатан ба даст Соҳибмулки иншоот Ҳама гуна Иншоот ба ҳолати қаблӣ барқарор карда овардани иншооти бино, аз шавад. Агар ин боиси нороҳатӣ гардад, қонунӣ ҷумла хона, бунёди иншооти муваққатӣ барои панҷарадевор хизмати шахси таҳти таъсир ва ё иншооти қароргирифта. санитарӣ ва ғ. Муваққатан ба даст Соҳибмулки иншоот Ҳама гуна Иншоот ба ҳолати қаблӣ барқарор карда овардани иншооти бино, аз шавад ва алтернативаҳо барои ба ғайриқонунӣ ҷумла хона, расмиятдарории иншоот пешниҳод карда панҷарадевор шаванд. Агар ин боиси нороҳатӣ гардад, ва ё иншооти бунёди иншооти муваққатӣ барои санитарӣ ва ғ. хизмати шахси таҳти таъсир қароргирифта. Қишри осебпазири Категорияи мазкур дар Илова бар ҷуброн барои молу мулки аз аҳолӣ асоси тадқиқоти даст дода, вобаста аз дараҷаи таъсир, иҷтимоию иқтисодӣ ва маблағи яквақтаи баробар бо 3 моҳи меъёрҳои таҳияшуда ба маоши миёна метавонад пардохт гардад. монанди сатҳи даромад, Муайян намудан ва ҷуброни ҳама гуна маъюбӣ, ҳаҷми хонавода таъсироти иловагӣ, масалан, ҳангоми ва ғ., муайян мегардад. кӯчидан дастгирӣ дар таъмини нақлиёт Ба аҳолии осебпазир ва кӯмак дар барқарорсозии воситаҳои маъюбон, нафақахӯрон, зиндагӣ метавонад зарур бошад. бевазанон, хонаводаҳои сарваронашон занон ва хонаводаҳои камбизоат дохил мешаванд ва танҳо агар лоиҳа онҳоро ҳамчун шахсони осебпазир арзёбӣ намояд. Дар ҳеҷ яке аз ин ҳолатҳо ШТЛ барои пардохти ҳама гуна андоз ва хароҷоти эҳтимолии амалиётӣ уҳдадор нахоҳад буд; онҳо аз ҷониби ташкилоти татбиқкунандаи лоиҳа аз ҳисоби буҷети муҳоҷиркунонӣ, ки Ҳукумати Тоҷикистон саҳмгузорӣ он хоҳад буд, пардохт карда мешаванд. Ғайр аз ин, маблағ барои пардохти ҳаққи хизматрасонии бонкҳо ба маблағи ҷубронпулӣ, ки ШТЛ онҳоро дар бонкҳо мегиранд, илова карда мешавад. 35 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ 6.4 Эҳдои ихтиёрии қитъаи замин Дар мавриди қитъаҳои хурди замин, ки барои фаъолияти зерлоиҳа заруранд, лоиҳа метавонад барои эҳдои қитъаҳои замин ба ҷамоа барои кӯмак муроҷиат кунад. Бо вуҷуди ин, аъзои ҷамоа ҳуқуқ доранд қитъаҳои замини худ ё дигар амволро бе дархост ё гирифтани ҷуброн аз рӯи арзиши пурраи барқароркунӣ ҳиссагузорӣ намоянд. Ҳиссагузории ихтиёрӣ амалест огоҳона бо розигии тарафии саҳмгузор. Мақомоти маҳаллӣ бояд бовари ҳосил намоянд, ки шахсони гирифтори таъсири лоиҳа бо огоҳии пурра ва пешакии мавҷуд будани дигар вариантҳо (аз он ҷумла ҷуброн аз рӯи арзиши пурраи барқароркунӣ) бо ихтиёри худ бе ягон маҷбуркунӣ ҳиссагузорӣ мекунанд. Ғайр аз ин, ҳиссагузории ихтиёрӣ танҳо дар он сурат иҷозат дода мешаванд агар шахсони гирифтори таъсири лоиҳа баҳрабарандагони бевоситаи сармоягузориҳое бошанд, ки боиси чунин таъсир мегарданд. Пешниҳодҳое, ки ҳиссагузориҳои ихтиёриро дар бар мегиранд, агар онҳо ба даромад ё сатҳи зиндагии соҳибмулк ё истифодабарандаи алоҳида зарари назаррас расонанд, барои тасдиқ пешниҳод намегарданд (ҳаҷми қитъаи замини ихтиёран пешниҳодшаванда набояд аз 5% майдони умумии қитъаи замини ин шахс бештар бошад). Бахусус, протоколи зерин ҳиссагузориҳои ихтиёриро дар доираи лоиҳа танзим мекунад:  Ҳиссагузории ихтиёрӣ ин як амали розигии огоҳона мебошад ва шахсони гирифтори таъсири лоиҳа қитъаи замин ё дигар амволи худро таҳти фишор ё маҷбурӣ эҳдо намекунанд ва ҳеҷ кас онҳоро боварӣ намекунонад, ки новобаста аз мақоми ҳуқуқии ишғоли қитъаи замин онҳо бояд ин амалро анҷом диҳанд.  Бегона намудани қитъаи замин набояд боиси муҳоҷиркунонии воқеӣ ё иқтисодӣ гардад.  Таъсирот бояд ночиз бошанд, хонаводаҳое, ки қитъаи замин ё дигар дороиҳоро пешниҳод мекунанд баҳрабарандагони бевоситаи зерлоиҳа мебошанд; таъсир камтар аз 5% дороиҳои истеҳсолии мутааллиқ ба хонаводаи мазкурро ташкил медиҳад.  Ба иншооте, ки қитъаи замин зарур аст набояд аз майдони мушаххас вобаста бошанд.  Қитъаи замини баррасишаванда аз истифодабарандагони ғайриқонунӣ, ишғолкунандагон ё дигар даъво ва уҳдадориҳо бояд озод бошад.  Қитъаи замин бояд аз ҷониби Кумитаи маҳалла ва на аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятӣ ё БМИМТ ё дигар идораҳои соҳавӣ ё мақомоти лоиҳа, муайян гардад. Бо вуҷуди ин, мақомоти техникии лоиҳа бояд боварӣ ҳосил намоянд, ки қитъаи замин барои ҳадафҳои зерлоиҳа мувофиқ аст ва зерлоиҳа ягон таъсири манфӣ барои саломатӣ ё муҳити атроф нахоҳад дошт.  БМИМТ ихтиёрмандиро тавассути имзои шахси мансабдори дорои мақоми нисбатан баланд тасдиқ менамояд. Вобаста ба ин БМИМТ тартибро таҳия намуда барои тасдиқ ба Бонк пешниҳод мекунад.  Тасдиқи хусусияти ихтиёрии ҳиссагузориии қитъаҳои замин бояд аз ҳар як шахс/хонаводаи эҳдокунандаи қитъаи замин ба даст оварда шавад. Он бояд дар шакли изҳорот имзокарда бошад.  БМИМТ/ТҶ бо мақсади таҳияи механизмҳои ибрози миннатдорӣ барои он хонаводаҳое, ки қитъаҳои заминро эҳдо мекунанд, сатҳи огаҳии ҷамоаро баланд мебардорад. Ин дар изҳорот инъикос мегардад.  Дар дигар шароитҳои баробар ҳиссагузории қитъаи замин аз ҷониби пиронсолон қабул карда мешаванд. Ба аҳолии гирифтори таъсири лоиҳа маълумоти пурра дар бораи он, ки онҳо ҳуқуқ доранд аз ҳиссагузории қитъаи замин ё дигар амволи хусусӣ даст кашанд ва ба ҷои он ҷубронро аз рӯи арзиши барқароркунӣ ба даст оваранд, ва имконияти истифода бурдани механизми баррасии шикоятҳо барои ибрози норозигии худ аз ҳиссагузорӣ, пешниҳод мегардад. Ғайр аз ин, агар аҳолӣ ягон савол ё дархост дошта бошанд ба он истифодаи механизми баррасии шикоят дар шакли хаттӣ ё шифоҳӣ тавсия карда мешавад. 36 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ 6.5 Усулҳои муайянкунии санаҳои қатъи эътибор Пас аз анҷом додани таҳияи нақшаи фаъолият ва расмиёти ҳуқуқӣ, НАМ барои чунин фаъолият омода мегардад. Дар доираи НАМ барӯйхатгирии аҳолӣ барои муайян кардани тамоми ШТЛ ва сатҳи дахлдори таъсир гузаронида мешавад. Санаи оғози барӯйхатгирии аҳолӣ ин рӯзи охирин барои интихобшавӣ барои муҳоҷиркунонӣ ва пардохти ҷуброн ба ҳисоб меравад. Аз ин сабаб, хеле муҳим аст, ки маълумот оид ба санаи қатъи эътибор пешакӣ ба таваҷҷуҳи тамоми ШТЛ-и эҳтимолӣ, ки дар минтақаҳои гирифтори таъсири лоиҳа зиндагӣ мекунанд, тавассути воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ва марказӣ расонида шавад, то ки онҳо барои таъмин кардани дастрасии худ барои барӯйхатгирӣ вақти кифоя дошта бошанд. Ин иттилоот тавассути БМИМТ ва мутобиқи тартиби машваратдиҳӣ, ки дар ҳуҷҷати мазкур баён шудааст, расонида мешавад. ШТЛ-и эҳтимолӣ тавассути огоҳиномаи расмӣ, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ва миллӣ дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ дар ҳузури пешвоёни ҷамоа ва ё намояндагони онҳо, огоҳ карда мешаванд. VII. Усулҳои арзёбии амволи гирифтори таъсири лоиҳа Дар ин қисм принсипҳои роҳбарикунанда барои муайян кардани арзиши амволи гирифтори таъсир баён шудаанд. 7.1 Шаклҳои пардохти ҷуброн Ҷуброни истифодаи қитъаи замин ва амвол/дороиҳо дар шакли натуралӣ ё нақд, тавре Матритсаи пардохти ҷуброн матраҳ шудааст, барои амвол/дороии зерин лозим мешавад:  Қитъаи замин;  Биноҳои истиқоматӣ, иншоот ва қисмҳои ҷудонопазири амволи ғайриманқул;  Зироатҳои кишоварзӣ (ҳам зироатҳои истеҳсолӣ ва ҳам зироатҳои хӯрокворӣ) ва дарахтҳо;  Биноҳои тиҷоратӣ ба монанди мағозаву тарабхонаҳо. Илова бар ин, кӯмакпулӣ барои барқароршавӣ, нигоҳдории мол, барқарорсозии хизматрасониҳои аз даст дода ва дигар намуди кӯмак расонида мешавад, ки ин ҳама дар Матритсаи пардохти ҷуброн матраҳ гаштааст. Аммо ин ҳама танҳо барои раҳнамоӣ истифода мешавад ва муҳим аст, ки ҳангоми таҳияи НАМ муфассал арзишҳои ҷории бозорӣ ва арзиши барқароркунӣ ба хотири муайян намудани арзиши воқеии ҷуброн истифода бурда шаванд. Ҳама маблағҳои нақдии пулӣ бо мақсади инъикоси дигаргуниҳои иқтисодӣ ва иқтидори харидории асъор аз замони омодасозии АСМ, мавриди тасҳеҳ қарор дода мешаванд. БМИМТ маблағи ҷубронро, ки дар НАМ тавсия мешавад, ҳисоб менамояд ва пайгирӣ мекунад, то ки он воқеияти бозориро инъикос намуда, бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат кунад ва ба талаботи СЭИ5 Бонки умумиҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад. 7.2 Омода намудани барӯйхатгирии дороиҳо Ҳангоми таҳқиқот, ба ҳар як дороие, ки дар феҳрист ҷой карда мешавад, рақамгузорӣ ва тавсифи он дода мешавад, инчунин бо истифода аз принсип ва тавсияҳои АСМ, баҳодиҳии он дороӣ сурат мегирад. Рӯйхати умумии дороие, ки таҳти таъсир қарор мегирад, инчунин арзиши муқарраршудаи он дороӣ, аз ҷумла ҳар гуна чораҳои ҷубронсупорӣ, дар дафтари бақайдгирӣ сабт мегардад ва барои ҳамоҳангӣ ба ШТЛ нишон дода мешавад. Ба дафтари бақайдгирӣ имзо гузошта шуда, нусхаи он дар ҷояш ба шахси таҳти таъсири лоиҳа қарордошта супорида мешавад. Дар он ҳуҷҷат замони огоҳонидани шахси таҳти таъсири лоиҳа қарордошта нишон дода мешавад, инчунин қайд мегардад, ки барӯйхатгирӣ то он замоне, ки дуюм нусхаи имзошудаи он аз ҷониби 37 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ кормандони назоратии лоиҳа ба тасвиб расида, ба шахси таҳти таъсири лоиҳа қарордошта баргардонида нашавад, эътибори расмӣ пайдо намекунад. Пас аз он, тавре ки механизми баррасии шикоятҳо муқаррар намудааст, нусхаи ҳуҷҷати тартиби баррасии шикоятҳо ба шахси таҳти таъсири лоиҳа қарордошта дода мешавад. 7.3 Усули арзёбӣ 7.3.1. Ҷуброни қитъаи замин Дар сурати доимӣ ба даст овардани қитъаи замине, ки ҳаққи истифодабарии он собит шудааст, варианти аввал ин пешниҳоди дигар қитъаи замин бар ивази он мебошад. Дар сурате, ки дар масофаи муносиб қитъаи замини алтернативӣ, ба хотири кам кардани таъсири манфӣ ба дигар ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, вуҷуд надошта бошад, ҷубронпулӣ бояд дар шакли арзиши пурраи барқароркунӣ таъмин карда шавад. Ин маблағ бар асоси арзиши афзалиятдоштаи бозории маҳаллӣ ҷиҳати ба даст овардани қитъаи замини дорои маҳсулнокии ҳамсон дар ҳамон минтақа, ҳисоб карда мешавад. Илова бар ин, маблағи ҷуброн бояд хароҷоти вобаста ба хариди замин, яъне андоз, пардохтҳои бақайдгириро низ ба эътибор гирад. Илова бар ин, ШТЛ барои ҳар гуна беҳсозии доимие, ки дар он қитъаи замин анҷом дода шудааст (масалан иншооти обёрикунонӣ) ҷуброн мегардад. Маблағи ҷуброн дар асоси арзиши беҳсозиҳои доимӣ аз рӯи нархҳои афзалиятдоштаи бозории маҳаллӣ барои ҳаққи меҳнат, таҷҳизот ва мавод ҳисоб карда мешавад. Агар танҳо қитъаи хурде аз он замине, ки ба ШТЛ тааллуқ дорад дар доираи лоиҳа истифода гардад (дар асоси мулоқот бо намояндагони расмии Ҳукумат дар ш. Душанбе гузаронида шуда, эҳтимол меравад, ки чунин ҳолат дар бештари мавридҳо бо истифодабарандагони қитъаҳои замин сурат мегирад) ва қисми боқимондаи замин корношоям шавад, ҷуброн барои тамоми қитъаи замини таҳти таъсир қароргирифта (яъне қитъаи замине, ки ҳангоми татбиқи лоиҳа истифода мешавад бар замми замини аз истифода монда) ҳисоб карда мешавад. Дар сурати истифодаи муваққатии қитъаи замин, барои зироате, ки ҳамон вақт дар он замин парвариш карда мешавад, ҷуброн аз рӯи арзиши пурраи бозорӣ, ё аз рӯи нархгузории давлатӣ, кадомаш ки баландтар бошад, пешниҳод мегардад. Ин ҷуброн ба зироаткори воқеӣ, на ба истифодабарандаи қитъаи замин, дар сурате, ки зироаткор истифодабарандаи қитъаи замин набошад (масалан иҷоракор ё чоряккор бошад) пардохт карда мешавад. Ҳамин тариқ, дар шартномаи иҷораи қитъаи замин ҷиҳати чоряккорӣ ислоҳот ворид карда намешавад. Ба ғайр аз пардохти арзиши зироат, лоиҳа барқарор намудани қитъаи заминро ба ҳолати аввалааш то он ҳадди аслие, ки барои истифодаи қаблӣ мувофиқ бошад, таъмин менамояд. 7.3.2 Ҳисоби меъёри ҷуброн барои зироатҳо ва дарахтҳои мевадиҳанда Нархи ҷории зироатҳо бо назардошти нархгузорие, ки Ҳукумат тавсия додааст ва нархи баландтарини бозорӣ, ҳар кадомаш ки баландтар бошад, муайян карда мешавад. Дар ҳолатҳои иҷораи қитъаи замин, арзиши тахминии зироат барои 2 мавсим ё 1 сол, ҳар кадомаш, ки баландтар бошад, ҷуброн карда мешавад. Дар ҳолатҳое, ки муомила бо истифодабарандаи қитъаи замин сурат мегирад, ба ӯ ба ғайр аз қитъаи замини алтернативӣ ё ҷубронпулӣ, арзиши тахминии зироат барои 2 мавсим ё 1 сол, ҳар кадомаш, ки баландтар бошад, ҷуброн карда мешавад. Зироати истифодашаванда гуфта, он зироатҳоеро ба назар мегиранд, ки дар ҳоли ҳозир парвариш карда мешаванд ё вақтҳои охир дар он қитъаи замин киштукор карда мешуданд. Илова бар ин, ҷамъоварии ҳосил пеш аз даст додани қитъаи замин ба ШТЛ пешниҳод карда мешавад. Барои таъмини имконпазирии ин ҳолат ва кафолати гирифтани арзиши ҳосил бо нархи муносиби бозорӣ, 38 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ гузаронидани машваратҳои ҳамаҷонибаи пешакӣ зарур аст, то ки ҷамъоварии ҳосил ба таври муносиб ба нақша гирифта шавад. Арзиши меҳнате, ки барои омодакунии қитъаи замини кишоварзӣ анҷом дода мешавад, аз рӯи маоши миёна дар он маҳал барои ҳамин муддати вақт ҷуброн карда мешавад. Меъёри барои ҷуброни қитъаи замин истифодашуда бояд ҳангоми пардохти ҷуброн меъёрҳои ҷориро инъикос намояд. Ҷуброни дарахтҳои мевадиҳанда ба соҳиби онҳо дар асоси нархи ивази ниҳоли ҳамон навъи дарахт, инчунин арзиши солонаи меваҳое, ки он ниҳол медиҳад, зарби шумораи солҳое, ки барои камол ёфтани он ниҳол лозим мешавад, бо истифода аз нархҳои Ҳукумат ё нархҳои баландтарини бозор, кадомаш ки баландтар бошад, пардохт карда мешавад. 7.3.3. Ҷуброн барои иншоот Варианти муносиб ин таъмини иншооти алтернативӣ (ҳоҷатхонаҳо, иншоот барои нигоҳдорӣ, панҷарадеворҳо ва ғ.) аз рӯи имконият дорои сифати ҳадди ақал баробар ё беҳтар аз он, мебошад. Варианти дуюм ин пешниҳоди ҷубронпулӣ аз рӯи рзиши барқароркунии он мебошад. Арзиши барқароркунӣ бар омилҳои зерин асос меёбад:  Андозагирии иншоот ва муайянкунии маводи истифодашуда;  Арзиши миёнаи барқарорсозии иншоотҳои гуногуни хоҷагидорӣ;  Иншоот бар асоси ҷамъоварии маълумот оид ба шумора ва навъҳои масолеҳ барои сохтмони иншооти гуногун истифодашаванда (яъне симчӯб, хишт, болор, бандҳои коҳ, тунукаи чиндор, дарҳо ва ғ.).  Нархи ин маводи сохтмонӣ, ки дар бозорҳои гуногуни маҳаллӣ муқаррар гаштааст;  Хароҷоти интиқоли ин мавод ба макони қитъаи замини истифодашаванда/ивазшаванда ё ки майдони сохтмон;  Ҳисоби хароҷоти сохтмони биноҳои нав, бо назардошти меҳнати сарфшаванда;  Ҷуброн барои он иншооте, ки (i) бинобар ба дигар ҷой гузаштан ё кӯчидани шахси алоҳида ё хонаводагӣ, тарк карда шудааст; ё (ii) дар натиҷаи татбиқи зерлоиҳа бевосита зарар дидаанд. 7.3.4. Ҷуброн барои дороиҳои ҷамъиятӣ Барои дороиҳои ҷамъиятие, ки дар натиҷаи тадқиқоти иҷтимоиву иқтисодӣ муайян карда мешавад, ҷуброни он таъмин мегардад. Дар ҳама ҳолат ҷуброн дар шакли натуралӣ таъмин мегардад ва ҳатто дар сурати вуҷуд доштани чунин иншоот дар макони нав иншооти истеҳсолии нав таъмин карда мешаванд. 7.3.5. Ҷуброн барои маконҳои муқаддас Сиёсати мазкур истифодаи қитъаи замине, ки ҳамчун моликияти дорои арзиши фарҳангӣ мутобиқи Стандарти экологӣ ва иҷтимоии 8 Бонки умумиҷаҳонӣ эътироф шудааст, иҷозат намедиҳад. Маконҳои муқаддас ва ҷойҳои ёдгории қШТЛи ом маконҳои зеринро дарбар мегиранд, аммо бо ин ҷойҳо маҳдуд карда намешаванд: осорхонаҳо, меҳробҳо, марказҳои унвондиҳӣ, ҷойҳои маросимгузаронӣ, мақбараву қабристонҳо. Ба ин номгӯй чунин ҷойҳо/иншооте, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла қонуни маъмулӣ), анъанаҳо, урфу одат ва фарҳанг муқаддас маҳсуб меёбанд, дохил мешаванд. Барои пешгирии ҳама гуна низои эҳтимолӣ байни 39 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ шахсони алоҳида ва/ё ҷамоаҳо, дар доираи лоиҳаи мазкур истифодаи ҷойҳои муқаддас барои иҷрои фаъолияти лоиҳавӣ иҷозат дода намешавад. Бандҳои алоҳида инчунин дар шартномаҳо оид ба корҳои сохтмонӣ ворид карда мешаванд. 7.3.6. Ҷуброн барои аз даст додани фаъолияти соҳибкорӣ Тавре ки қаблан қайд шуда буд, ҳамаи иншоот дар макони мутобиқ иваз карда мешаванд. Илова бар ин, барои аз даст додани даромад ва истеҳсолот дар давраи гузариш (фосилаи байни аз даст додани фаъоияти соҳибкорӣ ва барқарорсозии он) ҷубронпулӣ дода мешавад. Ҷубронпулӣ дар асоси даромади ҳаррӯза ё моҳонаи тарафҳои гирифтори таъсири лоиҳа ҳисоб карда мешавад. 40 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ VIII. Механизм ва тартиботи амалигардонии АСМ ва НАМ 8.1 Бознигарии раванди фаъолият Умуман, фаъолият дар доираи лоиҳа дар асоси принсипҳои шаффофият, фарогирӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба раванди амалисозӣ ба роҳ монда мешавад. Дар раванди иштироки шаҳрвандон ба ҳуқуқи шаҳрвандон барои иштироки огоҳ дар қабули қарорҳое, ки ба зиндагии онҳо таъсир мерасонанд, эҳтиром гузошта мешавад. Он дар ҳамкории дуҷониба ва муколама бо ҳукумат асос ёфта, ба аҳамияти истифодаи муштараки ваколат, маълумот ва эҳтироми тарафайн байн ҳукумат ва шаҳрвандон таъкид мекунад. Дар мавриди татбиқи АСМ, БМИМТ ба коммисияҳои ҷамоат оид ба лоиҳа дар фаъолияти зерин кӯмак мерасонад: (i) гузаронидани тадқиқоти (скрининги) иҷтимоӣ ва арзёбии мутобикати зерлоиҳаҳо аз лиҳози чораҳои муҳофизатӣ; (ii) нигоҳдории алоқа ва ҳамоҳангсозии фаъолият бо мақомоти дахлдори давлатӣ (Агентӣ оид ба идоракунии захираҳои замин ва филиалҳои он); (iii) таъмини иҷрои муносиби АСМ, талабот, аз ҷумла вазифаҳои алоқаманд бо баррасии маҷмӯавии масъалаҳои иҷтимоӣ дар раванди татбиқи зерлоиҳаҳо; (iv) баррасии шикоятҳо ва бозхӯрди ҷонибҳои манфиатдори лоиҳа ва ҷомеа, аз он ҷумла шикоятҳои алоқаманд бо таъсири экологӣ/иҷтимоии зерлоиҳаҳо; бурдани назорат аз болои тадбирҳои камкунии таъсир, ки дар амалисозии НАМ пешбинӣ шудааст; (vi) мониторинги паёмадҳои иҷтимоӣ чун ҷузъи мониторинги умумии татбиқи зерлоиҳа, ва таҳлили самаранокии чораҳои кам кардани таъсири оқибатҳо, ки барои то ҳадди ақал расонидани оқибатҳои манфӣ истифода мешаванд. Дар якҷоягӣ бо таҳиякунандагон ва баҳрабарандагони зерлоиҳа БМИМТ ва КҶЛ барои амалисозии чораҳои муҳофизатии дар боло зикр шуда уҳдадор мебошанд. Кормандони зерин ва сохторҳо барои бомуваффақият амалӣ намудани АСМ лозим меоянд:  Гуруҳи лоиҳавии БМИМТ/МИЛ – 1 муҳандис, 1 мутахассиси рушди иҷтимоӣ, 1 мутахассиси МваА  БМИМТ/Филиалҳо дар ш. Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ - 1 муҳандис, 1 мутахассиси рушди иҷтимоӣ дар ҳар як филиял  Шарикони кӯмакрасон аз ҳисоби ТҶ - 1 муҳандис, 1 мутахассиси рушди иҷтимоӣ, 1 мутахассиси МваА  КҶЛ ва КДЛ – 1-2 2 коршинос оид ба тадқиқоти иҷтимоӣ вобаста карда шуд, Комиссияи МБШ таъсис дода шуд ва дар ҳар як ҷамоат ва деҳаи зерҳадаф шахси масъули ҳамоҳангсозӣ вобаста карда шуд.  Ҳукумат (мақомоти ноҳия) – 1 шахси масъули МБШ муайян гардид ва Комиссияи МБШ таъсис дода шуд. Барои татбиқи АСМ гуруҳи лоиҳавӣ аз рӯи қисмҳо ва дар сатҳи зерлоиҳа тибқи Давраи фаъолияти дар поён шарҳдодашуда амал мекунанд. Ҷадвали 3. Давраи фаъолият барои Қисми 1 ДАВРАИ ФАЪОЛИЯТ БАРОИ ҚИСМИ 1 1. Фаъолият Аввалиндараҷа Дуюмдараҷа Шарикон 2. Интихоби деҳаҳо дар ҷамоатҳо БМИМТ ТҶ Шахсони масъули ва ноҳияҳои зерҳадаф дар асоси ҳамоҳангсозӣ дар меъёрҳои мушаххас сатҳи ҷамоат ва ноҳия 3. Тасдиқи номгӯи деҳаҳои Роҳбарони лоиҳаи Раиси ноҳия интихобшуда дар ноҳияҳои ЛТПИИ аз Бонки зерҳадаф умумиҷаҳонӣ 4. Маълумотдиҳӣ ба аҳолӣ дар Шахсони БМИМТ ТҶ 41 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ сатҳи деҳа, ҷамоат ва ноҳия ҳамоҳангсоз дар сатҳи деҳа, ҷамоат ва ноҳия 5. Таъсиси Комиссияҳои деҳотӣ ТҶ БМИМТ Комиссияҳои ҷамоат оид ба лоиҳа ва Комиссияҳои ва маҳалла ҷамоатӣ оид ба лоиҳа 6. Созмондиҳии МБШ дар сатҳи БМИМТ КДЛ, КҶЛ, деҳа, ҷамоат, ноҳия ва лоиҳа шахси ҳамоҳансоз дар сатҳи ноҳия 7. Арзёбии муштараки ниёзҳои ТҶ БМИМТ Комиссияҳои деҳотӣ деҳа ва муайян намудани оид ба лоиҳа зерлоиҳаҳо аз рӯи афзалиятнокӣ 8. Таҳқиқи (скрининг) зерлоиҳаҳо Комиссияҳои БМИМТ барои муайян намудани ҷамоатӣ оид ба хавфҳои экологӣ ва иҷтимоӣ лоиҳа 9. Баррасӣ ва тасдиқи ҳисоботи Мутахассиси БУ Машваратчиё таҳқиқи зерлоиҳаҳо оид ба масъалаҳои ни маҳаллии экологӣ ва БУ иҷтимоӣ 10. Таҳияи нақшаи амали гендерӣ БМИМТ ТҶ (НАГ) 11. Баррасӣ ва тасдиқи НАГ Мутахассисони БУ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ 12. Таҳияи зерлоиҳаҳо КҶЛ, КДЛ БМИМТ 13. Таҳия намудани воситаҳои БМИМТ Коршиносон/ чораҳои муҳофизатии экологӣ ширкати ва иҷтимоӣ (АТЭИ/НИЭИ, беруна НАМ, агар зарур бошад) 14. Баррасӣ ва тасдиқи воситаҳои Мутахассиси БУ Машваратчиё чораҳои муҳофизатии экологӣ оид ба масъалаҳои ни маҳаллии ва иҷтимоӣ экологӣ ва БУ иҷтимоӣ 15. Тасдиқи тарҳи (дизайни) БМИМТ БУ зерлоиҳаҳо 16. Татбиқи муштараки зерлоиҳаҳо КҶЛ, КДЛ ТҶ 17. Амалисозии НИЭИ Пудратчиён БМИМТ БУ 18. Мониторинги татбиқи НИЭИ КҶЛ БМИМТ БУ 19. Баррасии пешакии харид барои БУ БМИМТ зерлоиҳа 20. Харид барои зерлоиҳа КҶЛ ва БМИМТ 21. Идоракунии зерлоиҳа (аз ҷумла КҶЛ БМИМТ / ТҶ КДЛ пардохтҳоро идоракунии молиявӣ) тасдиқ мекунад 22. Мониторинги муштараки Кумитаҳои ТҶ зерлоиҳа маҳалла 23. Истифодабарӣ ва КДЛ алоқаманд бо Ҷамоат Маъмурияти ноҳия хизматрасонии техникии маҳалла муштарак 24. Санҷишҳои нимсолаи иҷтимоӣ КДЛ ва КҶЛ БМИМТ / ТҶ Кумитаҳои маҳалла 25. Кортҳои арзёбии нимсолаи КДЛ ва КҶЛ БМИМТ / ТҶ Кумитаҳои маҳалла ҷамоавӣ /ширкат 26. Мониторинг ва арзёбии лоиҳа ТҶ БМИМТ БУ 42 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ Ҷадвали 4. Давраи фаъолият барои Қисми 2 ДАВРАИ ФАЪОЛИЯТ БАРОИ ҚИСМИ 2 Фаъолият Аввалиндараҷа Дуюмдараҷа Шарикон 1. Барӯйхатгирии ҷойҳои ҷавонон Машваратчӣ/корш БМИМТ Ҳукумат, ҷамоат, ва занон ва шароитҳои онҳо дар инос/муҳандисии кумитаҳои кор бо деҳот, ҷамоатҳо, ноҳияҳои маҳаллӣ занон ва ҷавонон зерҳадаф 2. Интихоби ҷойҳои ҷавонон ва БМИМТ Аъзои ҷамоа Шахсони ҳамоҳангсоз занон дар ҷамоат ва ноҳияҳои дар сатҳи ҷамоат ва зерҳадаф дар асоси меъёрҳои ноҳия мушаххас ё Арзёбии муштараки ниёзҳои ҷамоат ва ноҳия ва муайян намудани зерлоиҳаҳо аз рӯи афзалиятнокӣ 3. Хариди хизматрасониҳои ТҶ БМИМТ Идораҳои барои татбиқи қисм/бахши раисони ҷавонон дар 2 вилоят вилоят 4. Баррасии пешакӣ ва тасдиқи БУ хариди хизматрасониҳои ТҶ барои татбиқи қисм/бахши ҷавонон дар 2 вилоят 5. Баррасӣ ва тасдиқи рӯйхати Роҳбарони лоиҳаи Раиси ноҳия ҷойҳои интихобшудаи ҷавонон ЛТПИИ аз Бонки умумиҷаҳонӣ 6. Маълумотдиҳӣ ба аҳолӣ дар ТҶ минтақавӣ БМИМТ сатҳи деҳа, ҷамоат ва ноҳия барои қисми/бахши 1ва2 7. Татбиқи МБШ дар сатҳи деҳа, БМИМТ КДЛ, КҶЛ, ҷамоат, ноҳия ва лоиҳа дар шахси доираи қисми 1 ҳамоҳангсоз дар сатҳи ноҳия 8. Таҳқиқи (скрининг) зерлоиҳаҳо Муҳандисони ТҶ Комиссияҳои ҷамоатӣ барои муайян намудани минтақавӣ ва оид ба лоиҳа хавфҳои экологӣ ва иҷтимоӣ мутахассисони масоили иҷтимоии БМИМТ 9. Баррасӣ ва тасдиқи ҳисоботи Мутахассиси БУ Машваратчиё таҳқиқи зерлоиҳаҳо оид ба масъалаҳои ни маҳаллии экологӣ ва БУ иҷтимоӣ 10. Озмун барои таҳияи тарҳи БМИМТ КҶЛ Пудратчиён техникии зерлоиҳа 11. Таҳия намудани НИЭИ ё НАМ БМИМТ Коршиносон/ аз рӯи зарурат барои ҳар як ширкати қитъа беруна 12. Баррасӣ ва тасдиқи воситаҳои Мутахассиси БУ Машваратчиё чораҳои муҳофизатии экологӣ оид ба масъалаҳои ни маҳаллии ва иҷтимоӣ экологӣ ва БУ иҷтимоӣ 13. Тасдиқи тарҳи зерлоиҳа БМИМТ БУ 14. Татбиқи муштараки зерлоиҳаҳо КҶЛ, КДЛ ТҶ 15. Амалисозии НИЭИ, НАМ Пудратчиён БМИМТ Машваратчиёни 43 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ маҳаллии БУ 16. Мониторинги татбиқи НИЭИ КҶЛ БМИМТ Машваратчиёни маҳаллии БУ 17. Баррасии пешакӣ ва тасдиқи БУ БМИМТ зерлоиҳа 18. Харид барои зерлоиҳа БМИМТ КҶЛ Пудратчиён 19. Таҳияи бастаи омӯзиш ва ТҶ БМИМТ БУ гузаронидани он бо мақсади пешниҳоди дастрасӣ ба ҷавонони зерҳадаф ба омӯзиши таҷрибавӣ 20. Омӯзишҳо оид ба рушди бизнес ТҶ БМИМТ БУ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷойҳои ҷавонон ва ҷамъиятӣ дар ҷамоатҳо 21. Омӯзишҳои ба зиёд намудани ТҶ КДЛ, КҶЛ имкониятҳои ба даст овардани воситаҳои зиндагӣ нигаронидашуда (омӯзишҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва курсҳои таълимии ибтидоӣ) 22. Идоракунии зерлоиҳа (аз ҷумла БМИМТ/ТҶ КҶЛ КДЛ пардохтҳоро идоракунии молиявии лоиҳа ) тасдиқ мекунад 23. Мониторинги муштараки Кумитаҳои ТҶ КДЛ зерлоиҳа маҳалла 24. Истифодабарӣ ва Маъмурияти ноҳия Ҷамоат КДЛ алоқаманд бо хизматрасонии техникии маҳалла муштарак 25. Санҷишҳои нимсолаи иҷтимоӣ КДЛ ва КҶЛ БМИМТ/ТҶ Кумитаҳои маҳалла 26. Кортҳои арзёбии нимсолаи КДЛ ва КҶЛ БМИМТ/ТҶ Кумитаҳои маҳалла ҷамоавӣ /Ширкат 27. Мониторинг ва арзёбии лоиҳа ТҶ БМИМТ БУ Қадами 2. Таҳлил Қадами 3. Таҳияи Қадами 1. ва муайян воситаҳои намудани Қадами 4. Муайян чораҳои воситаҳои Татбиқ, назорат намудани дахлдори муҳофизатӣ, ва МвА зерлоиҳаҳо баррасӣ ва чораҳои тасдиқи онҳо муҳофизатӣ Расми 1. Давраи татбиқи АСМ дар сатҳи зерлоиҳа 8.2 Таҳқиқи (скрининг) фаъолият дар доираи лоиҳа 8.2.1 Рӯйхати фаъолияти ғайри қобили қабул барои зерлоиҳаҳои ЛТПИИ Таҳқиқи пешакии қобили қабул будани зерлоиҳа бар рӯйхати фаъолияти хориҷкардашуда, ки аз ҷониби БУ иҷозат дода намешаванд, асос меёбад. Аз ин рӯ, зерлоиҳаҳое, ки ин фаъолиятро дар бар мегиранд барои маблағгузорӣ баррасӣ намегарданд. 44 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ Фаъолияти ғайри қобили қабул барои зерлоиҳаҳои Қисми 1 ва 2 дар Ҷадвали 5 зерин оварда шудаанд. Ҷадвали 5. Рӯйхати фаъолияти ғайри қобли қабул барои зерлоиҳаҳои ЛТПИИ Талаб кардани кӯчидан ё ҷойивазкунии воқеӣ Ба даромад/воситаҳои зиндагӣ таъсири манфӣ мерасонад Ҳама гуна ҳолатҳои муҳоҷиркунонии маҷбурии аҳолӣ Таъсири манфӣ ба дороиҳои шахсони алоҳида ё хонаводаҳо Ба талаботҳои техникӣ ва сифат мутобиқ нест Оқибатҳои манфии экологӣ ё иҷтимоии бебозгашт доранд, ки таъсирашон зиёд гашта, кам кардани онҳо имконнопазир аст; Аҳолии камбизоат ё гуруҳҳои осебпазирро фаро намегирад; Барои меҳнати баробар ба занон ва мардон музди меҳнати баробар пешниҳод намегардад; Аз ҷониби Ҳукумат ё дигар шарикони рушд маблағгузорӣ мегарданд ё маблағгузорӣ ба нақша гирифта шудааст; Пардохти ҷубронро барои аз даст додани қитъаи замин ё дороиҳо аз ҳисоби маблағҳои Бонки умумиҷаҳонӣ ё дигар манбаъҳои ҳукуматӣ пешбинӣ мекунад; Ҳама гуна сохтмони сарбанди нав ё барқарорсозии сарбандҳои мавҷудбуда, аз ҷумла тағйироти сохторӣ ва/ё истифодабариро маблағгузорӣ мекунад; Молҳои хусусӣ, идораҳои давлатӣ ё иншооти диниро маблағгузорӣ мекунад; Корҳоеро дар бар мегирад, ки барои иҷрои онҳо меҳнати маҷбурӣ/кӯдакон истифода мешавад; Корҳоеро дар бар мегирад, ки боиси муносибати бераҳмона бо кӯжакон, истифодаи меҳнати кӯдак ё тиҷорати инсон мегардад; ягон кӯдаки синну соли то 15 сола набояд ба корҳои сохтмонӣ, барқарорсозӣ ё хизматрасонии зерлоиҳа ҷалб гардад; Боиси харид ё истифодаи маводи мухаддир, техникаи ҳарбӣ ё дигар маводҳо ва таҷҳизоти эҳтимолан хатарнок, аз ҷумла арраҳои занҷирӣ, заҳрҳои зидди ҳашароти зараррасон; воситаҳои кимиёвии мубориза бо алафҳои бегона; асбест (аз ҷумла маводҳои дар таркибашон асбест дошта) мегардад; ё дигар сармоягузориҳое, ки ба воситаҳои зиндагӣ, аз ҷумла ба захираҳои фарҳангӣ зарар мерасонанд; Рушди нуқтаҳои нави аҳолинишин ё деҳоти мавҷудбударо дар муҳитҳои муҳимми зист, ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда ё ҳудудҳое, ки ба сатҳи муайяни муҳофизат пешниҳод мегарданд (масалан, ҷангалҳои муҳофизатшаванда) пешбинӣ мекунад. Марҳилаи аввал дар раванди омодасозии НАМ-ҳои алоҳида ин раванди таҳқиқ (скрининг) ҷиҳати муайян намудани қитъаҳои замин/ҳудудҳое, ки метавонанд таҳти таъсири алоқаманд бо муҳоҷиркунонӣ қарор ёбанд, мебошад. Таҳқиқи макур барои муайян намудани намуд ва хусусияти таъсироти эҳтимолии алоқаманд бо фаъолияти дар доираи лоиҳаи мазкур пешниҳодшуда ва барои андешидани тадбирҳои муносиби бартарафсозии онҳо, истифода мешавад. Инчунин он кафолат медиҳад, ки пешгирӣ ё то ба ҳадди ақал кам кардани эҳтимолияти муҳоҷиркунонӣ меъёри калидӣ ҳангоми таҳияи чорабиниҳои лоиҳа маҳсуб меёбад. Таҳқиқ (скрининг) мутобиқи меъёрҳо ва тартиботи муқарраршудаи БМИМТ, ки вазифаи идоракунӣ ва назорати раванди сохтмон дар доираи ҳар ду Қисм ба он вогузор шудааст, гузаронида мешавад. Шаклҳои пуркардашудаи таҳқиқ аз ҷониби мутахассисони БМИМТ оид ба рушди иҷтимоӣ дар филиалҳои ш. Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ тафтиш карда мешаванд. Танҳо баъди аниқ кардани он ки тамоми кӯшишҳо барои то ба ҳадди ақал кам кардани таъсири муҳоҷиркунонӣ ба харҷ дода шудаанд, тарҳи зерлоиҳаҳо такмил дода мешаванд. 45 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ Ҷадвали 6. Марҳилаҳои таҳқиқ (скрининг) барои сармоягузориҳо ба инфрасохтори иҷтимоию иқтисодии бо иштироки ҷамоаҳо a) БМИМТ ё ШК (муҳандисон ва мутахассисони иҷтимоӣ) бо дастгирии КҶЛ дар робита бо фаъолияти мамнӯъ/хориҷкардашуда таҳқиқи зерлоиҳаҳоро мегузаронанд; b) Агар зерлоиҳа аз таҳқиқи рӯйхати фаъолияти мамнӯъ/хориҷкардашуда гузарад, мутахассиси БМИМТ бо кӯмаки Комиссияҳои ҷамоатӣ оид ба лоиҳа ҷадвали таҳқиқи ҷанбаҳои иҷтимоиро пур мекунанд; c) Дар асоси Рӯйхати масъалаҳои иҷтимоӣ категорияи хавфи зерлоиҳа ва намуди АИ, ки бояд гузаронида шавад муайян мегардад – НАМ ё шакли фишурдаи НАМ; d) Натиҷаҳои таҳқиқ (скрининг), аз ҷумла таъсироти манфии эҳтимолӣ ва тадбирҳои имконпазир ҷиҳати кам кардани таъсир ҳангоми вохӯриҳои бахшида ба муайян намудани лоиҳаҳо аз рӯи афзалиятнокӣ, ки дар сатҳи ҷамоат аз ҷониби Комиссияи оид ба лоиҳа гузаронида мешавад, ба намояндагони ҷамоа пешниҳод мегарданд. 8.3 Таҳлили иҷтимоию иқтисодӣ ва барӯйхатгирии талафот Агар раванди таҳқиқ нишон диҳад, ки ба даст овардани қитъаҳои замин зарур аст, қадами минбаъда аз лиҳози иҷтимоию иқтисодӣ муайянсозӣ ва таҳлили Шахсони гирифтори таъсири лоиҳа маҳсуб меёбад (масалан, синну сол, вобастагии онҳо аз амвол, даромад, вазъи оилавӣ ва ғайра). Ин баробар бо барӯйхатгирии аҳолӣ мебошад, ки барои муҳоҷиркунонӣ дар миқёси бузург гузаронида мешавад. Ба монанди барӯйхатгирии аҳолӣ, 100 ШТЛ аз таҳлил мегузаранд. Қадами мазкур бояд дар баробари барӯйхатгирӣ ва баҳодиҳии дороиҳои гирифтори таъсири лоиҳа барои ҳар як ШТЛ дар алоҳидагӣ анҷом дода мешавад. Пас аз анҷом додани ин қадамҳо ва пайдо шудани масъалаҳои муҳоҷиркунонӣ, дар асоси маълумоти ҷамъовардашуда Нақшаи амал оид ба муҳоҷиркунонӣ (НАМ) таҳия мегардад. НАМ-и мазкур заминаро барои омода намудани НАМ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷиркунонӣ, ки бо фаъолияти лоиҳаи мазкур алоқаманданд, фароҳам меоварад. Раванди таҳқиқ аз машваратҳои бевосита бо ШТЛ, ки бо намояндагони БМИМТ ва шахсони мансабдор аз ҷамоат, маҳалла ва маъмурияти ноҳия (ё раис/сохторҳои шаҳр дар мавриди шаҳр ва шаҳракҳо) дар ҷойҳо бо мақсади тафтиши дороиҳои гирифтори таъсири лоиҳа ва муҳокимаи вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо гузаронида мешавад, иборат хоҳад буд. Қабл аз оғози раванд, ШТЛ дар бораи ҳуқуқҳои худ дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ иттилоъ дода мешаванд ва дар давоми раванди муҳоҷиркунонӣ машварат дода мешаванд. Ба ин пешниҳоди нусхаи тартиби баррасии шикоятҳо ва матритсаи пардохти ҷуброн дохил мешавад. 8.4 Баррасии зарурии фаъолияти ба ҳам алоқаманд Чорабиниҳое, ки таҳти роҳбарии ҷамоаи маҳаллӣ гузаронида мешаванд ва инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ дар доираи лоиҳа барқароршаванда метавонанд ҷузъи фаъолияти ҳукумат ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти рушд бошанд ё не. Баррасии аввалии баъзе аз чорабиниҳо маълум намуд, ки баъзе алоқаҳои эҳтимолӣ метавонанд бо дигар намудҳои фаъолият дар самти рушд, ки баррасии заруриро тақозо мекунанд, мавҷуд бошанд. Аз ин рӯ, илова бар тадбирҳои дар боло зикршудаи кам кардани таъсир, бо мақсади баррасии ҳама гуна чорабиниҳои инфрасохторӣ, ки аз ҷониби дигар донорҳо ва/ё муассисаҳои давлатӣ ба нақша гирифта шудаанд ва/ё татбиқ гардидаанд ва метавонанд бо зерлоиҳаҳои ЛТПИИ алоқаманд бошанд, бояд дастуре муқаррар гардад. Лоиҳа аз ҷониби БМИМТ ва аъзоёни гуруҳи БУ оид ба тадбирҳои муҳофизати мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Бо мақсади баҳодиҳии хавфҳои иҷтимоии алоқаманд ва пешниҳоди тадбирҳои кам кардани таъсир ҳисобот оиди баррасии зарурӣ омода карда мешавад. 46 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ 8.5 Ҳисобҳои аҳолӣ ва дороиҳои гирифтори таъсири лоиҳа дар минтақаи лоиҳа Ҳолатҳои муваққатан ё доимӣ ба даст овардани қитъаҳои заминро на ҳама вақт метавон пешгирӣ намуд, зеро барои сохтмони иншооти инфрасохтор, ки онҳоро тавассути усули Рушди бо иштироки бевоситаи ҷамоаҳо (РИБҶ) метавон муайян намуд, қитъаҳои замини ҷамъиятӣ метавонанд дастрас набошанд. То кадом дараҷа гирифтани муваққатӣ ё доимии қитъаи замин зарур хоҳад буд ё дастрасӣ ва истифодабарии қитъаи замин муваққатан ё доимӣ маҳдуд мегардад, ҳанӯз маълум нест ва метавонад танҳо пас аз анҷом додани тарҳи ҳар як зерлоиҳа ба пуррагӣ муайян карда шавад. Дар давоми татбиқи Лоиҳа БМИМТ вайрон кардани иншооти калонро пешбинӣ намекунад, ҳарчанд тахриби иншооти нисбатан хурдро (девор ва ғайра) наметавон дар ин марҳила ба пуррагӣ аз ҳисоб баровард. Бо дар назардошти он, ки дараҷаи таъсир ба аҳолӣ ва/ё дороиҳо ҳанӯз маълум нест, ҳисобҳо пас аз оғози лоиҳа ба даст оварда мешаванд. Бо вуҷуди ин, муҳокимаҳо бо шахсони мансабдори дастгоҳи Раиси вилоят, БМИМТ ва Раёсати замин нишон медиҳанд, ки таъсир ба аҳолӣ ночиз хоҳад буд (яъне муҳоҷиркунонии аҳолӣ ба гумон аст ва танҳо камтар аз 10% дороиҳои истеҳсолии онҳо аз даст меравад) ва фаъолият ба камтар аз 200 нафар аҳолӣ таъсир мерасонад. 8.6. Вазифа ва уҳдадориҳо Дар ин ҷо вазифа ва уҳдадориҳои алоқаманд бо татбиқи нақшаҳои муҳоҷиркунонӣ шарҳ дода шудааст, ки ба муҳоҷиркунонии воқеӣ ё иқтисодӣ нигаронида шуда, дар СЭИ5 зикр мешаванд. Ҳаҷми талабот ва дараҷаи тафсилоти нақшаи муҳоҷиркунонӣ вобаста аз ҳаҷм ва мураккабии муҳоҷиркунонӣ фарқ мекунад. Нақша бар маълумоти нав ва қобили эътимод дар бораи: (а) лоиҳаи пешниҳодшуда ва таъсири эҳтимолии он ба шахсони кӯчонидашаванда ва дигар гуруҳҳои гирифтори таъсири манфӣ, (б) тадбирҳои муносиб ва имконпазир оид ба кам кардани таъсир ва (в) механизмҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии зарурӣ барои татбиқи самараноки тадбирҳои муҳоҷиркунонӣ, асос меёбад. Шарҳи нақшаҳои муҳоҷиркунонӣ дар Замимаи 6 оварда шудааст. Арзёбии қитъаи мушаххас мутобиқи СЭИ5 БУ гузаронида мешавад ва дар натиҷаи чунин арзёбӣ нақшаи муҳоҷиркунонии қитъаи мушаххас омода мегардад. БМИМТ ё ШМ масъули омодакунии нақша хоҳанд буд, аммо КҶЛ ё КДЛ ба онҳо дар ин кор кӯмак мерасонанд. Дар ҷадвали 7 раванди таҳияи нақшаҳои муҳоҷиркунонӣ дарҷ шудааст: Ҷадвали 7: Раванди таҳияи нақшаҳои муҳоҷиркунонӣ барои сармоягузориҳо ба инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ бо иштироки ҷамоа Қадами 1 a) БМИМТ ва ШК (муҳандисон ё мутахассисони техникӣ) таҳқиқи зерлоиҳаҳоро дар робита бо фаъолияти мамнӯъ/хориҷкардашуда мегузаронанд; b) Агар зерлоиҳа аз таҳқиқи рӯйхати фаъолияти мамнӯъ/хориҷкардашуда гузарад, мутахассисони БМИМТ ба Комиссияҳои ҷамоатӣ оид ба лоиҳа дар пур кардани ҷадвали таҳқиқи ҷанбаҳои иҷтимоӣ кӯмак мерасонанд; c) Дар асоси Рӯйхати масъалаҳои иҷтимоӣ муайян намудани категорияи хавф; d) Натиҷаҳои таҳқиқ (скрининг), аз ҷумла таъсироти манфии эҳтимолӣ ва тадбирҳои имконпазир ҷиҳати кам кардани таъсир ҳангоми вохӯриҳои бахшида ба муайян намудани лоиҳаҳо аз рӯи афзалиятнокӣ, ки дар сатҳи ҷамоат аз ҷониби Комиссияи оид ба лоиҳа гузаронида мешавад, ба намояндагони ҷамоа пешниҳод мегарданд. Қадами 2 a) Агар зерлоиҳа гузаронидани таҳлили пурраи иҷтимоию иқтисодии аҳолии гирифтори таъсири лоиҳа ва барӯйхатгирии талафотро талаб кунад, он бояд ба БМИМТ ё ШК барои чораҳои минбаъда пешниҳод карда шавад. b) Барои Зерлоиҳаҳои дорои хавфи назаррас ва миёна, мутахассисони БМИМТ ё ШК хавфҳои эҳтимолии иҷтимоиро қайд намуда, роҳҳои пешгирӣ/кам кардани таъсири онҳоро дар Ҷадвали таҳқиқи масъалаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад Қадами 3 Агар зерлоиҳа барои маблағгузорӣ интихоб карда шавад, БМИМТ ё ШМ бо дастгирии КҶЛ ё 47 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ КДЛ нақшаҳои муҳоҷиркунониро омода мекунанд Қадами 4 БМИМТ ё ШК дар ташкили интишори лоиҳаи нақшаҳои муҳоҷиркунонӣ ба КҶЛ ё КДЛ кӯмак расонида, машварати ҷамъиятиро бо иштироки ТҶ, намояндагони ҷамоа, гуруҳҳои гирифтори таъсири лоиҳа ва ғайра ташкил мекунанд. Суратҷаласаи расмӣ барои қайд намудани фикру мулоҳизаҳои иштирокчиён тартиб дода мешавад. Қадами 5 КҶЛ ё КДЛ пас аз омода намудани варианти ниҳоии нақшаҳои муҳоҷиркунонӣ дар асоси машваратҳо бо ҷамоа, тасдиқ ва интишори он пеш аз баҳодиҳии лоиҳа метавонад татбиқи онҳоро оғоз намояд. Қадами 6 a. Дархосткунандаи зерлоиҳа тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои муҳоҷиркунониро барои баррасӣ ва қабули қарори минбаъда оид ба маблағгузорӣ пешниҳод менамояд; b. Пас аз тасдиқи зерлоиҳаҳо, БМИМТ ё ШК арзёбии зерлоиҳаро анҷом дода, созишномаи маблағгузориро бо баҳрабарандагони дахлдори зерлоиҳа ба имзо мерасонад . Қадами 7 Ҷамоат/маҳалла назорат, мониторинг ва ҳисоботдиҳиро тибқи нақшаи ҳамоҳангкардашудаи мониторинг, мунтазам мегузаронад. Механизмҳои татбиқи АСМ бар механизмҳои татбиқи чорабиниҳои алоқаманд бо муҳоҷиркунонӣ ва ҷуброн тибқи СЭИ 5 БУ, ки дар ҳуҷҷати мазкур баён шудааст, асос меёбанд. Тақсимоти уҳдадориҳои ҳама тарафҳои ба татбиқи нақшаҳои муҳоҷиркунонӣ ҷалбшуда дар Ҷадвали 8 оварда шудааст. Ҷадвали 8: Вазифа ва уҳдадориҳо дар давоми татбиқи нақшаҳои муҳоҷиркунонӣ Тарафи масъул Уҳдадориҳо БМИМТ • Тасдиқи нақшаҳо аз ҷониби БУ ва нашри онҳо дар торнамои БМИМТ • Ташкили ба тасвиб расонидани маблағгузории давлатӣ ва пардохтҳо барои амалӣ гардонидани нақшаҳои муҳоҷиркунонӣ • Татбиқи нақшаҳои муҳоҷиркунонӣ дар ҷойҳо ва пешниҳоди ҳисоботи мунтазам ба БУ дар бораи амалисозӣ • Барои Бонки умумиҷаҳонӣ дар ҳисоботҳои мунтазами рафти амалисозӣ ҷамъбаст намудани масъалаҳои муҳоҷиркунонӣ, ки бо татбиқи лоиҳа алоқаманд мебошанд. • Ба инобат гирифтани мулоҳизаҳои гуруҳҳои таҳти таъсир қарор ёфта ва мақомоти маҳаллиро нисбати масъалаҳои муҳоҷиркунонӣ, ки бо татбиқи лоиҳа алоқаманданд. Аз рӯи зарурат гузаронидани мулоқот бо ин гуруҳҳо ҳангоми ташрифи минтақа. • Пешниҳоди тавсияҳо ба пудратчии масъули сохтмон ва ширкати масъули назорати сохтмон оид ба риояи талаботи нақшаҳои муҳоҷиркунонӣ дар ҷойҳо дар якҷоягӣ бо КҶЛ ва КДЛ. • Ҳамоҳангсозӣ ва робита бо миссияҳои БУ оид ба масъалаҳои ҳифзи экологӣ ва иҷтимоии татбиқи лоиҳа. • Гузаронидани чорабиниҳои мунтазам оид ба мониторинги татбиқи нақшаҳои мушаххаси муҳоҷиркунонӣ; • Идоракунии махзани маълумоти МБШ ва пешниҳоди ҳисоботҳои мунтазам оид ба шумора ва моҳияти шикоятҳо ТҶ - шарики кӯмакрасон • Гузаронидани вохӯриҳои машваратӣ, аз ҷумла омода ва паҳн намудани варақаҳо ё дигар ҳуҷҷатҳои иттилоотӣ барои пешниҳоди маълумот ба ҷамоаҳо, инчунин дар бораи оқибатҳо ва ҷадвали сохтмон, ҳуқуқҳо ва пардохти ҷуброн ба ШТЛ • Таъсиси МБШ бисёрсатҳӣ, назорат ва баррасии шикоятҳои алоқаманд бо лоиҳа дар муҳлати муқарраршуда • Таҳия ва гузаронидани омӯзиш ва таҳияи воситаҳо ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори КҶЛ ва КДЛ дар самти таҳқиқи иҷтимоӣ ва мониторинги ҷамоа • Идоракунии механизми баррасии шикоятҳо дар сатҳи ноҳиявӣ ва мунтазам ирсол намудани шикоятҳо ба БМИМТ тавассути ҳисоботҳои мониторинги татбиқи АСМ/нақшаҳои муҳоҷиркунонӣ. • Назорати мунтазами фаъолият дар ҷойҳо (ҳар рӯз, ҳар ҳафта, ҳар моҳ ва ғ.) • Омода намудани ҳисоботҳо оид ба рафти татбиқи нақшаҳои муҳоҷиркунонӣ барои баррасӣ аз ҷониби БМИМТ. 48 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ КҶЛ ва КДЛ • Ташкил намудани интишори нақшаҳои ниҳоии муҳоҷиркунонӣ ва вохӯриҳои ҷамъиятӣ бо иштироки ТҶ, намояндагони ҷамоа, гуруҳҳои гирифтори таъсири лоиҳа ва ғ. Суратҷаласаи расми барои қайди фикру мулоҳизаҳои иштирокчиён тартиб дода мешавад. • Идоракунии механизми баррасии шикоятҳо дар сатҳи ҷамоат ва деҳот; • Гузаронидани таҳқиқи иҷтимоии майдонҳои лоиҳа дар давоми татбиқи лоиҳа; ва • Мусоидат ба раванди мониторинги ҷамоавӣ; Пудратчиён • Риояи талаботи нақшаҳои муҳоҷиркунонӣ; • Ҷуброн ё барқарорсозии тамоми зарар, ки дар рафти сохтмон ба миён меояд (яъне зарар ба зироатҳои кишоварзӣ, инфрасохтор) тавре дар Нақшаи муҳоҷиркунонӣ/АСМ нишон дода шудааст ва аз ҷониби БМИМТ ё ШК тасдиқ шудааст. • Идоракунии МБШ дар сатҳи пудратчӣ Бонки умумиҷаҳонӣ • Баррасии Нақшаҳои муҳоҷиркунонӣ барои ҳар як майдони мушаххас ва додани розигӣ ба БМИМТ. • Интишори Нақшаҳои ниҳоии муҳоҷиркунонӣ дар торнамои расмии Бонки умумиҷаҳонӣ. • Гузаронидани миссияҳои дастгирӣ ва назоратӣ бо мақсади таъмини мутобиқати Лоиҳа бо талаботи СЭИ5 Бонки умумиҷаҳонӣ. Дар ҷадвали боло механизмҳои оптималӣ дар асоси уҳдадориҳои мавҷудбуда бо мақсади таъмини иҷрои талаботи АСМ аз рӯи ҳар як фаъолияти лоиҳа, шарҳ дода шудаанд. Онҳо ба сохтори институтсионалии ҳангоми таҳияи АСМ мавҷудбуда такя мекунанд. Агар он сохторҳои инстиутутсионалӣ тағйир ёбанд он бояд дар механизмҳои шарҳдодашуда инъикос карда шавад. 8.7 Механизмҳои мониторинг ва арзёбӣ Қисми 3 фаъолияти мониторинг ва арзёбиро (МваА) барои пайгирӣ, қайдкунӣ ва маълумотдиҳӣ дар бораи рафти иҷроиш ва натиҷаҳои лоиҳа, дастгирӣ мекунад. Кормандони БМИМТ, ки масъули мониторинг ва арзёбӣ мебошанд масъули ҷамъбасти умумии рафти татбиқи лоиҳа ва натиҷаҳо хоҳанд буд. Дар доираи Қисми мазкур фаъолияти БМИМТ дар омода намудани ҳисоботҳои лоиҳа – нимсола ва семоҳаи аз санҷиш нагузаштаи ҲБМ, ки ба Бонки умумиҷаҳонӣ ирсол мешаванд, маблағгузорӣ мегардад. Ғайр аз ин, дар доираи Қисми мазкур НИИ маблағгузорӣ мегардад, ки он аз ҷониби БМИМТ таъсис дода шуда, барои мониторинги лоиҳа, баровардани автоматикии ҳисоботҳои лоиҳа, таъмини шаффофияти лоиҳа (маълумоти сатҳи зерлоиҳа дар харитаҳо нашр мегардад) ва бозхӯрди шаҳрвандон истифода мешавад. Дар ҳоле ки мониторинги сатҳи ҷамоа дар доираи зерқисми 1В дастгирӣ мешавад, гуруҳи масъули БМИМТ оид ба мониторинг ва арзёбии сифати сафарбаркунии ҷамоаро арзёбӣ мекунад. Инчунин, дигар чорабиниҳои алоқаманд бо ҷалби аҳолӣ, ҳифзи манфиат ва ҳамкорӣ бо ҷамоаҳо бо истифода аз кортҳои баҳодиҳии ҷамоа, ки дар баробари ҳисоботҳои молиявӣ ва Ҳисоботҳо оид ба рафти татбиқи лоиҳа дар давоми вохӯриҳо доир ба санҷиши иҷтимоӣ мавриди муҳокима ва тафтиш қарор дода мешаванд, арзёбӣ мегарданд. Бозхӯрд ва шикоятҳои тавассути Механизми бозхӯрди баҳрабарандагон ба даст омада низ ба ҳисоботдиҳии нимсола дохил карда мешаванд. Гуруҳи масъули БМИМТ оид ба мониторинг ва арзёбӣ ин арзёбиҳои нимсолаи натиҷаҳоро ҷамъ оварда таҳлил мекунад ва онҳоро ба НИИ ворид намуда, ба ҳисоботҳои нимсола ҳамроҳ мекунад. Арзёбии натиҷаҳо пеш аз ҳама ба он натиҷаҳое, ки дар Низоми дастёбӣ ба натиҷаҳо муайян шудаанд ва ба як қатор нишондиҳандаҳои натиҷаи дар Дастурамали лоиҳа муайяншуда диққатро равона месозад. Ғайр аз ин, дар доираи қисми мазкур таҳқиқоти мониторингии фосилавӣ ва ниҳоии лоиҳа бо мақсади баҳодиҳии нишондиҳандаҳои натиҷаҳо дар сатҳи ҲРЛ, низ маблағгузорӣ мегардад. БМИМТ барои омода намудани ҳисобот оид ба анҷом расонидани лоиҳа дар асоси маълумоти НИИ ва пурсишҳо то ба анҷом расонидани лоиҳа, масъул хоҳад буд. 49 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ 8.7.1 Нақшаҳои мониторинг Масъалаҳои иҷтимоие, ки ба тадбирҳои кам кардани таъсир дохил карда шудаанд, аз ҷониби мутахассисони маҳаллии аз тарафи БМИМТ таъиншуда назорат карда мешаванд. Гарчанд интизор меравад, ки таъсироти иҷтимоӣ ночиз хоҳанд буд, пешгирӣ ё кам кардани таъсироти манфии эҳтимолии иҷтимоӣ дар марҳилаи сохтмон ва истифодабарӣ дар нақша аст. Низоми мониторинги масъалаҳои экологӣ ва иҷтимоӣ аз марҳилаи татбиқи лоиҳа оғоз ёфта то марҳилаи истифодабарӣ бо мақсади пешгирии таъсири манфии лоиҳа ва назорати самаранокии тадбирҳои кам кардани таъсир, идома меёбад. Низоми мазкур ба Бонки умумиҷаҳонӣ ва Мизоҷ дар баҳодиҳии муваффақияти тадбирҳои кам кардани таъсир дар доираи назорати лоиҳа кӯмак расонида, имкон медиҳад, ки дар ҳолати зарурӣ чораҳои дахлдор андешида шаванд. Низоми мониторинг дар ҳолати зарурӣ дастгирии техникӣ ва назорат, муайянсозии пешакии шароитҳои алоқаманд бо тадбирҳои кам кардани таъсирро таъмин менамояд, натиҷаҳои камкунии таъсирро пайгирӣ мекунад ва маълумот дар бораи рафти татбиқи лоиҳа пешниҳод менамояд. Мониторинги масъалаҳои экологӣ ва иҷтимоӣ, ки бояд аз ҷониби БМИМТ/МИЛ анҷон дода шавад бояд дар бораи ҷанбаҳои калидии экологӣ ва иҷтимоии зерлоиҳаҳо, бахусус дар бораи таъсири лоиҳа ба муҳити зист ва иҷтимоӣ ва самаранокии тадбирҳои андешидашудаи кам кардани таъсир маълумот пешниҳод намояд. Чунин маълумот имкон медиҳад, ки муваффақияти тадбирҳои кам кардани таъсир дар доираи назорати лоиҳа арзёбӣ гардад ва аз рӯи зарурат чораҳо барои ислоҳи вазъият андешида шаванд. Дар ин росто, Нақшаи мониторинг ҳадафҳо ва намуди мониторинг ва алоқамандии онҳоро бо таъсирот ва тадбирҳои кам кардани таъсир муайян мекунад. Бахусус, қисми мониторинги НАМ аз маълумоти зерин иборат аст: (а) шарҳи мушаххас ва маълумоти муфассал дар бораи чораҳои мониторинг, аз ҷумла параметрҳои ченшаванда, усулҳои истифодашаванда, ҷои интихоби намунаҳо, басомади арзёбиҳо; ва (b) тартиби мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ. 8.7.2 Уҳдадориҳои вобаста ба мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ Бо кӯмаки мутахассисони худ оид ба тадбирҳои муҳофизатӣ, ки дар филиалҳои ш. Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ фаъолият мебаранд БМИМТ/МИЛ тамоми зерлоиҳаҳои маблағгузоришавандаро бо мақсади таъмини мувофиқат бо талаботи муҳофизатӣ ҳангоми сохтмон, истифодабарӣ ва хизматрасонии техникӣ, назорат мекунанд. Онҳо мувофиқати пурраи бо шартҳои шартномавиро бо АСМ/Нақшаҳои муҳоҷиркунонӣ таъмин мекунанд. Пардохти охирин ба пудратчӣ бояд аз санҷиши ниҳоӣ бо диққати махсус ба талаботи барқарорсозии майдон ба ҳолати аслӣ баъди анҷоми корҳои барқарорсозӣ вобаста бошад. Мухатассисони МИЛ оид ба рушди иҷтимоӣ аз рӯи зарурат ба майдонҳои зерлоиҳа ташриф меоранд. Дар асоси иҷрои чорабиниҳои муҳофизатии зерлоиҳаҳои мухталиф мутахассисони МИЛ оид ба рушди иҷтимоӣ оид ба пардохтҳои навбатӣ, ки бояд ба пудратчиёни дорои шартнома барои татбиқи зерлоиҳаҳо дар доираи ЛТПИИ пешниҳод гарданд, машварат медиҳанд. Агар маълум гардад ки пудратчӣ талаботи АСМ ва/ё чораҳои муҳофизатиро риоя намекунад, пардохтҳои минбаъда то таъмини риояи талаботи чораҳои муҳофизатӣ қатъ мегарданд. Илова бар ин, дар минтақаҳои татбиқи лоиҳа МИЛ барои чорабиниҳои мониторинги масъалаҳои экологӣ ва иҷтимоии дар боло муайяншуда ҳамчун ҷузъи чораҳои пешгирӣ ва тадбирҳои кам кардани таъсир, ки барои аз байн бурдани таъсироти эҳтимолии манфӣ пешниҳод мегарданд, масъул хоҳад буд. Мониторинги мазкур ба нақшаи умумии мониторинги лоиҳа, ки аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ дар доираи татбиқи лоиҳа талаб карда мешавад, дохил мегардад. Дар доираи фаъолияти худ дар самти мониторинги масъалаҳои экологӣ ва иҷтимоӣ БМИМТ/ТҶ тафтиши интихобии майдонҳои лоиҳаро ҷиҳати муайян намудани самаранокии тадбирҳои 50 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ андешидашуда ва таъсири фаъолияти зерлоиҳа ба муҳити атроф, мегузаронад. БМИМТ/ТҶ низ барои коркард, баррасӣ ва мониторинги шикоятҳо ва дигар фикру андешаҳо, аз он ҷумла оид ба масъалаҳои экологию иҷтимоӣ масъул мебошанд. БМИМТ барои ҳисоботдиҳӣ аз рӯи АСМ/Нақшаҳои муҳоҷиркунонӣ масъул хоҳад буд ва:  Натиҷаҳои назорат ва мониторинги лоиҳаро дар давоми татбиқи лоиҳа ба қайд мегирад ва нигҳ медорад. Ҳисоботҳои ҷамъбастиро оид ба рафти татбиқи АСМ/Нақшаҳои муҳоҷиркунонӣ ва ҷанбаҳои муҳофизатии зерлоиҳаҳо ҳар семоҳа ва ҳар шаш моҳ ба Бонки умумиҷаҳонӣ пешниҳод мекунад;  Ҳисоботҳои дусоларо оид ба рафти иҷрои тадбирҳое, ки дар АСМ/Нақшаҳои муҳоҷиркунонӣ барои зерлоиҳаҳои алоҳида пешниҳод шудаанд, омода мекунад ва дар доираи ин ҳисоботдиҳӣ маълумоти навро дар бораи ҳама гуна шикоят/бозхӯрди алоқаманд бо ЛТПИИ, ки қабул, баррасӣ ва ҳал гардид ва метавонад дар марҳилаи баррасӣ қарор дошта бошад, пешниҳод мекунад;  Ҳисоботҳои шашмоҳаро дар бораи таъсироти иҷтимоӣ, ки дар рафти татбиқи зерлоиҳаҳо ба миён меоянд, пешниҳод мекунад ва самаранокии чораҳое, ки барои кам кардани таъсири манфи истифода мешаванд, таҳлил мекунад;  Шарҳу талаботро барои ҳисоботҳои Пудратчиён оид ба чораҳои кам кардани таъсири муҳоҷиркунонӣ омода мекунад, инчунин нақша ва ҳисоботҳои Пудратчиро оид ба мониторинг баррасӣ менамояд;  Натиҷаи чораҳои кам кардани таъсир, инчунин тадбирҳои ҳифзи муҳити зист ва иҷтимоиро тавассути нашрияҳои махсус ё/ва тавассути семинарҳои солонаи ҷамъиятӣ ба ҷомеа пешниҳод мекунад. 8.7.3 Мониторинги ҷамоа Ҷамоаҳо дар сохтмон ва/ё харид тавассути назорати фаъол иштирокро идома медиҳанд. Барои пешгирии бархӯрди манфиатҳо байни иҷрокунандагон ва масъулони назорат созишномаи алоҳида оид ба мониторинг аз ҷониби ҷамоа ва уҳдадории иҷтимоӣ таҳия мегардад. Мониторинг аз ҷониби ҷамоа ба (i) санҷиши мувофиқат бо талаботи тадбирҳои муҳофизатии экологӣ ва иҷтимоӣ ва (ii) арзёбии қаноатмандии баҳрабарандагон аз татбиқи лоиҳа ва сифати хизматрасониҳо, равона мегардад. Инчунин он барои инъикоси таҷриба ва сабақҳои андӯхта аз давраҳои анҷомдодашудаи зерлоиҳаҳо ва пешниҳоди тавсияҳо барои давраи навбатии зерлоиҳаҳо ҳамчун равиши самарабахш хизмат мекунад. Санҷишҳои иҷтимоӣ. Санҷишҳои иҷтимоӣ дар шакли “вохӯрии санҷиши ҷамоа” гузаронида мешавад. Он ба ҳайси форуми ҷамъиятӣ барои БМИМТ/шарики кӯмакрасон бо мақсади рӯйнамоии пешрафт, мушкилиҳо ва идоракунии маблағҳо (зергрант ва хароҷоти зерлоиҳа) хизмат мекунад. Ба ҷамоаҳо имконияти саволдиҳӣ, баёни арзу шикоят ё муҳокимаи масъалаҳои алоқаманд бо зерлоиҳа фароҳам оварда мешавад. Бо мақсади таъмини қабули қарорҳои муштарак ва ба камбизоатӣ нигаронидашуда ва хусусияти дастаҷамъона доштани онҳо тамоми ҷамоаҳо санҷиши иҷтимоии мазкурро ҳамасола мегузаронанд. Он инчунин имкон медиҳад, ки муттасилии занҷири қарорҳое, ки дар фокус гуруҳҳо, аз ҷониби ҷамоатҳо, маҳаллаҳо қабул шудаанд ва аз ҷониби БМИМТ/ШК дар амал татбиқ мегарданд, санҷида шавад. Вохӯриҳои санҷиши иҷтимоӣ ба ҷамоаҳои зерҳадаф ҳисобот дар бораи қарорҳо дар мавриди зерлоиҳаҳо, дар бораи рафти иҷрои зерлоиҳаҳо ва инчунин дар бораи харид ва идоракунии молия, пешниҳод мекунанд. Номгӯи маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки дар давоми вохӯриҳо оид ба санҷиши иҷтимоӣ пешниҳод мегарданд дар Дастурамали лоиҳа оварда мешаванд. Бо мақсади ҳавасмандкунии иштирок ва таъмини иштироки васеи аъзоёни ҷамоа/деҳа ва намояндагони ҷамоа, фасилитаторҳои ҷамоа ва намояндагони ҷамоат вохӯриҳоро оид ба санҷиши иҷтимоӣ дар сатҳи деҳа баргузор менамоянд. 51 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ Лоиҳа омодакунӣ, ташкил ва бо ҳуҷҷат тасдиқ намудани вохӯриҳои санҷиш дар сатҳи ҷамоаро бо маблағ дастгирӣ мекунад. Кортҳои баҳодиҳии ҷамоавӣ. Ҷамоаҳо дар баҳодиҳии солонаи ҷамоавӣ бо истифода аз кортҳо иштирок мекунад. Онҳо имкон медиҳанд, ки бозхӯрди зуд ва оддӣ дар бораи татбиқи лоиҳа таъмин гардад. БМИМТ дар якҷоягӣ бо шарикон аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ раванди баҳодиҳиро мегузаронанд. Баҳодиҳии солона бо истифода аз кортҳо пеш аз вохӯрӣ оид ба санҷиши иҷтимоӣ гузаронида шуда, бо бозхӯрд ва фикру андешаҳои барои муҳокима гуруҳбандишуда таъмин менамояд. 8.8 Ҷадвали амалисозӣ, алоқаманд намудани татбиқи муҳоҷиркунонӣ бо корҳои сохтмонӣ Пеш аз оғоз намудани корҳои сохтмонӣ дар иншооти алоҳидаи зерлоиҳаҳо, мутобиқи муқаррароти Нақшаи амали муҳоҷиркунонии интишоргардида ва тасдиқшуда, ки бар ҳуҷҷати мазкур оид ба Сиёсати муҳоҷиркунонӣ асос ёфтааст, ШТЛ бояд ҷуброн карда шаванд. Барои фаъолияти алоқаманд бо гирифтан овардан ё талафи қитъаи замин, рад ё маҳдудкунии дастрасӣ чораҳои мазкур бояд пешниҳоди ҷуброн ва дигар кӯмаки лозимиро барои кӯчидан пеш аз муҳоҷиркунонӣ дар бар гиранд. Гирифтани қитъаи замин ва амволи ба он алоқаманд танҳо пас аз пардохти ҷубронпулӣ ва пешниҳоди майдон ва кӯмакпулӣ барои кӯчидан ба шахсони муҳоҷиршаванда, амалӣ мегардад. ШТЛ, ки бояд кӯчонида шаванд бояд ё имконияти ба итмом расонидани сохтмони манзили худ дар қитъаҳои замини бар иваз пешниҳодшуда дошта бошанд, ё маблағи иҷора барои ҷойгиршавии муваққатӣ дар хона/ҳуҷраи алтернативӣ аз ҳисоби буҷети ҷуброн ба онҳо пардохт карда шавад. Шартномаи хаттӣ, ки шартҳои мушаххасро танзим мекунад бояд байни тарафайн ба имзо расонида шавад. Чораҳо оид ба таъмини риояи АСМ мазкур ба НАМ, ки барои ҳар як намуди фаъолияти алоқаманд бо муҳоҷиркунонӣ ё ҷуброн омода мегарданд, дохил карда мешаванд. Ҷадвали амалисозии чорабиниҳо бояд бо БМИМТ, Комиссияҳои ҷамоатӣ ва деҳотӣ оид ба лоиҳа ва ШТЛ ҳамоҳанг сохта шавад. Ба он санаҳои ба нақша гирифташудаи оғоз ва анҷоми корҳои сохтмонӣ, ҷадвали таҳвили корҳои сохтмонии анҷомдодашуда ба ШТЛ инчунин санаҳои ихтиёрдории қитъаҳои замин/иншоот/хизматрасониҳои аз ҷониби ШТЛ истифодашаванда дохил мешавад. Санаҳои мазкур бояд пас аз санаи таҳвили корҳои сохтмонии анҷомдодашуда ба ШТЛ ва пардохти ҳамаи ҷубронпулиҳо бошад. Чӣ тавр фаъолияти мазкур бо татбиқи зерлоиҳаи умумӣ алоқаманд аст низ бояд бо тарафҳо ҳамоҳанг карда шавад. Тавассути раванди таҳқиқ бояд боварӣ ҳосил гардад, ки НАМ чораҳои қобили қабули алоқамандкунандаи фаъолияти муҳоҷиркунонӣ бо корҳои сохтмониро тибқи сиёсати мазкур дар бар мегиранд. Механизми татбиқи чораҳои мазкур аз лиҳози муҳлат бояд қафолат диҳад, ки ҳамаи шахсони воқеӣ ё хонаводҳои гирифтори таъсир то пардохти ҷубронпулӣ ва омода намудан ва пешниҳоди манзили муносиб ба шахсони воқеӣ ё хонаводаҳои гирифтори таъсир дар робита бо корҳои сохтмонӣ кӯчонида намешаванд. Пас аз тасдиқи НАМ аз ҷониби мақоми таъиншуда НАМ бояд ба Бонки умумиҷаҳонӣ барои баррасии ниҳоӣ ва тасдиқ ирсол гардад. Ҷубронпулӣ ба ШТЛ алоҳида танҳо пас аз гирифтани розигии хаттии ШТЛ, аз ҷумла шавҳар ва зан, пардохт карда мешавад. 8.9 Буҷет барои амалисозии муҳоҷиркунонӣ Дар ин марҳила ҳисоби теъдоди аниқи одамоне, ки метавонанд гирифтори таъсир гарданд имконнопазир аст, зеро лоиҳаҳои техникӣ ва тафсилот ҳанӯз таҳия нашудаанд. Аз ин рӯ, буҷети тахминии арзиши умумии муҳоҷиркунонӣ, ки метавонад бо татбиқи ин лоиҳа алоқаманд бошад, аз имконият берун мебошад. Аммо, замоне, ки ҷойҳои мазкур маълум мегарданд ва баъди ба итмом 52 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ расонидани тадиқоти иҷтимоию иқтисодӣ дар майдонҳои мушаххас, маълумот дар бораи таъсироти мушаххас, даромади шахсони алоҳида ва хонаводаҳо, шумораи шахсони гирифтори таъсири лоиҳа, инчунин маълумоти дигари демографӣ дастрас мешавад ва буҷетҳои муфассал ва аниқ барои ҳар як НАМ тартиб дода мешаванд. Ҳар як НАМ буҷети муфассалро дар бар гирифта, хароҷотҳои зерин дар он пешбинӣ мегарданд:  Масалан ҷуброн метавонад хароҷот барои қитъаи замин, иншоот, зироатҳои кишоварзӣ, барқаросозии сохтмон, иншооти ҷамоавӣ ва хизматрасониҳоро дар бар гирад.  Хароҷоти кӯчидан метавонанд хароҷоти муҳоҷиркунонии ШТЛ, хароҷоти маъмурии муҳоҷиркунонии ШТЛ-ро дар бар гиранд.  Хароҷоти барқарорсозии даромад метавонанд дастгирии муваққатии ШТЛ-ро ҷиҳати барқарорсозии даромад дар бар гиранд.  Хароҷоти маъмурӣ метавонанд хароҷот барои кормандон, омӯзиш ва баланд бардоштани иқтидор, мониторинг ва арзёбиро дар бар гиранд. БМИМТ барои татбиқи ҳуҷҷати Асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ, аз ҷумла пардохти ҷубронпулӣ, пешниҳоди дигар намудҳои кӯмак, ҷорӣ намудани механизми баррасии арзу шикоятҳо, ки аз ҳисоби буҷети муҳоҷиркунонӣ (саҳми Ҳукумати Тоҷикистон) пӯшида мешавад, масъул мебошад. 53 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ IX. МАШВАРАТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ВА НАШРИ АСМ 9.1 Нашри АСМ Лоиҳаи ҳуҷҷати АСМ дар торнамои БМИМТ 3 апрели соли 2019 (www.nsift.tj) ҷойгир карда шуд. Варианти ниҳоии ҳуҷҷати АСМ расман ба Бонки умумиҷаҳонӣ то 15 апрели соли 2019 барои нашр бо забони англисӣ дар торнамои берунаи БУ пешниҳод мегардад. Вариантҳои ҳуҷҷати АСМ бо забони англисӣ ва русӣ низ дар торнамои БМИМТ ҷойгир карда мешаванд. Варианти ниҳоии ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдори Лоиҳа дар давоми амалигардонии лоиҳа истифода мешавад. 9.2 Машваратҳои ҷамъиятӣ БМИМТ машваратҳои ҷамъиятиро оид ба муҳокимаи лоиҳаи ҳуҷҷати АСМ гузаронид ва тамоми ташкилотҳои манфиатдор, аз ҷумла намояндагони маҳаллии дигар мақомоти давлатиро ба монанди шӯъбаҳои маҳаллии КҲМЗ, раёсати тандурустӣ ва хифзи иҷтимоӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо, раисони маҳалла ва ТҶ маҳаллиро аз минтақаҳои зерҳадафи ду ноҳия (Кӯлоб, Панҷ) дар давоми 13-14 марти соли 2019 даъват намуд. Дар рафти машваратҳо намояндагони БМИМТ маълумоти кӯтоҳро оид ба лоиҳаи Ҳуҷҷати қолабии идоракунии чорахои экологй ва ичтимой (ESMF) ва Асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ (АСМ) пешниҳод намуданд. Бахусус, ба иштирокчиён дар бораи таҳқиқи лоиҳаҳо, арзёбиҳои экологӣ ва иҷтимоӣ барои зерлоиҳаҳои дорои хавфи назаррас, таъсирҳои эҳтимолӣ, ки метавонанд расонида шаванд, инчунин дар бораи чораҳое, ки бояд ҷиҳати пешгирӣ/кам кардани таъсирҳои эҳтимолӣ андешида шаванд, маълумот пешкаш гардид. Бояд қайд намуд, ки дар рафти ин машваратҳо ҷанбаҳои муҳоҷиркунонӣ муҳокима шуданд, аз ин рӯ дар ин қисм танҳо масъалаҳои дахлдори экологӣ ва иҷтимоӣ, ки дар рафти машваратҳо қайд шуда буданд, баррасӣ мегарданд. Машваратҳо ба муҳокимаи фаъол дар байни иштирокчиён мусоидат намуданд. Дар Замимаи 8 тафсилоти машваратҳои ҷамъиятӣ, рӯйхатҳои иштирокчиён ва аксҳо оварда шудаанд. Дар асоси фикру мулоҳизаҳои иштирокчиён АСМ аз нав дида баромада шуд/нав карда шуд. Машваратҳо оид ба арзёбии иҷтимоии зерлоиҳаҳо. Нашри ҳуҷҷатҳои муҳоҷиркунонӣ барои лоиҳаҳои дорои хавфи назаррас ҳатмӣ мебошад ва онҳо бояд дар байни гуруҳҳои гирифтори таъсири лоиҳа ва ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ дастрас гарданд. Пас аз омода кардани НАМ (аз ҷумла лоиҳаҳои НАМ дар торнамои БМИМТ нашршуда ва тавассути пешниҳоди нусхаҳои чопии онҳо ба мақомоти маҳаллӣ/КДЛ/КҶЛ) давраи нави машваратҳо баргузор мегардад. Вохӯриҳои банақшагирии рушди маҳаллӣ, ки аз ҷониби БМИМТ/ШК бо ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо гузаронида мешаванд ба гуруҳҳои гирифтори таъсири лоиҳа ва ТҶ маҳаллии иштирокчӣ имконияти ҷалбшавӣ ва баёни фикру мулоҳизаҳо дар раванди арзёбии экологӣ фароҳам меоварад ва фикру мулоҳизаҳои онҳо пеш аз анҷом додани таҳия лоиҳа ва пешниҳоди лоиҳа ба БМИМТ/ШК барои коркарди минбаъда ба инобат гирифта мешаванд. Пеш аз баргузор намудани чунин машваратҳо БМИМТ/ШК маводҳо ва сабтҳои дахлдорро саривақт дар шакл ва бо забонҳои барои гуруҳ фаҳмо (шарҳи равандҳо, харитаҳо, нақшаҳои сохтмон ва ғ.) ба иштирокчиён пешниҳод мекунанд. Машварат оид ба зерлоиҳаҳои оддӣ. Дар мавриди сохтмони нави хурд, барқарорсозии хурд, иваз намудани техника ва таҷҳизот ва ғ., ки ба ҷамъият таъсири назаррас намерасонанд, машваратҳои ҷамъиятиро метавон дар шакли виртуалӣ ё дар идораҳои асосии мақомоти маҳаллӣ баргузор намуд. Пас аз анҷомдиҳии корҳои сохтмонӣ/барқарорсозӣ дар майдони лоиҳа лавҳа бо маълумоти зарурӣ гузошта мешавад. 54 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ 9.3 Механизми баррасии арзу шикоятҳо Ҷонибҳои манфиатдор ва шаҳрвандон метавонанд нисбати ЛТПИИ бо ду роҳ шикоят кунанд, бахусус тавассути: механизми баррасии арзу шикоятҳои лоиҳа (МБШ) ва Хадамоти баррасии арзу шикоятҳои Бонки умумиҷаҳонӣ (ХБШ). 9.3.1 Вазифаҳои МБШ-и лоиҳа МБШ дар доираи ЛТПИИ ба механизми васеътари робита бо баҳрабарандагон, ки аз ҷониби БМИМТ дар муассисаҳои сатҳи марказӣ ва маҳаллӣ таъсис дода мешавад, дохил карда шудааст. МБШ-и дар лоиҳа асосёфта ба ҳайси механизм бо мақсади зерин истифода мешавад:  имконият медиҳанд, ки масъалаҳое, ки ба лоиҳа таъсир мерасонанд муайян шуда, беғаразона, саривақт ва ба таври муассир ҳал шаванд;  таҳкими ҳисоботдиҳӣ нисбати баҳбарандагон, аз он ҷумла ба шахсони гирифтори таъсири лоиҳа ва ба ҷонибҳои манфиатдор ва шаҳрвандон дар ҳама сатҳ пешниҳоди воситаҳои алоқа бо мақсади таъмини бозхӯрд ва ибрози нигарониҳо. Мавҷудияти механизми самарноки баррасии арзу шикоятҳо барои ҳадафҳои зерин хизмат мекунад: кам кардани низоъ ва хавфҳо, ба монанди дахолати беруна, коррупсия, маҳрумияти иҷтимоӣ ё идоракунии номуносиб; баланд бардоштани сифати чорабиниҳои лоиҳавӣ ва натиҷаҳо; истифодаи он ҳамчун механизми муҳимми бозхӯрд ва омӯзиш ҷиҳати идоракунии лоиҳаҳо дар робита бо тарафҳои қавӣ ва заифи тартиботи лоиҳа ва равандҳои амалисозии он. 9.3.2 Тафсир ва сохтори МБШ Кӣ метавонад арзу шикоят ва фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод кунад? МБШ ба доираи васеи ҷонибҳои манфиатдори Лоиҳа, ки метавонанд бевосита ё бавосита гирифтори таъсири лоиҳа гарданд, дастрас мешавад. Ба онҳо баҳрабарандагон, аъзоёни ҷамоа, татбиқкунандагон/пудратчиёни лоиҳа, воситаҳои ахбори омма – ҳама онҳое, ки ирсоли арзу шикоят ва фикру мулоҳизаҳо ба МБШ ба онҳо тавсия мегардад, дохил мешаванд. Кадом намуди шикоятҳо/фикру мулоҳизаҳо дар доираи МБШ баррасӣ мегарданд? МБШ барои ирсоли арзу шикоят, фикру мулоҳизаҳо, дархостҳо, пешниҳодҳо ё арзи сипоси алоқаманд бо идоракунии умумӣ ва татбиқи ЛТПИИ, аз ҷумла масъалаҳои алоқаманд бо зерлоиҳаҳое, ки дар доираи ЛТПИИ маблағгузорӣ ва дастгирӣ мешаванд, метавонад истифода гардад, аз он ҷумла:  Идоракунии номуносиб, истифодаи нодурусти маблағҳои лоиҳа ё амалҳои коррупсионӣ.  Иҷро накардани муқаррароти сиёсатҳо, дастурамалҳо ё тартибҳои Лоиҳа, аз он ҷумла онҳое, ки бо истифдаи меҳнати кӯдак, саломатӣ ва бехатарии коргарони ҷамоавӣ/шартномавӣ ва бо хушунати ҷинсӣ алоқаманданд.  Баҳсҳое, ки бо маҳдудкунии истифодаи захираҳо алоқаманданд ва метавонанд байни ё дар худи ҷамоаҳои гирифтори таъсир ба миён оянд.  Арзу шикоятҳои аъзоёни ҷамоа, онҳое, ки аз меъёрҳои ҳуқуқи интихобшавӣ, чораҳои банақшагирии дар сатҳи ҷамоа, ё татбиқи воқеии лоиҳаҳои бахши энергетика дар ҷамоа ё инфрасохтори иҷтимою иқтисодӣ қаноатманд нестанд.  Мушкилиҳои алоқаманд бо эҳдои қитъаи замин, ба даст овардани амвол ё муҳоҷиркунонӣ махсусан барои зерлоиҳаҳои дар доираи ЛТПИИ маблағгузоришаванда. 55 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ МБШ барои ЛТПИИ бар Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва “Дар бораи хизмати давлатӣ” ва инчунин “Дар бораи тартиби коргузорӣ дар робита бо муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” асос меёбад. Вазифаҳои МБШ дар принсипҳои шаффофият, дастрасӣ, фарогирӣ, адолат, беғаразӣ ва самаранокӣ асос меёбанд. Стандартҳо. МБШ ЛТПИИ муҳлатҳои аниқро барои тасдиқи қабул, навкунӣ ва пешниҳоди ҷавоби ниҳоӣ ба аризадиҳанда муайян мекунад. Барои баланд бардоштани дараҷаи ҳисоботдиҳӣ муҳлатҳо дар байни ҷонибҳои манфиатдори Лоиҳа ба таври васеъ паҳн мегарданд. Муҳлат барои тасдиқ намудани қабули шикоят набояд аз 7 рӯз аз лаҳзаи қабули он зиёд бошад; агар то охири 30 рӯз масъала ҳалли худро наёбад, маълумоти нав оиди ҳолати шикоят ва вақти зарурӣ барои ҳалли масъала ба аризадиҳанда ирсол мегардад; тамоми арзу шикоятҳо дар давоми 45 рӯз аз лаҳзаи қабул ҳаллу фасл мешаванд. Сохтор. Сохтори низоми бозхӯрд/МБШ барои лоиҳаи ЛТПИИ аз чор сатҳ, аз сатҳи маҳалла то сатҳи МИЛ иборат хоҳад буд. Сатҳи деҳа. Бо мақсади таъмин дастрасии МБШ ба мардум дар сатҳи ҷамоа, онҳо имконияти ирсоли шикоят/фикру мулоҳизаи худ ба аъзои КДЛ хоҳанд дошт, ки вазифаи ҳамоҳангсози шикоятҳоро (ҲШ) дар сатҳи деҳа низ иҷро мекунад. Аъзоёни ҷомеа барои шикоят ҳуқуқ доранд бевосита ба ҲШ муроҷиат намоянд. Сатҳи ҷамоат. Бо мақсади баррасии шикоятҳо/фикру мулоҳизаҳо дар давоми 15 рӯз аз лаҳзаи огоҳӣ оиди масъала Кумитаи идоракуни шикоятҳо (КИШ) дар назди КҶЛ таъсис дода мешавад. КИШ КҶЛ барои бурдани дафтари фикру мулоҳизаҳои қабулшуда, инчунин масъалаҳое, ки ҳал шудаанд ё дар ҳолати баррасӣ қарор доранд, масъул хоҳад буд. Агар масъала дар сатҳи ҷамоат ҳалли худро наёбад, КИШ КҶЛ онро фавран ба иттилои сатҳи болотар, яъне КИШ сатҳи ноҳиявӣ ва/ё филиали БМИМТ, ё бевосита ба идораи марказии БМИМТ мерасонад. Сатҳи ноҳия. Кумитаи идоракуни шикоятҳо дар ҳар як мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои баррасӣ ва ҳалли шикоятҳо дар якҷоягӣ бо КИШ КҶЛ ва идораҳои минтақавии БМИМТ дар давоми 30 рӯз аз қабули шикоят, таъсис хоҳад шуд. ҲШ БМИМТ дар минтақаҳо барои бурдани дафтарҳои фикру мулоҳизаҳо ва аз рӯи зарурат барои нигоҳдории алоқа бо дигар сохторҳои худидоракунии маҳаллӣ масъул хоҳанд буд. Агар масъала аз ҷониби ҲШ дар идораҳои минтаҷавии БМИМТ ҳалли худро наёбад, он то ба сатҳи идораи марказии ҲШ БМИМТ бардошта мешавад. Сатҳи марказӣ/МИЛ. Агар аз ҲШ сатҳи ҷамоат/ноҳия ё ҲШ идораҳои минтақавии БМИМТ ҷавоб наояд, ё агар ҷавоб қонеъкунанда набошад, аризадиҳандагон ва пешниҳодкунандагони фикру мулоҳизаҳо метавонанд бевосита ба БМИМТ/МИЛ барои пайгирии масъала муроҷиат кунанд. ҲШ БМИМТ/МИЛ барои арзу шикоят ва масъалаҳои алоқаманд бо тамоми ноҳияҳо ва қисмҳо/бахшҳо масъул хоҳад буд. Баъди омӯзиши бодиққати натиҷаҳои тафтишот ва санҷиш Директори БМИМТ қарори ниҳоӣ қабул мекунад. Муҳлати баррасӣ ва ҳалли шикоятҳо дар сатҳи БМИМТ 15 рӯз аз лаҳзаи қабули шикоят ташкил ҳоҳад дод. Аризадиҳанда фавран на дертар аз 5 рӯз баъди қабули қарор дар бораи натиҷаҳо хабар дода мешавад. Механизми дархости таҷдиди назар. Агар шикоят ҳанӯз барои қонеъ намудани аризадиҳанда ҳалли худро неёфта бошад, ӯ шикояти худро ба суди дахлдор пешниҳод мекунад. 56 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ 9.3.3 Алоқа ва раванди МБШ Алоқа. Маълумот дар бораи МБШ ЛТПИИ дар доираи муҳокимаҳои ибтидоии фикру мулоҳизаҳо дар ҷамоатҳо ва деҳоти иштироккунанда нашр мегардад. Брошураҳо дар давоми машваратҳо ва вохӯриҳои ҷамъиятӣ паҳн карда мешаванд, плакатҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба монанди муассисаҳои давлатӣ, идораҳои лоиҳаҳо, лавҳаҳои иттилоотии деҳот, марказҳои ҷамъиятӣ ва ғ. ҷойгир карда мешаванд. Маълумот дар бораи МБШ дар торнамои БМИМТ низ нашр мегардад (http:/www.nsift.tj). Раванд. Раванди умумии МБШ аз 6 қадам иборат хоҳад буд: (1) қабул (2) мураттабсозӣ ва коркард (3) тасдиқкунӣ ва пайгирӣ (4) санҷиш, тафтишот ва чораҷӯӣ (5) мониторинг ва арзёбӣ (6) таъмини бозхӯрд (ниг. ба расми 2). Расми2. Бозхӯрд ва раванди МБШ Манбаъ: Агарвал, Санҷай ва Пост, Давид, 2009. Масъалаҳои бозхӯрд: Таҳияи механизмҳои самараноки баррасии арзу шикоятҳо барои лоиҳаҳои аз ҷониби Бонк маблағгузоришаванда – Қисми I. SDV. Бонки умумиҷаҳонӣ. Қадами 1: Қабул. Ҷонибҳои манфиатдори лоиҳа имконияти таъмини бозхӯрд ва иттилоъдиҳӣ дар бораи шикоятҳо бо истифода аз якчанд воситаҳо (шахсан, бо мактуб, телефон, торнамои лоиҳа) дар сатҳҳои мухталиф (ҷамоат, ноҳия, идораҳои минтақавии БМИМТ/МИЛ), хоҳанд дошт. Қадами 2: Мураттабсозӣ ва коркард. Бо мақсади муттаҳидсозӣ, мониторинг ва пешниҳоди маълумоти алоқаманд бо арзу шикоятҳо, тамоми шикоят ва фикру мулоҳизаҳои алоқаманд бо ЛТПИИ пас аз қабул дар ҳар як сатҳи МБШ ба қайд гирифта мешаванд ва бо мақсади идоракунии бештар самараноки раванди баррасии шикоятҳо аз рӯи афзалият тасниф мегарданд. Фикру мулоҳизаҳо/шикоятҳои алоқаманд бо масъалаҳои экологӣ ё иҷтимоии марбут ба фаъолияти ЛТПИИ ба қайд гирифта мешаванд. Қадами 3: Тасдиқкунӣ ва пайгирӣ. Дар давоми 15 рӯз баъди қабули шикоят/фикру мулоҳизаҳо ҲШ ба аризадиҳанда дар бораи муҳлат ва рафти эҳтимолии амал иттилоъ медиҳад. Дар муҳлати 30 рӯз агар шикоят/масъала ҳалли худро наёбад, ҲШ, ки масъули шикоят дар ҳамон лаҳза мебошад, бояд маълумоти навро оид ба ҳолати шикоят/масъала ба шахси аризадиҳанда ва вақти зарурӣ барои ҳалли шикоят ё ҷавоби дархостро пешниҳод намояд. Қадами 4: Санҷиш, тафтишот ва чораҷӯӣ. Санҷиш ва тафтишот ҷамъоварии маълумотро дар бораи шикоят ҷиҳати муайянсозии асоснокии он ва доштани тасаввуроти равшан оиди шароите, ки бо масъалаи баррасишаванда алоқаманд аст, дар бар мегирад. Раванди мазкур одатан аз ташриф ба мавзеъ, тафтиши ҳуҷҷатҳо, мулоқот бо аризадиҳанда (агар ӯ маълум аст ва барои иштирок омода аст), аз ҷумла вохӯриҳо бо шахсони воқеӣ ва/ё ҳуқуқӣ, ки метавонанд дар ҳалли масъала кӯмак расонанд, иборат аст. Ба чораҳои эҳтимоли инҳо дохил мешаванд: ҷавоб ба дархост ё мулоҳиза, пешниҳоди маълумоти нав дар бораи ҳолат ба истифодабаранда, таҳримбандӣ ё таҳвили шикоят ба дигар сатҳ барои чораҷӯии минбаъда. Қадами 5: Мониторинг ва арзёбӣ. Мониторинг ба раванди пайгирии шикоятҳо ва арзёбии дараҷаи пешрафт дар ҳалли онҳо дахл дорад. Дар ниҳоят, МИЛ БМИМТ барои муттадидсозӣ, мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ аз рӯи шумораи умумии шикоятҳо, дархостҳо ва дигар бозхӯрд дар доираи ЛТПИИ, ки дар сатҳи ҷамоатҳо ва ноҳияҳо қабул ва ҳал шудаанд, дар ҳолати барраси қарор 57 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ доранд, инчунин барои бозхӯрди алоқаманд бо БМИМТ, масъул хоҳад буд. Маълумоти аз ҷониби БМИМТ ҷамъоваришуда барои тартибдиҳии ҳисоботҳо оид ба пешрафт дар робита бо нишондиҳандаҳои шикоятҳо, ки ба Низоми дастёбӣ ба натиҷаҳои лоиҳа дохл карда шудаанд ва барои ҷамъоварии маълумот барои ҳисоботҳои шашмоҳа муҳим хоҳад буд. Қадами 6: Таъмини бозхӯрд. Қадами мазкур пешниҳоди маълумот ба истифодабарандагони МБШ ва омма оид ба натиҷаҳои тафтишот ва чораҳои андешидашударо дар бар мегирад. ҲШ бо тамоси бевосита бо аризидиҳанда дар давоми 45 рӯз аз лаҳзаи қабули шикоят бозхӯрдро таъмин мекунад. БМИМТ ҳисоботҳои семоҳаро оид ба татбиқи МБШ лоиҳа НСИФТ ба гуруҳи масъули Бонки умумиҷаҳонӣ пешниҳод мекунад. Ғайр аз ин, маълумот оид ба шикоятҳо ва/ё дафтарҳои аслии шикоятҳо ба миссияҳои Бонки ҷаҳонӣ аз рӯи дархост пешкаш мегарданд. 9.3.4 Дафтарҳои арзу шикоят Ҳамоҳангсозҳои шикоятҳо бо мақсади таъмини рақами алоҳидаи истинодӣ ба ҳар як шикоят ва ба таври муносиб пайгирӣ намудани онҳо ва иҷрои чораҳои ба қайд гирифташуда дафтарҳои шикоятро ташкил медиҳанд. Ҳангоми қабули фикру мулоҳизаҳо, аз ҷумла шикоятҳо маълумоти зерин муайян мегардад: - Намуди муроҷиат - Категорияи муроҷиат - Шахсони масъули омӯхтани масъала ва иҷрои дархост - Муҳлати ниҳоии ҳалли масъала. - Нақшаи амали ҳамоҳангсохташуда Мутахассиси лоиҳа оид ба рушди иҷтимоӣ (як мутахассис дар ҳар як филиали БМИМТ дар шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ) ба ҳар як шикоят рақами алоҳидаи истинодӣ муайян намуда, онро ба таври муносиб пайгирӣ мекунанд ва иҷрои чора/амалҳои ба қайд гирифташударо таъмин менамоянд. Дафтар бояд маълумоти зеринро дар худ дошта бошад: Ному насаби ШТЛ, суроғаи ӯ ва тафсилоти шикоят. Санаи шикоят. Санаи гузоштани дафтари шикоят дар махзани маълумоти лоиҳа. Маълумоти муфассал оид ба амалҳои пешниҳодшудаи ислоҳӣ, номи мақоми тасдиқкунанда. Санаи ирсоли амали пешниҳодшудаи ислоҳӣ ба аризадиҳанда (агар зарур бошад). Тафсилоти ҷаласаи Кумита оид ба баррасии шикоятҳо (агар зарур бошад). Санаи ҳалли шикоят. Санаи ирсоли ҷавоб ба шикояткунанда. 9.3.5 Мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ оид ба шикоятҳо Мутахассисҳои БМИМТ оид ба рушди иҷтимоӣ барои фаъолияти зерин масъул хоҳанд буд: o Ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти сифатӣ аз ҲШ дар бораи шумора, муҳтаво ва ҳолати шикоятҳо ва гузоштани онҳо дар махзани ягонаи маълумоти лоиҳа; o Мониторинги масъалаҳои ҳалношуда ва пешниҳоди чораҳо барои ҳалли онҳл; o Пешниҳоди ҳисоботҳои семоҳа оид ба механизмҳои МБШ ба мутахассиси МваА БМИМТ дар МИЛ. 58 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ Ҳисоботҳои семоҳа, ки аз ҷониби БМИМТ пешниҳод мегарданд бояд дорои Қисми алоқаманд бо МБШ бошанд, ки дар он маълумоти нави зерин пешниҳод мегардад:  Ҳолати татбиқи МБШ (тартиб, омӯзиш, маъракаҳои иттилоотдиҳии ҷомеа, тартибдиҳии буҷет ва ғ.);  Маълумоти сифатӣ оид ба шикоятҳои қабулшуда (аризаҳо, пешниҳодҳо, шикоятҳо, дархостҳо, мулоҳизаҳои мусбат) бо қайди он шикоятҳое, ки бо СЭИ5 БУ алоқаманданд ва шумораи шикоятҳои ҳалшуда;  Маълумоти миқдорӣ оид ба намуди шикоят ва ҷавобҳо, масъалаҳои пешниҳодшуда ва шикоятҳое, ки ҳалношуда боқӣ мемонанд;  Дараҷаи қаноатмандӣ аз тадбирҳои андешидашуда;  Ҳама гуна тадбирҳои андешудаи ислоҳӣ. 9.3.6 Низоми баррасии шикоятҳои Бонки умумиҷаҳонӣ Ҷамоаҳо ва шахсони алоҳидае, ки худро гирифтори таъсири манфии лоиҳаи Бонки умумиҷаҳонӣ (БУ) меҳисобанд, метавонанд ба механизмҳои мавҷудбудаи баррасии шикоятҳо дар сатҳи Лоиҳа ё ба Хадамоти баррасии шикоятҳои Бонки умумиҷаҳонӣ (ХБШ) бо шикоят муроҷиат намоянд. ХБШ баррасии саривақтии шикоятҳои қабулшударо бо мақсади ҳалли масъалаҳои алоқаманд бо лоиҳа таъмин мекунад. Ҷамоаҳо ва шахсони алоҳидаи гирифтори таъсири лоиҳа метавонанд шикояти худро ба комиссияи мустақили тафтишотии Бонки умумиҷаҳонӣ пешниҳод намоянд. Комиссияи мазкур муайян мекунад, ки дар натиҷаи риоя накардани сиёсат ё тартибот аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ оё зарар расонида шуд е метавонист расонида шавад ё не. Пас аз он ки масъалаҳо бевосита ба иттилои Бонки умумиҷаҳонӣ расонида шуданд ва ба роҳбарияти Бонк имконияти ҷавобдиҳӣ фароҳам оварда шуд, шикоятҳо метавонанд пешниҳод гарданд. Маълумот дар бораи он ки чӣ тавр метавон шикоятро ба Хадамоти баррасии шикоятҳои Бонки умумиҷаҳонӣ ирсол намуд дар ин торнамо оварда шудааст: http://www.worldbank.org/en/projects-operations/products-and- services/grievance-redress-service. Маълумот дар бораи он ки чӣ тавр метавон шикоятро ба Комиссияти тафтишотии Бонки умумиҷаҳонӣ ирсол намуд дар ин торнамо оварда шудааст: www.inspectionpanel.org. 59 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ ЗАМИМАҲО Замимаи НЕ 1. Схемаи раванди НАМ Таҳияи НАМ Татбиқ Раванди НАМ ҲА Ба Барӯйхатгирии кумитаи аҳолӣ муҳоҷирк Барӯйхатгирии амвол ва баҳодиҳӣ унонӣ ва Ҳамоҳангсозии Ба даст пардохти чораҳои муҳоҷир- НАМ тасдиқ кунонӣ шудааст? овардани ҷуброн Машварат Рӯйнамоӣ Тасдиқ қитъаи замин/ пешниҳод Шикоятҳо иншоот/ Мониторинг НЕ мешавад АСМ барои маҳдудкунии зерлоиҳа НЕ дастрасӣ, ки ба пешниҳод шудааст таъсири муайяншуда ҲА оварда расонидааст Screening Proces s Чораҷӯӣ лозим намешавад 60 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ Замимаи 2: Шакли ҳисобот оид ба таҳқиқи таъсироти чашмдошти иҷтимоӣ (Ҳисобот бояд кӯтоҳ бошад) Зерлоиҳа _______________________________ Макони татбиқи зерлоиҳа _____________ (Макони татбиқро бо қайд дар харита-схема ва аксҳо нишон диҳед) Намуди фаъолият:________________________________________ (сохтмони нав, бозсозӣ, барқарорсозӣ, таъмири ҷорӣ) Арзиши сметавӣ ____________ Санаи ба нақша гирифташудаи оғози корҳо: _______________________________ Нақшаҳо/ҳуҷҷатҳои техникии баррасишуда: ____________________ Рӯйхати саволҳои санҷишӣ: № Омили эҳтимолии таъсир Мавҷудият (Ҳа/Не) 1. Оё зерлоиҳа дар ҳудуди қитъаҳои замин иҷро мешавад? 2. Оё муҳоҷиркунонии воқеӣ ё иқтисодии аҳолӣ ё сохторҳои тиҷоратӣ зарур аст? Оё гирифтани иҷбории қитъаи замин ҷой хоҳад дошт? Оё ба амвол таъсир расонида мешавад? 3. Оё таъсироти иҷтимоӣ назаррасанд? 4. Оё муайян намудани дараҷаи баҳодиҳии захираҳои ниҳодии барои чораҳои муҳофизатӣ зарур талаб мешавад? 5. Оё дар ҷои татбиқи зерлоиҳа ягон амволи шахсони сеюм мавҷуд аст? 6. Оё ягон ҳудуди баҳсталаб мавҷуд аст? 7. Оё роҳҳои даромад ва пиёдагард ба хонаҳои истиқоматӣ ва сохторҳои тиҷоратӣ ҳангоми сохтмон дастрас хоҳанд буд? 8. Оё сохтмон ба тағйирот дар муҳити иҷтимоӣ оварда намерасонад, оё даромади сохторҳои тиҷоратӣ ва аҳолӣ коҳиш намеёбанд? 9. Оё сохтмони ба нақша гирифташуда ба саломати аҳолӣ таъсир ё ба касе зарар намерасонад? 10. Оё зерлоиҳа боиси эътироз ва нигаронии аҳолӣ намегардад? 11. Оё ба шароити зиндагии аҳолӣ, арзишҳои он ва тарзи зиндагӣ таъсири манфӣ расонида намешавад? 12. Оё зерлоиҳа боиси нобаробарӣ байни гуруҳҳои аҳолӣ намегардад? 13. Оё дараҷаи ҳавасмандии ҷомеа ба зерлоиҳа баланд аст? 14. Оё ягон далели таъсири муҳоҷиркунонии иҷборӣ дар гузашта дар ин мавзеъ мавҷуд аст? Оё он нисбати таъсири муҳоҷиркунонии дар гузашта коҳишнадода андешидани тадбирҳои ислоҳиро талаб мекунад? 15 Оё зерлоиҳаи мазкур ба дигар лоиҳаҳои рушди инфрасохтор алоқаманд аст? Дар асоси саволҳои мазкур зарурати таҳияи НАМ муайян карда мешавад. Тавсияҳо: Бо дар назардошти ҷавобҳо ба саволҳои санҷишӣ зарурати истифодаи тартиботи СЭИ5 БУ барои чораҷӯии минбаъда муайян карда мешавад ______________ Аз ҷониби (номи пурра ва маълумот барои тамос) пур карда шуд: _____________________________________ Имзо: _________Сана:________________________ 61 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ Замимаи 3: Шакли барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди замин Мусоҳибаҳо бо хонаводаҳо Ному насаб Ҷинс Синну Вазъи оилавӣ Саробон Шуғл Сатҳи Манзили Оё оила ягон сол ва сатҳи даромади иҷора ё кӯмаки м з маълумот ҳа не ҳа не оила хусусӣ иҷтимоӣ мегирад? 1. 2. 3. Ному насаби Машваратчӣ: ________________________________Имзо: _______________________Сана:___________ 62 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ Замимаи 4: Барӯйхатгирии фонди замини ШТЛ Макон_________________________________________________ Сана: _________________ № Ному Шумораи Майдони Майдони % % талафи амвол, (м², Майдони Талафи ҳосил Дигар мусоҳиба насаби аъзоёни умумии замине, ки умумии м, адад, в ғ.) (намуд талафи талафот сарвари хонавода замини бояд талаф ва шумораи амволро фонди (намуди хонавода хонавода, аз гирифта нишон диҳед: манзил талафотро ҷумла бо шавад, м2 сохтмон, девор, чоҳ в (м²) нишон ҳаққи /га ғ.) диҳед: истифодабарӣ, манзил, обёришаванда Доимӣ Муваққатӣ Дарахтони Талафи Дигар бинои ё лалмӣ мевадиҳанда, зироат (нишон иҷора ва ғ.) навъҳо ва диҳед) шумора (адад) 1. 2. НОМУ НАСАБИ МУСОҲИБАКУНАНДА ________________________Имзо____________________/ Сана__________________________/ Замимаи 5: Ҳуқуқҳои ШТЛ ба ҷуброн № Ному Ҷуброни қитъаи замин Ҷуброни сохтмон Ҷуброни зироат ва дарахтон Ҷуброни дигар амвол ва талафот мусоҳиба насаби (чоҳҳо, wells, business, etc.) сарвари оила Майдон Воҳиди Ҳуқуқи Шумора Воҳиди Ҳуқуқи Шумора Воҳиди Ҳуқуқи Шумора Воҳиди Ҳуқуқи (м² ё арзиш истифода- (м² ё арзиш ба истифода- (м² ё арзиш истифода- (м² ё арзиш истифода- гектар) ба (м² ё барии гектар) (м² ё га) барӣ гектар) ба (м² ё барӣ гектар) ба (м² ё барӣ га) қитъаи (Ҳа/Не) га) (Ҳа/Не) га) (Ҳа/Не) замин (Ҳа/Не) НОМУ НАСАБИ МУСОҲИБАКУНАНДА ___________________________Имзо________________________/ Сана__________________________/ 63 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ Замимаи 6: Муҳтавои пешакии Нақшаи амали муҳоҷиркунонӣ ва шакли фишурдаи Нақшаи амали муҳоҷиркунонӣ Муҳтавои Нақшаи амали муҳоҷиркунонӣ Ҳаҷм ва дараҷаи тафсилоти нақшаи муҳоҷиркунонӣ вобаста аз миқёс ва мураккабии муҳоҷиркунонӣ фарқ мекунад. Нақша бар маълумоти нав ва боэътимод дар бораи: (а) муҳоҷиркунонии пешниҳодшуда ва таъсири он ба шахсони кӯчонидашаванда ва дигар гуруҳҳои гирифтори таъсир, ва (б) масъалаҳои ҳуқуқии муҳоҷиркунонӣ асос меёбад. Аз рӯи зарурат нақшаи муҳоҷиркунонӣ унсурҳои зеринро фаро мегиранд. Дар ҳолате, ки унсур ба ҳолатҳои лоиҳа алоқаманд набошад, он бояд дар нақшаи амал дарҷ гардад. 1. Шарҳи лоиҳа. Шарҳи умумии лоиҳа ва муайян намудани ҳудуди лоиҳа. 2. Таъсироти эҳтимолӣ. Муайянкунии a) Қисм/бахши лоиҳа ё чорабиниҳое, ки барои муҳоҷиркунонӣ ҳамчун асос хизмат мекунанд; b) Минтақаи таъсири чунин қисм/бахш ё чорабинӣ; c) Алтернативаҳои баррасишаванда бо мақсади пешгирӣ ё то ба ҳадди ақал кам кардани эҳтимолияти муҳоҷиркунонӣ; ва d) Механизмҳое, ки бо мақсади кам кардани эҳтимолияти муҳоҷиркунонӣ дар рафти татбиқи лоиҳа истифода мешаванд. 3. Ҳадафҳо. Ҳадафҳои асосии барномаи муҳоҷиркунонӣ. 4. Тадқиқоти иҷтимоию иқтисодӣ. Натиҷаҳои тадқиқоти иҷтимоию иқтисодӣ бояд дар марҳилаҳои аввали омодакунии лоиҳа бо иштироки шахсони эҳтимолан кӯчонидашуда расонида шаванд, аз ҷумла (a) натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ, бо дарназардошти (i) шумораи кунунии сокинони минтақаи таъсир барои фароҳам овардани замина барои лоиҳаи барномаи муҳоҷиркунонӣ ва пешгирӣ аз мавҷи минбаъдаи шахсони дорои ҳуқуқ барои ҷуброн ва дастгирӣ ҳангоми кӯчидан; (ii) хусусиятҳои стандартии хонаводаҳои кӯчонидашаванда, аз ҷумла шарҳи низомҳои истеҳсолот, шуғл, ташкили хонавода ва маълумоти умумӣ дар бораи воситаҳои зиндагӣ (аз ҷумла сатҳи истеҳсолот ва даромад ҳам аз ҳисоби намудҳои расмӣ ва ҳам ғайрирасмии фаъолияти иқтисодӣ) ва сатҳи зиндагии (аз ҷумла вазъи саломатӣ) аҳолии кӯчонидашаванда; (iii) миқёси аз дастдиҳии чашмдошт – пурра ё қисман аз даст додани амвол ва дараҷаи муҳоқиркунонӣ, воқеӣ ё иқтисодӣ; (iv) маълумот дар бораи гуруҳҳо ва шахсони осебпазир, ба кадоме, ки шароитҳои махсус пешниҳод мегарданд; ва (v) муқаррарот оид ба нав кардани маълумот дар бораи воситаҳо ва сатҳи зиндагии шахсони кӯчонидашуда дар фосилаҳои мунтазам то он ки маълумоти охирин ҳангоми кӯчонидани онҳо дастрас бошад. (b) Дигар тадқиқоте, ки ҳолати зеринро шарҳ медиҳанд: (i) ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ва кӯчонидани шабакаҳо, аз ҷумла ба рӯйхатгирии захираҳои табиии моликияти умумӣ, ки аз онҳо воситаҳои зиндагӣ ва рӯзгузаронии худро аҳолӣ ба даст меорад, системаҳои ҳуқуқи истифодабарии моликияти бегона (аз ҷумла моҳигирӣ, чаронидани чорво ё истифодабарии ҷангал), ки бо воситаи механизмҳои маҳаллии тақсимоти қитъаҳои замин идора карда мешаванд ва ҳама гуна дигар масъалаҳое, ки дар низомҳои гуногуни истифодабарии қитъаҳои замин дар минтақаи лоиҳа ба миён меоянд; (ii) хусусиятҳои ҳамкории иҷтимоӣ дар ҷамоаҳои гирифтори таъсир, аз он ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва низомҳои дастгирии иҷтимоӣ ва чӣ тавр лоиҳа ба онҳо таъсир мерасонад; (iii) инфрасохтори ҷамъиятӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ки ба онҳо лоиҳа таъсир мерасонад; ва (iv) хусусиятҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷамоаҳои кӯчонидашаванда, аз он ҷумла шарҳи ниҳодҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ (масалан, ташкилотҳои ҷамоавӣ, гуруҳҳои динӣ, 64 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки метавонанд бо стратегияи гузаронидани машваратҳо ва лоиҳакашӣ, амалисозии чорабиниҳои муҳоҷиркунонӣ робита дошта бошанд. 5. Заминаи ҳуқуқӣ. Натиҷаҳои таҳлили заминаи ҳуқуқӣ бо фарогирии (a) ҳудуди ваколати ҳуқуқи давлат нисбати бегона намудани иҷбории моликият ва характери ҷуброни алоқаманд бо он аз лиҳози методологияи арзёбӣ ва муҳлати пардохт; (b) тартиботи ҳуқуқӣ ва маъмурии амалккунанда, аз он ҷумла шарҳи воситаҳои муҳофизати ҳуқуқии дастрас ба шахси кӯчонидашаванда дар давоми мурофиаи судӣ, инчунин муҳлати стандартӣ барои чунин тартибот пешбинишуда ва ҳама гуна механизмҳои алтернативии ҳалли баҳсҳо, ки метавонанд бо масъалаи кӯчонидан дар доираи лоиҳа рабт дошта бошанд; (c) меъёрҳои ҳуқуқӣ (аз ҷумла меъёрҳои ҳуқуқи маъмулӣ ва анъанавӣ), ки заминистифодабарӣ, арзёбии амвол ва талафот, ҷуброн ва ҳуқуқи истифодабарии захираҳои табиӣ; ҳуқуқи маъмулии шахсии алоқаманд бо кӯчонидан; ва қонунҳои муҳити зист ва қонунгузории алоқаманд бо таъминоти иҷтимоиро муайян мекунанд; (d) санадҳои меъёрию ҳуқуқии алоқаманд агентиҳои масъули амалисозии чорабиниҳои муҳоҷиркунонӣ; (e) тафовутҳо байни қонунгузории маҳаллӣ оид ба муҳоҷиркунонӣ ва сиёсати Бонк оид ба муҳоҷиркунонӣ, инчунин механизмҳои бартараф намудани чунин тафовутҳо; ва (f) ҳама гуна тадбирҳои ҳуқуқӣ, ки барои таъмини амалигардонии самарабахши чорабиниҳои муҳоҷиркунонӣ дар доираи лоиҳа заруранд, аз он ҷумла раванди эътирофи даъвоҳо ба ҳуқуқи заминистифодабарӣ, аз ҷумла даъвоҳое, ки бо ҳуқуқи умумӣ ва истифодабарии анъанавӣ алоқаманданд. 6. Сохтори институтсионалӣ. Натиҷаҳои таҳлили сохтори институтсионалӣ ба фарогирии чораҳои зерин: (a) муайянсозии агентиҳои масъули чорабиниҳои муҳоҷиркунонӣ ва ТҶ, ки метавонанд нақши муайянро дар амалисозии лоиҳа иҷро намоянд; (b) арзёбии иқтидори институтсионалии чунин агентиҳо ва ТҶ; ва (c) ҳама гуна иқдомҳои барои тавсеаи иқтидори институтсионалии агентиҳо ва ТҶ масъули амалисозии муҳоҷиркунонӣ пешниҳодшуда. 7. Ҳуқуқи интихобшавӣ. Муайян намудани шахсони кӯчонидашаванда ва меъёрҳои муайянсозии ҳуқуқи онҳо ба ҷуброн ва дигар кӯмак ҳангоми кӯчидан, аз он ҷумла санаҳои дахлдори қатъи эътибор. 8. Арзёбӣ ва ҷуброни талафот. Методологияе, ки бояд ҳангоми арзёбии талафот истифода шуда, арзиши барқароркунии онҳо муайян шавад; шарҳи намудҳо ва дараҷаи ҷуброни пешниҳодшаванда дар доираи қонунгузории маҳаллӣ ва чунин чораҳои иловагӣ, ки барои пӯшонидани арзиши барқароркунии амволи талафшуда зарур аст. 9. Чораҳои муҳоҷиркунонӣ. Шарҳи бастаҳои ҷуброн ва дигар чораҳои муҳоҷиркунонӣ, ки ба ҳар як категорияи ШТЛ дар расидани ҳадафи сиёсат кӯмак мерасонанд (ниг. ба СЭИ5). Илова бар аз лиҳози техникӣ ва иқтисодӣ асоснок будани бастаҳои ҷуброн, онҳо бояд бо афзалиятҳои фарҳангии ШТЛ мувофиқ бошанд ва дар машварат бо онҳо омода гарданд. 10. Интихоби ҷой, омодакунии он ва муҳоҷиркунонӣ. Ҷойҳои алтернативӣ барои кӯчонидан дида баромада мешаванд ва он ҷойҳое, ки интихоб шудаанд тафсилоти зерин ба онҳо дода мешавад: (a) чорабиниҳои интситутсионалӣ ва техникӣ ҷиҳати муайян ва омода намудани ҷои муҳоҷиркунонӣ, дар минтақаи деҳот ё шаҳр, ки дар ҳудуди онҳо иқтидори истеҳсолӣ мавҷуд аст, афзалиятҳои географӣ, ва дигар омилҳое, ки метавонанд бо бартариятҳои ҷои қаблӣ муқоисашаванда бошанд, бо ҳисоби вақте, ки барои ба даст овардан ва таҳвили қитъаи замин ва захираҳои иловагӣ зарур ҳоҳад буд; (b) ҳама гуна чораҳое, ки барои пешгирии фурӯши қитъаҳои замин бо арзиши баланд ё таъсири шахсони ҳуқуқнадошта дар ҷойҳои интихобшуда; (c) тартиби муҳоҷиркунонии воқеӣ дар доираи лоиҳа, аз ҷумла ҷадвали омодакунии ҷой ва таҳвил; ва 65 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ (d) чораҳои ҳуқуқӣ барои танзими ҳуқуқҳои заминистифодабарӣ ва таҳвили ҳуқуқ ба муҳоҷирон. 11. Хизматрасониҳои манзилӣ, инфрасохторӣ ва иҷтимоӣ. Нақшаҳои пешниҳоди (ё маблағгузории хизматрасониҳо барои муҳоҷирон) хизматрасониҳои манзилӣ, инфрасохторӣ (масалан, обтаъминкунӣ, роҳҳои даромад) ва иҷтимоӣ (масалан, мактаб, хадамоти тиббӣ); нақшаҳо барои пешниҳоди хизматрасониҳои қиёспазир ба аҳолии қабулкунанда; ҳама гуна беҳсозии зарурии ҳудуд, корҳои муҳандисию сохтмонӣ ва лоиҳаҳои меъморӣ барои иншооти мазкур. 12. Идоракунии ҳифзи муҳити зист. Шарҳи ҳудудҳои минтақаи муҳоҷиркунонӣ; ва арзёбии таъсир ба муҳити зисти муҳоҷиркунонии пешбинишуда; чораҳои камкунӣ ва идоракунии таъсирот (дар якҷоягӣ бо арзёбии дахлдори таъсири сармоягузориҳои асосӣ ба муҳити зист, ки муҳоҷиркунониро тақозо мекунанд). 13. Иштироки ҷамоа. Ҷалби муҳоҷирон ва аҳолии қабулкунанда, (a) шарҳи стратегияи гузаронидани машваратҳо бо иштироки муҳоҷирон ва қабулкунандагон дар таҳия ва гузаронидани чорабиниҳои муҳоҷиркунонӣ; (b) шарҳи фикру андешаҳои баёншуда ва дар бораи он, ки чӣ тавр ин фикру андешаҳо дар омодасозии нақшаи амали муҳоҷиркунонӣ ба инобат гирифта шуданд; (c) шарҳи вариантҳои алтернативии пешниҳодшудаи муҳоҷиркунонӣ ва интихобҳое, ки ШТЛ аз вариантҳои дастрас кардаанд, аз он ҷумла интихоби алоқаманд бо шаклҳои ҷуброн ва дастгирӣ ҳангоми муҳоҷиркунонӣ, бо кӯчидани оилаҳои алоҳида ё қисми ҷамоаҳои қаблан мавҷудбуда ё гуруҳҳои хешовандӣ, инчунин бо дастгирии параметрҳои мавҷудбудаи ташкилии гуруҳӣ, нигоҳдории дастрасӣ ба мероси фарҳангӣ (масъалан, ҷойҳои ибодат, зиёратҷойҳо, оромгоҳҳо); ва (d) Механизмҳои институтсионалӣ, ки бо истифодаи онҳо муҳоҷирон метавонанд бо саволҳои худ ба мақомоти лоиҳа ҳангоми ба нақшагирӣ ва амалисозӣ муроҷиат кунанд ва чораҳо ҷиҳати таъмини намояндагии муносиби гуруҳҳои осебпазир, аҳолии таҳҷоӣ, ақаллиятҳои этникӣ, шахсони бе қитъаи замин ва занон. 14. Ҳамгироӣ бо аҳолии қабулкунанда. Чораҳои кам кардани таъсири муҳоҷиркунонӣ ба аҳолии қабулкунанда, аз ҷумла a) Машварат бо ҷамоаҳои қабулкунанда ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ; b) Чорабиниҳо оид ба фавран гузаронидани озмун нисбати пардохтҳо барои қитъаҳои замин ва дигар амволиба муҳоҷирон пешниҳодшуда; c) Чорабиниҳо оид ба ҳалли ҳама гуна низоъ, ки метавонад байни муҳоҷирон ва ҷамоаҳои қабулкунанда ба миён ояд; ва d) Ҳама гуна чораҳо, ки барои таҳкими хизматрасониҳо (масалан, таҳсил, обтаъминкунӣ, тандурустӣ ва хизматрасониҳои истеҳсолӣ) дар ҷамоаҳои қабулкунанда заруранд, то он ки онҳо бо хизматрасониҳое, ки ба муҳоҷирон пешниҳод мегарданд, қиёспазир бошанд. 15. Тартиботи баррасии шикоятҳо. Тартиботи ҳалли масъалаҳои баҳсноки шахсони сеюм, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ дастрас мебошанд ва дар натиҷаи муҳоҷиркунонӣ ба миён меоянд; чунин механизмҳои баррасии шикоятҳо бояд имконияти муҳофизати судӣ, аз ҷумла механизмҳои ҷамоавии ҳалли баҳсҳоро ба инобат гиранд. 16. Уҳдадориҳои ташкилӣ. Сохтори ташкилӣ дар амалисозии муҳоҷиркунонӣ, аз ҷумла муайян намудани идораву муассисаҳои масъули андешидани тадбирҳои муҳоҷиркунонӣ ва хизматрасонӣ; чорабиниҳои ба таъмини ҳамоҳангсозии дахлдор байни идораҳо ва низомҳои ҳуқуқии алоқаманд ба татбиқ нигаронидашуда; ва ҳама гуна чораҳо (аз ҷумла дастгирии техникӣ), ки барои таҳкими иқтидори идораҳои татбиққунанда дар гузаронидани ҷорабиниҳои муҳоҷиркунонӣ заруранд; таъмини супоридани уҳдадориҳои идоракунии иншоот ва хизматрасониҳои дар доираи лоиҳа пешниҳодшаванда ба мақомоти маҳаллӣ ё ба худи муҳоҷирон, аз ҷумла аз рӯи зарурат супоридани дигар уҳдадориҳои идораи татбиқкунандаи муҳоҷиркунонӣ. 17. Ҷадвали амалисозӣ. Ҷадвали амалисозӣ тамоми чорабиниҳои амалисозиро дар бар мегиранд, аз ҷумла муҳлатҳои дастёбӣ ба манфиатҳои чашмдошт барои муҳоҷирон ва қабулкунанда ва қатъи ҳама гуна шаклҳои дастгирӣ. Ҷадвал бояд нишон диҳад ки чӣ тавр чорабиниҳои муҳоҷиркунонӣ бо татбиқи тамоми лоиҳа алоқаманданд. 18. Хароҷот ва буҷет. Ҷадвалҳо бо маълумот дар бораи хароҷоти тамоми чорабиниҳои муҳоҷиркунонӣ, аз ҷумла кӯмакпулии алоқаманд бо таваррум, афзоиши аҳолӣ ва дигар хароҷоти пешбининашуда; ҷадвали хароҷот; манбаҳои маблағ; ва механизмҳои гардиши саривақтии маблағ ва маблағгузории муҳоҷиркунонӣ дар ноҳияҳои берун аз салоҳияти идораи татбиқкунанда, агар мавҷуд бошанд. 66 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ 19. Мониторинг ва арзёбӣ. Механизмҳои мониторинги чорабиниҳои муҳоҷиркунонӣ аз ҷониби идораи татбиқкунанда бо мониторинги мустақил тавре аз ҷониби Бонк муносиб дониста шавад, бо мақсади таъмини маълумоти пурра ва объективӣ; нишонидиҳандаҳои мониторинги самаранокӣ ҷиҳати арзёбии хароҷот, натиҷаҳои фосилавӣ ва ниҳоии чорабиниҳои муҳоҷиркунонӣ; ҷалби шахсони кӯчонида ба раванди мониторинг; арзёбии таъсири муҳоҷиркунонӣ дар давоми вақти муайян баъди анҷоми тамоми чорабиниҳои муҳоҷиркунонӣ ва фаъолияти бо он алоқаманд дар самти рушд; истифодаи натиҷаҳои мониторинги муҳоҷиркунонӣ бо мақсади амалигардонии минбаъда. Мундариҷаи НАМ дар шакли фишурда Нақшаи фишурда аз унсурҳои зерин иборат аст9: (a) натиҷаҳои барӯйхатгирии ШТЛ ва амвол; (b) маълумот дар бораи ҷуброн ва дигар намуди дастгирӣ ҳангоми муҳоҷиркунонӣ; (c) машварат бо ШТЛ оид ба алтернативаҳои қобили қабул; (d) уҳдадориҳои институтсионалӣ дар амалисозӣ ва тартиби баррасии шикоятҳо; (e) механизмҳои мониторинг ва амалисозӣ; ва (f) ҷадвал ва буҷет. 9 Агар ШТЛ зиёда аз 10% дороиҳои истеҳсолии худро ҳангоми муҳоҷиркунонии воқеӣ аз даст диҳанд, нақша гузаронидани тадқиқоти иҷтимоию иқтисодӣ ва андешидани чораҳои барқарорсозии даромадро пешбинӣ мекунад. 67 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ Замимаи 7: Меъёр ва шакли пешниҳоди ихтиёрии қитъаи замин Вилоят: Мақомоти маҳаллӣ: Деҳа/Ҷамоат: Номи зерлоиҳа: Санаи вохӯрии ҷамъиятӣ/дар сатҳи деҳа Ному насаби Рақами шаҳодатномаи Баҳрабарандаи зерлоиҳа: Ҳа/Не истифодабарандаи қитъаи истифодабарии қитъаи замин: замин: Ҷинс: Синну сол: Шуғл: Суроға: Шарҳи қитъаи замин, ки барои Майдони Майдони Таносуби Рамзи зерлоиҳа гирифта мешавад: гирифтори умумии қитъаи замини географӣ, таъсир: қитъаи гирифтори агар бошад: замин: таъсир бо майдони умумии қитъаи замин: Шарҳи зироатҳое, ки дар давоми сол дар қитъаи замин парвариш мешаванд ва таъсири лоиҳа: Тафсилот Шумора  Дарахтҳое, ки бурида мешаванд  Дарахтҳои мевадиҳанда  Дарахтҳое, ки барои дигар ниёзҳои иқтисодӣ ё хоҷагӣ истифода мешаванд  Дарахтҳои баркамоли ҷангал  … Ҳама гуна дигар амволе, ки талаф мегардад ё бояд барои татбиқи лоиҳа кӯчонида шавад, шарҳ диҳед: Арзиҳи амволи ихтиёран бешниҳодшуда: Оё қитъаи замин/амволи пешниҳодшуда камтар аз 5% қитъаи замин/амволи истифодашавандаро ташкил медиҳад? Миннатдорӣ аз ҷониби маҳалла: Бо имзорасонии шакли мазкур намояндаи БМИМТ тасдиқ мекунад, ки ҳиссагузориҳои қитъаҳои замин ихтиёрӣ буда, он дар суратҷаласаи бо Бонку умумиҷаҳонӣ ҳамоҳангшуда тасдиқ мегардад. Бо имзорасонии шакли мазкур намояндаи Кумитаи маҳалла тасдиқ мекунад, ки ҳиссагузориҳои қитъаҳои замин бо изҳори миннатдорӣ тавре дар боло шарҳ дода шудааст, эътироф ва ҳамоҳанг карда мешавад. 68 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ Бо имзорасонии шакли мазкур заминистифодабаранда ба пешниҳоди амволи худ ба лоиҳа розигӣ медиҳад. Саҳм ихтиёрӣ мебошад. Агар заминистифодабаранда нахоҳад амволи худро ба лоиҳа эҳдо кунад ӯ бояд аз имзои шакли мазкур даст кашад ва пардохти ҷубронпулиро дархост намояд. Сана:............................ Сана:......................... Имзои намояндаи БМИМТ Имзоҳои шахсони гирифтори таъсир (ҳам шавҳар ва ҳам зан) Сана:............................ Имзои намояндаи маҳалла 69 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ Замимаи 8. Суратҷаласаи машваратҳои ҷамъиятӣ бо ҷонибҳои манфиатдор оид ба лоиҳаи АСМ A. Машваратҳои ҷамъиятӣ аз рӯи ду ҳуҷҷат: лоиҳаи Хуҷҷати қолабии идоракунии чораҳои экологӣ ва иҷтимоӣ ва Асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ барои ЛТПИИ дар вилояти Хатлон шаҳри Кўлоб, 13 марти соли 2019. вилояти Хатлон. Мақсад: Шиносоӣ кардани ҷомеа ва ҷонибҳои ҳавасманд бо чораҳои экологӣ ва иҷтимоии бехатарӣ ва сиёсати муҳоҷиркунонӣ (кўчонидан) дар доираи Лоиҳаи таҳкими пойдории иҷтимоӣ- иқтисодӣ. Ҷой ва санаи баргузорӣ: Маҷлисгоҳи хурди бинои Ҳукумати шаҳри Кўлоб, соати 10- 00. Иштирок намуданд 38 нафар: намояндагони Ҳукумати ноҳия, раисони ҷамоатҳо, деҳаҳо, маҳаллаҳо, намояндагони ҳифзи муҳити зист, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, меъморӣ ва сохтмон, хадамотҳои муҳандисии ноҳия, раёсати манзилию коммуналӣ, меъморӣ, шабакаи барқ, об, беҳдошт, инчунин дигар шахсони масъули ташкилотҳои ҷамъиятии фаъол. Фасилитаторон: мушовирони Бонки Ҷаҳонӣ Гулрў Аъзамова ва Савринисо Қурбонбекова, намояндагони дафтари марказии Бунёди миллии иҷтимоии маблаѓгузории Тоҷикистон: Ҳасан Каримов (менеҷери шуъбаи лоиҳаҳои ҷамоавӣ), Абдулқосим Котибов (менеҷери шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилӣ), Нодир Раупов (сармутахассиси шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилӣ), Мирзомурод Одинаев (менеҷери намояндагии БМИМТ дар ш.Кўлоб). Рўзномаи семинар-машварат: 1. Маълумоти умумӣ дар бораи Лоиҳаи таҳкими пойдории иҷтимоӣ-иқтисодӣ. 2. Муаррифӣ ва баррасии лоиҳаи «Ҳуҷҷати қолабии идоракунии чораҳои экологӣ ва иҷтимоӣ» ва лоиҳаи «Асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ». 3. Таҳлилу музокираҳо ва ҷамъбасти натиҷаҳои семинар-машварат. Семинар-машваратро муовини якуми раиси шаҳри Кўлоб Исмоилзода Саймурод Бурҳон ифтитоҳ намуда, мақсади доир намудани ин чорабиниро баён кард ва иштирокчиёнро муаррифӣ намуд. Сипас, дар бораи Лоиҳаи таҳкими пойдории иҷтимоӣ-иқтисодӣ мухтасар иттилоъ дод. Пас аз он, менеҷери шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии БМИМТ А. Котибов дар бораи худи Лоиҳа, мақсаду вазифаҳои он, аз кадом қисматҳо иборат аст, кадом самтҳоро дарбар мегирад ва таъсири эҳтимолии он ба муҳити зист ва иҷтимоӣ дар рафти амалисозии лоиҳаҳо сухан гуфта, инчунин оид ба иштироки аҳолӣ дар татбиқи Лоиҳа маълумот пешкаш намуд. Номбурда ҳозиринро бо рўзномаи семинар-машварат шинос намуда, иброз дошт, ки дар ин ҷамъомад ду ҳуҷҷати муҳими Лоиҳа: 1. Ҳуҷҷати қолабии идоракунии чораҳои экологию иҷтимоӣ ва 2. Асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ мавриди баррасӣ қарор гардида, фикру мулоҳизаҳояшон доир ба ин ду ҳуҷҷат зарур мебошад. Дар баррасии ҳуҷҷати Идоракунии чораҳои экологӣ ва иҷтимоӣ менеҷери шуъбаи лоиҳаҳои ҷамоавии БМИМТ Ҳасан Каримов баромад карда, тавассути слайдҳо тамоми ҷузъиёти ҳуҷҷати мазкурро бо чораҳои пешниҳодшаванда ҷиҳати пешгирӣ ё кам кардани оқибатҳои таъсиррасонӣ, тарзи ҷуброни онро қадам ба қадам ба иштирокчиён манзур намуд. Дар муаррифии ҳуҷҷати Асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ менеҷери шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии БМИМТ А. Котибов суханронӣ карда, зикр намуд, ки сиёсати кўчонидан принсипҳои худро дорад, ки он дар доираи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартибу низомномаҳои Бонки Ҷаҳонӣ анҷом дода мешавад. Асосан, дар вақти татбиқи лоиҳа, хавфи асосии иҷтимоӣ дар мусодираи қитъаи замин барои эҳтиёҷоти лоиҳа, ё маҳдудияти дастрасӣ ба моликияти коллективӣ ва захираҳои табиӣ эҳтимол ба 70 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ вуҷуд ояд, ки ҳамчун муваққатан аз даст додани сарчашмаи даромад ва воситаҳои зиндагӣ, ба мисли дарахтони мевадиҳанда мебошад. Дар музокира ва таҳлили фикру андешаҳо оид ба ҳуҷҷатҳои зикргардида менеҷери шуъбаи лоиҳаҳои ҷамоавии БМИМТ Ҳ.Каримов ва менеҷери шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии БМИМТ А. Котибов оид ба ҷанбаҳои тартибу қоидаҳои арзёбии таъсирнокӣ ба муҳити зист, меъёрҳо ва ҳуқуқҳои шахсони гирифтори таъсири лоиҳагардида андешаронӣ намуда, иловаҳо намуданд. Аз ҷумла, дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист қайд гардид, ки ҳолатҳои таъсирнокӣ дар мавриди татбиқи лоиҳаҳо: ифлосшавии ҳавои атмосфера, об, вайроншавии қабати замин шуда метавонад, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ ба вуҷуд меоянд. Дар рафти корҳои заминӣ барои сохтмон, ҳамчунин ба растаниҳо таъсири манфӣ расонидан мумкин аст, ки ба буриши дарахтони сабз сабаб мешавад. Дар рафти муҳокимаи ин ду ҳуҷҷат аз тарафи иштирокчиён низ фикру мулоҳизаҳо баён карда шуд ва қайд гардид, ки дар раванди сохтмон ҳама гуна таъсирнокиро ҳис кардан мумкин аст, ба мисли садои баланди техника (ҳангоми ҳамлу нақли масолеҳи сохтмонӣ ва кор кардани техникаи сохтмонӣ), бавуҷудоии чанги хок, партовҳои сохтмонӣ (барои мисол, дар вақти кандани дару тирезаҳои фарсуда, ё боми бино) шуда метавонад, ки ба саломатии худи коргарон, сокинони маҳал ва бехатарии онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ба ѓайр аз ин, бисёр дигар ҷанбаҳое ҳаст, ки муваққатӣ бошанд ҳам, метавонанд ба муҳити атроф ва саломатии инсон таъсири ҷиддӣ расонанд. Барои коҳиш додани оқибатҳои зараровари ин гуна таъсирҳо, чораҳои даркорӣ андешидан лозим меояд. Дар баромадҳо, музокираҳои масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, сиёсати муҳоҷиркунонӣ, инчунин мавзўъҳои зерин инъикос гардиданд, ба мисли:  Сиёсати Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи муҳоҷиркунонии иҷборӣ, ки ҳолатҳои муҳофизатиро барои ҳал намудан ва коҳиш додани хавфи муҳоҷиркунонии иҷбориро дар доираи Лоиҳа пешбинӣ мекунад;  Талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳифзи табиат ва муҳоҷиркунонии иҷборӣ;  Талаботҳои асосии Асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ;  Чораҳои коҳиш додани онҳо, ки дар Ҳуҷҷати қолабии идоракунии экологӣ-иҷтимоӣ ва Асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ пешниҳод гардидааст. Дар музокираҳо саволҳои зиёде дода шуд, аз ҷумла: - Оё Лоиҳа метавонад фаъолияти хусусии шахсони алоҳида ё ташкилотҳои ҷамъиятиро дастгирӣ намояд?; Оё дар доираи татбиқи Лоиҳа сохтмони нави биноҳои инфрасохторӣ ба назар гирифта шудааст?; Дар ҳолати кўчонидан ё ҷуброн намудани амволи шахсӣ нарху навои бозор ба назар гирифта мешавад, ё нархи аз тарафи мақомотҳо муқарраршуда? Ва ба монанди инҳо, ки ба ҳамаи саволҳо ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуд. Дар семинар-машварат ҷараёни баррасии ҳуҷҷатҳо бо слайдҳо тавассути техникаи компютерӣ ва экран ҳамроҳӣ карда шуд, ки иштирокчиён тавонистанд маълумоти бештареро пайдо кунанд. Дар ҷамъбаст, иштирокчиён натиҷаҳои семинар-машваратро ба таври мусбӣ арзёбӣ намуданд. Расмҳо ва рўйхати иштирокчиён замима мегарданд. Протоколро навишт: А.Котибов 13.03.2019. 71 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ B. Машваратҳои ҷамъиятӣ аз рӯи ду ҳуҷҷат: лоиҳаи Хуҷҷати қолабии идоракунии чораҳои экологӣ ва иҷтимоӣ ва Асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ барои ЛТПИИ дар вилояти Хатлон ноҳияи Панҷ, 14 марти соли 2019 вилояти Хатлон. Мақсад: Шиносоӣ кардани ҷомеа ва ҷонибҳои ҳавасманд бо чораҳои экологӣ ва иҷтимоии бехатарӣ ва сиёсати муҳоҷиркунонӣ (кўчонидан) дар доираи Лоиҳаи таҳкими пойдории иҷтимоӣ- иқтисодӣ. Ҷой ва санаи баргузорӣ: Маҷлисгоҳи хурди бинои Ҳукумати ноҳияи Панҷ, соати 10- 00. Иштирок намуданд 43 нафар: намояндагони Ҳукумати ноҳия, раисони ҷамоатҳо, деҳаҳо, маҳаллаҳо, намояндагони ҳифзи муҳити зист, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, меъморӣ ва сохтмон, хадамотҳои муҳандисии ноҳия, раёсати манзилию коммуналӣ, меъморӣ, шабакаи барқ, об, беҳдошт, инчунин дигар шахсони масъули ташкилотҳои ҷамъиятии фаъол. Фасилитаторон: мушовирони Бонки Ҷаҳонӣ Гулрў Аъзамова ва Савринисо Қурбонбекова, намояндагони дафтари марказии Бунёди миллии иҷтимоии маблаѓгузории Тоҷикистон: Ҳасан Каримов (менеҷери шуъбаи лоиҳаҳои ҷамоавӣ), Абдулқосим Котибов (менеҷери шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилӣ), Илҳом Ҳасанов (менеҷери шуъбаи харид), Нодир Раупов (сармутахассиси шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилӣ), Гулҷаҳон Бердиева (сармутахассиси намояндагии БМИМТ дар ш.Бохтар). Рўзномаи семинар-машварат: 1. Маълумоти умумӣ дар бораи Лоиҳаи таҳкими пойдории иҷтимоӣ-иқтисодӣ. 2. Муаррифӣ ва баррасии лоиҳаи «Ҳуҷҷати қолабии идоракунии чораҳои экологӣ ва иҷтимоӣ» ва лоиҳаи «Асосҳои сиёсати муҳоҷиркунӣ». 3. Таҳлилу музокираҳо ва ҷамъбасти натиҷаҳои семинар-машварат. Семинар-машваратро муовини раиси ноҳияи Панҷ Кенҷаева Хайринисо ифтитоҳ намуда, мақсади доир намудани ин чорабиниро баён кард ва иштирокчиёнро муаррифӣ намуд. Сипас, дар бораи Лоиҳаи таҳкими пойдории иҷтимоӣ-иқтисодӣ мухтасар иттилоъ дод. Пас аз он, менеҷери шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии БМИМТ Абдулқосим Котибов дар бораи Лоиҳа, мақсаду вазифаҳои он, аз кадом қисматҳо иборат аст, кадом самтҳоро дарбар мегирад ва таъсири эҳтимолии он ба муҳити зист ва иҷтимоӣ дар рафти амалисозии Лоиҳа сухан гуфта, инчунин оид ба иштироки аҳолӣ дар татбиқи Лоиҳа маълумот пешкаш намуд. Номбурда ҳозиринро бо рўзномаи семинар-машварат шинос намуда, қайд намуд, ки мақсади ин чорабинӣ баррасӣ намудани ду ҳуҷҷати муҳими Лоиҳа: 1.Ҳуҷҷати қолабии идоракунии чораҳои экологию иҷтимоӣ ва 2.Асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ мавриди баррасӣ қарор гардида, фикру мулоҳизаҳои иштирокчиён вобаста ба ин ду ҳуҷҷат зарур мебошад. Дар баррасии Ҳуҷҷати қолабии идоракунии чораҳои экологӣ ва иҷтимоӣ менеҷери шуъбаи лоиҳаҳои ҷамоавии БМИМТ Ҳасан Каримов баромад карда, тавассути слайдҳо тамоми ҷузъиёти ҳуҷҷати мазкурро бо чораҳои пешниҳодшаванда ҷиҳати пешгирӣ ё кам кардани оқибатҳои таъсиррасонӣ, тарзи ҷуброни онро қадам ба қадам ба иштирокчиён фаҳмонид. Дар муаррифии ҳуҷҷати Асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ менеҷери шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии БМИМТ Абдулқосим Котибов суханронӣ намуда, дар бораи асосҳои сиёсати кўчонидан ва принсипҳои роҳбарикунандаи он, ки дар доираи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартибу қоидаҳои қабулнамудаи Бонки Ҷаҳонӣ анҷом дода мешавад, бо мисолҳои равшан ба иштирокчиён маълумот пешкаш намуд. Дар баёни ин мавзўъ зикр гардид, ки ҳамаи шахсони аз ҷониби лоиҳа зарардида, новобаста аз ҳолатҳои ҳуқуқӣ, бояд хисороти онҳо ҷуброн карда шавад ва шахсони гирифтори таъсири 72 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ лоиҳагашта, бояд дар банақшагирӣ ва амалигардонии амалиёти кўчонидан иштирок намоянд. Дар хусуси ҳолатҳое, ки агар шахсони воқеӣ /ҳуқуқӣ, ҳуқуқи эътирофшудаи қонунӣ ё алоқамандӣ ба заминеро, ки ишѓол кардаанд, надошта бошанд, иттилоъ дода шуд, ки аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гуна шахсон барои ҷуброн ҳуқуқ надоранд. Дар ҷараёни семинар - машварат менеҷери шуъбаи лоиҳаҳои ҷамоавии БМИМТ Ҳасан Каримов ва менеҷери шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии БМИМТ А.Котибов илова намуданд, ки ҳангоми татбиқи лоиҳа, хавфи асосии иҷтимоӣ, асосан дар мусодираи қитъаи замин барои эҳтиёҷоти Лоиҳа мебошад, ки мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати мамлакат ҷуброн карда мешавад. Ҷуброни хисороти қитъаи замин дар шакли пешниҳоди қитъаи ҳамарзиши ивазшаванда ё ягон намуди дигар дар мувофиқа бо истифодабарандаи замин сурат мегирад. Иншоотҳо, киштзорҳо, кўмакҳои дигар барои кўчонидани соҳибмулкон, ба монанди кўмакпулӣ барои кўчидан, ё барои барқарорсозии иншоотҳо/иморатҳо, талафёбии рўзҳои корӣ / даромадҳо низ ҷуброн карда мешавад. Дар музокираи ҳуҷҷатҳои зикргардида, иштирокчиёни ҷамъомад фикру мулоҳизаҳояшонро оид ба ҷанбаҳои тартибу қоидаҳои арзёбии таъсирнокӣ ба муҳити зист, меъёрҳо ва ҳуқуқи шахсони гирифтори таъсири лоиҳагардида, баён карда, иловаҳо пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, дар масъалаи ҳифзи муҳити зист қайд гардид, ки ҳолатҳои таъсирнокӣ дар вақти татбиқи лоиҳаҳо: ифлосшавии ҳавои атмосфера, об, инҳо ҳолатҳои муваққатие мебошанд, ки ин гуна ҳолатҳо дар рафти корҳои сохтмонӣ ба вуҷуд меоянд. Барои рафъ ва ё паст кардани ин гуна ҳолатҳои номатлуб, ҷиҳати пешгирӣ ё кам кардани таъсири он чораҳои анъанавии халқӣ вуҷуд дорад. Кўшиш кардан даркор, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ ба халқ таъсири зиёди манфӣ нарасад. Дар рафти ҷараёни семинар-машварат оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва сиёсати муҳоҷиркунӣ, инчунин мавзўъҳои дигар низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ба мисли:  Сиёсати Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи муҳоҷиркунонии иҷборӣ, ки ҳолатҳои муҳофизатиро барои ҳал намудан ва коҳиш додани хавфи муҳоҷиркунонии иҷбориро дар доираи Лоиҳа пешбинӣ мекунад;  Талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳифзи табиат ва муҳоҷиркунонии иҷборӣ;  Талаботҳои асосии Асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ;  Чораҳои коҳиш додани таъсири экологӣ, ки дар Ҳуҷҷати қолабии идоракунии экологӣ- иҷтимоӣ ва Асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ пешниҳод гардидааст. Дар ҷараёни семинар-машварат аз ҷониби иштирокчиён саволҳои зиёде дода шуд, аз ҷумла: - Оё дар Лоиҳа маблаѓҳо барои сохтмони нисбатан калонҳаҷм пешбинӣ шудааст? Барои мисол, оё маблаѓҳои барои Лоиҳа ҷудошаванда имконият медиҳад, ки қасри фарҳангии ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфиддинов таъмири капиталӣ карда шавад? Оё ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва сохтмонии худи ноҳия бартарӣ дода мешавад? Дар ҳолати кўчонидан ба кӣ муроҷиат кардан мумкин аст ва ҷуброни амволи шахсиро кӣ медиҳад ва чӣ гуна? Ба ҳамаи ин саволҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд. Дар семинар-машварат ҷараёни баррасии ҳуҷҷатҳо бо слайдҳо тавассути техникаи компютерӣ ва экран ҳамроҳӣ карда шуд, ки иштирокчиён тавонистанд маълумоти бештареро пайдо кунанд. Дар ҷамъбаст, иштирокчиён натиҷаҳои семинар-машваратро ба таври мусбӣ арзёбӣ намуданд. Расмҳо ва рўйхати иштирокчиён замима мегарданд. Протоколро навишт: А.Котибов 14.03.2019. 73 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ 74 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ 75 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ 76 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ 77 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ 78 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ C. Машваратҳои ҷамъиятӣ аз рӯи ду ҳуҷҷат: лоиҳаи Хуҷҷати қолабии идоракунии чораҳои экологӣ ва иҷтимоӣ ва Асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ барои ЛТПИИ дар ВМКБ Мақсад: Шиносоӣ бо ҳадафҳо ва чорабиниҳо дар доираи Лоиҳаи пешниҳодшуда ва дархости фикру мулоҳизаҳо оид ба чораҳои идоракунии таъсироти эҳтимолии иҷтимоию иқтисодӣ, пешгирӣ ва кам кардани таъсироти муҳоҷиркунонии иҷборӣ, ки дар доираи лоиҳа ба нақша гирифта шудааст Машваратҳои ҷамъияти дар ВМКБ Сана: Макон: Аъзоёни гуруҳ:  Муовини раиси ноҳияи xxх  Абдулқосим Котибов, менеҷери шӯъбаи иттилоотӣ-тахлилӣ, идораи марказии БМИМТ Рӯйхати иштирокчиён (дар поён оварда шудааст): xx иштирокчиён Мулоҳизаҳо, эзоҳҳо, хулосаҳо. Дар давоми вохӯрӣ рӯйнамоиҳо дар бораи идоракунии масъалаҳои экологию иҷтимоӣ ва асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ барои лоиҳаи пешниҳодшудаи ЛТПИИ пешкаш карда шуданд. Маълумот дар бораи талаботи чораҳои муҳофизатии БУ, қонунгузории миллии алоқаманд бо ҳифзи муҳити зист, таъсири эҳтимолии зерлоиҳаҳо, масъалаҳои бехатарӣ, чораҳои пешниҳодшудани кам кардани таъсир дар Нақшаи идоракунии масъалаҳои экологӣ, ҷанбаҳои мониторинг (нусхаи чопии Низоми идоракунии масъалаҳои экологию иҷтимоӣ (НИМЭИ) ва АСМ бо забони тоҷики ва русӣ, руйнамоиҳо дар шакли бо забони тоҷикӣ) пешниҳод гардид. Саволҳои иштирокчиён: Иштирокчиён қайд намуданд, ки қисмҳо/бахшҳои лоиҳаи пешниҳодшуда дар зиёд намудани манфиатҳо аз ЛТПИИ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ дар ноҳия мусоидат хоҳанд намуд. Ҳамаи иштирокчиён ба хулосае омаданд, ки амалӣ намудани муқаррароти НИМЭИ ва АСМ ва тадбирҳои дахлдор оид ба кам кардани таъсири лоиҳа метавонад ба бехатарии онҳо, манбаҳои воситаҳои зиндагӣ ва фазои соҳикорӣ дар кишвар таъсири назарраси мусбат расонанд. Аксро гузоред. Рӯйхати иштирокчиёни машваратҳо дар ноҳияи xx, моҳи март ё апрели xx соли 2019 № Ном ва насаби Касб иштирокчиён 1 2 3 4 5 6 7 8 9. 10 79 Лоиҳаи таҳкими пойдории иљтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон: Ҳуҷҷати асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ 80