CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ RP1518 V3 Лоиҳаи CASA 1000 Ҳукумати Тоҷикистон ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ Моҳи ноябри 2013 1 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ Мундариҷа ЛУҒАТИ ИСТИЛОҲОТ............................................................................................................. ........4 1. МУНДАРИҶАИ ЛОИҲА.................................................................................................................6 2. АСОСНОККУНӢ ВА ТАМАРКУЗИ ТАРҲРЕЗИИ АСОСҲОИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ (АСМ).......................................................................... ....................................7 3. ҲАДАФҲО ВА ПРИНСИПҲОИ БАНАҚШАГИРИИ МУҲОҶИРКУНОНӢ........................7 4. ҚОНУНГУЗОРИИ ДАХЛДОРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.............................................9 5. КОДЕКСИ ЗАМИНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА СИЁСАТИ АМАЛИЁТИ БОНКИ ҶАҲОНӢ (СА) 4.12............................................................................................................. ...................11 6. МЕЪЁРҲОИ РОИҶ БУДАН ВА ТАРТИБОТ БАРОИ КАТЕГОРИЯҲОИ ГУНОГУНИ АШХОСЕ, КИ ТАҲТИ ТАЪСИР ҚАРОР МЕГИРАНД........................................13 6.1 ПРИНСИПҲО................................................................................................................ ....................14 6.2 МЕЪЁРҲОИ РОИҶ БУДАН ВА РИОЯИ ҲУҚУҚҲО................... ................................................14 6.3 МАТРИТСА/НИЗОМИ РИОЯИ ҲУҚУҚҲО ДАР ДОИРАИ ЛОИҲА: АТЛ-И ДОРОИ ҲУҚУҚҲО, МОЛИКИЯТ/ДОРОИҲО ВА ДАСТУРАМАЛ ОИД БА ПАРДОХТИ ҶУБРОН.....16 6.4 УСУЛҲОИ МУАЙЯНКУНИИ ТАЪРИХИ ҚАТЪИ ЭЪТИБОР.......................... .......................20 7. МЕХАНИЗМ/АБЗОР ВА ТАРТИБОТИ ТАТБИҚИ АСМ ВА НАМ........21 7.1 БОЗНИГАРӢ................................................................................................................ ........................21 7.2 ОЗМОИШИ ФАЪОЛИЯТИ ЛОИҲАВӢ...........................................................................................21 7.3 ТАРТИБ ДОДАНИ ХИСЛАТНОМАИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДӢ ВА БАФЕҲРИСТДАРОРИИ ЗИЁНҲО.......................................................................... ...........................................................................22 7.4 ТАҲИЯИ НАМ............................................................................................................... .....................22 7.5 ИНТИШОР ВА ТАСДИҚИ НАМ......................................................................................................24 7.6 ҲИСОБҲОИ ТАХМИНИИ АҲОЛӢ ВА МОЛИКИЯТ/ДОРОӢ ДАР МАЙДОНҲОЕ, КИ ЗЕРИ ТАЪСИРИ ЛОИҲА ҚАРОР МЕГИРАНД......................................................... .....................................26 2 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ 8. УСУЛҲОИ АРЗЁБИИ МОЛИКИЯТЕ, КИ ТАҲТИ ТАЪСИРИ ЛОИҲА ҚАРОР ГИРИФТААСТ................................................................................................................... .....................26 8.1 НАВЪҲОИ ПАРДОХТИ ҶУБРОН...................................................................................................26 8.2 ОМОДАГИИ БАФЕҲРИСТДАРОРИИ МОЛИКИЯТ/ДОРОӢ......................................................26 8.3 МЕТОДҲОИ БАҲОДИҲӢ.................................................................................................................27 8.3.1. Ҷуброни замин......................................................................................................... .........................27 8.3.2 Ҳисоби тарофаи ҷуброн барои зироатҳо ва дарахтҳои мевадиҳанда........................................27 8.3.3. Ҷуброн барои иншоот................................................................................................... ..................28 8.3.4. Ҷуброни моликияти ҷамъиятӣ............................................................................................ ..........28 8.3.5. Ҷуброни ҷойҳои муқаддас....................................................................................... ........................28 8.3.6. Ҷуброн барои маҳрум шудан аз фаъолияти соҳибкорӣ..............................................................29 9. НАҚШАИ ТАТБИҚ, ҲАМОҲАНГСОЗИИ КОРҲОИ МУҲОҶИРКУНОНӢ ВА СОХТМОНӢ............................................. ..............................................................................................29 9.1 БОЗНИГАРӢ................................................................................................................ ......................29 10. МЕХАНИЗМҲОИ БАРРАСӢ ВА ҚОНЕЪГАРДОНИИ ШИКОЯТҲО.................................29 10.1 РАВАНДИ УМУМӢ........................................................................................................... ............29 10.2 ДАФТАРИ БАҚАЙДГИРИИ ШИКОЯТҲО.................................................................................31 10.3 НАЗОРАТИ ШИКОЯТҲО....................................................................................................... ......31 11. БУҶЕТ БАРОИ ТАТБИҚИ АСМ...............................................................................................31 12. МЕХАНИЗМИ МАШВАРАТҲО ВА ИШТИРОКИ ШАХСОНИ ҶОЙИВАЗКАРДА ДАР РАВАНДИ БАНАҚШАГИРӢ, ТАТБИҚ ВА НАЗОРАТ..................................................................32 13. МЕХАНИЗМҲОИ НАЗОРАТ ВА АРЗЁБӢ.................................................................................32 13.1 МЕХАНИЗМҲОИ НАЗОРАТ ВА ҲОШИЯҲОИ ОН..................................................................32 13.2 НИШОНДИҲАНДАҲО..................................................................................................................33 13.3. НАЗОРАТИ ТАТБИҚИ НАМ................................................................................................... ....33 14. МЕХАНИЗМҲОИ МАШВАРАТИИ АСМ.................................................................................34 3 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ ЛУҒАТИ ИСТИЛОҲОТ МАФҲУМҲО Агар контексти ҷумла маънои дигарро пешбинӣ накарда бошад, истилоҳҳои зерин ин маъноҳоро дарбар мегиранд: “Ашхосе, ки таҳти таъсири Лоиҳа қарор гирифтаанд” (АТЛ) – шахсонеро дар назар дорад, ки дар рафти татбиқи Лоиҳа замин ва дигар моликияти онҳо иҷборан ситонида мешавад. “Муҳоҷиркунонии иҷборӣ” (МИ) – маънои ситонидани заминро дар натиҷаи таъсири мустақим ё ғайримустақими иқтисодию иҷтимоӣ дарбар мегирад, ки он бо ҳолатҳои зерин шарҳ дода мешавад: a) маҳрум шудан аз манфиатҳои истифодаи чунин замин; b) кӯч ё талафи паноҳгоҳ (хона); c) талафи дороиҳо (моликият) ё маҳрум шудан аз дастрасӣ ба он; ё d) маҳрум шудан аз манбаи даромад ё воситаҳои зиндагӣ, новобаста аз он ки АТЛ ба ҷои дигар кӯчонида шуд ё ки не. “Таърихи қатъи эътибор” (ТҚЭ) замонеро дарбар мегирад, ки то он ҳамаи АТЛ ва дороиҳои зарардидаи онҳо муайян гардида, аз он пас агар касе дар макони зери таъсир маскун шавад, даъвои талаби ҷуброн ва мусоидат дар муҳоҷиркунонии ӯ қабул карда намешавад. Ашхосе, ки ҳуқуқи соҳибмулкии онҳо ва ҳаққи истифодаи замин то ТҚЭ тасдиқ мегардад, новобаста ба муайян кардани онҳо дар маълумоти барӯйхатгирӣ, бо ҳуқуқи гирифтани кӯмак фаро гирифта мешаванд. “Ҷуброн” маънои пардохтро бо намудҳояш – нақдина ё молу мулки дигар, ки бар ивази замини гирифташуда ё талафи дороиҳои дигар (аз ҷумла воситаҳои асосӣ), ё ки маҳрум шудан аз воситаҳои зиндагӣ, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳа сурат мегирад, дарбар мегирад. “Барӯйхатгирӣ” ин ҳисобкунии пурраи аҳолие, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳа зарар мебинанд, аз ҷумла муқоисаи маълумоти демографӣ ва соҳибмулкӣ мебошад. Барӯйхатгирӣ имкон медиҳад, ки миқдори АТЛ-ҳо, хислат ва сатҳи таъсир ба онҳо ошкор ва муайян гардад. “Нақшаи амали муҳоҷиркунонӣ” (НАМ) восита/абзор (ҳуҷҷат)-и муҳоҷиркуноние мебошад, ки ҳангоми муайян шудани мавзеъҳои зерлоиҳа омода карда мешавад. НАМ- ҳо талаботи мушаххас ва аз лиҳози ҳуқуқӣ ӯҳдадоркунандаро дар бораи муҳоҷиркунонӣ ва ҷуброни ҷониби зарардида қабл аз татбиқи он чораҳо дар лоиҳа дарбар мегиранд, ки пайомадҳои манфӣ доранд. “Кӯмак ҳангоми муҳоҷиркунонӣ” чораҳои вобаста ба кӯмак ба АТЛ-ро дарбар мегирад, ки эҳтиёҷ ба ҷойгиркунонии ҷисмонӣ доранд. Ин кӯмак ҳангоми муҳоҷиркунонӣ дар шакли кӯчонидани амвол, сохтмони истиқоматгоҳ ё иҷораи он, - ҳар кадомаш ки муносибтар ва лозим дониста шавад, зоҳир мешавад. “Хароҷоти лозима барои ба ҷои дигар кӯчонидани хона ва дигар иншоот” маънои 4 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ хароҷоти иваз кардани иншооти зарардида бо нархи бозории бартаридошта дар ҳамон минтақа ва бо ҳамон сифат ё беҳтар аз он иншоотро дарбар мегирад. Ин хароҷотҳо чунин бандҳоро дарбар мегиранд: (а) нархи мавод, (b) интиқоли маводи сохтмон то ба макони сохтмон; (c) тамоми пардохтҳои ҳаққи хизмати коргарон ва паймонкорон/пудратчиён; ва (d) хароҷоти ҳуҷҷатгузорӣ ва барасмиятдарорӣ “Хариди замин” маънои гирифтани ҳатмӣ ё мусодираи қитъаи замин, биноҳо ва дигар моликияте, ки дар он вуҷуд дорад, барои ҳадафҳои лоиҳаро дарбар мегирад. Соҳибмулки замин метавонад ҳуқуқи анҷом додани гуфтушунид оид ба маблағи ҷуброни пешниҳодшавандаро дошта бошад. Мавзуи гуфтушунид - замин ва моликияте мебошад, ки соҳибмулк ба он ҳуқуқи баҳснопазир ва урфӣ дошта бошад. “Мусоидат дар барқарорсозии иқтисодӣ” маънои расонидани кӯмак барои рушд, бар замми ҷубронпулӣ, аз ҷумла барои ҳуҷҷатгузории вобаста ба замин, воситаҳои қарзӣ, тренинг (барномаҳои бозомӯзӣ) ё имкониятҳои бо кор таъмин кардан, ки барои баланд бардоштани шароитҳои зиндагии АТЛ лозим аст, имконияти ба даст овардани даромад ва сатҳи истеҳсолот; ё ҳадди ақалл нигоҳ доштани онро дар сатҳе, ки то саршавии лоиҳа вуҷуд дошт, дарбар мегирад. “Асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ” (АСМ) ин восита/абзоре мебошад, ки дар давоми раванди татбиқи лоиҳа истифода бурда мешавад. АСМ ҳадаф ва принсипҳои муҳоҷиркунонӣ, чорабиниҳои тадорукотӣ ва механизмҳо/василаҳои маблағгузории ҳар гуна муҳоҷиркуноние, ки метавонад зимни татбиқи лоиҳа зарур дониста шаванд, муайян мекунад. АСМ масъалаи омода намудани НАМ-ҳои зерлоиҳаҳои алоҳидаро ба манзури қонеъ кардани эҳтиёҷоти аҳолие, ки таъсири/зарари лоиҳа метавонад ба онҳо расад, ба танзим медарорад. Бинобар ин, “Нақшаи амали муҳоҷиркунонӣ” (НАМ) барои Лоиҳа бояд мутобиқи муқаррароти ин АСМ тартиб дода шавад. “Арзиши барқарорсозӣ” маънои ҷуброн кардани дороӣ бо ҳаҷми маблағе, ки арзиши моликияти талафёфтаро пурра фаро мегирад ва хароҷоти амалиётии вобастаро низ дарбар мегирад, дорад. Арзиш бояд ба нархи бозорӣ (арзиши тиҷоратӣ), мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хариду фурӯши замин ва амвол асос ёбад. Мафҳуми арзиши замин бошад, ба чунин категорияҳо метавонад тақсим карда шавад: (a) “Арзиши барқарорсозӣ барои замини кишт” маънои барномаи пешазлоиҳавӣ ё пешазмуҳоҷиркунонӣ, ҳамоне, ки нархаш баландтар бошад, дарбар мегирад ва он арзиши бозории замине, ки иқтидори ҳамтои маҳсулнокӣ ё истифодабариро дорост, ё ки дар наздики замини зери таъсири лоиҳа қарордошта ҷойгир аст, бо иловаи хароҷоти вобаста ба: (b) омода кардани замин то ба он сатҳе, ки ба сатҳи замини зери таъсир қарордошта монанд бошад; ва (c) ҳар гуна андоз, боҷу хироҷи бақайдгирӣ ва таҳвил иборат аст, мебошад. 5 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ 1. Мундариҷаи Лоиҳа Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дорои захираҳои бузурги зарфияти энергетикӣ мебошанд, ки ба эҳтиёҷоти дохилӣ муносибанд. Бо вуҷуди он, кишварҳои аз ҷиҳати захираҳои обӣ бой мисли Тоҷикистон натавонистанд ин зарфиятро, аз ҷумла бинобар зарурати маблағҳои зиёд барои бунёди хатҳои интиқоли барқи марбута ва норасоии ҳамкории минтақавӣ истифода баранд. Дар натиҷа, ҳаҷми зиёди об дар мавсими тобистона бидуни истеҳсоли қувваи барқ барбод ҷорӣ мешавад. Тоҷикистон аз қувваи барқи обӣ хеле вобастагӣ дорад ва тақрибан 95% қувваи барқро НБО-ҳо истеҳсол менамоянд. Тавозуни энергетикии онҳо ниҳоят мавсимӣ буда, ба истеҳсоли аз эҳтиёҷот зиёди барқ дар тобистон ва камбуди он дар зимистон оварда мерасонад. Низоми интиқоли барқ ва тақсимоти он ба мукаммалсозӣ ва таҷдидкории ҷиддӣ ниёз дорад. Дар ин робита, Тоҷикистон ба воридот ва содироти ҳаҷми зиёди барқ эҳтиёҷ дорад. Чунин низоми носолими энергетикӣ ба мушкилиҳои вобаста ба таъминоти барқи минтақаҳои алоҳида расонидааст. Барои ҳалли мушкилиҳои дохилии энергетикӣ ва фароҳам овардани имконияти содироти қувваи барқ ба кишварҳои ҳамсоя, афзоиш додани зарфиятҳои истеҳсоли қувваи барқ зарур аст. Таи чанд сол Афғонистон (АФ), Ҷумҳурии Қирғизистон (ҶҚ), Покистон (ПК) ва Тоҷикистон (ҶТ) инкишофи чораҳои вобаста ба савдои нерӯи барқ ва таъсиси Бозори минтақавии барқро дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASAREM) роҳандозӣ менамоянд. Яке аз ҷузъиётҳои калидии ин ташаббус рушди низоми фаромарзии хатти интиқоли барқ байни ин кишварҳо барои мусоидати интиқоли барқи изофӣ ба тамоми минтақа мебошад. Тарҳрезии марҳилаи аввали CASAREM, ки таъсиси хати интиқол, инфрасохтори савдо ва низомҳои заруриро дарбар гирифта, шароити савдои аз 1000 то 1300 МВт нерӯи барқро байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро фароҳам меоварад, "CASA-1000" номгузорӣ шудааст. Лоиҳаи CASA-1000 (дар марҳилаи омодасозӣ ва гуфтушунид) бунёди хати интиқоли барқро, ки шароити содироти барқро аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон фароҳам меоварад, дарбар мегирад. Сохтори тавсияшавандаи лоиҳаи иборат аст аз: - Хати 500 кВ-и ҷараёни тағйирёбанда аз зеристгоҳи «Датка» то Хуҷанд (447 км) барои интиқоли зарфиятҳои зиёдатӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон, ки дар он ҷо шабакаи дохилӣ ин нерӯи барқро ба Сангтӯда интиқол медиҳад; - Шабакаи якангории ҷараёни тағйирёбандаи 500 кВ (115 км) дар Тоҷикистон байни зеристгоҳҳои Регар ва Сангтӯда; - 1300 МВт ҶТ-ҶД истгоҳи конвертерӣ дар Сангтӯда; - 750 км хати баландшиддати ҷараёни доимӣ аз Сангтӯда то Пешовар тавассути Саланг ва Кобул; - 300 МВт ҶД-ҶТ истгоҳи конвертерӣ дар Кобул; ва - 1300 МВт ҶД-ҶТ истгоҳи конвертерӣ дар Пешовар. Дарозии хати баландшиддати ҷараёни доимӣ дар Тоҷикистон 117 км, дар Афғонистон 562 км ва дар Покистон 1 км-ро ташкил менамояд. Арзиши лоиҳа аз ҷониби гурӯҳи SNC-Lavalin дар асоси шароитҳои ҳозираи бозор, ки бо мурури вақт бо дарназардошти ивазшавии нархи бозор метавонад тағйир ёбад, дар ҳаҷми тақрибан 900 долл. ИМА арзёбӣ мегардад. 6 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ 2. Асосноккунӣ ва тамаркузи тарҳрезии асосҳои сиёсати муҳоҷиркунонӣ (АСМ) Асосхои сиёсати муҳоҷиркунонӣ (АСМ) тавсияҳо оид ба таҳияи чораҳои дахлдорро барои кам ва ҷуброн кардани пайомади хариди қитъаҳои замин, ки бар асари фаъолияти лоиҳа ба амал меоянд ва ҷойгиршавии дақиқи онҳо муайян нест, пешкаш менамояд. АСМ-и мазкур тамоми фаъолияти вобаста ба хариди замин, маҳдудияти дастрасӣ ба замин ё маҳрум шудан аз дороиро инъикос менамояд. Азбаски хатҳои баландшиддати интиқоли барқ аз минтақаҳое мегузаранд, ки он ҷо метавонад зарурати хариди муваққатӣ ё доимӣ замин бошад, барқарорсозӣ ё сохтмони иншооти наве, ки ниёз ба хариди муваққатӣ ё доимӣ замин дошта бошанд, инчунин, эҳтиёҷи аз байн бурдани маҳсулоти кишоварзӣ ё дарахтони мевадор пеш ояд, бинобар ин, барои лоиҳа сиёсати амалиётӣ (СА) 4.12 оид ба муҳоҷиркунонии иҷборӣ татбиқ карда шудааст. Бинобар он, ки таъсири дақиқи лоиҳа танҳо баъд аз омода шудани тарҳи муфассали он маълум мегардад ва дар ин марҳила имконияти хариди замин ва маҳдудияти дастрасиро наметавон инкор кард, вомгир/қарзгир барои таҳияи АСМ ризоят дод. Дар АСМ таъсири эҳтимолии фаъолияти лоиҳа бо инъикоси самти таъсири эҳтимоли (муваққатӣ ва доимӣ)-и вобаста ба истифодабарии замин/дастрасӣ ба замин ва иншоот муайян мегардад, инчунин сатҳи ҷуброн ва муқаррароти вобаста ба пешниҳоди он мушаххас мешавад. Агар байни муқаррароти давлатӣ ва муқаррароти Бонки ҷаҳонӣ ихтилоф вуҷуд дошта бошад, бартарӣ дар иҷрои тамоми корҳо дар ҳошияи маблағгузории лоиҳа ба охирин дода мешавад. АСМ ба ҳайси абзори озмоишкорӣ бо мақсади муайян намудани ҳама гуна таъсир дар натиҷаи фаъолияти лоиҳа хизмат хоҳад кард. АСМ ба сифати абзори амалӣ барои омодасозии нақшаи амали муҳоҷиркунонӣ (НАМ) ҳангоми татбиқи ҳамаҷонибаи лоиҳа пешбинӣ шудааст. Дар сурати ошкор гаштани ягон таъсир, вомгир дар асоси принсипҳо ва муқаррароти дар санади АСМ пешбинишуда, нақшаи инфиродии амал оид ба муҳочиркунонӣ барои ҳар як зергурӯҳи лоиҳа таҳия менамояд. АСМ аз тарафи Девони вазирон таҳти роҳбарии Президент тасдиқ мегардад ва аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ ба тасвиб расонида мешавад. Баъд аз тасдиқ, санад дар сомонаи БҶ ҷойгир шуда, тибқи сиёсати БҶ тариқи маркази рушд/Info-shop дастрас мегардад. АСМ ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ тарҷума шуда, баъдан чунин паҳн мегардад, ки ба он санад муассисаҳои марказӣ ва маҳаллии давлатӣ ва ашхоси эҳтимолие, ки таҳти таъсири лоиҳа қарор доранд (АТЛ), дастрасӣ дошта бошанд. Татбиқи сармоягузории банақшагирифташудаи лоиҳа танҳо баъд аз ба даст омадани ин мувофиқаҳо ва табодули маълумот/машварат сурат хоҳад гирифт. 3. Ҳадафҳо ва принсипҳои банақшагирии муҳоҷиркунонӣ Асосҳои сиёсати муҳоҷиркони (АСМ)-и мазкур принсипҳо ва тартиби таъмини онро, ки дар ҳолати муайян шудании зарурати муҳоҷиркунонӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор оид ба муҳоҷиркунонии CASA 1000-ро содир мекунад, муайян менамояд. Вазорати энергетика ва саноат масъулияти умумии назорат ва идораи лоиҳаи CASA 1000, аз ҷумла ҳама гуна масъалаҳои муҳоҷиркунониро ба уҳда дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло бояд идоракунии мувофиқашудаи лоиҳа ва сохтори татбиқкунандаро тасдиқ намояд, вале вай имконият дорад, то Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000-ро таъсис диҳад 7 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ ё масъулияти идораи татбиқи лоиҳа, аз ҷумла масъалаҳои муҳоҷиркунониро дар доираи CASA 1000 ба яке аз МТЛ-ҳои мавҷуда тавассути илова кардани ваколатҳо ба он, таҳвил диҳад. Сохтори мазкур муқаррарот ва қонунгузориро, аз ҷумла қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷиркунонӣ дар баробари муқаррароти СА 4.12 оид ба муҳоҷиркунонии иҷборӣ дар асоси сиёсати Бонки ҷаҳонӣ риоя хоҳад кард. АСМ заминаи ҳуқуқӣ, меъёрҳои қонунияти муҳоҷиркунонии аҳолӣ, методологияи арзёбӣ, пешниҳод кардани ҷуброн, асоси матритсаи риояи ҳуқукҳо, раванди татбиқ, тартиби баргузории машваратҳо, абзори/механизми баррасии шикоятҳо, тартиботи пардохти вобаста ба риояи ҳуқуқӣ, инчунин тартиботи назорат ва арзёбӣ барои хариди замин ва муҳоҷиркунонӣ дар ҳошияи ин лоиҳаро муайян месозанд. Ҳадафҳои асосии АСМ инҳоанд: (i) мусоидат ба мақомоти давлатӣ ва маҳаллии худидорӣ (вилоят, ноҳия, ҷамоат) дар муайянсозӣ, ҷудо кардани ҷуброн ва барқарорсозии воситаҳои зиндагии ашхосе, ки таҳти таъсири лоиҳа қарор доранд (АТЛ), (ii) ба сифати санади ҳатмӣ ҷиҳати таъмини пардохти ҷуброн ва кӯмак ба АТЛ хизмат намояд, ва (iii) таъмини дастурамал оид ба омодасозӣ, таҷдид, татбиқ ва назорати НАМ-ҳои зерлоиҳаҳо. АСМ чораҳоеро дарбар мегирад, ки ба АТЛ кафолати иҷро шудани иқдомҳои зеринро таъмини намояд: (i) додани иттилоот оид ба вариантҳои интихоб ва ҳуқуқҳои онҳо вобаста ба муҳоҷиркунонӣ; (ii) баргузор намудани машваратҳо оид ба вариантҳои пешниҳодшуда, таъмини техникӣ ва алтернативаи аз ҷиҳати иқтисодӣ мусоид вобаста ба муҳоҷиркунонӣ; ва (iii) пешниҳоди ҷуброни фаврӣ ва самараноки арзиши пурраи барқарорсозии моликияти маҳрумшуда, ки робитаи бевосита ба лоиҳа дорад. АСМ ба принсипҳои зерин асос ёфтааст:  Бояд аз зарурати муҳоҷиркунонии иҷборӣ канораҷӯӣ кард ва ё онро ба ҳадди ақал расонид;  Ба АТЛ дар кӯшишҳояшон барои беҳтар кардан ва ё ҳадди ақалл барқарорсозии даромад ва сатҳи зиндагиашон бояд дар шакли муносиб мусоидати лозима анҷом ёбад;  АТЛ оид ба вариантҳои ҷуброн бояд пурра хабардор гардонида шаванд ва ба онҳо машварат дода шавад;  Расман вуҷуд надоштани ҳуқуқи юридикӣ барои замин набояд монеа барои талаби ҷуброн ва шаклҳои алтернативии мусоидат барои барқарорсозӣ бошад;  Таваҷҷуҳи хос бояд ба қишрҳои осебпазири аҳолӣ, ба монанди ақаллиятҳои миллӣ, хоҷагиҳое, ки аз тарафи занҳо ва ашхоси солхӯрда идора мешаванд ва ғ. равона карда шавад ва мусоидати муносиб ба онҳо барои одат карданашон ба он тағйироте, ки бар асари татбиқи лоиҳа ба амал меоянд, анҷом дода шавад.  Хариди замин ва муҳоҷиркунонӣ ҳамчун ҷузъи лоиҳа тарҳрезӣ ва татбиқ мегардад ва арзиши пурраи ҷуброни раванди муҳоҷиркунонӣ дар хароҷот ва фоидаҳои лоиҳа пешбинӣ шудаанд;  Ҷуброн/ кӯмаки барқарорсозӣ қабл аз тарҳрезии қитъа, корҳои вайронсозӣ ва ҳар амалиёти дигар, то рух додани ҳар гуна таъсир пардохт карда хоҳад шуд;  Ҷуброн ба АТЛ бояд бо арзиши пурраи барқарорсозӣ бидуни кам кардани нарх бо сабаби фарсудагӣ ва ё дигар мақсадҳо пардохт шавад. Бояд қайд кард, ки мутобиқи муқаррароти сиёсати Бонки ҷаҳонӣ СА 4.12, ибораи «муҳоҷиркунонӣ» маънои бештар аз «кӯч ё муҳоҷиркунонии ҷисмони»-и ашхоси таҳти таъсир қарордоштаро ифода менамояд. Ибора ҳамчун пайомади муваққатӣ ва доимии 8 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ иҷтимоӣ ва иқтисодии лоиҳа, бар асари мусодираи иҷбории заминҳо дар натиҷаи (1) кӯч ва талафоти манзил; (2) талафоти моликият ва ё дастрасӣ ба он; (3) маҳрум шудан аз манбаи даромад ё воситаҳои зиндагӣ новобаста аз он, ки ҷабрдида маҷбур аст ба ҷои дигар кўч бандад, ё на; (4) иҷборан маҳдуд кардани дастрасӣ ба боғҳо ва ҳудудҳои ҳифзшаванда бар асари таъсири манфӣ ба шароити зиндагии ашхоси муҳоҷиркунонидашуда муайян мегардад. Ба ғайр аз ин, бояд тазаккур дод, ки ҳар гуна тағйирот дар матритсаи меъёри ҳуқуқии АСМ, меъёрҳои муносиб будан, бузургии ҷуброн ё дигар ҳуқуқҳо барои кӯмак бидуни пазириши пешакии Бонки ҷаҳонӣ ғайриимкон мебошад. Инчунин ҳар як НАМ-е, ки дар асоси АСМ омода мегарданд, бояд пешакӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ пазируфта шавад. 4. Қонунгузории дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки замин моликияти истисноии давлат мебошад. 22 июли соли 2013 қарори нав оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонун «оид ба ипотека» ба ҳукми қонун даромад. Ин тағйирот ба Қонун бо иловаҳои воридшуда ба Кодекси замин, ки моҳи августи соли 2012 сурат гирифт, вобаста аст. Мутобиқи иловаҳо ба Қонун «оид ба ипотека», соҳибмулки қитъаи замин ҳуқуқи соҳибӣ кардани қитъаи замини худро бар ивази пардохти боҷи ягона ба давлат дорад. Ин тағйирот ба соҳибмулк шароити фурӯш / вомгузорӣ / туҳфаи қитъаи заминро ба шахси дигар, бонк ё муассиса дар асоси нархҳои ҷории бозорӣ фароҳам меоварад. Замоне, ки замин фурӯхта/ба вом гузошта/ туҳфа мешавад, инчунин ҳуқуқи соҳибмулкӣ низ мегузарад. Маънои ин тағйирот ҳоло чандон рӯшан нест, вале он ба соҳибмулк имкониятҳои васеъро фароҳам меоварад (дар қиёс бо гузашта). Ба шахсони воқеӣ бояд ҷуброни арзиши моликияти ғайриманқул, иншоот ва моликият пардохт шавад. Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи қоидаҳои ниҳоят муназзамест, ки маҷмӯи муносибатҳои ҳуқуқии дар раванди соҳибмулкӣ ва истифодаи замин ба амал меомадаро танзим менамояд. Масъалаҳои вобаста ба қатъи ҳуқуқи истифодабарии замин дар ҳолати хариди он, инчунин пардохти ҷуброн ба истифодабарандагони замин ва талафоти он, ки ба ба мусодираи замин аз муомилот вобастаанд, дар 2 боб ва 9 моддаи Кодекси замин баррасӣ мешаванд. Моддаҳои мазкур низоми асосии хариди заминро барои ҳадафҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ пешбинӣ менамоянд. Кодекси мазкур ба давлат ҳуқуқи мусодираи заминро аз истифодабарандагон барои эҳтиёҷоти лоиҳаҳое, ки дар сатҳи давлатӣ ва манфиатҳои он татбиқ мешаванд, фароҳам меоварад ва методҳо, низом ва тартиби ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои ашхосе, ки заминҳояшон барои ин мақсадҳо мусодира мешаванд, шарҳ медиҳад. Инчунин маҷмӯи ҷубронҳо барои пардохти зарарҳои истифодабарандагони замин пешбинӣ шудаанд. Низомнома оид ба пардохти зарарҳо ва талафоти маҳсулоти кишоварзӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 641 аз 30 декабри соли 2011) тасдиқ шудааст, тартиби мушаххас ва муфассали пардохти зарарҳои истифодабарандагони заминро муайян менамояд. Муқаррароти асосие, ки дар Кодекси Замин оид ба масъалаи муҳоҷиркунонии иҷборӣ оварда мешаванд, инҳоанд:  Мусодираи қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ баъд аз пешниҳоди қитъаи замини мутаносиб анҷом дода мешавад;  Бар ивази моликияти мусодирашуда дар қитъаи замини нав хонаҳои истиқоматӣ, иншооти истеҳсолӣ ва дигар биноҳои нави яксон ба он моликият бояд ба тартиби муқарраргардида сохта шавад; 9 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ  Зарар ҳангоми хариди қитъаи замин дар ҳаҷми пурра, аз ҷумла фоидаи аздастрафта ва бо назардошти нархи бозорӣ пардохт карда мешавад;  Сохтмони биноҳо ва пардохти талафот аз ҷониби муассисаҳо ва ташкилоҳое пардохт карда мешавад, ки замин ба фоида онҳо мусодира мешавад (соҳибони лоиҳа);  Пешниҳоди қитъаҳои нави замин, сохтмони биноҳо, ҷуброни тамоми намуди зарар, аз ҷумла фоидаи аздастрафта, то хариди расмии замин аз истифодабарандаи он бояд анҷом дода шавад. Ҳаҷми ҷубронро комиссияи дар сатҳи ноҳия таъсисёфта, ки дар он ҷо хариди замин анҷом меёбад, муайян менамояд. Комиссияро Муовини раиси ноҳия роҳбарӣ намуда, аъзоҳои комиссия намояндагони вазоратҳои мухталиф, Барқи тоҷик ва ҷамоатҳо мебошанд. Муайян намудани зарари истофодабарандаи замин зимни хариди заминҳои кишоварзӣ дар асоси санадҳои дахлдор, ки истифодабарандаи замин пешкаш менамояд, сурат мегирад. Дар ҳолати ба мувофиқа нарасидан дар бобати ҳаҷми пардохти зарар ва ҳаҷми маблағи талафот, истифодабарандаи замин метавонад ба суд оид ба ҷуброни пурраи зарар ҳангоми мусодираи замин муроҷиат намояд. Мутобиқи моддаҳои 41 ва 43-и Кодекси замин, қитъаи замин метавонад барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ мусодира шавад, вале танҳо бо пардохти ҷуброни ҳамтои моликияти ғайриманқул, биноҳо ва маҳсулоти кишоварзие, ки дар он қитъа вуҷуд дорад. Ҷуброн наметавонад камтар аз нархи ҷории бозории моликияти ғайриманқул бошад, зеро қонун принсипи ҷубронро дар асоси нархи бозорӣ пешбинӣ менамояд. Кодекси замин зарурати чунин хариди заминро аз муассисаи манфиатдор барои хариди замин талаб менамояд ва он муассиса бояд собит созад, ки қитъаи замин бояд мусодира гардад ва роҳи дигар барои татбиқи лоиҳа мавҷуд нест. Қитъаи замин метавонад мусодира шавад, дар сурати зарурати сохтмони биноҳо ва иншоотҳо ё анҷом додани корҳое, ки ба манфиати давлат аст. Агар лоиҳа манфиатҳои давлатиро дарбар гирад, соҳибони лоиҳа бояд пешниҳод оид ба хариди замин, ки ба мақсади оғози чунин харид заруранд, омода намоянд. Мутобиқи қонун, раванди харид бояд ба анҷом расад ва ба тамоми одамон ва хоҷагиҳое, ки ба минтақаи лоиҳаи вориданд, то гирифтани иҷозат барои оғози сохтмон ҷуброн бояд пардохт шавад. Қонунҳо ва санадҳои меъёрии зерин хариди замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, муҳоҷиркунонии иҷборӣ ва ҷуброни талафот вобаста ба ин харидҳоро танзим менамояд: - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки замин моликияти истисноии давлат мебошад. Тағйирот ба Қонун «оид ба ипотека» ба соҳибмулк шароити фурӯш/ вом/ туҳфаи қитъаи замини худро ба шахси дигар, бонк ё муассиса дар асоси нархҳои ҷории бозорӣ фароҳам меоварад. Маънои ин тағйирот ҳоло чандон рӯшан нест. - Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи қоидаҳои ниҳоят муназзамест, ки маҷмӯи муносибатҳои ҳуқуқии дар раванди соҳибмулкӣ ва истифодаи замин ба амал меомадаро танзим менамояд; - Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи ҳуқуқии иштироккунандагони табодули шаҳрвандӣ, асоси ба вуҷуд омадан ва тартиби иҷрои ҳуқуқи моликияти хусусӣ, ӯҳдадориҳои шартномавӣ, инчунин дигар муносибатҳои моликиятӣ ва ғайримоликиятиро муайян мекунад; - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «оид ба нархгузории замин» аз 12 майи соли 2001 асосҳои ҳуқуқиро барои нархгузории замин муқаррар мекунад; 10 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» аз 14 майи соли 2004 асосҳои меъёрии тақсим ва азнавтақсимкунии заминҳоро муқаррар менамояд; - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идораи замин» аз 5 январи соли 2008 муносибатҳои вобаста ба асосҳои ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи идораи захираҳои заминро танзим мекунад; - Кадастри давлатии замин низоми иттилотии вазъи табиӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии заминҳо, намудҳо, хусусиятҳои сифатӣ ва арзиши иқтисодии онҳоро дарбар мегирад; - Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 641 аз 30 декабри соли 2010 «Оид ба тасдиқи тартиби пардохти зиёни истифодабарандагони замин ва талафоти раванди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ», тартиби ҷуброни зиён ба истифодабарандагони заминро муқаррар менамояд; - Кодекси процессуалии шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб, қоида ва муҳлати ҳифзи судиро дар ҳолатҳои мурофиаи судӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба муҳоҷиркунонии иҷборӣ муқаррар менамояд; - Низоми сиёсати амалиёти Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба муҳоҷиркунонии иҷборӣ низ бо мақсади татбиқи Барномаи сиёсати муҳоҷиркунонӣ истифода мешавад. 5. Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати амалиёти Бонки ҷаҳонӣ (СА) 4.12 Тафовут байни қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (Кодекси замин) ва сиёсати амалиётии БҶ дар ҷадвали зерин оварда шудааст: Ҷадвал – Қиёси Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати амалиётии Бонки ҷаҳонӣ Муқаррароти Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон Сиёсати БҶ оид ба муҳоҷиркунонии иҷборӣ Расман ҳуқуқ надоштан ба замин набояд монеа Ҷуброн барои хариди замин танҳо ба барои ҷуброн ва ё кӯмаки барқароркунанда ба соҳибмулк, ки ба замин ҳуқуқ дорад, ба АТЛ бошад; ашхоси бидуни ҳуқуқи онҳое, ки дорандаи ҳаққи расмии замин соҳибмулкии замин ё биноҳо, ки аз тарафи онҳо ё ҳуқуқи анъанавӣ мебошад, пардохт ишғол ё истифода мешавад, ба ҳар гуна намуди мешавад. Ҳар гуна шартномаи кӯмак барои муҳоҷиркунонӣ ҳуқуқ доранд, дар ғайрирасмӣ байни заминдор ва он ҳоле, ки онҳо то таърихи қатъи эътибор иҷорагиранда эътироф намегардад. маҳсулоти кишоварзӣ парвариш мекарданд/ заминро ишғол мекарданд АТЛ бояд пурра оид ба ҷуброн, ҳуқуқ барои ҷуброн ва намудҳои муҳоҷиркунонӣ, аз ҷумла қитъаҳое, ки ба он кӯчонида мешаванд, Машварат бо АТЛ ё ҷамоатҳо дар хабардор шаванд ва машварат гиранд. Ин робита ба мусодираи замин ва амвол машваратҳо, риояи ҳуқуқҳо, чорабиниҳо оид ба пешбинӣ нашудааст паҳн кардани маълумот ва имконияти иштирок дар баргузории назоратро бо назардошти хусусият ва ҳаҷми таъсир дарбар мегирад. Нақшаи муҳоҷиркунонӣ бояд якҷоя бо АТЛ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор тарҳрезӣ ва омода шавад. Муқаррар намудани механизми 11 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ қонеъгардонии шикоятҳо зарур аст. Талабот оид ба машваратҳои гендерӣ ва интишори иттилоот вуҷуд дорад. Ивази замин барои замин – варианти Ҷуброн барои замин аз ҳисоби иваз афзалиятнок, дар баробари ин замини барои кардан пешниҳод мешавад, тавассути иваз пешниҳодшуда бояд қобили қабули АТЛ, пешниҳоди замин барои замин ё ҳаҷм ва маҳсулотнокии ҳамто дошта бошад. пешниҳоди маблағи нақдӣ. Агар имконияти пайдо кардани замини муносиб Арзиши хоси замин тавассути набошад, он гоҳ ҷуброн дар шакли пулӣ ё истифодаи коэффисент муайян омезиши замин ва воситаҳои пулӣ бо арзиши мегардад. мутаносиб дар асоси нархи ҷории бозорӣ, Оид ба каср тавзеҳот вуҷуд надорад. инчунин пардохти ҳар гуна амалиёти вобаста ба кӯчонидан ё хариди замин сурат мегирад. Маблағ дар шакли нақд ё намуди зарурӣ бар Ҷуброн барои дигар моликият (биноҳо, ивази моликият дар ҳолати кунунӣ мутобиқи маҳсулоти кишоварзӣ/зироатҳо, нархи ҷории бозорӣ бидуни касри хароҷоти дарахтҳо ва даромад аз соҳибкорӣ) фарсудашавӣ ё масолеҳи ҳифзшуда, инчунин бо тариқи арзиши барқарорсозӣ амалӣ назардошти пардохти ҳаргуна амалиёт (боҷи мегардад. Муқаррарот вобаста ба маъмурӣ, андозҳо, хароҷоти барасмиятдарорӣ ё таъсири шадид ё АТЛ-и осебпазир эътирофи ҳуқуқ). Муқаррарот оид ба ҷудо вуҷуд надорад. Хароҷот ва пардохт намудани маблағ барои ҳамлу нақл, агар барои ҳамлу нақл пешбинӣ нашудааст. зарурат бошад, пешбинӣ шудааст. Дар марҳилаи ба нақшагирии Бояд аз ҳаргуна хариди замин ё муҳоҷиркунонӣ инфрасохтор, пешниҳодот дар мавриди канораҷўӣ кард ё, агар имконияти канораҷўӣ хариди заминҳои кишоварзӣ ё ҳосилхез набошад, тариқи омӯзиши тамоми роҳҳои хуш пазируфта намешаванд, агар муносиб онро ба ҳадди ақалл бояд расонид. заминҳои дигар мавҷуд бошанд. Муқаррароти мушаххас оид ба маҳрум Пардохти ҷубронро барои талафоти воситаҳои шудан аз даромад/ воситаҳои зиндагӣ зиндагӣ ва даромад дар натиҷаи хариди замин вуҷуд надорад. барои ҳадафҳои лоиҳа тақозо мекунад. Ҷуброн барои хариди муваққатии замин барои маҳсулоти кишоварзӣ, тамоми иншоот, Пардохти ҷуброн барои хариди новобаста аз ҳолати юридикӣ ҳангоми арзиши муваққатии замин, бо пардохти талафот барқароркунанда ё азнавсозии бинои ва хароҷоти ҷории вобаста ба маҳсулоти ивазшаванда, инчунин ҷуброн барои маҳрум кишоварзии барои як сол пешбинишуда шудан аз дастрасӣ, ки метавонад ба даромад ва мутобиқи нархҳои давлатӣ, маҳдуд таъсир расонад (масалан, барои мағозаҳо) ё карда мешавад. воситаҳои зиндагӣ (масалан, дастрасӣ ба мактаб) Дар маҷмуъ, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сиёсати Бонки ҷаҳонӣ ҳадафҳои пардохт намудани ҷубронро вобаста ба арзиши барқарорсозӣ пешбинӣ менамоянд, вале қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарорсозиро пешбинӣ намекунад ва дар амал тарҳрезии механизм/абзорро барои ҳар як ҳолати мушаххас ба дӯши шартномаҳои махсус вогузор мекунад. Бо мақсади ҳалли ин масъалаҳо ва ба мувофиқа овардани тафовут байни қонунгузории Тоҷикистон ва сиёсати Бонки ҷаҳонӣ, санади мазкур - АСМ барои лоиҳа таҳия гардидааст. Ин санад пардохт намудани ҷуброни ҳамаҷониба, барқарорсозии ҳуқуқҳои ашхосе, ки ҳуқуқҳои юридикӣ надоранд ва иқоматкунандагони ғайрирасмӣ мебошанд, инчунин 12 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ пешниҳоди кӯмакпулӣ ба АТЛ, ки метавонанд ивази макон намоянд, тиҷораташон талаф бинад ё таҳти таъсири ҷиддӣ қарор доранд, таъмин менамояд. Муқаррароти асосие, ки мувофиқаи ихтилофҳоро байни Кодекси замини Тоҷикистон ва сиёсати Бонки ҷаҳонӣ фароҳам меоварад, иборатанд аз:  Ҳар як АТЛ, новобаста аз он, ки онҳо ҳуқуқи моликияти хусусиро доранд ё на, ҳуқуқи гирифтани ҷуброн (барои иншоот, маҳсулоти кишоварзӣ ва дарахтҳо) ва чораҳои барқарорсозиро дар ҳошияи ин лоиҳа доранд. Ин муқаррарот ашхоси безамин, ки заминро истифода мебаранд ва иқоматкунандагони ғайриқонунӣ мебошанд, фаро мегирад;  Барои АТЛ ва ҷамоатҳои зери таъсири лоиҳа қарордошта машваратҳо оид ба намудҳои интихоб ва ҳар гуна намуди таъсир ҳангоми хариди замин ва муҳоҷиркунонӣ, гузаронида мешавад;  Агар замини барои ҷуброн пешниҳодшуда аз ҷиҳати техникӣ ва иҷтимоӣ номусоид бошад, ҷуброн дар шакли пули нақд бо арзиши пурраи барқарорсозӣ мувофиқи нархҳои ҷории бозорӣ анҷом меёбад;  Ҷуброн барои ҳар гуна моликияти дигар, ки таҳти таъсир қарор мегирад (иншоот, маҳсулоти кишоварзӣ ва дарахтон, инчунин маҳрумиятҳои тиҷоратӣ ва аз даст додани сарчашмаи даромад), дар шакли пули нақд ё дигар намуд бо арзиши пурраи барқарорсозӣ мувофиқи нархҳои ҷории бозорӣ пардохт мегарданд. АТЛ-и осебпазир ва камбизоат дар ҳолати зарурат ба чораҳои иловагӣ ҳуқуқ хоҳанд дошт, инчунин масъалаҳои гендерӣ ҳал хоҳанд шуд;  То ҳадди имкон ҳангоми анҷоми корҳо оид ба хизматрасонӣ, аз зарурати мусодираи замин ва муҳоҷиркунонӣ бояд канораҷўи кард ё онро то ҳадди ақал расонид;  Ҷуброн барои талафоти муваққатии замин ё моликият, ё муваққатан маҳрум шудан аз даромад пешбинӣ мешавад; Махсусан бояд қайд кард, ки мақоми ашхоси бидуни ҳуқуқ барои моликияти хусусӣ дар Сиёсати амалиётии Бонки ҷаҳонӣ СА 4.12 равшан муайян гаштааст. Мутобиқи ин сиёсат, он ашхосе, ки ҳуқуқи расмию қонунӣ ё ҳуқуқи юридикӣ барои истифодаи заминро надоранд, вале дар баробари ин аз заминҳои давлатӣ истифода мебаранд, бо назардошти саҳми истеҳсолии онҳо дар он замин, меҳнати сарфшуда ва моликият/дороиҳои талафшудаи онҳо, ба ғайр аз ҳаққи соҳибмулкӣ, ки дар ҳолати соҳибмулкони ҳуқуқӣ ҷой дорад, ҳуқуқи гирифтани ҷубронро доранд. Бар ивази он заминҳо, ба онҳо барои истифода қитъаҳои алтернативии замин ё ин ки дигар намуди кӯмак ба ҳисоби ҷуброни он қитъаҳои замине, ки онҳо то таърихи қатъи эътибор истифода ё ишғол мекарданд, пешниҳод мегардад. Дар ҳолати ихтилоф байни қонунгузории ҶТ ва талаботи сиёсати БҶ вобаста ба муҳоҷиркунонии иҷборӣ (СА 4.12) бояд асосҳо ва қоидаҳои СА 4.12 истифода шаванд. Ин авлавияти меъёрҳои БҶ бар қонунгузории миллӣ дар робита ба лоиҳаҳое, ки аз ҷониби БҶ маблағгузорӣ мешаванд, талаб карда мешавад. 6. Меъёрҳои роиҷ будан ва тартибот барои категорияҳои гуногуни ашхосе, ки таҳти таъсир қарор мегиранд 13 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ Ин боб меъёрҳои роиҷ будан, ки барои муайян кардани ашхоси дорои ҳаққи иштирок дар муҳоҷиркунонӣ ва истифода аз бартариятҳои он, инчунин пешгирии даъвои ғайриқонунии ашхосро муқаррар менамояд. 6.1 Принсипҳо Мусодираи иҷбории замин сабабгори муҳоҷират ё талафоти манзил; талафоти моликият ё дастрасӣ ба моликият, ё маҳрум шудан аз сарчашмаи даромад ё воситаҳои зиндагӣ, новобаста аз он, ки АТЛ маҷбур аст ба макони нав кӯчад ё на, мешавад. Бинобар ин, машваратҳои пурмуҳтаво бо АТЛ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва роҳбарони ҷамоатҳо барои муқаррар намудани меъёрҳо имкон медиҳанд, то ки тибқи онҳо ашхоси муҳоҷиршаванда барои гирифтани ҷуброн ва дигар кӯмакҳо ҳангоми кӯчонидан ҳуқуқ пайдо кунанд. СА 4.12 3 меъёри зерини роиҷ буданро дар назар дорад: а) ашхосе, ки ҳуқуқи расмӣ ба замин доранд, аз ҷумла заминҳои муқаррарӣ/ҷамоатӣ, ҳуқуқи анъанавӣ ва диние, ки қонунгузории Тоҷикистон эътироф менамояд; b) ашхосе, ки ҳуқуқи расмӣ ва юридикии заминро ҳангоми оғози татбиқи лоиҳа ё баҳисобгирӣ надорад, вале даъво барои ин замин ё моликиятро дорад, бо шарте, ки ин даъво аз ҷониби қонунгузории Тоҷикистон эътироф шудааст ё тавассути татбиқи раванди дар АСМ/НАМ дарҷгардида эътироф мешавад; c) ашхосе, ки ҳуқуқи юридикии эътирофшуда ва даъво ба замине, ки онро ишғол, истифода мекунад ё воситаҳои зиндагиашон аз ҳисоби он замин аст, қабл аз замоне, ки таърихи қатъи эътибор мерасад, надоранд, вале сиёсати амалиёти Бонки ҷаҳонӣ (СА 4.12) онҳоро эътироф мекунад. Ашхосе, ки ба зербоби (а) ва (b) тааллуқ доранд, ҷуброн барои замине, ки онҳо аз даст додаанд, инчунин дигар кӯмак мутобиқи АСМ-и мазкур пешниҳод мегардад. Ба ашхосе, ки ба зербоби (c) дохил мешаванд, бар ивази ҷуброн барои заминҳои ишғолкардаашон мусоидат барои муҳоҷиркунонӣ, инчунин кӯмаки дигар дар ҳолати зарурӣ барои расидан ба ҳадафҳое, ки АСМ-и мазкур муқаррар кардааст, пешниҳод мегардад, агар онҳо қитъаи заминро то таърихи қатъи эътибор, ки лоиҳа дар машваратҳои муштарак бо АТЛ-и эҳтимолӣ, роҳбарони ҷамоатҳои маҳаллӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллии дахлдор ва пазируфтаи БҶ муқаррар намудааст, ишғол намуда бошанд. Ашхосе, ки соҳиби қитъаи замин баъд аз таърихи қатъи эътибор гаштаанд, ҷуброн ё ҳар гуна кӯмаки дигар дар муҳоҷиркунонӣ расонида намешавад. Ҳамаи ашхосе, ки дар зербобҳои (а), (b) ё (с) дарҷ шудаанд, бояд ҷуброн барои талафи молу мулк/дороӣ, ба ғайр аз ҷуброни замин, пардохт гардад. Ҳамин тариқ, ҳама ашхосе, ки зери таъсири лоиҳа қарор доранд, новобаста аз мақоми онҳо ё аз он, ки ҳуқуқи расмӣ ё юридикӣ доранд, муҳоҷир ҳастанд ё ба ягон таври ғайриқонунӣ ба ин заминҳо ворид шудаанд, ҳуқуқи гирифтани кӯмаки муайянро доранд, агар онҳо то таърихи қатъи эътибор ин заминҳоро истифода ва ишғол мекарда бошанд. Роиҷ будани гирифтани кӯмак мутобиқи СА БҶ (СА 4.12) ба ашхосе, ки таҳти таъсири лоиҳа қарор мегиранд низ паҳн мегардад, ҳатто агар муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон мусодираи муваққатӣ ё доимии заминҳои хусусие, ки дар наздикии роҳҳои мавҷудаи истифодаи умумӣ қарор доранд, бидуни пардохти ҷуброн пешбинӣ менамояд. 14 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ 6.2 Меъёрҳои роиҷ будан ва риояи ҳуқуқҳо АСМ меъёрҳои роиҷ будан ва тартиби ҷуброни ҳама намуди талафот (замин, маҳсулоти кишварзӣ/дарахт, иншоот, фаъолияти тиҷоратӣ/соҳибкорӣ ва рўзҳои корӣ/музди меҳнат)- ро муайян менамояд. Тамоми АТЛ, аз ҷумла ашхоси бидуни ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ ва иқоматкунандагони ғайрирасмӣ ҷуброн барои талафоти моликиятро мегиранд (барои маҳсулоти кишоварзӣ, иншоот, дарахт ва ё талафоти тиҷоратӣ) ва инҳоро дастрас менамоянд: (i) ҷуброн (мутобиқи талабот, он бояд ба арзиши барқарорсозӣ баробар бошад), ва / ё (ii) замине, ки бар иваз пешниҳод мешавад, биноҳо, ниҳолҳо, мусоидати дигар барои муҳоҷиркунонӣ, ба монанди кӯмакпулӣ барои кӯчидан, кӯмак барои барқарор кардани иншоот, ҷуброн барои талафоти рўзҳои корӣ / даромад. Меъёрҳои роиҷ будан ба шумулияти АТЛ ба яке аз се гурўҳ асос ёфтаанд : (а) ашхосе, ки ҳуқуқи моликияти хусусӣ ё ҳуқуқҳои расмӣ-юридикиро ба замин доранд; (b) ашхосе, ки ҳуқуқҳои қонунии расмиро барои замин дар ҳолати гузаронидани Бафеҳристдарории талафот (БТ) / таҳқиқоти арзёбии муфассал ё оғози барӯйхатгирӣ надоранд, вале даъвои ҳуқуқ ба замин ё моликият доранд, ба шарте, ки чунин даъвоҳоро қонунгузории кишвар эътироф намояд ё тариқи раванди дар НАМ1 дарҷгардида эътироф карда шавад, ва (с) ашхосе, ки ҳуқуқҳои юридикӣ ё даъво барои замин, ки онро ишғол мекунанд, надоранд (истифодабарандаҳои ғайриқонунӣ ё иқоматкунандагони ғайрирасмӣ). Ба АТЛ-е, ки ҳуқуқи гирифтани ҷубронро дар доираи лоиҳа доранд, дохил мешаванд:  Ашхосе, ки иншооташон қисман ё пурра, муваққатан ё доимӣ таҳти таъсири лоиҳа қарор мегирад;  Ашхосе, ки биноҳои истиқоматӣ ва тиҷоратиашон ё заминҳои кишоварзи (ё дигар заминҳои ҳосилхез)-ашон қисман ё пурра, муваққатан ё доимӣ таҳти таъсири лоиҳа қарор мегирад;  Ашхосе, ки фаъолияти соҳибкориашон қисман ё пурра, муваққатан ё доимӣ таҳти таъсири лоиҳаи қарор мегирад;  Ашхосе, ки маҳсулоти кишоварзи (яксола ва бисёрсола)-ашон ва ё дарахтонашон қисман ё пурра таҳти таъсири лоиҳаи қарор мегирад;  Ашхосе, ки дастрасиашон ба захираҳо ва моликияти ҷамъиятӣ қисман ё пурра таҳти таъсири лоиҳаи қарор мегирад. Дар сурати ҷудо кардани заминҳо, АТЛ-и соҳибҳуқуқ ё АТЛ-е, ки иҷозати қонунигардониро ба даст меоранд, ҷуброн барои замини ҷудошуда дар ҳошияи лоиҳа бо арзиши барқарорсозӣ пешниҳод мешавад. Ин иқдом дар шакли пардохти пули нақд бо арзиши барқарорсозӣ ё пешниҳоди замин бар ивази замин (масоҳат ва ё арзиши ҳосилхезии ҳамто ва талаботи АТЛ-ро қонеъкунанда) анҷом меёбад. АТЛ-е, ки ҳуқуқи заминро надоранд, ҳаққи гирифтани ҷуброни заминро надоранд, вале ба онҳо ҷуброн барои молу мулк/дороии дар он замин воқеъбуда, инчунин дигар кӯмаки лозима бар ивази ҷуброн барои замин пардохт мегардад. 1 Ба ин ҷо ашхосе, ки то ҳол ба қайд гирифта нашудаанд ва ҳамчун истифодабарандагони «қонунишаванда» арзёбӣ мегарданд, дохил мешаванд (он ҳамчун шакли истифодабарии замин дар Феҳристи зиёнҳо муайян мегардад). Онҳо дорои ҳуқуқи гирифтани ҷуброн ҳамчун заминдорони қонунӣ/дорандаи ҳуқуқ мешаванд. НАМ-ҳои омодашуда раванди таъминоти бардавом ва осонгардонидашудаи бақайдгириро ҳамчун қисми ҷорабиниҳо оид ба барақароркунии воситаҳои зиндагӣ/беҳдошти одамон дар ҳошияи раванди муҳоҷиркунонии лоиҳа пешбинӣ менамояд. 15 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ Ба хонаводагиҳое, ки аз тарафи занҳои танҳо идора мешаванд ва хӯранда доранд, инчунин дигар хонаводагиҳои осебпазир, бо мақсади пурра кам кардани таъсири лоиҳа, ҳуқуқи минбаъд ҳам гирифтани кӯмак дода мешавад. Дар ҷадвали зерини 5.1 Матритса/низоми риояи ҳуқуқҳо дар доираи лоиҳаро, ки дар асоси талафоти эҳтимолӣ асос ёфтааст, пешниҳод мегардад. Соҳиби ҳуқуқ барои ҷуброн шудан, ки дар доираи ҳар як зерлоиҳа муқаррар мегардад, бо таърихи қатъи эътибор маҳдуд карда мешавад ва АТЛ-е, ки дар минтақаи таъсири лоиҳа баъд аз таърихи қатъи эътибор сукунат мегиранд, ҳуқуқи гирифтани ҷубронро аз даст медиҳанд. Аммо онҳо пешакӣ оид ба зарурати тарк намудани биноҳо ва ба қисмҳо тақсим карда барҳам додани иншооте, ки таҳти таъсири лоиҳа қарор мегиранд, то оғози татбиқи лоиҳа огоҳонида мешаванд. Иншооти ба қисмҳо тақсим карда барҳам додашуда мусодира намешавад ва одамон ягон ҷарима пардохт нахоҳанд кард ва таҳти таҳрим қарор намегиранд. Кӯчонидани иҷборӣ танҳо дар он сурат баррасӣ мешавад, ки дигар саъю талошҳо ба харҷ дода шуда бошанд. 6.3 Матритса/низоми риояи ҳуқуқҳо дар доираи лоиҳа: АТЛ-и дорои ҳуқуқҳо, молу мулк/дороиҳо ва дастурамал оид ба пардохти ҷуброн Молу мулки зери Таъсири лоиҳа Намуди АТЛ Дастурамал оид ба ҷуброн таъсир қарордошта Хариди доимии Соҳиби замин Замин Ҳамчун авлавият, замини бар қитъаҳои замин ивази он пешниҳодшаванда барои корҳои бояд замини яксон аз лиҳози сохтмони арзиши бозорӣ дар масофаи манораҳои ХИБ ё то 3 км бошад. Дар сурати зеристгоҳҳо, ё ҳар вуҷуд набудани чунин замин, гуна иншооти ҷуброн дар шакли пули нақд дигаре, ки ба дар асоси арзиши бозорӣ бунёди ХИБ пардохт карда мешавад. Агар вобаста аст 10% замин харидорӣ шавад, иловатан 5% арзиши барақароркунанда пардохт мешавад ( ва он 10% афзоиш меёбад дар сурати хариди 20% замин) ҳамчун субсидия барои расонидани талафоти назаррас. Агар моҳияти замини боқимонда аз лиҳози иқтисодӣ аз даст рафта бошад, тамоми қитъаи замин харида мешавад. Хариди муваққатии Соҳиби замин Замин Арзиши иҷора тибқи нархҳои қитъаи замин барои бозорӣ ва барқарор намудани корҳо ё сохтмон замин ва ҳамаи молу мулк ба ҳолати пештара Хариди муваққатии Истифодаба- Замин Барқароркунӣ, иваз ё қитъаи замин барои рандаи ҷуброни ҳамаи молу мулки корҳо ва ё сохтмон ғайрирасмӣ талафдида ва маҳрумшуда. Дар ҳолати маҳрум шудан аз 16 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ даромад, кӯмакпулии барқароркунанда дар асоси музди меҳнати ҳадди ақалл барои ҳар як ҳафта (7 рўз)-и талафот дар асоси ҳисоби мутаносиб Хариди доимии Иҷорагирандаи Замин Ба ғайр аз ҷуброн ба соҳиби қитъаҳои замин замин ё замин, пардохти хароҷоти барои корҳои чоряккор нархи иҷора барои муҳлати сохтмони боқимондаи шартнома, бар манораҳои ХИБ ё замми ин фоидаи семоҳаи зеристгоҳҳо, ё ҳар иҷора ё фоидаи 3 моҳа аз гуна иншооти маҳсулоти чоряккорӣ бо дигаре, ки ба нархи бозорӣ ҳамчун бунёди ХИБ кӯмакпулии барқароркунанда вобаста аст пардохта мешавад. Хариди доимии Истифодаба- Замин Ба ғайр аз ҷуброн ба соҳиби қитъаҳои замин рандаи замин, ҷуброни фоидаи барои корҳои ғайрирасмӣ/ думоҳа аз иҷора/чоряккорӣ сохтмони ишғолкарда ҳамчун кӯмакпулии манораҳои ХИБ ё барқароркунанда пардохт зеристгоҳҳо, ё ҳар карда мешавад. гуна иншооти дигаре, ки ба бунёди ХИБ вобаста аст Хариди доимии Соҳиби замин Зироат Ба ғайр аз ҷуброн барои қитъаҳои замин замин, ҳуқуқи ҷамъоварии барои корҳои пурраи зироатро дорад ва сохтмони ҷуброн дар шакли пулӣ барои манораҳои ХИБ ё ду мавсим ё барои як сол зеристгоҳҳо, ё ҳар вобаста аз он, ки кадомаш гуна иншооти арзиши бозории баландтар дигаре, ки ба дошта бошад. бунёди ХИБ вобаста аст Хариди доимии Иҷорагирандаи Зироат Ба ғайр аз ҷуброн барои қитъаҳои замин замин, замин, ҳуқуқи ҷамъоварии барои корҳои чоряккор пурраи зироатро дорад ва сохтмони истифодаба- ҷуброн дар шакли пулӣ барои манораҳои ХИБ ё рандаи ду мавсим ё барои як сол зеристгоҳҳо, ё ҳар ғайрирасмӣ/ вобаста аз он, ки кадомаш гуна иншооти ишғолкарда арзиши бозории баландтар дигаре, ки ба дошта бошад. бунёди ХИБ вобаста аст Хариди доимии Молик Соҳибкорӣ Бар замми ҷуброн барои қитъаҳои замин замин, ба молик фоидаи аз барои корҳои дастдодаашро дар муддати сохтмони гузариш ба ҳисоби миёнаи 17 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ манораҳои ХИБ ё шабонарўзӣ/ моҳонаи фоида зеристгоҳҳо, ё ҳар пардохт менамоянд. Баъдан гуна иншооти фоидаи якмоҳа бо мақсади дигаре, ки ба барқароркунии фаъолияти бунёди ХИБ соҳибкорӣ дар ҷои нав вобаста аст пардохт карда мешавад. Хариди доимии Иҷорагиранда Соҳибкорӣ Ба иҷорагиранда маблағи қитъаҳои замин иҷораи муҳлати боқимондаи барои корҳои шартномаро пардохт сохтмони менамоянд. Баъдан фоидаи манораҳои ХИБ ё якмоҳа бо мақсади зеристгоҳҳо, ё ҳар барқароркунии фаъолияти гуна иншооти соҳибкориаш дар ҷои нав дигаре, ки ба пардохт карда мешавад. бунёди ХИБ вобаста аст Хариди муваққатии Соҳиби замин Соҳибкорӣ Арзиши иҷора тибқи нархҳои қитаи замин барои бозорӣ ва барқарор намудани корҳо ё сохтмон ҳамаи молу мулк ар ҳолати пештара. Дар баробари ин ба соҳиби замин фоидаи аздастдодаашро дар муддати гузариш ба ҳисоби миёнаи шабонарўзӣ/ моҳонаи фоида пардохт менамоянд. Хариди муваққатии Иҷорагир Соҳибкорӣ Дар баробари пардохти қитаи замин барои хароҷот барои иҷора дар корҳо ё сохтмон муддати гузариш, ба соҳиби замин фоидаи аздастдодаашро дар муддати гузариш ба ҳисоби миёнаи шабонарўзӣ/ моҳонаи фоида пардохт менамоянд. Истифодаи Истифодаба- Заминҳо барои Подабонӣ метавонад идома моликияти ранда подабонӣ ёбад ва таъсир ба заминҳои ҷамъиятӣ, ба подабонӣ пешбинӣ монанди подабонӣ намешавад. Соҳиби дарахтҳои Соҳиби дарахт Дарахтҳои мевадор Иҷозати пурра ҷамъоварии мевадор ҳосил дода мешавад. Арзиши ниҳол ва ҷуброн дар шакли пули нақд барои арзиши ҳосили дарахти ба воярасида бо замми солҳое, ки барои ба воя расидани ниҳол зарур аст, пардохта мешавад. Иҷорагири Иҷорагир Дарахтҳои мевадор Иҷозати ҷамъоварии пурраи дарахтҳои мевадор ҳосил дода мешавад. Ҷуброн дар шакли пули нақд барои арзиши ҳосил бо замми шумораи солҳо то анҷом 18 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ ёфтани шартномаи иҷора пардохта мешавад. Соҳиби дарахтҳои Соҳиби дарахт Дарахтҳои тиҷоратӣ Нархи ниҳол ва ҷуброн тиҷоратӣ мутобиқи нархи бозории дарахти тиҷоратӣ. Ҳама гуна хароҷоти вобаста ба шинондани дарахтҳо дар ҷои нав пардохта мешавад. Хариди доимии Соҳиби Ҳар гуна бино, аз Ивази иншоот ё ҷуброн бо иншооти қонунӣ иншоот ҷумла хона, пули нақд тибқи арзиши панҷарадевор ва ё барқароркунандаи иншооти ташноб ва ғ. нав, бар замми ин, ҷуброни пурраи хароҷот барои ба расмият даровардани иншооти нав пардохта мешавад. Хариди доимии Соҳиби Ҳар гуна бино, аз Ивази иншоот ё ҷуброн бо иншооти иншоот ҷумла хона, пули нақд тибқи арзиши ғайриқонунӣ панҷарадевор ва ё барқароркунанда. ташноб ва ғ. Хариди муваққатии Соҳиби Ҳар гуна бино, аз Иншоот дар шакли пештара иншооти қонунӣ иншоот ҷумла хона, барқарор карда мешавад. панҷарадевор ва ё Агар ин номувофиқ бошад, ташноб ва ғ. бунёди иншооти муваққатӣ барои шахси таҳти таъсир қароргирифта Хариди муваққатии Соҳиби Ҳар гуна бино, аз Иншоот дар шакли пештара иншооти иншоот ҷумла хона, барқарор карда мешавад. ғайриқонунӣ панҷарадевор ва ё Агар ин номувофиқ бошад, ташноб ва ғ. бунёди иншооти муваққатӣ барои шахси таҳти таъсир қароргирифта 19 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ Қишри осебпазири Дар асоси Хонаҳои истиқоматӣ, Бар замми ҷуброн барои аҳолӣ пардохтҳои молу мулки тиҷоратӣ молу мулки талафшуда, агар иҷтимоӣ (иншоот / дарахт / дигар намуди таъсир муайян (пардохт барои зироат, ки дар боло карда шавад, маблағи ноқисии қайд гардида буд) яквақта, баробар ба ҷамъи ҷисмонӣ, пардохтҳои солонаи иҷтимоӣ нафақахӯр, метавонад пардохт гардад. бевазанҳо, оилаҳои таҳти идораи зан қароргирифта, оилаҳои камбизоат) муайян мегарданд ва танҳо агар лоиҳа онҳоро ҳамчун а ашхоси осебпазир арзёбӣ намояд. 6.4 Усулҳои муайянкунии таърихи қатъи эътибор Баъд аз таҳияи нақшаи чорабиниҳо ва анҷоми расмиёти ҳуқуқӣ, НАМ барои чунин чорабиниҳо омода мегардад. Дар ҳошияи НАМ барӯйхатгирӣ барои муайян кардани тамоми АТЛ ва сатҳи дахлдори таъсир сурат мегирад. Таърихи оғози барӯйхатгирӣ ин таърихи ниҳоӣ ҷиҳати роиҷ будан барои муҳоҷиркунонӣ ва ҷуброн ба ҳисоб меравад. Аз ин сабаб, хеле муҳим аст, ки маълумот оид ба таърихи қатъи эътибор пешакӣ ба таваҷҷуҳи тамоми АТЛ-и эҳтимолӣ, ки дар минтақаҳои таҳти таъсири лоиҳа қарордошта зиндагӣ мекунанд, расонида шавад, то ки онҳо вақти кифоя барои таъмин кардани дастрасии худ ҳангоми барӯйхатгирӣ дошта бошанд. Ин иттилоотро маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 (ё сохтори нав, ё тавассути илова кардани масъулиятҳо ба яке аз МТЛ-ҳои мавҷуда) таҳти роҳбарӣ ва идораи умумии Вазорати энергетика ва саноат, инчунин мутобиқи муқаррароти машваратҳое, ки дар ин санад дарҷ гардидаанд, мунташир менамояд. АТЛ-и эҳтимолӣ тавассути огоҳиномаи расмӣ дар шакли хаттӣ ё шифоҳӣ, ки дар ҳузури роҳбарони ҷамоат ё намояндагони онҳо интишор мегардад, бохабар карда мешаванд. 20 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ 7. Механизм ва тартиботи татбиқи АСМ ва НАМ 7.1 Бознигарӣ Ҳамоҳангсозии умумии лоиҳа аз ҷониби маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 (ё сохтори нав, ё тавассути илова кардани масъулиятҳо ба яке аз МТЛ-ҳои мавҷуда) таҳти назорат ва мудирияти умумии Вазири энергетика ва саноат анҷом дода мешавад. Ин сохтор анҷоми корҳои банақшагирии муҳоҷиркунонӣ ва ҳамоҳангсозии тамоми корҳои вобаста ба ҷубронро ба зима мегирад. Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 таҳти назорат ва мудирияти умумии Вазири энергетика ва саноат бо ҷамоат (шӯрои ҷамоат)-ҳо, раисони ноҳияҳо ва шаҳрҳо ҳамкории зич ба роҳ мемонад. Механизмҳои татбиқи АСМ ба инҳо асос меёбанд:  Таҷрибаи пештара, масалан лоиҳаи кашидани хати интиқоли барқ аз Сангтӯда ба Афғонистон; ва  Механизмҳои татбиқ барои корҳои муҳоҷиркунонӣ ва ҷубронсупории мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳуҷҷати мазкур инъикос ёфтаанд. Субъектҳоеро, ки дар ин комплексҳои механизмҳои сохторӣ/институтсионалӣ иштирок менамоянд, зарур аст, ки ҳангоми анҷоми корҳои муҳоҷиркунонӣ ва ҷубронсупорӣ дар зерлоиҳаҳо ба эътибор гирифт. Дар ин фасл механизмҳои оптималие, ки ба масъулиятҳои мавҷуда асос меёбанд, ба хотири риоя шудани талаботи ин АСМ зимни анҷоми ҳар як фаъолияти лоиҳавӣ, инъикос ёфтаанд. Ин механизмҳо ба сохтори институсионалие, ки ҳангоми таҳияи АСМ муайян шудаанд, асос меёбанд. Агар ин сохторҳои институтсионалӣ тағйир ёбанд, пас ин бояд дар тартиботи таҳияшуда инъикос ёбад. 7.2 Озмоиши фаъолияти лоиҳавӣ Қадами аввал ҳангоми омода намудани НАМ-ҳои алоҳида ин раванди озмоиш ҷиҳати муайян кардани замин/майдонҳое, ки ба онҳо метавонад муҳоҷиркунонӣ таъсир расонад, иебошад. Ин озмоиш ба манзури муайян кардани навъ ва хислати таъсири эҳтимолие, ки ба фаъолияти пешниҳодшуда вобаста аст, инчунин андешидани чораҳои лозима ҷиҳати рафъи он мушкилиҳо истифода бурда мешавад. Ин озмоиш инчунин канорагирӣ аз муҳоҷиркунонӣ ё паст кардани таъсири онро ҳамчун меъёри асосӣ ҳангоми тарҳрезии фаъолият дар доираи лоиҳа арзёбӣ менамояд. Озмоиш мутобиқи меъёрҳо ва тартиботи муайяншуда аз ҷониби машваратчиёне, ки бо онҳо қарордод ҷиҳати лоиҳасозии сохтмони манораҳои хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо баста шудааст, таҳти назорати маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 (ё сохтори нав, ё тавассути илова кардани масъулиятҳо ба яке аз МТЛ-ҳои мавҷуда) ё дигар сохторе2, ки ба он метавонад ваколати назорати раванди сохтмон дода шавад, анҷом дода мешавад. 2 Дар ин бора қарори Ҳукумат содир мегардад, ки дар асоси он ба сохторе (масалан Барқи Тоҷик ё дигар сохтор) ваколати назорати озмун/тендер оид ба сохтмони хатҳои интиқоли барқ дода мешавад. Ба он сохтор ваколати назорати рафти сохтмон дода мешавад. 21 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ 7.3 Тартиб додани хислатномаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва бафеҳристдарории зиёнҳо Агар раванди озмоиш зарурати хариди заминро ошкор намояд3, қадами минбаъда муайянсозии иҷтимоиву иқтисодӣ ва тартиб додани хислатномаи АТЛ (масалан синну соли онҳо, вобастагии онҳо аз молу мулк/дороиҳо, даромад, вазъи оилавӣ ва ғ.) хоҳад буд. Ин ҳамарзиши барӯйхатгирие мешавад, ки барои муҳоҷиркунонӣ ба миқёси бузург анҷом дода мешавад. Чуноне, ки ҳангоми барӯйхатгирӣ сурат мегирад, ба 100%-и АТЛ хислатнома тартиб дода мешавад. Ин марҳила барои ҳамаи АТЛ ҳамзамон бо бафеҳристдарорӣ ва арзёбии ҳамаи дороиҳое, ки зери таъсири лоиҳа мондаанд, сурат мегирад. Ҳар вақте, ки ин марҳила ба анҷом расид ва масъалаҳои муҳоҷиркунонӣ ошкор гардиданд, дар асоси маълумоте, ки ҷамъоварӣ шудааст, НАМ таҳия мегардад. Ин АСМ асоси таҳия намудани НАМ-ҳо ба манзури ҳалли масъалаҳои муҳоҷиркунонӣ, ки бо чорабиниҳои ин лоиҳа вобастаанд, таъмин менамояд. Раванди озмоиш машваратҳои мустақим бо АТЛ, ки бо намояндагони маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 (ё сохтори нав, ё тавассути илова кардани масъулиятҳо ба яке аз МТЛ-ҳои мавҷуда) ва намояндагони расмии ҷамоат (деҳа)-ҳо ва ҳукумати ноҳияҳо (ё раисони шаҳрҳо/шаҳрдориҳо дар мавриди шаҳрҳои калон ва хурд) ба хотири дар ҷояш муайян намудани зиёне, ки ба дороиҳои расидааст ва муҳокима кардани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ҳамкорӣ мекунанд, дарбар мегирад. Пеш аз саршавии ин раванд, ба АТЛ дар шакли даҳонӣ ва хаттӣ оид ба ҳуқуқҳои онҳо маълумот ва дар давоми раванди муҳоҷиркунонӣ машварат дода мешавад. Ин супоридани нусхаи ҳуҷҷати вобаста ба тартиби баррасии шикоятҳо ва матритсаи риояи ҳуқуқҳоро дарбар мегирад. 7.4 Таҳияи НАМ Пас аз барӯйхатгирии иҷтимоиву иқтисодӣ ва муайянсозии тарафҳое, ки таҳти таъсири лоиҳа қарор мегиранд, НАМ таҳия мегардад. Он аз ҷониби маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 (ё сохтори нав, ё тавассути илова кардани масъулиятҳо ба яке аз МТЛ мавҷуда) ва бо иштироки вазорату идораҳои дигар, Барқи Тоҷик, Раиси ҳукумати ноҳия ва намояндаи ҷамоат ҳамоҳанг мегардад. НАМ бо машварати тарафҳое, ки зери таъсири лоиҳа мемонанд, омода мегардад. Хусусан машваратҳо дар мавзуи таърихи қатъи эътибор барои гирифтани ҷуброн, монеаҳо барои корҳои хоҷагидорӣ ва дастёбӣ ба даромад, методҳои арзёбӣ, пардохти ҷуброн, мусоидати эҳтимолӣ ва муҳлатҳо анҷом дода мешаванд. Унсурҳои асосии НАМ дар банди 4.12 СА БҶ инъикос ёфта, дар зер оварда мешаванд. Ҳар унсури НАМ дар АСМ шарҳ дода мешавад, лекин роҳнамоии батафсил барои омода кардани НАМ дар сомонаи интернетии БҶ (www.worldbank.org) дар Раҳнамои БҶ оид ба муҳоҷиркунонӣ ва барқарорсозӣ инъикос гардидааст. Тахмин карда мешавад, ки ба аҳолии кӯчонидашуда дар доираи ин лоиҳа як андоза таъсир мерасад, ҳарчанд ки дар марҳилаи кунунӣ сатҳ, миқёс ва рақамҳои мутлақи ин таъсир 3 Дар ҳисоботи ширкати Шабакаҳои Барқии Ҳиндустон (моҳи майи соли 2013) гуфта мешавад, ки ба заминҳои кишоварзӣ дар марҳилаи сохтмон ва ҳангоми анҷоми корҳои таъмирии бузург таъсир расонида мешавад. Заминҳои кишоварзӣ зери пояҳои манораҳо талаф меёбанд ва тақрибан масоҳати 0,2-1,0 м2 хоҷагиҳои ёрирасонро ташкил медиҳанд (долони Регар–Сангтӯда) 22 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ маълум нест. Муҳокимаи ин мавзуъ бо намояндагони расмии Вазорати энергетика ва саноат, Барқи Тоҷик ва Кумитаи заминсозӣ маълум кард, ки сатҳи умумии таъсир ба аҳолии кӯчонидашаванда андак хоҳад буд (яъне эҳтимол аст, ки аҳолии зарардидаҷисман кӯчонида намешаванд ва камтар аз 10% дороиҳои истеҳсолии онҳо талаф меёбад) ва камтар аз 200 кас дар доираи ҳар кадом аз чорабиниҳои лоиҳа зери таъсир мемонанд. Дар натиҷа, варианти мухтасари НАМ (чи хеле ки дар СА БҶ 4.12 ифода ёфтааст) метавонад таҳия гардад. Инчунин барои ҳар кадом НАМ эҳтимол меравад, ки теъдоди ками аҳолӣ таҳти таъсири лоиҳа мемонанд, чунки НАМҳо барои зерлоиҳаҳои алоҳидае, ки хариди заминро тақозо мекунанд, таҳия мегарданд. Дар НАМ як қатор қисмҳои қолабӣ (тавсифи лоиҳа, чаҳорчӯби ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ/сохторӣ, соҳибҳуқуқӣ ва қолаби риояи ҳуқуқҳо ва ғ.), ки аллакай дар АСМ инъикос ёфтаанд, инчунин қисмҳое, ки ба макони зери таъсир алоқаманданд (хислатномаи иҷтимоиву иқтисодии АТЛ, бафеҳристдарории зиёнҳо, маблағи ҷуброн ва муҳоҷиркунонӣ ва буҷет ва ғ.), ифода меёбанд. Ҳарчанд ки маълумот дар сатҳи хонаводагиҳо барои НАМ аҳамияти хос дорад, лекин бо сабаби хислати маҳрамона доштани он, маълумоте, ки ашхоси алоҳида ва хонаводагиҳоро дар НАМ муайян месозад, шарт нест, ки ошкор гардад. Рӯйхати қолабии НАМ аз унсурҳои зерин иборат аст: Тавсифи лоиҳа Ҳадафҳои муҳоҷиркунонӣ Чаҳорчӯби ҳуқуқӣ ва сохторӣ. Соҳибҳуқуқӣ ва қолаби риояи ҳуқуқҳо Арзёбӣ ва ҷуброни зиёнҳо Машварат ва иштирок Тартиби баррасӣ шикоятҳо Назорат ва арзёбӣ Ӯҳдадориҳои ташкилотӣ Таъсири муҳоҷиркунонӣ вобаста ба макон ва ҷуброни он: 1. Бафеҳристдарории иҷтимоиву иқтисодии АТЛ 2. Бафеҳристдарории зиёнҳо 3. Арзиш ва буҷет 4. Ҷадвали татбиқ 7.5 Интишор ва тасдиқи НАМ Баъд аз омода сохтани НАМ, корҳои зерин бояд анҷом дода шаванд: Кормандони маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000, ки бо корҳои муҳоҷиркунонӣ ва ҷуброни он машғуланд, бояд НАМ-ро ба Роҳбари маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 барои баррасӣ пешниҳод намоянд ва роҳбар, дар навбати худ, ин санадро ба Вазири 23 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ энергетика ва саноат барои тасдиқ пешниҳод менамояд. Вазири энергетика ва саноат ваколати назорат ва мудирияти умумии лоиҳаи CASA 1000-ро хоҳад дошт. Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 риояи мутобиқат ба АСМ ва пайдарҳамӣ дар муносибат ба навъҳои гуногуни фаъолиятро таъмин месозад. Зарфияти баррасӣ ва тасдиқи НАМ дар маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 таҳия мегардад ва он тавассути барномаҳои омӯзишӣ ва мусоидати техникӣ ҷиҳати таъмини риояи иҷрои самараноки ӯҳдадориҳои гуногун аз тарафи ҳама ҷонибҳои алоқаманд, анҷом дода мешавад. Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 НАМ-ро дар сомонаи интернетии худ ҷой мекунад, дар байни мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатии алоқаманд ва ашхоси таҳти таъсири лоиҳа қароргирифта (хусусан он қисмҳое, ки масъалаҳои вобаста ба маконро дарбар мегиранд) дар ҷойи мувофиқ ва бо забони фаҳмо мунташир мекунад ва ба онҳо имконият медиҳад, то ки мулоҳизаҳои худро дар давоми ду ҳафта баён намоянд. Пас аз ворид кардани пешниҳодҳое, ки дар натиҷаи интишори НАМ ба даст омадаанд ва тасдиқи санад аз ҷониби роҳбарияти маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000, он бояд ба БҶ ба манзури баррасӣ ҷиҳати мутобиқат ба СА БҶ 4.12 ва ҳар кадом дигар сиёсатҳо/тартибот ирсол гардад. Пас аз тасдиқи он ки сифати НАМ ба талаботи БҶ мувофиқат мекунад, онро дар сомонаи интернетии “info-shop / дӯкони маълумоти”-и БҶ, бори дигар дар сомонаи маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 ҷой мекунанд ва аз сари нав байни ҳамаи ҷонибҳои алоқаманд мунташир месозанд. Ба тартиби қолаби риояи ҳуқуқҳо, шартҳои соҳибҳуқуқӣ, ҳаҷми ҷубронпулӣ ва дигар ҳуқуқҳои вобаста ба кӯмак, бе гирифтани розигии пешакии БҶ тағйирот ворид кардан имконнопазир аст. Ҳамаи НАМ-ҳое, ки дар асоси АСМ таҳия мегарданд, бояд розигии БҶ- ро қабл аз шуруи корҳои сохтмонӣ дошта бошанд. 24 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ Нақшаи 1. Нақшаи раванди НАМ. Таҳияи НАМ Татбиқ Раванди НИМ БА Кумитаи муҳоҷиркунонӣ ва ҲА  Барӯйхатгирӣ ҷуброн пешниҳод мешавад  Бафеҳристдар Раванди озмоиш орӣ ва арзёбӣ  Ҳамоҳангсози ҲА и чораҳои оид Харид/ҷорӣ ба муҳоҷир- НАМ кардани кунонӣ тасдиқ Тасдиқе, шудааст? маҳдудият  Машваратҳо ки барои барои АСМ зерлоиҳа истифодаи  Шикоятҳо  Назорат гирифта НЕ замин/иншо шудааст от НЕ Чораҷӯӣ лозим намешавад 25 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ 7.6 Ҳисобҳои тахминии аҳолӣ ва дороӣ дар минтақаҳое, ки зери таъсири лоиҳа қарор мегиранд Ҳолатҳои канорагирӣ аз хариди муваққатӣ ва доимии заминро на ҳама вақт метавон анҷом дод, чунки заминҳои давлатие, ки барои сохтмони манораҳои хатҳои интиқоли барқ ва/ё зеристгоҳҳо метавонанд муносиб дониста шаванд, на ҳама вақт арзи вуҷуд доранд. Эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки хариди муваққатии қитъаи замин барои сохтмони манораҳои хатҳои интиқоли барқ ё зеристгоҳҳо ба роҳ монда шавад. То ҳол он меъёре, ки барои ҳар гуна хариди муваққатӣ ё доимии замин лозим хоҳад буд, ё ки истифода ва дастрасӣ ба замин муваққатан ё доимӣ маҳдуд карда мешавад, муайян нашудааст. Он танҳо пас аз анҷоми корҳои вобаста ба тарҳи ҳар як зерлоиҳа пурра муайян карда хоҳад шуд. Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 (ё сохтори нав, ё тавассути илова кардани ваколатҳо ба яке аз МТЛ-ҳои мавҷуда) ягон тахриби иншоотҳои бузургро ҳангоми татбиқи Лоиҳа пешбинӣ накардааст, ҳарчанд ки тахриби иншоотҳои андозаашон хурдтар (панҷарадевор ва ғ.)-ро дар ин марҳила наметавон аз эҳтимол дур донист. Бо назардошти он ки таъсири лоҳа ба аҳолӣ ва/ё моликият то ҳол муайян нашудааст, арзёбиҳо ҳангоми шуруи татбиқи лоиҳа анҷом дода мешаванд. 8. Методҳои арзёбии дороие, ки таҳти таъсири лоиҳа қарор гирифтааст Дар ин қисм принсипҳои раҳнамо барои муайян кардани арзиши моликият/дороиҳои таҳти таъсир қароргирифта ифода ёфтаанд. 8.1 Шаклҳои пардохти ҷуброн Ҷуброни истифодаи замин ва моликият/дороӣ, ки ифодаи молӣ ва пулӣ доранд ва он дар қолаби риояи ҳуқуқҳо муқаррар гардидааст, барои амволи зерин лозим мешавад:  Замин;  Биноҳои истиқоматӣ, иншоот ва қисмҳои ҷудонопазири амволи ғайриманқул;  Зироатҳои корам (ҳам зироатҳои истеҳсолӣ ва ҳам зироатҳои хӯрокворӣ) ва дарахтҳо; ва  Биноҳои тиҷоратӣ (мағозаву тарабхонаҳо) Илова бар ин, нафақапулии изтирорӣ, нигоҳдории молҳо, иваз кардани хадамоти маҳрумшуда ва дигар намуди кӯмак расонида мешавад, ки ин ҳама дар қолаби риояи ҳуқуқҳо матраҳ гаштааст. Аммо ин ҳама танҳо барои раҳнамоӣ истифода мешавад ва муҳим аст, ки ҳангоми таҳияи батафсили НАМ арзишҳои ҷории бозорӣ ва арзиши барқарорсозӣ ба хотири муайян намудани арзиши воқеии ҷуброн истифода бурда шаванд. Бар замми ин, ҳар кадом нафақапулии иловагие, ки зарур дониста мешавад, масалан нафақапули изтирорӣ, метавонад ба оилаҳои осебпазир дода шавад. Ҳама маблағҳои нақдии пулӣ, ба манзури инъикоси дигаргуниҳои иқтисодӣ ва иқтидори харидории асъори хориҷӣ аз замони омодасозии АСМ, тасҳеҳ гардонида мешаванд. Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 (ё сохтори нав, ё тавассути илова кардани ваколатҳо ба яке аз МТЛ-ҳои мавҷуда) маблағи ҷубронро, ки дар НАМ тавсия мешавад, ҳисоб менамояд ва пайгирӣ мекунад, то ки он воқеияти бозориро инъикос намуда, бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат намояд ва ба талаботи СА БҶ 4.12 ҷавобгӯ бошад. 8.2 Омодагии бафеҳристдарории дороӣ Ҳангоми таҳқиқот, ба ҳар як моликияте, ки дар феҳрист ҷой карда мешавад, рақамгузорӣ ва тавсифи он дода мешавад, инчунин бо истифода аз принсип ва тавсияҳои АСМ, баҳодиҳии он моликият сурат мегирад. Рӯйхати умумии моликияте, ки таҳти таъсир қарор мегирад, инчунин арзиши муқарраршудаи он моликият, аз ҷумла ҳар гуна чораҳои ҷубронсупорӣ, дар дафтари 26 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ бақайдгирӣ сабт мегардад ва барои ҳамоҳангӣ ба АТЛ нишон дода мешавад. Ба дафтар имзо гузошта шуда, нусхаи он дар ҷояш ба шахси таҳти таъсири лоиҳа қарордошта супорида мешавад. Дар он ҳуҷҷат замони огоҳонидани шахси таҳти таъсири лоиҳа қарордошта нишон дода мешавад, инчунин қайд мегардад, ки бафеҳристдарорӣ то он замоне, ки дуюм нусхаи имзошудаи он аз ҷониби роҳбарияти лоиҳа ба тасвиб расида, ба шахси таҳти таъсири лоиҳа қарордошта баргардонида нашавад, эътибори расмӣ пайдо намекунад. Ҳамзамон нусхаи ҳуҷҷати тартиби баррасии шикоятҳо ба шахси таҳти таъсири лоиҳа қарордошта дода мешавад, чи хеле ки механизми баррасии шикоятҳо муқаррар намудааст. 8.3 Методҳои баҳодиҳӣ 8.3.1. Ҷуброни замин Дар сурати хариди доимии замине, ки ҳаққи моликияти он собит шудааст, варианти аввал ин пешниҳоди дигар қитъаи замин бар ивази он мебошад. Дар сурате, ки дар масофаи муносиб қитъаи замини алтернативӣ, ба хотири кам кардани таъсири манфӣ ба дигар ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, вуҷуд надошта бошад, ҷубронпулӣ бояд дар шакли арзиши пурраи барқарорсозӣ таъмин карда шавад. Ин маблағ бар асоси арзиши афзалиятдоштаи бозории маҳаллӣ ҷиҳати харидории қитъаи замини дорои маҳсулнокии ҳамсон дар ҳамон минтақа, ҳисоб карда мешавад. Бар замми он, маблағи ҷуброн бояд хароҷоти вобаста ба хариди замин, яъне андоз, пардохтҳои бақайдгириро низ ба эътибор гирад. Илова бар ин, АТЛ ҷуброни ҳар гуна беҳкории ҷудонашавандае, ки дар он замин анҷом дода шудааст (масалан иншооти обёрикунонӣ), меситонанд. Ин беҳкориҳо бар асоси арзиши афзалиятдоштаи бозории маҳаллӣ барои ҳаққи меҳнат, таҷҳизот ва мавод ҷиҳати анҷом додани чунин беҳкориҳо ҳисоб карда мешавад. Дар ҳолате, ки танҳо қитъаи хурде аз он замине, ки ба АТЛ тааллуқ дорад, дар доираи лоиҳа истифода мешавад (ин ҳолат дар мулоқот бо намояндагони расмии ҳукуматӣ дар Душанбе мавриди муҳокима қарор гирифта буд ва эҳтимол меравад, ки ин ҳолат дар бештари мавридҳо бо соҳибмулкони замин сурат мегирад), аммо қисми боқимондаи замин корношоям мешавад, ҷуброн барои тамоми замини таҳти таъсир қароргирифта (яъне замине, ки ҳангоми татбиқи лоиҳа истифода мешавад бар замми замини корношоям) ҳисоб карда мешавад. Дар сурати истифодаи муваққатии замин, барои зироате, ки ҳамон вақт дар он замин парвариш карда мешавад, арзиши пурраи бозорӣ, ё аз рӯи нархгузории давлатӣ, кадомаш ки баландтар бошад, ҷубронпулӣ супорида мешавад. Ин ҷубронпулӣ ба зироаткори воқеӣ, на ба соҳибмулки замин, дар сурате, ки зироаткор соҳиби замин набошад (масалан иҷоракор ё чоряккор бошад) дода мешавад. Ба ҳамин тариқ, дар қарордоди иҷораи замин ҷиҳати чоряккорӣ ислоҳот ворид карда намешавад. Ба ғайр аз пардохти арзиши зироат, лоиҳа барқарор намудани заминро ба ҳолати аввалааш то он ҳадди аслие, ки барои истифодаи қаблӣ мувофиқ бошад, таъмин менамояд. 8.3.2 Ҳисоби тарофаи ҷуброн барои зироатҳо ва дарахтҳои мевадиҳанда Нархи ҷории зироатҳо бо назардошти нархгузорие, ки ҳукумат тавсия додааст ва нархи баландтарини бозорӣ, ҳар кадомаш ки баландтар бошад, ҳисоб карда мешавад. Дар ҳолатҳои иҷораи замин, арзиши ҳисобшудаи зироат барои 2 мавсим ё 1 сол, ҳар кадомаш, ки баландтар бошад, ҷуброн карда мешавад. Дар ҳолатҳое, ки муомила бо соҳибмулк сурат мегирад, ба ӯ ба ғайр аз қитъаи замини алтернативӣ ё маблағи ҷуброн, арзиши ҳисобшудаи зироат барои 2 мавсим ё 1 сол, ҳар кадомаш, ки баландтар бошад, ҷуброн карда мешавад. Зироати истифодашаванда гуфта, он зироатҳоеро дар назар мегиранд, ки дар ҳоли ҳозир парвариш карда мешаванд ё вақтҳои охир киштукор карда мешуданд. Ба ғайр аз ин, ба АТЛ пешниҳод карда мешавад, ки ҳосилро қабл аз мусодираи замин ғундоранд. Барои таъмини имконпазирии ин ҳолат ва кафолати гирифтани 27 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ арзиши ҳосил ба нархи муносиби бозорӣ, машваратҳои ҳамаҷонибаи муқаддамотӣ анҷом додан лозим аст¸ то ки ҷамъоварии ҳосил пешакӣ ба таври муносиб ба нақша гирифта шавад. Арзиши меҳнате, ки барои омодасозии кишоварзии замин анҷом дода мешавад, ба ҳисоби сатҳи миёнаи ҳаққи чунин хизмат дар он маҳал барои фосилаи замонии ҳамсон ҷуброн карда мешавад. Маблағи ҷуброн бояд бо нархгузории ҷорӣ дар вақти супоридани он мувофиқат намояд. Барои дарахтҳои мевадиҳанда ба соҳиби онҳо бар асоси нархи ивази ниҳоли ҳамон навъи дарахт, инчунин арзиши солонаи меваҳое, ки он ниҳол медиҳад, зарби шумораи солҳое, ки барои мевадеҳи комил шудани он ниҳол лозим мешавад, бо истифода аз арзиши баландтарини бозорӣ, ё аз рӯи нархгузории давлатӣ, кадомаш ки баландтар бошад, ҷубронпулӣ супорида мешавад. 8.3.3. Ҷуброн барои иншоот Варианти муносиб ин таъмини иншооти алтернативӣ (ҳоҷатхонаҳо, иншоотҳо барои нигоҳдорӣ, панҷарадеворҳо ва ғ.) бо сифати ҳадди ақалл баробар ё беҳтар аз он мебошад, дар ҳар куҷое, ки ин имконпазир бошад. Варианти дуюм ин пешниҳоди ҷуброни молиявии арзиши барқарорсозии он мебошад. Арзиши барқарорсозӣ бар омилҳои зерин асос меёбад:  Андозагирии иншоот ва муайянкунии маводи истифодашуда;  Арзиши барқарорсозии миёнаи иншоотҳои гуногуни хоҷагидорӣ;  Иншоотҳо бар асоси ҷамъоварии маълумот оид ба шумора ва навъҳои масолеҳ барои сохтмони иншоотҳои гуногун истифодашаванда (яъне симчӯб, хишт, болор, бандҳои коҳ, тунукаи чиндор, дар ва ғ.).  Нархи ин маводи сохтмонӣ, ки дар бозорҳои гуногуни маҳаллӣ муқаррар гаштааст;  Хароҷоти интиқоли ин мавод ба макони замини истифодашаванда / ивазшаванда ё ки майдони сохтмон;  Ҳисоби хароҷоти сохтмони биноҳои нав, бо назардошти меҳнати сарфшаванда;  Ҷуброн барои он иншоотҳое, ки (i) бинобар ба дигар ҷой гузаштан ё кӯчидани шахси алоҳида ё хонаводагӣ тарк карда шудааст; ё (ii) дар натиҷаи татбиқи зерлоиҳа зарар дидаанд. 8.3.4. Ҷуброни моликияти ҷамъиятӣ Барои моликияти ҷамъиятие, ки дар натиҷаи таҳқиқоти иҷтимоиву иқтисодӣ муайян карда мешавад, ҷуброни он таъмин карда мешавад. Дар ҳама ҳолат ҷуброн дар шакли амвол таъмин карда мешавад ва иншоотҳои истеҳсолии нав ҳатто дар сурати вуҷуд доштани чунин объектҳо дар макони нав таъмин карда мешаванд. 8.3.5. Ҷуброни ҷойҳои муқаддас Ин сиёсат истифодаи замине, ки ҳамчун моликияти дорои арзиши фарҳангӣ эътироф шудааст, мутобиқи СА БҶ 4.11 иҷозат намедиҳад. Ҷойҳои муқаддас ва ҷойҳои ёдгории қатли ом маконҳои зеринро дарбар мегиранд, аммо бо ин маконҳо маҳдуд карда намешаванд: музейҳо, меҳробҳо, марказҳои унвондиҳӣ, ҷойҳои маросимгузаронӣ, мақбараву қабристонҳо. Ба ин номгӯй чунин ҷойҳо/объектҳое, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла ҳуқуқи урфӣ), анъанаҳо, урфу одат ва фарҳанг муқаддас ҳисобида мешаванд, дохил мешаванд. Ба манзури канорагирӣ аз ҳар гуна низои эҳтимолӣ байни ашхоси алоҳида ва / ё ҷамъиятҳо, дар доираи лоиҳаи мазкур истифодаи ҷойҳои муқаддас барои иҷрои фаъолияти лоиҳавӣ иҷозат дода намешавад. Бандҳои алоҳида инчунин дар қарордодҳо оид ба корҳои сохтмонӣ ворид карда мешаванд. 28 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ 8.3.6. Ҷуброн барои маҳрум шудан аз фаъолияти соҳибкорӣ Чи хеле ки қаблан гуфта шуда буд, ҳамаи иншоотҳо ба макони мутобиқ кӯчонида мешаванд. Илова бар ин, барои маҳрум шудан аз даромад ва истеҳсолот ҳангоми давраи гузариш (фосилаи байни маҳрум шудан аз фаъоияти соҳибкорӣ ва барқарорсозии он) ҷубронпулӣ дода мешавад. Ҷубронпулӣ бар асоси даромади ҳаррӯза ё моҳонаи тарафҳои таҳти таъсири лоиҳа қароргирифта ҳисоб карда мешавад. 9. Нақшаи татбиқ, ҳамоҳангсозии корҳои муҳоҷиркунонӣ ва сохтмонӣ 9.1 Бознигарӣ Қабл аз он ки корҳои хос дар зерлоиҳа дар қитъаи замини мушаххас шуруъ мешаванд, АТЛ бояд ҷуброни худро мутобиқи он НАМ, ки мунташир ва тасдиқ шуда, ба АСМ асос ёфтааст, ситонанд. Барои чорабиниҳое, ки ба мусодираи замин ва талафшавии он, манъ ё маҳдуд кардани дастрасӣ ба замин вобастаанд, минбаъд зарур аст, то ки он чорабиниҳо пешниҳоди ҷуброн ва дигар мусоидате, ки барои муҳоҷиркунонӣ то тағйир додани макон лозим мешавад, дарбар дошта бошанд. Мусодираи замин ё дигар воликияте, ки бо он робита дорад, метавонад танҳо пас аз супоридани ҷуброн ва дар ҳар мавриде, ки лозим бошад, макони муҳоҷиркунонӣ ва кӯмакпулӣ барои кӯчидан ба муҳоҷирони иҷборӣ таъмин карда шавад. Чораҳои вобаста ба мутобиқат ба АСМ дар ин НАМ-ҳое, ки барои ҳар як чорабинии вобаста ба муҳоҷиркунонӣ ва ҷуброн омода карда мешаванд, ворид карда хоҳанд шуд. Ҷадвали татбиқи чорабиниҳо бояд аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 (ё сохтори нав, ё тавассути илова кардани ваколатҳо ба яке аз МТЛ-ҳои мавҷуда), Раис/намояндаи ҷамоат (деҳа) ва АТЛ тасдиқ карда шавад. Дар он санаи муқарраргардида барои ибтидо ва анҷоми корҳои сохтмонӣ, ҷадвали супоридани корҳои сохтмонии анҷомшуда ба АТЛ ва санаи интиқоли ҳаққи соҳибмулкии замин/иншоот/хадамот, ки ба АТЛ тааллуқ доранд, инъикос мегардад. Ин санаҳо бояд пас аз санаи таҳвили корҳои анҷомшудаи сохтмонӣ ба АТЛ ва пардохти ҳама намуди ҷуброн ба нақша гирифта шавад. Масъалаи робитаи байни ин чорабиниҳо ва татбиқи умумии зерлоиҳа низ бояд мавриди ҳамоҳангии байни ҷонибҳо қарор гирад. Раванди озмоиш бояд пешбинӣ намояд, то ки НАМ-ҳо чораҳои қобили қабуле, ки мутобиқи ин сиёсат чорабиниҳои вобаста ба муҳоҷиркунониро бо корҳои сохтмонӣ мепайванданд, дарбар мегиранд. Механизми банақшагирии ин чораҳо метавонад ба эътибор гирад, ки ягон шахс ё хонаводагие, ки таҳти таъсири лоиҳа қарор мегирад, набояд ба хотири иҷрои корҳои сохтмонии лоиҳа, то гирифтани ҷубронпулӣ ва омода шудани макони муҳоҷиркунонӣ бо объектҳои истеҳсолии дахлдор барои шахс ё хоҷагии таҳти таъсири лоиҳа қароргирифта, тағйири макон (ба шакли иқтисодӣ ё ҷисмонӣ) намояд. Ҳар вақте ки НАМ аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор тасдиқ гардид, НАМ ба Бонки ҷаҳонӣ ба манзури баррасӣ ва тасдиқ ирсол бояд гардад. Ҷубронпулӣ ба ҳар АТЛ-и алоҳида пас аз гирифтани розигии хаттӣ, аз ҷумла ҳам шавҳар за ҳам зан, пардохт карда мешавад. 10. Механизмҳои баррасӣ ва қонеъгардонии шикоятҳо 10.1 Раванди умумӣ Дар марҳилаи ибтидоии раванди арзёбӣ, ба шахсоне, ки таҳти таъсири лоиҳа қарор гирифтаанд, нусхаи варақаи тартиботи баррасии шикоятҳо барои пайдо кардани маълумот дар бораи тартиби баррасии шикоятҳои онҳо, супорида мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиботи батафсили баррасии шикоятҳоро дорост. Механизмҳои ҷорӣ аз бандҳои зерин иборатанд: 29 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ a) Шаклҳои баёни шикоят, ки дар қонунгузории ҷумҳурӣ пешбинӣ шудаанд, чунинанд: шифоҳӣ (ба тариқи телефон), хаттӣ, хаттии муташаккилона, бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, тавассути почтаи электронӣ ва интернет. b) Барои баёни шикоятҳо (-е, ки бо талаби ҷуброн вобастаанд), соҳиби қитъаи замин/муқими деҳот аввалан ба Раиси маҳалла/ҷамоат муроҷиат мекунад ва он тартибе, ки бо қонунгузорӣ муқаррар гардида, дар кодекси замин зикр ёфтааст, риоя менамояд. Агар талаби муроҷиаткунанда қонеъ гардонида нашавад, ӯ расман ба Кумитаи муҳоҷиркунонӣ муроҷиат менамояд. Даъво/шикоят дар дафтари бақайдгирӣ ба қайд гирифта мешавад. Ҷавоби расмӣ/хаттии ба муроҷиаткунанда дар давоми 4 ҳафта бояд ирсол гардад. c) Дар ҳолати таъхири ҷавоби расмӣ, метавонад 15 рӯзи иловагӣ таъйин гардад. d) Агар ҷавоби расмие, ки ирсол мегардад, муроҷиаткунандаро қонеъ нагардонад, ӯ метавонад ба суд муроҷиат намояд. Дар доираи лоиҳаи CASA 1000 барои баррасии шикоятҳо ва ҷуброни зарар қадамҳои зерин бояд анҷом дода шаванд. Ин тартиб ҳамчун қадами аввал бояд риоя шавад, чунки дар ин ҳолат баррасии мавзуъ зуд сурат мегирад: a) Қадами аввал дар раванди муроҷиати шикоятӣ ин гирифтани тамос бо намояндаи Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 тавассути телефон, фиристодани паёмак (СМС) ё нома (бо ишораи рақами телефони мобилӣ) мебошад. Намояндаи Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 шикоятро бояд дар дафтари шикоятҳо ба қайд гирад. Ҳама намуди шикоятҳо, хоҳ расмӣ бошанд, хоҳ ғайрирасмӣ, бояд дар ҳузури шахси зарардида ба қайд гирифта шаванд ва бо имзо / изи ангушти калони ӯ тасдиқ гарданд. Намояндаи Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 масъалаи мазкурро бояд дар ҷаласаҳои навбатӣ бардорад ва ҳамаи шикоятҳо мавриди муҳокима қарор гиранд. b) Намояндаи Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 боасос будани ҳамаи шикоятҳоро бояд муайян намояд. Агар шикоят асоснок бошад, ба муроҷиаткунанда хабари мазкур расонида мешавад ва ба ӯ кӯмаки лозима анҷом дода мешавад. Ҷавоб ба муроҷиаткунанда дар давоми 14 рӯз дода мешавад, дар ин муддат бо зарардида вохӯрӣ ва муҳокимаҳо дар бораи хислат ва табиати шикоят ӯ анҷом дода мешаванд. Агар шикоят ба арзёбии дороӣ робита дошта бошад, арзёбии дуюм ё ҳатто сеюм гузаронида мешавад, то он даме, ки он арзёбӣ қобили қабули ҳарду ҷониб бошад. Агар ҷонибҳо баъд аз арзёбии сеюм ба мувофиқа нарасиданд, кор ба сатҳи дигар мегузарад. Ин дафъа арзёбӣ метавонад аз ҷониби баҳодиҳандагони мустақил, яъне на он шахсоне, ки арзёбиҳои қаблиро анҷом дода буданд, сурат гирад. Намояндаи Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 дар ҳама марҳилаҳо ба муроҷиаткунанда дар мавриди ҳалли масъалаи вобаста ба шикояти ӯ мусоидати лозима анҷом медиҳад ва баррасии шикоятро ба тариқи муносибтарини он таъмин менамояд. c) Агар дар ин марҳила АТЛ ҷавоби қонеъкунандаро дар давоми 5 рӯз нагирифт, пас масъала ба сатҳи дигар, яъне ба Роҳбари Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 таҳвил дода мешавад. Дар дафтари бақайдгирии шикоятҳо ҳал шудани масъала ё ба сатҳи болотар барои баррасӣ пешниҳод гаштани он бояд инъикос гардад ва аз ҷониби мақоми салоҳиятдор имзо карда шавад. d) Дар ин марҳила шикоят ба Кумитаи баррасӣ ва қонеъ гардонидани шикоятҳо (ки бо қарори Ҳукумат ташкил ёфта, Ҳукумат ба он номи муносиб медиҳад) таҳвил дода мешавад. Дар ин Кумита ҳадди ақалл 5 аъзо шомил хоҳанд буд ва 2 нафари онҳо аз Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 (ё сохтори нав, ё тавассути илова кардани ваколатҳо ба яке аз МТЛ-ҳои мавҷуда) намояндагӣ хоҳанд кард. 3 аъзои боқимонда бояд мустақил бошанд ва аз сохторҳои татбиқкунандаи лоиҳа ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ кунанд. Онҳо бояд намояндагони (i) созмони ғайридавлатӣ / ҷамъиятии шинохтае, ки дар Тоҷикистон фaъолият менамояд; (ii) шахси варзидаи сатҳи муносиб (масалан ҳуқуқшинос/вакили мудофеъ ё профессор) агар ин имконпазир бошад, (iii) намояндаи 30 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ Ҷамоат бошанд. Ба ин коршиносон музди ҳаққи иштирок дар ҷаласаҳои вобаста ба баррасии шикоятҳо пардохт карда мешавад ва онҳо дар ягон сохтори марбут ба лоиҳа ба кор гирифта намешаванд. Қарорҳое, ки Кумита қабул мекунад, бо мувофиқаи ҳамаи ҷонибҳо сурат мегирад ва бояд дар шакли санад ба расмият дароварда шуда, ба шахси муроҷиаткунанда аз натиҷаи он хабар дода шавад. e) Агар муроҷиаткунанда бо қарори Кумитаи баррасӣ ва қонеъ гардонидани шикоятҳо мувофиқ набошад, мавзуъ метавонад аз ҷониби АТЛ ба суд таҳвил дода шавад. 10.2 Дафтари бақайдгирии шикоятҳо Намояндаи Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 (ё сохтори нав, ё тавассути илова кардани ваколатҳо ба яке аз МТЛ-ҳои мавҷуда) кафолат бояд диҳад, ки ҳар муроҷиати шикоятӣ соҳиби рақами инфиродии бақайдгирӣ буда, тамоми корҳои вобаста ба он пайгирӣ карда мешаванд ва амалҳои сабтшуда иҷро мегарданд. Дафтари бақайдгирӣ маълумоти зеринро бояд дарбар гирад:  Номи АТЛ, макони ҷойгиршавӣ/истиқомати ӯ ва шарҳи шикоят;  Таърихи муроҷиати шикоятӣ;  Таърихи ворид кардани дафтари бақайдгирии шикоятҳо ба феҳристи маълумоти лоиҳа;  Маълумот дар бораи роҳҳои ҳалли пешниҳодшуда, номи сохтори иҷрокунанда;  Таърихи пешниҳоди роҳҳои ҳалли мавзуъ ба муроҷиаткунанда (агар лозим бошад);  Маълумот дар бораи ҷаласаҳои Кумитаи баррасӣ ва қонеъ гардонидани шикоятҳо (агар лозим бошад);  Таърихи ҳалли масъала; ва  Таърихи ирсоли ҷавоб ба муроҷиаткунанда. 10.3 Назорати шикоятҳо Намояндаи Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 (ё сохтори нав, ё тавассути илова кардани ваколатҳо ба яке аз МТЛ-ҳои мавҷуда) масъули иҷрои корҳои зерин хоҳад буд:  Пешниҳоди ҳисоботҳои ҳафтаина бо ишораи миқдор ва ҳолати шикоятҳо (ин ҳисобот метавонад, масалан, ба Кумитаи муҳоҷиркунонӣ фиристода шавад, чи тавре, ки ин таҷриба айни замон дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ истифода мешавад);  Баррасии масъалаҳое, ки ҳалли худро наёфтаанд; ва  Пешниҳоди ҳисоботҳои моҳона, ки таҳлили навъҳои шикоят, сатҳи иҷроиши шикоятҳо ва чораҳое, ки барои кам кардани шикоятҳо андешида мешаванд, дарбар мегирад. 11. Буҷет барои татбиқи АСМ Дар марҳилаи кунунӣ имкони ҳисоб кардани теъдоди мушаххаси шахсоне, ки метавонанд таҳти таъсири лоиҳа қарор гиранд, вуҷуд надорад, чунки тарҳрезии техникӣ ва маълумоти лоиҳа то ҳол анҷом наёфтааст. Бинобар ин, имкони муайян кардани буҷети тахминӣ барои хароҷоти пурраи раванди муҳоҷиркунонӣ, ки бо татбиқи ин лоиҳа робита дорад, имконнопазир аст. Лекин баъд аз муайян шудани масири гузариши лоиҳа ва анҷоми таҳқиқи хоси иҷтимоиву иҷтисодии он макон маълумот дар бораи зиён/таъсири мушаххас, даромади шахсон ва хонаводагиҳо ва теъдоди ашхоси таҳти таъсири лоиҳа қароргирифта, инчунин дигар маълумоти демографӣ дастрас мегардад ва буҷети муфассал ва дақиқ барои ҳар як НАМ тартиб дода мешавад. Барои ҳар НАМ буҷети муфассал аз рӯи намунаи зерин тартиб дода мешавад, то ки омода кардани буҷети муфассал ва дақиқ барои муҳоҷиркунонӣ ва ҷуброн осон гардад. Дар доираи Лоиҳа буҷети муҳоҷиркунонӣ тартиб дода мешавад ва маблағгузории он тавассути қоида ва низомномаҳои идоракунии маъмурӣ ва молиявӣ, ҳамчун ҳар як фаъолияти дигаре, ки дар доираи лоиҳа маблағгузории он анҷом дода мешавад, сурат мегирад. Тамоми масъулияти вобаста ба татбиқи 31 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ АСМ, аз ҷумла пардохти ҷуброн, анҷоми дигар намуди мусоидат, татбиқи механизми баррасии шикоятҳо, барномаҳои омӯзишӣ барои мутахассисон, назорат ва арзёбии фаъолият ба зиммаи Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 (ё сохтори нав, ё тавассути илова кардани ваколатҳо ба яке аз МТЛ-ҳои мавҷуда) тавассути буҷети муҳоҷиркунонӣ дар доираи маблағҳое, ки барои лоиҳа пешбинӣ шудаанд, вогузор карда мешавад. Ҳамаи ин фаъолият бо саҳми Ҳукумат ба Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 (ё сохтори нав, ё тавассути илова кардани ваколатҳо ба яке аз МТЛ-ҳои мавҷуда) анҷом дода мешавад. 12. Механизми машваратҳо ва иштироки шахсони ҷойивазкарда дар раванди банақшагирӣ, татбиқ ва назорат Дар ҳар марҳилаи лоиҳа бо АТЛ ба тариқи зайл машваратҳо гузаронида мешаванд: 1. Баъд аз он ки қитъаи замини онҳо муайян гашт, намояндаи Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)- и CASA 1000 (ё сохтори нав, ё тавассути илова кардани масъулиятҳо ба яке аз МТЛ-ҳои мавҷуда) ба назди АТЛ ва ҳар ҷое, ки лозим бошад, ба назди ҷамъиятҳои таҳти таъсири лоиҳа қароргирифта меравад, ба онҳо маълумот дар бораи корҳои вобаста ба лоиҳаро пешниҳод менамояд, маълумоти вобаста ба арзёбии аз ҷумла замин ва воситаҳои зиндагии онҳо муҳокима ва ҷамъоварӣ мекунад. Намояндаи мазкур онҳоро дар бораи ҳуқуқҳояшон дар доираи лоиҳа бохабар мекунад, инчунин дар бораи риояи ҳаққи ҷуброн ва механизми баррасии шикоятҳо маълумот манзур менамояд. Ин кор дар ҳузури намояндагони Ҷамоат ва Ҳукумати ноҳия сурат мегирад. 2. Пас аз анҷоми корҳои бафеҳристдарорӣ ва арзёбии моликият/дороиҳо, намояндаи Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 (ё сохтори нав, ё тавассути илова кардани масъулиятҳо ба яке аз МТЛ-ҳои мавҷуда) ин маълумотро ба АТЛ пешниҳод менамояд ва дақиқ будани бафеҳристдарорӣ ва қобили қабул будани арзёбиро бо онҳо муҳокима менамояд. Ба ғайр аз ин, масъалаи пешниҳоди кӯмак барои муҳоҷиркунонӣ ва/ё тартиботи ин равандро бо онҳо муҳокима менамояд, то ки барномарезии тартиби қобили қабули ҳарду тараф бошад. 3. Пас аз таҳияи НАМ, ба АТЛ маълумоти вобаста ба қисмҳои ба онҳо дахлдор мутобиқи тартиби интишор, ки қаблан баён шуда буд, пешниҳод мешавад. 4. Пеш аз татбиқи зерлоиҳа, маблағи нақдӣ ё амвол (замин)-е, ки ҳамчун ҷуброн пешниҳод мешавад, бо ҳар яке аз АТЛ барои баррасӣ ва мақбул донистан, қабл аз таҳвили моликият/дороӣ муҳокима мегардад. АТЛ ҳаққи талаби иштироки ҷониби сеюмро дар ин марҳилаи тақдирсоз ва дигар марҳилаҳое, ки ба таҳвили ниҳоӣ бурда мерасонад, доранд. Ҳар лаҳза АТЛ метавонад шикоят барад ва дар ин кор аз раванди баррасии шикоятҳо, ки қаблан тавсиф дода шуда буд, истифода намояд. 13. Механизмҳои назорат ва арзёбӣ 13.1 Механизмҳои назорат ва ҳошияҳои он: Механизми назорат ба нақшаи умумии назорати лоиҳа, ки аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 (ё сохтори нав, ё тавассути илова кардани масъулиятҳо ба яке аз МТЛ-ҳои мавҷуда) мавриди иҷро қарор мегирад, мутобиқат хоҳад кард. Ҳамаи НАМ-ҳо ҳадафҳои асосии иҷтимоиву иқтисодиро барои арзёбии муваффақ будани онҳо муайян менамоянд ва ин ҳадафҳо аз ҷумла чунинанд: (i) барқарор намудани стандартҳои зиндагии шахс, хонаводагӣ ва ҷамоатҳое, ки таҳти таъсири лоиҳа қарор гирифтаанд, ба он сатҳе, ки қабл аз шуруи лоиҳа вуҷуд дошт ва ё ҳатто беҳтар намудани онҳо; (ii) дастгирии ҷамоатҳои маҳаллӣ нисбат ба лоиҳа (iii) адами вуҷуд ё кам кардани низоъҳо. Барои арзёбии он ки оё лоиҳа ба ҳадафҳои гузошташуда расидааст, НАМ-ҳо параметрҳои назоратшаванда ва марҳилаҳои назоратро муайян намуда, захираҳоеро, ки барои анҷом додани фаъолияти назоратӣ лозиманд, таъмин мекунад. Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и 32 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ CASA 1000 (ё сохтори нав, ё тавассути илова кардани масъулиятҳо ба яке аз МТЛ-ҳои мавҷуда) система/низоми маъмурии ҳисоботро ҷорӣ мекунад, ки он корҳои зеринро анҷом хоҳад дод: -  Пешниҳоди маълумоти саривақтӣ дар бораи ҳамаи он муҳоҷирате, ки дар натиҷаи фаъолият дар доираи лоиҳа сар мезананд;  Муайян кардани шикоятҳое, ки роҳи ҳалли худро наёфтаанд ва баррасии Кумитаи шикоятҳо ва ё дигар мақомоти болоиро тақозо мекунанд;  Қайд кардани иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳои лоиҳа вобаста ба муҳоҷиркунонӣ нисбат ба ҳамаи талафҳои доимӣ ва муваққатӣ;  Арзёбии он ки оё ҳамаи АТЛ ҷуброни худро мутобиқи талаботҳои ин АСМ ситонидаанд ва оё стандартҳои зиндагии ҳозираи АТЛ дар муқоиса бо стандартҳои зиндагии онҳо қабл аз кӯчонидани ҷисмонӣ ва иқтисодии онҳо баландтар шуд;  Ҷамъоварии маълумот дар бораи таъсири лоиҳа (тағйир ёфтани даромад, воситаҳои зиндагӣ, фаъолияти иҷтимоӣ) ба шахсон ва / ё ҷамоатҳое, ки таҳти таъсири лоиҳа қарор гирифтаанд. Ин маълумот иттилооти аз хонаводагиҳои осебпазир бадастомадаро, чи тавре ки қаблан муайян шуда буд, дарбар мегирад ва вобаста ба нишонаҳои ҷинсӣ (гендерӣ) тасниф карда мешавад;  Бохабар кардани роҳбарияти лоиҳа оид ба зарурати хариди замин дар доираи фаъолияте, ки лоиҳа ба нақша гирифтааст;  Ба қайд гирифтани ҳар гуна низоъ ва ҳалли мусолиматомези он. Вазифаи асосӣ аз он иборат хоҳад буд, то ки арзёбии ниҳоӣ ба хотири муайян кардани он ки:  Магар ба шахсони таҳти таъсири лоиҳа қароргирифта ҷубронпулӣ қабл аз татбиқи ҳар кадом фаъолияти лоиҳа, ки сабабгори муҳоҷиркунонӣ гаштааст, пардохт гардидааст;  Магар таъсири лоиҳа ба он шахсон сабаб шуд, ки шароити зиндагии онҳо беҳтар / дар ҳамон сатҳи пештара / ё ки воқеан бадтар аз оне, ки онҳо қаблан доштанд, шудааст;  Таъсири мушаххас ба хонаводагиҳои осебпазир;  Лоиҳа то он вақте ки ҳамаи вазифаҳои НАМ-ҳо вобаста ба макон иҷро нагарданд, анҷомёфта маҳсуб намеёбад, чуноне ки дар санади назорати мунтазам ва пешниҳоди ҳисоботи анҷомдиҳии НАМ, ки ба талаботи Боник Ҷаҳонӣ мутобиқат менамояд, зикр шудааст. 13.2 Нишондиҳандаҳо Нишондиҳандаҳо дар доираи ҳар як НАМ муқаррар мегарданд. Маълумот аз ҷамоатҳо ҷамъоварӣ карда мешавад, ё дар ҳолати зарурӣ, дар натиҷаи таҳқиқот. Маълумот бо назардошти ин нишондиҳандаҳо бояд дар фосилаҳои муайяни вақт (яъне сари ҳар семоҳа ё нимсола, вобаста ба шароит) ҷамъоварӣ ва муддати давомдор муқоиса карда шавад. Маълумоти барӯйхатгирии аҳолӣ, ки дар марҳилаи қабл аз лоиҳавӣ ҷамъоварӣ шудааст, бештари маълумоти лозима ё ҳатто ҳамаашро барои муайян кардани маълумоти ибтидоӣ ҷиҳати пайгирии иҷроиш таъмин менамояд. 13.3. Назорати татбиқи НАМ Кормандони Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 (ё сохтори нав, ё тавассути илова кардани ваколатҳо ба яке аз МТЛ-ҳои мавҷуда), ки масъули АСМ, муҳоҷиркунонӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷубропулӣ мебошанд, ҳар семоҳа ҷамъоварии маълумоти асосӣ дар бораи 33 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ ҷойивазкунонии ҷисмонӣ ва иқтисодие, ки бар асари татбиқи лоиҳа сар мезанад, ба танзим медароранд. Онҳо маълумоти зерини омориро ҷамъоварӣ мекунанд: a) Миқдори намудҳои фаъолияте, ки таҳияи НАМ-ро тақозо мекунанд; b) Шумораи хонаводагиҳо ва шахсони воқеие, ки дар натиҷаи ҳар яке аз фаъолият ҷисман ё ки иқтисодан қойи худро иваз кардаанд; c) Муддати вақт аз ба охир расидани тарҳрезӣ то ба пардохти ҷуброн ба АТЛ; d) Муҳлати пардохти ҷуброн мутаносибан ба шуруи корҳои физикӣ; e) Маблағи ҷубронпулие, ки ба ҳар хонаводагӣ супорида мешавад (агар бо пули нақд) ё табиати он (ифодаи молӣ); f) Теъдоди оилаҳои осебпазире, ки ҷубронпули (бо пули нақд/ифодаи молӣ) гирифтаанд ва кӯмаки иловагӣ ба онҳо анҷом дода шудааст; g) Теъдоди мардуме, ки дар ҳар як зерлоиҳа шикоят арз мекунанд; h) Миқдори шикоятҳое, ки қонеъ карда нашудаанд. Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 (ё сохтори нав, ё тавассути илова кардани ваколатҳо ба яке аз МТЛ-ҳои мавҷуда) ин маълумоти омориро баррасӣ мекунад, то ки муайян кунад, ки тартиботи банақшагирии муҳоҷиркунонӣ, чи хеле ки дар АСМ муқаррар шудааст, риоя мешавад. Бо мақсади таъмини бетарафӣ, бояд корманди назораткунанда ва тартибдиҳандаи ин ҳисобот яксон набошанд. Агар дар маълумот ягон тафовут ва номутобиқӣ зоҳир шавад, ин хабар ба Роҳбари Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 (ё сохтори нав, ё тавассути илова кардани масъулиятҳо ба яке аз МТЛ-ҳои мавҷуда) расонида мешавад. Ҳуҷҷатгузории молиявиро бояд Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 (ё сохтори нав, ё тавассути илова кардани масъулиятҳо ба яке аз МТЛ-ҳои мавҷуда) анҷом диҳад, то ки хароҷоти ниҳоии вобаста ба муҳоҷиркунонӣ ва ҷубронпулӣ нисбат ба ҳар сари аҳолӣ ва хонаводагӣ ҳисоб карда шавад. Маълумоти оморӣ инчунин ба машваратчии мустақиле, ки бо ӯ ҳарсола қарордод имзо карда мешавад, пешниҳод мегардад. Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 (ё сохтори нав, ё тавассути илова кардани ваколатҳо ба яке аз МТЛ-ҳои мавҷуда) пойгоҳи иттилооти (database)-ро нисбат ба ҳар шахсе, ки таҳти таъсири талаботҳои истифодаи замини лоиҳа қарор гирифтааст, аз ҷумла тағйири макон, муҳоҷиркунонӣ ё ҷубронпулӣ, таъсир ба замин ё зиён ба он тартиб медиҳад ва нусхаи онро ба маъмурияти Ҷамоат (деҳот) пешниҳод мекунад. Ҳар дафъае, ки замин дар доираи лоиҳа истифода бурда мешавад, пойгоҳи иттилоотӣ таҷдиди назар карда мешавад, то ки муайян карда шавад, ки ба шахси алоҳида ё хонаводагӣ то ба он сатҳе таъсир расонида шудааст, ки қобилияти ҳаётии иқтисодӣ гум шуда бошад ва ҳаққи гирифтани ҷуброн ё алтернативаи он пайдо шуда бошад. Ҳисоботҳои мунтазам оид ба пойгоҳи иттилоотӣ ба маъмурияти Ҷамоат (деҳот), ва Бонки ҷаҳонӣ фиристода мешаванд. Ин як қисми ҳуҷҷатҳои расмии лоиҳа пазируфта мешавад. Таъсири татбиқи чораҳои вобаста ба муҳоҷиркунонӣ тавассути дубора тартиб додани маълумотномаи иҷтимоиву иқтисодӣ (барӯйхатгирии маълумот) пас аз шаш моҳи татбиқи ҳамаи зерлоиҳаҳо муайян карда мешавад. Ин амал муайян хоҳад кард, ки оё некӯаҳволии АТЛ чун пештара, қабл аз татбиқи лоиҳа, аст ё ки ба таври манфӣ тағйир ёфтааст, ва агар бадтар шуда бошад, чи чораҳо ҷиҳати ислоҳ кардани вазъият андешидан лозим аст. 14. Механизмҳои машваратии АСМ Машваратҳо дар ш. Душанбе ва дар макони татбиқи лоиҳа баргузор мегарданд. Муҳокимаи мавзуъ дар гурӯҳҳои алоқамандон/фокус-гурӯҳҳо ва суҳбатҳои алоҳида бо АТЛ оид ба ҳуҷҷати АСМ, ҳадафҳои лоиҳа, таъсири эҳтимолӣ, матритсаи риояи ҳуқуқҳо (ва оё ягон гурӯҳҳои мушаххас/шахсони алоҳида сарфи назар нашуда бошанд) ва тартиботи муҳоҷиркунонӣ ва ҷубронпулӣ баргузор мегарданд. Бо хонаводагиҳои осебпазир, мисли оилаҳое, ки роҳбараш зан 34 CASA 1000: ЛОИҲАИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРКУНОНӢ мебошад, бевазанҳо ва оилаҳои камбизоат алоҳида тамос гирифта мешавад, то ки мавзуи лоиҳаи CASA 1000 ва таъсири он ба хонаводагиҳо ва оилаҳо муҳокима гардад. Инчунин вохӯриҳои умумӣ бо аҳолии маҳаллӣ ба хотири муҳокимаи ҳар ҷанбаи алоҳидаи АСМ ва ба эътибор гирифтани фикру мулоҳизаҳои дахлдор баргузор мегардад. Масъулияти асосии вобаста ба гузаронидани машваратҳо ба зиммаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вогузор карда мешавад ва мусоидати лозима аз ҷониби ҳукумати ноҳияҳо ва ҷамоатҳо анҷом дода мешавад. Қарори Ҳукумат оид ба шуруи машваратҳо ва шахси роҳбарикунандаи ин раванд содир мешавад. Созмонҳои ғайридавлатӣ, намояндагони вазоратҳои гуногун ва Барқи Тоҷик ба ин машваратҳо, ки дар Душанбе ва маҳалҳо мегузаранд, даъват карда мешаванд. Намояндагони мақомоти маҳаллии ноҳия ва ҷамоатҳо инчунин дар ин мулоқотҳо ҳузур хоҳанд дошт. Пас аз ворид кардани пешниҳодҳое, ки зимни машваратҳо баён мегарданд ва тасдиқи Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 (ё сохтори нав, ё тавассути илова кардани ваколатҳо ба яке аз МТЛ-ҳои мавҷуда) нисбат ба АСМ, ин ҳуҷҷат бояд ба таври расмӣ ба Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати баррасии мутобиқати он ба СА БҶ 4.12 ва дигар сиёсату тартиботи дахлдор фиристода шавад. Пас аз тасдиқи мутобиқати сифати АСМ ба талаботи Бонки ҷаҳонӣ, ин санад дар сомонаи интернетии Бонки ҷаҳонӣ “info-shop” ҷой карда мешавад, сипас такроран дар сомонаи Маркази татбиқи лоиҳа (МТЛ)-и CASA 1000 (ё сохтори нав, ё тавассути илова кардани ваколатҳо ба яке аз МТЛ-ҳои мавҷуда) ҷойгир карда мешавад ва дубора ба ҷонибҳои алоқаманд фиристода мешавад. Пас аз тасдиқи санад, ба матни он ягон тағйирот нисбат ба матритсаи риояи ҳуқуқҳо, меъёрҳои қабул, ҷубронпулиҳо ва дигар ҳаққи гирифтани кӯмак, бе ҳамоҳангии пешакӣ бо Бонки ҷаҳонӣ, ворид карда намешавад. 35